Ягона романи Ф. Муҳаммадиев – «Палатаи кунҷакӣ» бо эпиграфи «Чароғи падаронро фурӯзон дор» оғоз меёбад ва аз 33 боб иборат аст.
Дар роман як ҳуҷраи бемористон, ки дар дохили он чаҳор кат гузошта шудааст, тасвир ёфтааст. Шахсони муолиҷашаванда ра иси кумитаи назорати халқ Носир Аббос, нафақагир ва иштирок чии ҷангҳои шаҳрвандию ватанӣ Ивонамак, коргар Каримҷонака ва филмбардор Иброҳимҷон Олимӣ мебошанд. Ҳамаи инҳо ду чори сактаи дил шудаанд ва табиби ҷавон Алихон Зардодхон ба табобаташон машғул мебошад.
Баъд аз тасвири ҳуҷра – палата нависанда симоҳои дар ҳолати беморӣ қарордоштаро ба суҳбат медарорад. Ивонамак, Носир Аббос ва Каримҷонака аз норасоиҳои рӯзгор андеша ронда, сари мушкилоти он баҳс менамоянд. Насли ҷавон – Иброҳимҷони 27-сола бодиққат баҳси онҳоро ба мушоҳида мегирад. Ӯ ба андешаҳои наслҳои калонсол розӣ мешавад ва онҳоро дар ботин ҳақ мебарорад.
Наслҳои калонсол камбудиҳои ҷомеаро бо дарду ҳасрат қабул менамоянд. Муҳокимаву мулоҳизаҳои Носир Аббос ва Ивонамаку Каримҷонака аз пешомади харобиовари ҷомеаи шуравӣ дарак медиҳад. Яъне, андешаҳои онҳо аз муҳити танги як ҳуҷраи кунҷакӣ берун баромада, тамоми ҷомеаро фаро мегирад. Онҳо худ дар бистари беморӣ қарор дошта, дар фикри табоба ти дардҳои ҷомеа буданд. Ба қавли онҳо, ҷомеаро «камҳавсалагӣ ва коҳилӣ» фишор меоварад ва ин вазъият, асосан, ба шахсо не иртибот дорад, ки дар вазифаҳои масъуланду «виҷдонашон, имонашон, инсофашон, ғайрату ҳамияташон1 миёни чарб монда нопадид гаштаанд». Хусусан, Носир Аббос, ки вазифаи пурмасъ улияти назоратиро ба уҳда дошт, чунин нобасомониҳоро борҳо мушоҳида намуда, ба хулосае омадааст, ки «ҳар як зараркунанда ҳам душман аст».
Ф. Муҳаммадиев дар солҳои 70-ум дар сохторҳои давлатӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ нобасомониҳоро ба мушоҳида мегирад. Нависанда гӯё 20 – 25 сол пеш хатари барҳамхӯрии ҷомеаи шура виро пешгӯйӣ кардааст. Зеро сафи зиёнкорон рӯз то рӯз зиёд ме шуд ва ин ҷиҳат чунин маънӣ дошт, ки оқибати Давлати Шуравӣ дар хатар аст. Персонажҳои калонсоли «Палатаи кунҷакӣ» низ як вақтҳо дар сари вазифаҳои расмӣ буданд ва дар сохтмо ни ҷомеа заҳматҳо кашида, барои фарзандон шароити мусоид фароҳам оварданд. Акнун дар ҳолати беморӣ ҳама сарнавишти хешро пеши назар меоранд. Онҳо бештар аз камбудиҳои ҷомеа, ки ба фаъолияти роҳбарҳо вобастагӣ доранд, баҳс менамоянд. Ба ақидаи Иброҳимҷон: «Инсон, охир ҳамон аст, ки на фақат ғами хеш, балки ғами дигаронро низ хӯрад...
Агар дар вуҷуди навъи башар ҳамин чизи муқаддас, ҳамин нури пок намешуд, таҳаввулот намебуд, дар бадали ин даҳ ҳазор соли охир аз табари сангӣ то ба киштии атомӣ ё ракетаҳои кайҳоннавард намерасид, бешак».
Романи «Палатаи кунҷакӣ» ду хатти сужет дорад. Самти якум ба фаъолияти се насли аввали одамон дар ҷомеаи сотсиалистӣ иртибот дорад. Дар тасвири адиб инҳо шахсонеанд, ки дар сохтмони ҷомеаи шуравӣ иштироки фаъол доштанд. Акнун харобшавии онро мушоҳида карда ба ташвиш омадаанд, вале ғайр аз байни худ муҳокима кардану афсӯс хӯрдан дигар чора на доранд. Дар афкори онҳо таҳлилҳои илмӣ кам ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки муаллиф барои пурқувват намудани мантиқи баён нутқи онҳоро бо ривоят, мақолу зарбулмасал ё порчаҳои шеърии шоирони машҳур оро медиҳад.
1. Ҳамият – номус, нанг, ҳаё.
Ибораҳои рехта, суханҳои ҳикматнок ва мақолу зарбулмасал ҳо, махсусан дар сухани Носир Аббос мақоми сазовор дорад. На висанда андешаи Носир Аббосро дар бораи Бекназар ном падаре, ки духтарашро ғайри хоҳиши ӯ ба каси дигар ба шавҳар доданӣ мешавад, чунин ба қалам додааст: «Фарзанд – меваи ширин. Баъ зан дар ҳисси ғамхориву парасторӣ ҳам кас қадаре аз ҳад гузаш танашро нафаҳмида мемонад. Чуноне ки баъзе модарон кӯдаки навзодро аз рӯйи меҳр сахт оғӯш карда, нафасгардон мекунанд. Рафиқаш ҳам, Носир Аббос ҳам ин нуктаро хуб медонанд... Ле кин гуфтаанд, ки илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ бояд кард».
Ф. Муҳаммадиев дар «Палатаи кунҷакӣ» ба Хайёму Саъдӣ, Камоли Хуҷандиву Ҷалолуддини Балхӣ ва Ҳилоливу Бедил муроҷиат менамояд, аз адабиёти Аврупо мисол меорад ва ба ин восита хусусияти маърифатнокӣ ва андешапарваронаи асараш ро пурқувват менамояд. Аз ин ҷиҳат, ба миён гузоштани масъа лаи аз рӯйи нусхаи асл қироат кардани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷолиби диққат аст. Каримҷонака мухлиси «Шоҳнома» буд ва ҳар сари чанд вақт лаҳзаҳои ҷангро аз матни ба наср гардондаи асар қироат мекард. Иброҳимҷон «ҳеҷ шарҳу тафсиру дигари дигар нусха ба аслаш баробар шуда наметавонад. Як худи сабти мисраъҳояш, оҳанги баёнаш – кони лаззат, олами ҳаловат» – гӯён таваҷҷуҳи Каримҷонакаро ба нусхаи аслии «Шоҳнома» ҷалб ме намояд. Каримҷонака нусхаи аслии ин асарро ба воситаи писа раш дастрас мекунад. Оҳиста-оҳиста аз хониши он ба ваҷд мео яд. «Каримҷонака дасти озодашро дар ҳаво алвонҷ дода, чунон саргарми шеърхонӣ буд, ки ба паҳлуяш омадани духтурро, ҳатто яктаҳи сафеди ӯро пай набурд:
Ду лашкар ба сони ду дарёи Чин,
Ту гӯйӣ, ки шуд ҷунб-ҷунбон замин.
Биёмад дамон Қорани Размзан
В-аз он сӯй Гарсевази пилтан.
Зи овози аспону гарди сипоҳ
На хуршед пайдо, на тобанда моҳ.
Дурахшидани теғи алмосгун,
Синонҳои оҳордида ба хун...»
Дар ҳақиқат, ягон нусхаи фаръӣ1, ягон тарҷума ҷойи аслро гирифта наметавонад ва хонандагонро зарур аст, ки барои сайқал додани табъу завқ ба асли «Шоҳнома» таваҷҷуҳ дошта бошанд.
Хатти дувуми сужет ба сарнавишти Иброҳимҷон ва Хиромон иртибот дорад. Иброҳим Олимӣ, ки касби филмбардорӣ дорад, аз аввал то охир воқеаҳои романро ба мушоҳида мегирад. Ин ҷо шохае аз фаъолияти касбии адиб, ки солиёни зиёд бо идораи филмсозии тоҷик ҳамкорӣ дошт, дида ме шавад.
Иброҳимҷон ва Хиромон то ҷое аз таҷрибаи зиндагӣ бархур доранд, вале ҳар ду ба шикастурехти рӯзгор гирифтор шудаанд. Хиромон намояндаи занони солҳои 70-уми тоҷик аст, ки дар сохт моне вазифаи ронандагии ҷарсақил (крани борбардор)-ро адо ме кунад. Шавҳарашро ноҷавонмардон куштаанд, аз ин рӯ, ба мар дон нафрат дорад.
Иброҳимҷон вобаста ба касби филмсозиаш ба Хиромон ши нос мешавад ва рафта-рафта тақдир онҳоро ба ҳам мепайван дад. Хиромон дар аввал Иброҳимҷонро аз қабили мардони но шуд медонист, баъдҳо ақидаашро тағйир дода, ба ӯ унс мегирад. Воқеа чунин ҷараён мегирад, ки Хиромони дар болои ҷарсақил қарордошта бо гуноҳи як марди нобакор аз кран чаппа меша вад. Ӯ нимишабӣ ба ҳуш омада, худро дар беморхона мебинад. Иброҳимҷон ин хабари мудҳишро шунида, ба беморхона меши тобад. Вақти суҳбат бо Хиромон аз ҷайби Иброҳимҷон даъват номаи тӯйи арӯсии онҳо намоён буд. Ин тасвир аз он шаҳодат медиҳад, ки Иброҳимҷону Хиромон тақдирашонро ба ҳам пай ванд месозанд.
Ҷолиб аст, ки оғозу анҷоми сужети роман ба палатаи кунҷакӣ пайвастагӣ дорад. Ин ҳамон палата – ҳуҷраест, ки дар гӯшаи боғи истироҳатии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда буд ва як вақтҳо худи нависанда бар асари бемории қалб дар ҳамин хуҷра табобат мегирифт. Метавон гуфт, ки асари мазкур то ҷое ба саҳифаҳои рӯзгори нависандаи он далолат мекунад.
1. Фаръ – чизе, ки аз асл мерӯяд, чизи ғайриаслӣ, дуюмдараҷа
Ф. Муҳаммадиев дар «Палатаи кунҷакӣ» масъалаҳои инсо ну инсонгароиро тарғибу ташвиқ кардааст. Қиссаҳои «Одамони куҳна» ва «Дар он дунё» ҳам сари ҳамин мавзуъ баҳс мекунанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Романи «Палатаи кунҷакӣ» бо кадом эпиграф оғоз меёбад?
2. Чаро роман «Палатаи кунҷакӣ» ном гирифтааст?
3. Дар роман чанд хатти сужет мушоҳида мешавад?
4. Дар роман чанд насл фаъолият менамоянд?
5. Оид ба фаъолияти Иброҳимҷон ба таври хаттӣ маълумот диҳед.
6. Хиромон дар куҷо кор мекунад ва чӣ сарнавиште дорад?
7. Оё шикояти мӯйсафедон ягон асоси иҷтимоӣ дошт?
8. Тақдири Хиромону Иброҳимҷон чӣ навъ ҳал мешавад?
9. Ба ҳолати Каримҷонака ҳангоми хондани нусхаи аслии «Шоҳнома» диққат диҳед.
САВОЛҲОИ ТЕСТӢ
1. Образҳои Носир Аббос, Ивонамак, Каримҷонака ва Иброҳим ба кадом асари Ф. Муҳаммадиев тааллуқ доранд?
А) «Палатаи кунҷакӣ»;
Б) «Шоҳии япон»;
В) «Одамони куҳна»;
Г) «Сози Мунаввар»;
Ғ) «Варта».
2. «Одамҳоя боз нағзтар тарбия карданӣ бошед, корам боз пешрав ша вад гӯед, ҳама додар, бародар барин аз як гиребон сар бардоранд гӯед, арақа манъ кунетон». Ин сухани кӣ ва аз кадом асари Ф. Му ҳаммадиев аст?
А) Носир Аббос, аз «Палатаи кунҷакӣ»;
Б) Усто Оқил, аз «Рӯзи дафни усто Оқил»;
В) Зиёбобо, аз «Одамони куҳна»;
Г) Мунаввар, аз «Сози Мунаввар»;
Ғ) Ашраф, аз «Савдои умр».