Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод, дар хонаводаи кишоварз чашм ба олами ҳастӣ кушода аст. Падари Бозор Собир аз Ҷанги бузурги ватанӣ барнамегардад.
Бозор маълумоти миёнаро дар шаҳраки Ҳисор гирифта, соли 1962 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расон дааст. Баъди хатми факултети филологияи тоҷик дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳафтаномаи «Адолат» фаъолият намудааст. Соле дар Афғонистон ба сифа ти мутарҷим кор кардааст. Солҳои 1979 – 1989 мушовири бах ши шеъри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Бозор Собир соли 1988 барои маҷмуаи шеърҳои «Бо чамидан, бо ча шидан...» сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гардид. Шоир чанд муддат дар ИМА умр ба сар бурда, дар Донишгоҳи Вашингтон забони тоҷикӣ дарс медод. Соли 2013 ӯ ба Ватан баргашт. Бозор Собир 1-уми майи соли 2018 дар ИМА аз олам даргузашт.
Аввалин шеъри Бозор Собир соли 1958 дар рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» чоп гардидааст. Нахустин маҷмуаи шоир бо номи «Пайванд» соли 1972 ба табъ расидааст. Баъдҳо маҷмуаҳои «Оташбарг» (1974; 1984 бо алифбои ниёгон), «Гули хор» (1978), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Бо чамидан, бо ча шидан...» (1987), «Чашми сафедор» (1991), «Аз Ватан вақте ки мераф там» (1998), «Аз «Гули хор» то «Симхор» (2003), «Хуни қалам» (2010) «Лолаи сиёҳ» (2013), «Боғи момаи ангур» (2016) ба нашр расидаанд.
Бозор Собир шеърҳои зиёдеро аз эҷодиёти шоирони шинох таи ҷаҳонӣ, чун Ҷ. Байрон, С. Есенин, А. Рембо, М. Валеко, П. Неруда, Э. Межелайтис, тарҷума кардааст. Шеърҳои шоир ба за бони русӣ ва як қатор забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд.
Бозор Собир ҳанӯз аз шеърҳои аввалинаш пайроҳаи хосси эҷодӣ интихоб мекунад ва ба мавзуъҳои гуногун рӯ меорад. Дар шеърҳои «Мо кӯдакон будем», «Кӯдакиям ҳанӯз гирён аст», «Чашм бар ҳошияи сабзи уфуқ», «Кӯдакӣ ку?», «Бачаҳои деҳотӣ» айёми кӯдакии пурҷӯшу хурӯши бачагони деҳот бо тамо ми паҳлуҳояш мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтааст. Дар шеъри «Кӯдакиям ҳанӯз гирён аст» ҳаёти нобасомони бачаҳои давраи Ҷанги бузурги ватанӣ ниҳоят муассир баён шудааст:
Баччаҳоям барои ханда маро
Гоҳ-гоҳе ба ноз мепурсанд,
Ки гаҳи кӯдакии хеш магар
Мегиристам барои ширу шакар?
Шукри тақдирашон, намедонанд,
Дар ҷаҳон гиряест дардовар,
Гиряе баҳри як буридаи нон,
Гиряе, гиряе барои падар,
Ки сари гиряи сағирон аст,
Гиряи гиряҳои инсон аст.
Такрори пайдарпайи калимаи гиря (гиряе, гиряе ё ки гиряи гиряҳо) чи қадар талх ва дардовар будани ҳаёти фарзандони аз падар маҳрумро пеши назар меорад. Дар эҷодиёти шоир тасвири ҳаёти бачагӣ ба деҳа пайванди ногусастанӣ дорад.
Деҳа барои қаҳрамони лирикӣ азизтарин ва муқаддастарин макон аст:
Ман Ватанро аз қафои пода пайхас кардаам,
Рӯзу шаб бо панҷ ҳисси зотиям1 ҳис кардаам.
Бо забону чашму гӯшу бо димоғу дасту по,
Бо чамидан,2 бо шамидан,3 бо чашидан, бо самоъ...4
1. Панҷ ҳисси зотӣ – панҷ воситаи дарки таъсири беруна: бӯйиш, сойиш, ча шиш, шунавоӣ ва биноӣ.
2. Чамидан – ҳаракат кардан, сойиш.
3. Шамидан – бӯйидан, бӯй кардан.
4. Самоъ – шунидан, гӯш кардан.
Мафҳуми Ватан ва муносибати ватандор ба он дар шеъри «Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан...» махсусан ба воситаи санъа ти бадеии лаффу нашр (дар мисраъҳои банди аввал шарҳ ёфтани панҷ ҳисси зотӣ) возеҳу омӯзанда ифода ёфтааст. Мавзуи Ватан дар ашъори Бозор Собир васеъ ва доманадор мебошад. Он аз кулбаи падарӣ ва деҳи Суфиён (ноҳияи Файзободи Тоҷикистон) сар карда тамоми минтақаи форсизабононро фаро мегирад. Аз ин ҷиҳат, «Тоҷикистон», ки дар шакли шеъри озод суруда шуда, аз панҷ банд иборат мебошад, ҷолиб аст. Дар ин шеър Бозор Собир аз камзаминии сарзамини Тоҷикистон маънии амиқи ватанхоҳӣ бардоштааст:
Тоҷикистон, Тоҷикистон!
Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту,
Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам,
Пойи худро раҳ ба раҳ афшонда рафтам,
Аз заминат
(Сарзамини камзаминам),
Гарди хоке кам накардам.
Дар бандҳои минбаъда тасвир инкишоф меёбад. Садоқат ва самимияти қаҳрамони лирикӣ ба Тоҷикистон ба дараҷаест, ки ба кам накардани гарде аз хоки Ватан қаноат надорад. Ӯ аз сафар дар чашмаш қатраи об ва дар мижгонаш гард меорад, то бар хоку оби Ватан афзояд:
По ба ҳар хоке ниҳодам,
Гарди хокеро гирифтам дар сари мижгон,
То ба саҳроят фишонам,
Хоки саҳроят шавад як зарра бисёр.
Дар шеъри «Тоҷикистон» баён сода, самимӣ ва мушаххас мебошад. Шоир тасвирро ба воситаи такрори калимаи Тоҷи кистон қувват медиҳад. Ба обу хоку санг, ки ҷавҳари сарзамини Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, бандҳои алоҳида мебахшад. Дар ҳар банд чун қатрае дар чашм, гарди хоке дар сари мижгон, даст бурдан бар сари санг таркибҳое оварда мешавад, ки боиси ифоданокии баён мегарданд. Махсусан, Бадахшонро ба модар ва сангҳоро ба тифлони аз банди пистони модар канда монанд кар дани шоир таровати бадеии тасвирро афзун намудааст.
Дар банди хотимавӣ садоқат ва масъулияти ватандории қаҳрамони лирикӣ ҷамъбаст шудааст. Шоир ба воситаи такрор ва мафҳумҳои пуртазоди каму бисёр, озарму озор парастиши берӯю риё ва холисонаи Ватанро талқин мекунад:
Тоҷикистон, Тоҷикистон!
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму1 аз озори2 ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам,
Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Ашъори Бозор Собир дар баробари мавзуъҳои ватану ватандорӣ, табиат, ишқу муҳаббат масъалаҳои таърихӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва пандуахлоқиро низ фаро гирифтаанд. Шоир ба шахсиятҳои маъруфи адабиёту фарҳанги тоҷик, чун Абулқосими Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ш. Ҳусейнзода, М. Шакурӣ, Р. Ҳошим, Ҷ. Одина, шеърҳо бахшидааст.
Шеъри Бозор Собир саросар сӯзу гудоз аст, зеро, чӣ хеле ки худ мегӯяд, шоирро дарду ғам шоир мекунад:
Гӯянд, ки шеър мояи дарду ғам аст,
Шоир нашавад касе, ки ӯ беалам аст.
Ҳар қатраи вожае, ки дар дафтари мост,
Чун хуни чакида аз димоғи қалам аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Дар бораи зиндагиномаи Бозор Собир маълумот диҳед.
2. Маҷмуаҳои шоирро номбар кунед.
3. Шоир дар шеърҳои аввалаш ба кадом мавзуъҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд?
4. Мавзуи Ватан дар эҷодиёти шоир чӣ мавқеъ дорад ?
5. Шеъри «Тоҷикистон»-ро таҳлил намоед.
6. Боз кадом мавзуъҳо диққати шоирро ба худ ҷалб намудаанд?
1. Озарм – роҳат, осудагӣ, осоиш.
2. Озор – ранҷ, азоб, шиканҷа.