Дар нимаи дуюми асри ХХ шоирону нависандагони Тоҷикистон бо асарҳои пурмазмуну пурғановату баландғоя дар дили аҳли ҷомеа, махсусан насли наврас, шуълаи меҳру муҳаббат ва ифтихор аз ватанро меафрӯхтанд. Устодони адабиёти тоҷик, чеҳраҳои шинохтаи аҳли адаб С. Айнӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, А. Деҳотӣ, М. Раҳимӣ, Б. Раҳимзода, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Ф. Ниёзӣ, Р. Ҷалил, Ф. Ансорӣ ва дигарон бо асарҳои хеш дар байни мардум шуҳрати зиёд пайдо карда, дар тайёр намудан ва ба камол расондани шоирону нависандагони ҷавон саҳми арзанда гузоштанд. Асарҳои «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё», «Қиссаи Ҳиндустон», «Ҷони ширин», «Аз Ганг то Кремл»-и М. Турсунзода, «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷ. Икромӣ, «Шӯроб»-и Р. Ҷалил, «Восеъ», «Субҳи ҷавонии мо»-и С. Улуғзода, «Тобистон»-и П. Толис, «Сурӯши Сталинград», «Гаҳвораи Сино»-и М. Қаноат, шеъру ғазалҳои баландмазмуни Б. Раҳимзода Л. Шералӣ дар маънавиёти шаҳрвандон ва тарбияи ҷавонон таъсири мусбат расонданд.
Шоирон ва нависандагони соҳибистеъдод: М. Фарҳат, М. Қаноат, Ф. Муҳаммадиев, Л. Шералӣ, Б.Собир, А. Қаҳҳорӣ, Қ. Киром, А. Сафар, У. Раҷаб, Ғ. Мирзо, А. Ҳаким, Ю. Акобиров, М. Хоҷаев, Ғ. Сафарзода, Б. Расо, М. Ҳакимова, М. Шералӣ, С. Маъмур, О. Аминзода, Ҷ. Одина ва дигарон барои асарҳои баландмазмунашон соҳиби ҷоизаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, иттифоқӣ ва ҷоизаҳои давлатҳои дигар, аз ҷумла ҷоизаи ба номи Ҷ. Неҳру гардидаанд. Беҳтарин асарҳои ин солҳо: «Сурӯши Сталинград»-и М.Қаноат, «Ҳар беша гумон мабар, ки холист»-и Ф.Ниёзӣ, «Тахти вожгун»-и Ҷ. Икромӣ, «Фирдавсӣ»-и С. Улуғзода, «Замини падарон»-и Ю. Акобиров ва амсоли инҳо ба ҳисоб мераванд.
Боиси тазаккур аст, ки асарҳои шоиру нависандагони тоҷик ба ҷаҳониён ва баръакс осори аҳли адаби хориҷ ба хонандагони тоҷик бо роҳи тарҷума муаррифӣ мегардид. Бо ин мақсад, тайи солҳои 1971 – 1980 дар Тоҷикистон 292 асари шоиру нависандагони ИҶШС ва ҷаҳон ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардида, 187 асари шоиру нависандагони ҷумҳурӣ ба дигар забонҳо тарҷума шуданд. Гузаронидани даҳаҳои адабиёти ҷумҳуриҳои ИҶШС дар кишвар ва Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурияҳои бародар низ дар шинос намудани шаҳрвандонамон бо дастовардҳои адабиёти мамлакати сермиллат ва муаррифӣ намудани дастовардҳои аҳли адаби тоҷик ба мардумони ин кишварҳо хидмат мерасониданд.
Дар ҷумҳурӣ театрҳои касбӣ ташаккул ва пайваста рушд меёфтанд. Дар ин солҳо барномаҳои театрҳои Тоҷикистон бо намоишҳои нав ғанӣ мегардид. Чунончи, дар саҳнаҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, театрҳои давлатии академии драмаи Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ ва В. Маяковский намоишномаҳои «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Островский, «Роҳ сӯйи бахт»-и Ф. Ансорӣ, «Гвардияи ҷавон»-и А. Фадеев, «Туфон»-и Ғ. Абдулло, операи «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов, «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян, «Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода, балети «Диловар»-и Ленский ва даҳҳо асарҳои дигар ба саҳна гузошта шуданд, ки дар онҳо нақшҳои асосиро ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ М. Қосимов, С. Тӯйбоева, Х. Назарова ва Т. Фозилова бозидаанд. Ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ – М. Собирова, А. Носирова, Л. Зоҳидова, Ҳ. Мавлонова, Л. Кабирова, А. Бобоқулов бо санъати волои худ машҳур гардиданд. Устодони номии санъат – М. Қосимов, С. Тӯйбоева, Т. Фозилова, А. Ҷӯраев, А. Бобоқулов, Ҳ. Мавлонова, Л. Зоҳидова, Ғ. Валаматзода, Ғ. Ғуломалиев, А. Азимова, Ш. Қиёмов, М. Воҳидов, М. Собирова, Ҳ. Гадоев дар ривоҷу равнақи ҳунари зебо саҳми босазо гузошта, бо барнома ва асарҳои эҷодкардаашон дар байни мардум маҳбубият пайдо карданд.
Театрҳои ҷумҳурӣ садҳо намоиш тайёр карда, дар сафарҳои ҳунарии худ онҳоро намоиш медоданд. Танҳо дар зарфи солҳои 1981 – 1989 дар саҳнаи театрҳо 165 спектакли нав намоиш дода шуданд, ки шаҳрвандонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва дӯстии халқҳо тарбия карда, баҳри мустаҳкам сохтани сулҳ дар рӯйи замин ба мубориза даъват менамуданд.
Дар солҳои омӯхташаванда «Тоҷикфилм» бо наворҳои баландмазмун ва тамошобоби худ қадамҳои ҷиддӣ ба пеш гузошт. Махсусан, филмҳои «Қисмати шоир», «Марги судхӯр», «Ман бо духтаре вохӯрдам», силсилафилмҳои Б. Кимёгаров аз рӯйи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, монанди «Гуфтор дар бораи Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Гуфтор дар бораи Сиёвуш», «Байрақи оҳангар» дар ҷаҳон машҳур гардиданд. Филми «Қисмати шоир» дар кинофестивали Қоҳира (1960) ҷойи аввалро гирифт ва соҳиби ҷоизаи «Уқоби тилоӣ» шуд. Филми мазҳакавӣ-мусиқии «Ман бо духтаре вохӯрдам» дар 60 мамлакати ҷаҳон намоиш дода шуда, соли 1958 дар кинофестивали мамлакатҳои Осиё ва Африқо ба ҷоизаи «Гулдони калон» сазовор гардид. Туфайли саҳм ва ҳунари волои коргардонони маъруфи тоҷик соли 1963 Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон таъсис ёфт.
Ҳарчанд аз замонҳои қадим халқи тоҷик дорои ҳунари Сирк бошад ҳам, танҳо солҳои 60-уми асри XX сирки касбии миллӣ таъсис ёфт. Соли 1968 бо Қарори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе Сирки тоҷик ташкил ёфта, 22-юми апрели соли 1970 бори аввал барномаи мукаммали худро намоиш дод. Ҳунармандони Сирк дар кишварҳои хориҷӣ низ ҳунарнамоӣ намуда, санъати ғании халқи тоҷикро ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ мекарданд.
Дар соҳаи санъати нимаи дуюми асри ХХ муваффақияти оҳангсозон, махсусан, назаррас буд. Аз ҷониби онҳо асарҳои нав ба нав офарида мешуданд. Оҳангсозони тоҷик: З. Шаҳидӣ, Ф. Солиев, Ф. Шаҳобов, Ш. Сайфиддинов, Я. Сабзанов, А. Ҳамдамов, Ф. Одинаев, Д. Дӯстмуҳаммадов дар ҳамин солҳо ба камол расида, фаъолияти пурсамари эҷодӣ мебурданд. Падидаи намоёни ҳаёти мусиқии солҳои 50-60-ум бо ташаббус ва мусоидати академик Бобоҷон Ғафуров ва фаъолияти самараноки санъаткорони номӣ – Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибов дар ҳаҷми 5 ҷилд ба нота гирифтани мероси нодири классикии халқи тоҷик «Шашмақом» мебошад, ки имрӯз ҳам санъаткорон онро истифода мебаранд.
Дар Тоҷикистон санъати сарояндагӣ, навозандагӣ, рақс низ хеле рушд ёфта буд. Сарояндагони мумтоз – Барно Исҳоқова, Туҳфа Фозилова, Раъно Ғолибова, Акашариф Ҷӯраев, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Шумқор Одинабеков, Одина Ҳошимов, Барот Яхшиев, Ҳусейн Насриддинов, Лайло Шарифова, Боймуҳаммад Ниёзов, Абдулло Назриев, Иброҳим Кобулиев, Дӯстмурод Алиев ва дигарон ба дилу дидаи мардум роҳ ёфта буданд. Ансамблҳои давлатии рақсии «Лола», «Рубобчидухтарон» машҳур шуданд. Дастаҳои эстрадии «Гулшан» ва рақсии «Зебо» низ ҳамаро мафтун мекарданд. Барои ҳунари воло Ҷӯрабек Муродов сазовори унвони Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ (с. 1979) гардид.
Тоҷикистон равобити фарҳангиро сол аз сол мустаҳкам менамуд. Робитаҳо дар шаклҳои гуногун – гузаронидани рӯзҳои Тоҷикистон, иштирок дар фестивалу конгрессҳо, мубодилаи афкор байни ходимони илму адабиёт, санъат, додугирифти китобҳо, филмҳои мустанадӣ ва бадеӣ сурат мегирифтанд.
Дар таърихи фарҳанги тоҷик Даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар ш. Маскав ва Русия дар Тоҷикистон (с. 1957; с. 1967), Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Ӯзбекистон (с. 1968; с. 1982); ҷашни 1100-солагии А. Рӯдакӣ (с. 1958), 60-солагии ҶШС Тоҷикистон (с. 1984) ва дигар чорабиниҳову ҷашнвораҳо воқеаҳои бузург ба шумор мерафтанд.
Дар замони Шуравӣ дар ҷумҳурӣ ба рушди муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ диққат дода мешуд. Шумораи клубҳо, китобхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, осорхонаҳо, нуқтаҳои кинонамоишдиҳӣ сол аз сол меафзуд. Агар охири солҳои 50-ум дар ҷумҳурӣ 5 осорхона, 1017 клуб, 1318 нуқтаи кинонамоишдиҳӣ, 18 боғи истироҳат, 818 китобхона бошад, пас солҳои 80-ум 1628 китобхона, 26 осорхона, 27 боғи истироҳат, 700 мағозаи китобфурӯшӣ, 1338 клуб, 1178 университети халқӣ, беш аз 800 маҳфили худфаъолиятӣ, 129 ҳазор нуқтаи радио барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ хидмат мерасонданд.
Дар солҳои 50 – 80-ум матбуот низ саҳми худро дар ҳаёти сиёсии ҷомеа гузошт. Агар соли 1960 дар Тоҷикистон 7 рӯзномаи ҷумҳуриявӣ, 47 рӯзномаи ноҳиявӣ, 16 маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ мебаромад, пас охири солҳои 80-ум беш аз 136 рӯзномаю маҷаллаҳо нашр мешуданд, ки дар саҳифаҳои онҳо ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон инъикос меёфт.
Дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) ба фаъолият шуруъ намудани Студияи Телевизиони Тоҷикистон (с. 1959), дар он пахш шудани аввалин намоиши рангаи барномаи маҳаллӣ (25.01.1975), пурра ба намоиши чунин барнома гузаштан (с. 1980) ва кушода шудани Хонаи Радио (с. 1977) падидаи муҳимми фарҳангӣ буд.
Ҳамин тавр, дар нимаи дуюми асри ХХ нақши адабиёт дар баланд бардоштани савияи умумии маърифату маънавиёти шаҳрвандон афзуда, шоирон ва нависандагон асарҳои худро, асосан, аз нигоҳи реализми сотсиалистӣ, ҳизбият ва синфият эҷод менамуданд; дар баробари рушди ҳунари мардумӣ, санъати касбии тоҷик ташаккул ёфта, шумораи театрҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ зиёд гардиданд; беҳтар гардидани кори муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ ба тарбияи шаҳрвандонамон таъсири мусбат мерасонданд; санъати халқи тоҷик туфайли рушди ҳаёти фарҳангии кишвар сифатан ва мазмунан ғанӣ гардид; бо мақсади аз дастовардҳои фарҳангии якдигар огоҳ будан ва ғанӣ гардонидани фарҳанги худ, дар байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ даҳаҳои фарҳангӣ ташкил карда мешуд; суръати баланди пешрафти фарҳанги шаклан миллию мазмунан сотсиалистии тоҷик то як андоза хусусиятҳои миллии худро нигоҳ медошт.
Реклама