Наср дар солҳои истиқлол

Насри солҳои истиқлол давом ва инкишофи насри солҳои пе шин аст. Насри имрӯз дар заминаи фаъолияти эҷодии нависан дагони ботаҷрибаву баркамоли тоҷик Сотим Улутзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Сат тор Турсун, Баҳром Фирӯз, Абдулҳамид Самад, Сайф Раҳим, Ҷонибек Акобир, Абдурофеъ Рабизода ва амсоли онон инкишоф ёфтааст. Аз ин рӯ, романҳои «Кӯҳ беварта нест» (М. Хоҷаев), «За рафшон», «Росу» (Сорбон), «Санг дар бағал ба туфон» (Саттор Турсун), «Дар орзуи падар» (К. Мирзо), «Бозгашт» (А. Зоҳир), қиссаҳои «Дили гумҷӯ», «Соҳилҳои мурод» (А. Баҳорӣ), «Оташи дил» (Раҷаб Мардон), «Ишқи ғук» (Ҳилолиён Аскар), «То рӯзи растохез» (А. Рабизода), «Дурӯғи сафед» (Сайф Раҳим), «Вопасин парвози лошахӯр» (Сайдалӣ Саид), «Ҳайҷо» (Ӯ. Кӯҳзод), «Ишқи духтари кулаҳпӯш» (Ю. Аҳмадзода), «Бори каҷ дар роҳи каҷ» (З.Ғулом), «Оташ дар хонаи қадим» (М. Саидзода) «Шиҳаи аспи сиёҳ» (М. Ёрмирзоева), «Сарнавишт» (И. Қосимзода), «Достони Роғун» (Ш. Мусо), «Масъуди сипаҳсолор» (С. Раҳмон) ва ғайра мавзуъҳои гуногунро фаро гирифтаанд.

Воқеаҳои нангини ибтидои солҳои навадум дар шууру афко ри адибон таъсири амиқ гузошт. Алҳол ин мавзуъ дар чанд асари насрӣ, аз ҷумла, «Қиссаи Нодир»-и А. Баҳорӣ, «Се раҳакӣ аз се ҳизб»-и Ӯ. Кӯҳзод, қисми дуюми «Гардиши девбод»-и А. Самад, «Марги бегуноҳ» – К. Мирзо, «Лаб-лаби ҷар»-и С. Турсун, «Гунги хобдида»-и Салими Аюбзод, «Ишқро анҷом нест»-и М. Амиршоҳ ба тасвир омадааст. Дар ҳикояи «Се раҳакӣ аз се ҳизб» нависанда кӯшиш намудааст, ки сабабҳои иҷтимоии ба ҷанги шаҳрвандӣ пе чидани тарафкашиҳои гурӯҳҳои сиёсиро ошкор созад. Дар шаҳри Себароз бар асари демократия ва ошкорбаёнӣ ҷойи яккаҳизбиро бисёрҳизбӣ ишғол менамояд. Мирвафо, Мирбақо ва Мирризо чун вакилон аз ҳизбҳои гуногун ба воситаи тайёра озими Шаҳри Шаҳрҳо мешаванд ва ҳангоми парвози тайёра баҳсу мунозираи тулонии вакилони нолоиқ ба ҷанг мепечад.

Романи «Зарафшон»-и Сорбон ва қиссаи «Нишони зиндагӣ»-и Кароматуллоҳи Мирзо ба муносибатҳои оилавӣ бахшида шу даанд. Образи марказии ҷилди дувуми «Зарафшон» Шарифа ва қаҳрамони асосии «Нишони зиндагӣ» Соҳиба мебошанд. Онҳо занҳои боақл, дурандеш ва баору номус буда, иродаи қавӣ доранд. Бинобар ин, дар мубориза ба муқобили душманони пурқувват ҳам ғолиб мебароянд.

Романи «Ҳайҷо»1 ба воқеаҳои пурдарду мудҳиши нимаи ду вуми садаи XIX дар Осиёи Миёна ва, махсусан Бухоро, бахшида шуда, аз ду дафтар иборат аст. Дафтари якум – «Ҳамоқат дар амо рат» аз ташвишу тараддуди гаҳворахарии аҳли дарбор барои фар занди ҳанӯз ба дунё наомадаи амир оғоз меёбад. Ба 4000 тиллои сурх як гаҳвораи тиллокорӣ ва як гаҳвораи нуқракӯб харидорӣ мешавад. Баъд ба ҷанги аскари рус раҳсипор шудани амир ва лашкариёнаш тасвир меёбад. Амире, ки бо ғурур «лашкарам як наъра кашида ба ҳуҷум гузарад, гарди салоти русро мебарорад» мегуфт, аз як садои тиру гулулаҳои армияи рус қафо гашта, ши каст мехӯрад ва ба ивази товони зиёд дар Зирабулоқ соли 1868 бо саркардагони рус шармандавор сулҳ мебандад.

Дар дафтари дувум – «Талоши салтанат» давоми сулолаи манғитҳо – Абдулаҳад ва Олимхон дар Бухоро ва Самарқанд ба тасвир омадааст. Инҳо дар ҳарисӣ, фисқу фуҷур ва золимӣ аз падар ва бобои худ – амир Музаффар гузаронданд. Дар асар як қатор образҳои мусбат чун Дӯстмурод, Рӯзимурод, Азизмурод, Гулмурод амал мекунанд, ки баёнгари қувваҳои равшанфикр ва солими ҷомеа буда, то метавонанд, баҳри адлу инсоф ва номуси шаҳрвандӣ талош меварзанд. Умуман, Ӯрун Кӯҳзод дар романи «Ҳайҷо» тамоми фисқу фуҷури аморати Бухороро фош намуда, хонандаи имрӯзро ба андеша ва шукргузорӣ аз тинҷиву масъули яти ватандорӣ водор мекунад.

1. Ҳайҷо – набард, ҷанг, муҳориба; майдони набард.

Рӯйдоди дигар ба наср рӯ овардани шоирон Ғаффор Мир зо, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор, Ато Мирхоҷа, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғойиб, Салими Зарафшонфар ва Абдулқодири Раҳим мебошад. Ҳикояҳои «Сагвафо», «Хайру хуш бо полиз ва Сияҳгӯш», «Ду зӯр дар як пода», «Тақдир, ту та рафи кистӣ?»-и Ғ. Мирзо ба масъалаҳои муҳимми рӯз бахшида шуда, пур аз ҷузъиёти тозаву тасвирҳои хонданбоб мебошанд.

Дар айёми истиқлол Баҳманёр, Шералӣ Мусо, Диловари Мирзо, Марямбонуи Фарғонӣ, Карим Давлат, Маҷид Салим, Мираҳмади Амиршоҳ, Аброри Зоҳир, Салими Зарафшонфар, Юнус Юсуфӣ, Лутфӣ Саид, Ҳанифаи Муҳаммадохир, Равшани Махсумзод, Азизхони Ниёз барин як зумра адибон дар соҳаи нас ри бадеӣ қадамҳои ҷиддӣ гузоштанд. Ҳикояҳои «Дуди ҳасрат» ва «Шошо»-и Баҳманёр бо тасвирҳои рамзию асотирӣ ҷолиби диққатанд. Ё худ, мавзуи асосии эҷодиёти Маҷид Салим, чӣ хеле ки аз «Гурги похӯрда», «Зоғеву доғе», «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот», «Аз пайи паланг» ном маҷмуаҳояш бармеояд, тасви ри олами ҳайвонот ва парандаҳо мебошад. Талқини дӯстдорию ғамхории одамон ба табиати зинда аз вазифаҳои муҳимми адаби ёти бадеӣ ба шумор меравад.

Дар замони истиқлол насри таърихӣ боз ҳам ривоҷ ёфт. Асарҳои «Гули бодом»-и Ҷ. Икромӣ, «Пайраҳаи зиндагӣ»-и А. Сидқӣ, «Уқоби захмӣ» ва «Дар чорсӯйи Хуршед»-и Ш. Ҳаниф, «Достони писари Худо»-и Сорбон, «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ»-и Р. Ҳодизода, «Девори Хуросон»-и Муҳаммадзамони Солеҳ, «Данонир» ва «Рӯдакӣ»-и Равшани Ёрмуҳаммад, «Куруши Кабир»-и Б. Абдурраҳмон, «Ҳафт руъё»-и Ю. Аҳмадзода, «Роҳи абрешим» ва «Садди Хатлон»-и А. Ҳамдам, Л.Чигрин, «Вахш»-и Сайидаҳмади Зардон, «Масъуди сипаҳсолор»-и Сайид Раҳмон, «Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёр, «Саройи санг»-и А. Мирхоҷа, «Борон пайҳоро мешӯяд» ва «Алихуши Найистонӣ»-и Д. Мирзо хонан даро ба таърихи дуру наздики халқи тоҷик ва фаъолияту ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди он шинос менамоянд.

Муҳимтарин хусусияти насри бадеии даврони истиқлол на зари тозаи нависандагон ба мавқеи шахс дар таърих мебошад. Дар адабиёти даврони шуравӣ вобаста ба сиёсати давр мақоми таърихии шахс нисбат ба мақоми омма ночиз нишон дода ме шуд. Замони нав тақозо дорад, ки нависандагон ба шахсиятҳои барҷастаи таърихию фарҳангӣ ва қаҳрамонони миллат бештар рӯ оварда, хонандаро дар руҳи ифтихор аз ниёгони бузург тарбия намоянд. Дар романи Муҳаммадзамони Солеҳ «Девори Хуросон» кору пайкори шахсияти дурахшони таърихӣ Исмоили Сомонӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба тасвир омадааст. Ин асар аз нигоҳи тасвири воқеаҳо фарогир, аз ҷиҳати ширкати образҳо бой ва аз назари услуби нигориш ҷолиб мебошад. Романи Сорбон – «Достони пи сари Худо» ба давраи боз ҳам қадими таърихӣ бахшида шудааст. Дар асар сипоҳдориву ҷаҳондорӣ, макру ҳила ва набардҳои Ис кандари Мақдунӣ (356 – 323), инчунин, таърихи давлатдории им перияи бузурги Ҳахоманишӣ, буздилии шоҳи охирини он Дорои III ба таври воқеӣ ва дилкашу ҷолиб тасвир гардидааст.

Дар ин давра тасвири зиндагиномаи шахсиятҳои фарҳангӣ низ мавқеи муносиб пайдо кардааст. Китоби «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ»-и Р. Ҳодизода аз ҳаёту фаъолияти яке аз шахсиятҳои машҳури равияи суфия1 – Мансури Ҳаллоҷ (858 – 922) ҳикоя мекунад. «Данонир» ном қиссаи Равшани Ёрмуҳаммад ба як лаҳзаи фоҷиабори хонадони Бар макиён2 бахшида шуда, оид ба ғурур, мубориза ва нокомии як нафар духтари сарбаланди тоҷик маълумот медиҳад.

Солҳои охир нависандагони тоҷик ба эҷоди хотирот, ёддошт, сафарнома ва очеркҳо таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намудаанд. Бо кӯшиши Убайд Раҷаб, Юсуфҷон Акобиров, Шодон Ҳаниф, Хол мурод Шарифов, Сорбон, Мутеулло Наҷмиддинов, Ҷонибек Ако бир, Раҷаб Мардон, Мирзо Шукурзода, Абдулқодири Раҳим як зумра симоҳои таърихию фарҳангӣ, чун Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Бобоҷон Ғафуров, Лоиқ Шералӣ, Турсун Ӯлҷабоев, Сайф Раҳим офарида шуданд, ки рӯзгору зиндагии онҳо дар таъ рихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон басо ибратомӯз аст.

1. Суфия ё тасаввуф – ҷараёни фалсафии асримиёнагӣ буда, бо роҳи завқу шавқ кашф намудани асрори одаму оламро таълим медиҳад.

2. Бармакиён – хонадони қадимаи тоҷикон, ки аз Балх буда, бо фазилат ва кордонӣ шуҳрат доштанд.

Очерки Ҷонибек Акобир «Назаркардаи Худованд» ба зиндагӣ ва фаъолити эҷодии ҷангноманавис шодравон Раҳмон Сафаров (1930-2005) бахшида шудааст. Дар тасвири нависан да, ин марди 75-сола тамоми умри бобаракати хешро ба дарёф ти санадҳои зиндагӣ ва муҳорибаи писарони тоҷикистонӣ дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ сарф намудааст. Ин аст ки танҳо ки тоби бисёрҷилдаи «Ҳазору як корнома» аз корнамоӣ ва қисмати 50 ҳазор ҷанговаре, ки аз Тоҷикистон барои мудофиа рафта, дар ҳайати қариб 400 дивизия ва 200 бригада далерона ҷангидаанд, ҳикоят мекунад. Дар очерки мазкур чеҳраи Р. Сафаров чун шахси меҳнатдӯсту фидоии миллат равшан намоён гардидааст.

Хулоса, насри давраи истиқлол аз нигоҳи мавзуъ, услуби тас вир ва ҳунари нигорандагӣ сол то сол такмил меёбад ва наслҳои гуногуни нависандагони тоҷик кори эҷодиро бо дарки масъулият идома медиҳанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Намунаи асарҳои насрии дар даврони истиқлол навиштаро номбар кунед.

2. Кадом асарҳо ба насри таърихии даврони истиқлол мансубанд?

3. Шоирони ба навиштани асарҳои насрӣ рӯ овардаро ном баред.

4. Кадом романҳо ба тасвири шоҳон ва сиёсатмадорон бахшида шудаанд?

5. Очерки «Назаркардаи Худованд»-ро аз китоби «Оҳанги дареғ»-и Ҷонибек Акобир мутолиа кунед.