2. ТАДБИРҲО ДОИР БА ПЕШРАФТИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Вазъи соҳаи саноат. Яке аз вазифаҳои асосии сиёсати азнавбарқароркунии мамлакат ба сатҳи пешазҷангӣ расонидани дараҷаи истеҳсолоти саноатӣ буд. Бинобар он дар шароити нави осоишта барои рушд додани раванди барқарорсозиву азнавсозии саноати ҷумҳурӣ чорабиниҳои мушаххас роҷеъ ба масъалаҳои зерин пешбинӣ шуданд: якум, боздории фаврии истеҳсоли маҳсулоти ҳарбӣ ва гузариш ба истеҳсоли васеи маҳсулоти ниёзи мардум; дуюм, аз ҳисоби буҷа бо маблағ ва ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи молҳои ниёзи мардум (қаблан қариб тамоми буҷаи давлатӣ ва ашёи хом ба хароҷоти ҳарбӣ равона карда мешуд); сеюм, аз сари нав ба давраи осоишта мутобиқ намудани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ки қаблан мувофиқи талаботи замони ҷанг ҳарбӣ кунонида шуда буданд; чорум, аз ҳисоби нафароне, ки аз ҷанг бозгаштанд, тариқи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати махсус тайёр намудани мутахассисони зарурии соҳа; панҷум, ҷорӣ намудани муҳити муътадили корӣ, зеро дар солҳои ҷанг вақти корӣ зиёд буд, рӯзи истироҳат ва рухсатии солона бекор карда шуда, дар истеҳсолот меҳнати наврасону мӯйсафедон васеъ истифода мегардид.

Боиси тазаккур аст, ки раванди ба ҳаёти осоишта гузаронидани соҳаи саноат дар Тоҷикистон ҳамоно пас аз ба итмом расидани ҷанг, соли 1945 оғоз гардида, дар муддати хеле кӯтоҳ, то моҳи сентябри соли 1946 анҷом ёфт. Дар натиҷаи босуръат амалӣ шудани раванди мазкур шароити мусоид барои татбиқ ёфтани мақсади панҷсолаи чорум ҷиҳати ба сатҳи тоҷангӣ расонидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ фароҳам оварда шуд. Маҳз туфайли чунин қадамҳои устувор ва талошҳои роҳбарияту заҳматкашони мамлакат дар ин ҷода, агар соли 1947 истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ, асосан, ба дараҷаи тоҷангӣ расида ва дар баъзе соҳаҳо ҳатто аз он ҳам гузашта бошад, пас, соли 1950 саноати ҷумҳурӣ нисбат ба давраи тоҷангӣ 1,5 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол кард. Алалхусус дар соҳаи саноати сабук пешравии назаррас дида мешуд. Масалан, дар соҳаи мазкур нисбат ба замони тоҷангӣ истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ 3,8 баробар, маҳсулоти нассоҷӣ 6,7 баробар, матоъҳои пахтагӣ 5 баробар афзуд.

Дар солҳои азнавбарқароркунӣ муассисаҳои нави саноатӣ: заводи механикӣ ва таъмири моторҳо (с. 1946), фабрикаҳои дӯзандагӣ, трикотажбарорӣ дар шаҳри Душанбе, заводи механикӣ дар Конибодом, комбинати истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Вахш (с. 1946), заводҳои хиштбарорӣ дар Қӯрғонтеппа (Бохтар) ва Ҳисор (с. 1948), заводи шишабарорӣ дар Ленинобод (Хуҷанд) (с. 1949), неругоҳи барқи обии Варзоби Поён (с. 1949) ба кор шуруъ намуданд. Ҳамагӣ дар ин солҳо 14 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромад, вале дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ камбудиҳои зерин вуҷуд доштанд: нақшаи истеҳсолӣ аз рӯйи баъзе навъҳои маҳсулот иҷро намегардид; сифати маҳсулот ба талабот ҷавобгӯ набуд; истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ низ талаботро қонеъ намегардонид.

Дар давраи омӯхташаванда синфи коргари ҷумҳурӣ дар мусобиқаи сотсиалистӣ барои пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи панҷсолаи барқароркунӣ ширкат меварзид. Дар натиҷа нақшаи панҷсола дар 4 солу 3 моҳ иҷро гардид. Синфи коргар аз ҷиҳати миқдор афзуда, ба 178 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба давраи тоҷангӣ 19 дарсад зиёд буд.

Сарфи назар аз мушкилиҳо, саноати ҷумҳурӣ бо техникаи нав ва технологияи пешқадам таҷҳизонида мешуд. Ба баланд бардоштани савияи фарҳангию техникии коргарон диққати махсус дода мешуд. Дар назди муассисаҳои саноатӣ курсҳо барои супоридани минимумҳои техникӣ, мактабҳои таҷрибаи пешқадам, азхуд кардани ихтисоси дуюм ва ғайра амал мекарданд. Танҳо дар соҳаи саноати бофандагӣ соли 1947-ум 3149 нафар коргар бо шаклҳои гуногуни таҳсил фаро гирифта шуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар давраи азнавбарқароркунӣ соҳаи саноат ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дошт. Ин вазъро ба назар гирифта, Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистӣ (болшевикӣ)-и Тоҷикистон ва Шурои Комиссарони Халқии Ҷумҳурӣ аз 10-уми июли соли 1945 доир ба таъсис додани комиссияҳои махсус ҷиҳати ба истеҳсолот ҷалб намудани иштирокчиёни ҷанг қарор қабул намуд. Зери партави қарори мазкур танҳо дар вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) соли 1947 комиссия таъсис ёфта 10818 нафар ҷанговари собиқро ба истеҳсолот ҷалб намуданд. Мутаассифона, фаъолияти комиссияҳо дар самти бо мутахассисони соҳибкасб пурра таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ ҷомаи амал напӯшид. Бинобар ин Пленуми КМ ҲК (б) Тоҷикистон моҳи августи соли 1947 масъалаи «Дар бораи фаъолияти муассисаҳои саноатии ҷумҳурӣ»-ро муҳокима намуда, тавсия кард, ки ҳарчи бештар ҷавонон ба мактабҳои таълими фабрикаву заводӣ (ФЗО) ва шогирдтайёркунии фабрикаву заводӣ (ФЗУ) ҷалб карда шаванд. Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи ҷоннок гардидани ин шакли кадртайёркунӣ тайи солҳои 1946 – 1950 дар соҳаҳои саноат, сохтмон ва нақлиёти ҷумҳурӣ 8,7 ҳазор мутахассиси ҷавон ба фаъолияти корӣ шуруъ намуданд.

Ҳамин тариқ, якум, дар солҳои азнавбарқароркунии хоҷагии халқи Тоҷикистон фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум равона гардида, ба масъалаи тайёр кардани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос диққати ҷиддӣ дода шуд; дуюм, ҳуқуқҳои заҳматкашон оид ба барқарорнамоии рӯзҳои истироҳат, рухсатии солона ҳимоя гардида, соати корӣ мувофиқи кодекси меҳнат муайян шуд; сеюм, дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи мардуми кишвар дар соҳаи саноат нақшаи панҷсолаи чорум сари вақт барзиёд иҷро гардид.

Соҳаи кишоварзӣ. Ҷанг ба соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ низ таъсири манфиашро расонда буд, зеро барои қонеъ гардонидани талаботи фронт аҳолии зиёди деҳоти кишвар ва техникаи кишоварзӣ сафарбар карда шуд. Дар натиҷа, солҳои ҷанг ба сабаби нарасидани техника, қувваи корӣ, нуриҳои минераливу доруҳои кимиёвӣ, аз гил тоза карда нашудани каналу ҷӯйбору заҳбурҳо, хароб гардидани системаи обёрӣ, шудгор нашудани заминҳо ва корношоям гардидани бисёр қитъаҳои кишти пахта, кам шудани истеҳсоли ин маҳсулоти стратегӣ ва ба ҷойи он кошта шудани ғалладона, хоҷагиҳои пахтакор зарари калон дида, истеҳсоли пахта 2,6 баробар кам шуд. Бинобар он солҳои пасазҷангӣ ҳалли масъалаи барқарор намудани соҳаи пахтакорӣ, ба дараҷаи тоҷангӣ расонидани истеҳсоли пахта ва минбаъд зиёд кардани он дар мадди аввал меистод.

Барои амалӣ гардидани нақшаи афзунгардонии истеҳсолоти соҳаи пахтакорӣ моҳи апрели соли 1946 Муроҷиати Ҳукумати Тоҷикистон ба кишоварзони кишвар ҷиҳати вусъат додани соҳа интишор гардид. Он аз ҷониби заҳматкашони деҳот дастгирӣ ёфта, худи ҳамон сол ба давлат 136 ҳазор тонна пахта супорида шуд. Соли 1947 соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ аз як миқдор тракторҳо, мошинҳои боркаш, нуриҳои маъданӣ ғанӣ гардида, дар кишвар корҳои обёрикунӣ, барқароркунии каналу заҳбурҳо гузаронида шуданд. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои мушаххас ва меҳнати фидокоронаи кишоварзон 162 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Соли 1948 дар Тоҷикистон яке аз вазифаҳои стратегии панҷсолаи чорум афзун намудани истеҳсоли пахта пеш аз муҳлат дар се сол иҷро шуд. Ҳосилнокии зироат аз ҳар гектар қариб ба 19 сентнер расида (аз рӯйи нақша бояд танҳо соли 1950 ба 18 сентнер мерасид), 202,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Бояд тазаккур дод, ки туфайли амалӣ гардидани қарори Шурои Вазирони ИҶШС «Оид ба чорабиниҳо доир ба тараққиёти минбаъдаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 1949 – 1952» (марти соли 1949) дар ҷумҳурӣ соли 1950 аз ҳар гектар 22,9 сентнер пахта ҷамъоварӣ шуда, истеҳсоли он ба 288,7 ҳазор тонна расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1941 (181,8 ҳазор тонна) 100 ҳазор тонна бештар буд.

Бо мақсади инкишофи устувори соҳаи кишоварзӣ, алалхусус пахтакорӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддию техникии хоҷагиҳои коллективӣ тайи солҳои 1946 – 1950 дар ҷумҳурӣ шумораи истгоҳҳои мошину тракторӣ (МТС) афзуданд. Хоҷагиҳо бо техникаи нав таъмин мегардиданд. Соли 1950 6 МТС-и нав таъсис ёфта, 3704 трактор дар хидмати деҳқонон қарор доштанд.

Дар азнавсозии хоҷагии кишоварзии баъдиҷангӣ, аз ҷиҳати ташкилӣ ва хоҷагӣ мустаҳкам намудани колхозҳо ва рушд бахшидани соҳаи пахтакорӣ қарорҳои Шурои Вазирони ИҶШС ва КМ ҲКУ (б), аз ҷумла «Тадбирҳо оид ба барҳам додани вайронкунии устави артели кишоварзӣ» (19.09.1946), «Чорабиниҳо оид ба тараққиёти минбаъдаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 1949 – 1952» (1949), «Дар бораи муттаҳидкунии колхозҳои хурд» (1950) хидмати босазо намуданд. Дар натиҷаи татбиқи қарорҳои мазкур: якум, соли 1945 ба водии Вахш танҳо аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1,5 ҳазор хоҷагӣ ва аз ноҳияҳои гуногуни ИҶШС зиёда аз 4 ҳазор хоҷагӣ кӯчонида шуданд (умуман, дар солҳои 1946 – 1950 ба ноҳияҳои пахтакори водии Вахш беш аз 18 ҳазор хоҷагӣ кӯчонда шуданд); дуюм, тадбирҳои судманд, аз ҷумла муттаҳид кардани хоҷагиҳои хурди колхозӣ андешида шуд (соли 1950 муттаҳидшавии колхозҳои хурд ба амал омад; агар соли 1949 дар ҷумҳурӣ 2685 колхоз бошад, соли 1950 миқдори онҳо ба 1314 расид); сеюм, вайронкунии устави артелҳо, камбудиҳову каҷравиҳои ҷиддӣ бартараф гардиданд; чорум, маҳсулоти кишоварзӣ зиёд истеҳсол гардида, вазъи моддӣ ва фарҳангии заҳматкашони деҳот сол то сол хуб мешуд (Тоҷикистон соли 1950 аз пахта – 1 миллиону 260 ҳазор 400 сӯм ва кишоварз ҳар рӯзи корӣ аз 20 то 30 сӯм даромад мегирифт); чорум, базаи моддию техникии соҳаи кишоварзӣ мустаҳкам гардид (бо сабаби тайи солҳои 1946 – 1950 ба кор даромадани 75 неругоҳи барқи обӣ як қисми хоҷагиҳои коллективӣ бо қувваи барқ таъмин шуда, ҳаёти фарҳангиву маишии аҳолӣ, ҳосилнокии меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт).

Ҷиҳати инкишофи соҳаи кишоварзӣ ҳалли масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои деҳот нақши муҳим мебозид. Бинобар он дар солҳои азнавбарқароркунӣ дар ҷумҳурӣ ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи кишоварзӣ диққати махсус дода мешуд. Бо ин мақсад курсҳои кӯтоҳмуддат ва мактабу техникумҳо кушода шуданд. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе соли 1947 мактаби дусолаи ҷумҳуриявӣ барои тайёр кардани раисони колхозҳо ташкил дода шуд. Курсҳои кӯтоҳмуддатро ҳазорон ҳисобчиёну агрономҳо, мудирони участкаҳо ва зоотехникҳо хатм карданд. Соли 1950 дар ҷумҳурӣ 2,8 ҳазор механизатор, аз ҷумла 1,9 ҳазор тракторчӣ тайёр карда шуд, ки дар инкишофи соҳаҳои зироаткорӣ ва чорводорӣ саҳми худро гузоштанд. Ҷумҳуриҳои бародар низ дар омода намудани кадрҳои баландихтисос ёрии амалӣ расонданд.

Барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд кардани меҳнаткашони деҳот зарур буд. Бинобар он тайи солҳои 1946 – 1948 Ҳукумати ИҶШС фидокории меҳнатии пахтакорони Тоҷикистонро қадр ва беш аз 200 нафари онҳоро бо унвони фахрии «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» сарфароз намуд, ки 41 нафари онҳо зан буданд. Боз қариб 8 ҳазор нафар заҳматкаши кишвар бо ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шуданд. Дар байни онҳо А. Қосимов, П. Оқилов, Р. Расулов, С. Ӯрунхӯҷаев, Ҳалима Ширинова, Ҷаҳон Эргашева, Ҷонон Ӯрунова ва дигарон буданд.

Дар баробари барқарор намудани хоҷагиҳои пахтакор, масъалаи ба дараҷаи тоҷангӣ расонидани саршумори чорво, истеҳсоли ғалла, пила низ ҳалли худро меёфт. Бинобар ин доир ба ин соҳаҳо тадбирҳои мушаххас андешидан лозим буд. Маълум аст, ки дар солҳои ҷанг хоҷагиҳои чорводор низ зарари калон дида буданд. Саршумори чорво хеле кам гардида, соҳаи чорводорӣ талаботро қонеъ намекард. Соли 1950 чорвои калони шохдор 96,2 дарсади давраи пешазҷангиро ташкил медод. Бинобар он ҷиҳати рушди соҳаи чорводорӣ дар минтақаҳои пахтакорӣ колхозу совхозҳо аз андози гӯшт, пашм ва пӯст озод карда мешуданд. Ҳукумат барои соҳаи мазкур маблағи зиёд ҷудо кард. Аз ҷумла ҷиҳати сохтани биноҳо барои чорво 34,5 миллион сӯм (пули замони шуравӣ) ҷудо карда шуд. Дар натиҷа танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорвои калони шохдор 3,5 маротиба, саршумори гӯсфанд 11 ва буз 14 маротиба афзуд.

Дар Тоҷикистон соҳаҳои дигари кишоварзӣ низ рушд ёфта, истеҳсоли картошка, зағир зиёд шуда, боғу ангурпарварӣ, пилапарварӣ натиҷаи хуб доданд.

Ҳамин тариқ, тайи солҳои азнавбарқароркунӣ дар аксари соҳаҳои кишоварзӣ ба зудӣ осори замони ҷанг бартараф карда шуда, кишвар ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Баҳри инкишофи соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои судманд, аз ҷумла муттаҳид кардани хоҷагиҳои хурди колхозӣ, мустаҳкам кардани базаи моддиву техникии соҳаи кишоварзӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, қадршиносии заҳматкашон андешида шуданд.

Реклама