Созмонҳои ҳизбӣ, комсомолӣ, шуроҳои занон ба кори тарбияи занону духтарон диққати махсус дода, баҳри беҳбудии он тадбирҳои мушахасс меандешиданд. Ҷиҳати баланд шудани фарҳанги умумиву сиёсӣ ва афзуну самаранок гардидани фаъолияти меҳнатии бонувон ташкилоти масъули ҷумҳурӣ шаклу усулҳои гуногуни кори тарбивиро васеъ истифода менамуданд. Чунончи, гузаронидани ҷаласаҳои махсуси занон – пешқадамони истеҳсолот; барои омӯхтани таҷрибаи пешқадам ба ҷумҳуриҳои бародарӣ фиристодани коргарзанони соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ; мунтазам ба корҳои роҳбарикунанда пешниҳод кардани фаъолзанон; ба воситаи радио ва телевизион ташкил намудани барномаҳои доимамалкунандаи бонувон дар кори ташкилоти ҳизбӣ, комсомолӣ, шуроҳои занон анъана гардида буд.
Бояд тазаккур дод, ки дар кори тарбиявии байни бонувони кишвар нақши шуроҳои занону духтарон, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо, колхозу совхозхо таъсис дода шуда буданд, басо назаррас буд. Шуроҳои ҷумҳурӣ нақшаи фаъолияти худро бо дар назардошти камбудиҳои ҷиддии кори байни занон: аз ҷониби занону духтарони алоҳида вайрон шудани интизоми меҳнат, иштирок накардани як қисми соҳибхоназанони ҷавон дар кори фоидаовари ҷамъиятӣ, зуҳур гардидани муносибати худбинӣ, бепарвоӣ, усули бештар гирифтан ва камтар ба ҷамъият додан, ҳодисаҳои гирифтани қалин, ба шавҳар додани духтарони ноболиғ, аз хондану ихтисосгирӣ маҳрум кардани онҳо; аз раванди таълим берун мондани духтарон таҳия менамуданд.
Барои аз байн бурдани камбудиву мушкилии кори байни занон ва иҷрои вазифаҳои худ, Шуроҳо қувваи ҷозибаноки ибратомӯзи занони номии корхонаҳои саноатӣ, деҳот, устодони ҳосили баланд ва говҷӯшҳои пешқадамро истифода бурда: дар байни коргарзанони корхонаҳои саноатӣ ва меҳнаткашзанони деҳоти ҷумҳурӣ роҷеъ ба сари вақт ва барзиёд иҷро гардидани нақшаҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифату самараи раванди истеҳсолот, фарҳанги умумиву сиёсии бонувон кори мақсадноки тарбиявӣ мебурданд; бо занони аз доираи меҳнати фоидаовари ҷамъиятӣ берун мондаи кишвар кори васеи таблиғотиву тарбиявӣ мебурданд. Ба ин хотир шуроҳои занони муассисаву корхонаҳои саноатӣ ва колхозу совхозҳои ҷумҳурӣ маҷлисҳо мегузаронданд, шабнишиниҳо ташкил менамуданд, дар маҳаллаҳо ва дар ҷойи истиқомати занон корҳои фарҳангию тарбиявӣ мебурданд. Дар ин самт ташкили мулоқот бо собиқадорони ҷангу меҳнат, олимону шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ ва дигар шахсиятҳои машҳур шакли таъсирбахши кори шуроҳои занон ба ҳисоб мерафт.
Бо мақсади пурзӯр намудани кори тарбияи башардӯстонаи байни занон Шуроҳо дар ташкил ва мунтазам гузаронидани мулоқоти бонувони кишвар бо занони ҷумҳуриҳои бародар, слётҳои ҷавонзанони Осиёи Миёна, фаъолзанон, спартакиадаҳои занон, нашри шумораҳои якҷояи маҷаллаҳои занон, барномаҳои телевизион, радио саҳмгузор буданд.
Шуроҳои занони ҷумҳурӣ, инчунин дар донишгоҳу донишкадаҳо дар тарбияи ҳамаҷонибаи донишҷӯдухтарон, муаллимаҳову олимаҳои муассисаҳои таълимии кишвар аз шаклу усулҳои гуногуни кори тарбиявӣ истифода мебурданд. Чунончи, дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) клубҳои «Саодат», «Бунафша», «Клуби вохӯрии одамони кордон», «Гули бодом» фаъолият мекарданд, ки ба онҳо бевосита раиси Шурои занони донишгоҳ Н. С. Назарова роҳбарӣ менамуд. Ин клубҳо ба тарбияи башардӯстона, ватандӯстӣ, ахлоқӣ ва ғоявии занону духтарони донишгоҳ диққати зиёд медоданд.
Дар кори Шуроҳои занон ҷорӣ намудани чунин расму оинҳои шуравӣ, монанди никоҳи ботантана, сабти номи кӯдакони навзод, тӯйҳои комсомолӣ, ботантана супурдани шиноснома ва ҳоказо аҳаммияти калони тарбиявӣ дошт.
Ҳамин тавр, дар солҳои 50-80-ум: якум, туфайли фаъолияти ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ, алалхусус, Шуроҳои занони ҷумҳурӣ, кори тарбиявии байни бонувон пурзӯр гардида, иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоии ҷумҳурӣ афзуд. Шуроҳо бо мақсади тарбияи занон дар корхонаҳо, колхозу совхозҳо ва донишкадаҳо аз шаклу усулҳои гуногуни кори тарбиявӣ истифода менамуданд; дуюм, ба камбудиҳо нигоҳ накарда, фарҳанги халқи тоҷик инкишоф меёфт ва дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми худро мегузошт. Маориф, илм, адабиёт, санъат ва идораҳои фарҳангию маърифатӣ вазифаи муқаддаси худро иҷро карда, сатҳи маънавиёти халқи хешро баланд мекарданд ва арзишҳои умумибашариро дастраси омма мегардонданд; сеюм, сол аз сол мақоми созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар кори тарбиявии шаҳрвандон меафзуд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
Мавзуъҳо барои навиштани реферат:
Реклама