4. ИНКИШОФИ ЗИРОАТКОРӢ

Дар солҳои омӯхташаванда вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини бахши соҳаи кишоварзии Тоҷикистон пахтакорӣ ба ҳисоб рафта, ҷумҳурӣ дар арсаи ИҶШС ба яке аз маконҳои асосии истеҳсоли зироати мазкур табдил ёфта буд. Заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди пахтакорӣ қарорҳои Шурои вазирони ИҶШС «Дар бораи чораҳои минбаъда тараққӣ додани пахтакорӣ дар совхозҳо» (1949), «Дар бораи чораҳои минбаъда тараққӣ додани пахтакорӣ дар ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1949 – 1952» (1949), «Дар бораи минбаъда тараққӣ додани пахтакорӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1954 – 1960» (1954) ва дигар ҳуҷҷатҳо барои рушд додани соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд.

Зери партави қарорҳои мазкур дар ҷумҳурӣ чораҳои мушаххаси самарабахш андешида, майдонҳои ҳосилхези кишти зироати мазкур васеъ гардонида, сари вақт бо нуриҳои минералӣ таъмин карда мешуданд; корҳои обёрикунӣ ва мелиоратсияи замин пайваста амалӣ мегардиданд; базаи моддӣ – техникии он пурқувват мегардид; шумораи кадрҳои баландихтисос меафзуд; ҳосилнокии аз ҳар гектар замин зиёд мешуд. Туфайли чораҳои пешбинишудаи мазкур то соли 1980 ҳаҷми истеҳсоли пахта низ бемайлон меафзуд. Чунончи, агар соли 1950 Тоҷикистон ба давлат 288, 7 ҳазор тонна, соли 1960 – 399,4 ҳазор тонна, соли 1970 – 726,5 ҳазор тонна пахта супорида бошад, пас соли 1980 ҷамъоварии он ба зиёда аз 1 миллион тонна расонида шуд. Мутаассифона, солҳои 80-уми асри ХХ дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли пахта кам шуда, соли 1985 – 935 ҳазор тонна ва соли 1991-ум 814,2 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шуда буд.

Дар раванди бо техникаи нав таҷҳизонидани колхозу совхозҳои ҷумҳурӣ масъалаи дар муддати кӯтоҳ бо кадрҳои механизаторӣ таъмин намудани соҳа ба миён омад. Табиист, ки ба ҷавонон таълим додани касби механизаторӣ яке аз вазифаҳои асосии ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ гардид. Ҷавонон ихтисосҳои техникии деҳотро зери шиори «Дар деҳот зиндагӣ мекунӣ, техникаро дон!» азхуд намуда, сафи механизаторони кишварро афзун мекарданд.

Бо ташаббуси хоҷагиҳои ноҳияҳои Колхозобод (ҳоло Ҷ. Балхӣ), Восеъ, Мастчоҳ, Хуҷанд курсҳои механик-ронандагони мошинаҳои пахтачинӣ таъсис ёфтанд. Курсҳои мазкурро даҳҳо ҷавонзанону духтарони деҳоти кишвар низ хатм намуда, соҳиби унвонҳои дараҷаи олӣ гардида буданд. Дар байни онҳо Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ Г. Пиракова, X. Розиқова, дорандагони мукофоти комсомоли Тоҷикистон М. Қурбонова, X. Маъруфова, Г. Рӯзиева ва дигарон буданд.

Ҷиҳати ба кори механизаторӣ бештар ҷалб намудани духтарон Комсомоли Тоҷикистон мукофоти ба номи Зайнаббибӣ Қурбоноваи қаҳрамонро, ки ҷонашро барои барпо кардани Ҳокимияти Шуравӣ нисор кардааст, таъсис дода буд. Бо ин мукофот духтарони ғолиби мусобиқаи байни механик-ронандагон, ки дар ҷамъоварии пахта натиҷаҳои аз ҳама хуб ба даст меоварданд, сарфароз мегардиданд. Мукофоти мазкур аввалин бор ба механик-ронандаи колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷ. Расулов), Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Хурсанд Розиқова супорида шуда буд.

Дар баланд гардидани сифат ва самараи истеҳсоли зироати пахта дар ҷумҳурӣ мактабҳои таҷрибаи пешқадам, шаклҳои таълими техникӣ ба мисли «Рӯзи механизатор», «Рӯзи мутахассис» амал мекарданд. Бояд тазаккур дод, ки ташаббускорони чунин иқдомҳои наҷиб колхозҳои «Москва», «40-солагии Октябр»-и ноҳияи Колхозобод ва дигар ноҳияҳои вилояти Қурғонтеппа буданд.

Дар вилояту ноҳияҳои пахтакори кишвар ба ташаккул ва мустаҳкам намудани базаҳои механиконидашудаи соҳаи пахтакорӣ диққати махсус дода мешуд. Туфайли он ноҳияҳои пахтакори кишвар бо техникаи нав ва технологияи пешқадам таҷҳизонида шуда, барои пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаҳои истеҳсолӣ, баланд гардидани сифат ва ҳаҷми маҳсулот саҳми арзанда мегузоштанд. Яке аз чунин базаҳои механикунонидашудаи пахтакорӣ ноҳияи Мастчоҳ ба шумор мерафт, ки пахтакорони номдори он Ҳоҷӣ Амиров, Наврӯз Раҷабов, Сафарбек Давлатов ва дигарон барои корнамоиҳои меҳнатиашон дар истеҳсоли пахта ба унвони «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» мушарраф гардида буданд.

Ҷумҳуриҳои собиқи ИҶШС низ дар пешрафти соҳаи пахтакории Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Бригадаҳои тафтиши байниҳамдигарӣ аз Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, ки пайваста бо рафти иҷрои уҳдадориҳои сотсиалистӣ шинос мешуданд, ба пахтакорони ҷумҳурӣ ёрии амалӣ мерасонданд. Онҳо на танҳо камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро ошкор мекарданд, балки роҳҳои зудтар бартараф намуданашонро низ нишон медоданд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар солҳои 60 – 70-ум ба яке аз базаҳои муҳимми истеҳсоли пахта табдил ёфта, аз рӯйи ҳосилнокӣ ва истеҳсоли пахтаи навъи маҳиннах дар ИҶШС ҷойи аввалро ишғол мекард.

Соҳаи дигари муҳимми кишоварзии ҷумҳурӣ ғаллакорӣ буда, он бештар дар ноҳияҳои кӯҳистони кишвар инкишоф меёфт. Ба парвариши зироати мазкур, асосан, заминҳои кишти камҳосили обӣ ҷудо гардида, масоҳати он 62,7 дарсади заминҳои киштро ташкил медод. Сарфи назар аз душвориҳову камбудиҳо дар рушди соҳаи ғаллакорӣ, истеҳсоли он дар кишвар то рафт афзоиш меёфт. Масалан, агар соли 1965 – 225,8 ҳазор тонна, соли 1975 – 227 ҳазор тонна, соли 1980 – 245,3 ҳазор тонна истеҳсол карда шуда бошад, пас соли 1988 кишоварзони Тоҷикистон ба давлат 382 ҳазор тонна ғалла супориданд.

Дар сафи пеши истеҳсолкунандагони яке аз зироатҳои муҳимми истеъмолӣ – картошка ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод, Кӯҳистони Мастчоҳи ҷумҳурӣ меистоданд. Пайваста зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли зироати мазкур ба солҳои 70 – 80-ум рост меомад. Чунончи, агар дар кишвар соли 1970 – 67 ҳазор тонна, соли 1980 – 153 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардида бошад, соли 1988 истеҳсоли он ба 182 ҳазор тонна расонида шуда буд. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли сабзавот, зироати полизӣ, лаблабуи қанд, тамоку, геран ва дигар маҳсулоти зироатӣ бештар гардида, мутаносибан нишондиҳандаҳои ҳаҷми онҳо низ баланд мешуд. Масалан, агар соли 1970 дар ҷумҳурӣ 206,3 ҳазор тонна сабзавот, 52,7 ҳазор тонна зироати полизӣ, 37,9 ҳазор тонна лаблабуи қанд истеҳсол гашта бошад, соли 1988 ҳаҷми сабзавот ба 555,9 ҳазор тонна, зироати полизӣ ба 172,5 ҳазор тонна, лаблабуи қанд ба 122,2 ҳазор тонна расонида шуда буд.

Чӣ тавре маълум аст, шароити табии Тоҷикистон аз водиҳои Вахшу дарёи Сир то баландкӯҳҳои Помири Ғарбӣ барои вусъат додани боғу токпарварӣ хеле мувофиқ аст. Дар давраи омӯхташаванда дар миқёси ҷумҳурӣ боғу токзорҳои нав ба вуҷуд омаданд. Дар бунёди майдонҳои ангур, себу зардолу шаҳрвандони деҳот дар сафҳои пеш меистоданд. Алалхусус, хоҷагиҳои Шаҳринав, Марғедар, Фахробод, Чӯбек дар рушди соҳа саҳми арзанда мегузоштанд. Бо дастони мардуми ноҳияҳои Рашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ваҳдат дар ҳазорон гектар замин ниҳолҳои мевадор шинонда, ҳосили зиёд ба даст оварда мешуд.

Туфайли ҳосили фаровони боғу токзорҳои кишвар фаъолияти Комплексҳои агросаноатии ба номи Ҷаббор Расулов (Хуросон), «Колхозчиён» (Панҷакент), «Қаротегин» (Рашт), «Файзобод» ба роҳ монда шуда, барои истеъмоли аҳолӣ консерваҳои хушсифати мевагӣ тайёр карда мешуд. Мутаассифона, дар кори комплексҳои мазкур камбудиҳо низ вуҷуд доштанд. Дар бештари мавридҳо набудани биноҳои махсус, техникаи нав ва технологияи пешқадам барои коркард ва нигоҳдории дурусти мева ба нобуд гардидани маҳсулоти боғу токзорҳо, исроф шудани меваҳо оварда расонида, дар натиҷа ба хоҷагиҳо зарари моддӣ расонида мешуд.

Дар соҳаи ғаллакорӣ, боғу токпарварӣ, обчакорӣ низ дар қатори муваффақиятҳои назаррас, нуқсонҳои ҷиддӣ вуҷуд дош-танд. Чунончи, захираҳои замин ғайриоқилона ва ғайрисамаранок истифода шуда, ба масъалаи паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва баланд бардоштани маданияти меҳнат диққат лозимӣ дода намешуд.

Ҳамин тавр, дар солҳои 50 – 80-уми асри ХХ вазифаи аввалиндараҷаи яке аз муҳимтарин соҳаҳои кишоварзӣ – зироаткории Тоҷикистон ба таъмини давлат бо маҳсулоти стратегӣ – пахта, аҳолӣ бо озуқа ва соҳаи саноат бо ашёи хом нигаронида шуда буд.

Реклама