Тағйироти куллие, ки дар охири асри ХХ дар ҷомеа рух додаанд, ба ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мусоидат намуданд. Дар чунин шароит зарурати пешниҳоди консепсияи нави тафаккури таърихӣ ба амал омад. Хусусан, дар асару мақолаҳо, нутқ ва паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус дар китоби бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» консепсияи нави тафаккури таърихӣ пешниҳод гардидааст. Туфайли ин консепсия шоҳроҳе бунёд шудааст, ки шаҳрвандонамон таърих ва фарҳанги пурғановати хешро омӯхта, сатҳи фарҳанги умумӣ ва сиёсии худро дар асоси анъанаҳои муфиди миллӣ баланд ва ғанӣ мегардонанд.
Хушбахтона, бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғамхорӣ ва кӯшишҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълими таърихи халқи хеш, пеш аз ҳама, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ дигаргуниҳои назаррас ба амал омада истодаанд.
Дар натиҷаи татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (соли 1993), «Дар бораи маълумоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» (соли 2003), Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2002), «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2010), Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (бо тағйироту иловаҳо дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон 6 марти 2013 ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июли соли 2013 қабул гардид) ислоҳоти соҳаи маориф ҷомаи амал пӯшида, мутахассисони баландихтисоси ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ тайёр карда мешаванд.
Ҳоло дар баробари беҳтар гардидани сифати таълими фанҳои дақиқ, ба пешрафти илмҳои гуманитарию ҷомеашиносӣ низ аҳаммият дода шуда, ҷавонон дар руҳияи созандагӣ тарбия меёбанд.
Маълум аст, ки марҳалаи нави таърихӣ дар назди шаҳрвандон вазифаҳои ҷиддӣ гузоштааст. Барои амалӣ гардидани онҳо зарур аст, ки таърихи худро хуб донем, дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватанпарварию меҳнатдӯстӣ, одобу ахлоқи хамида тарбия ёфта, муборизи тантанаи арзишҳои умумибашарӣ бошем.
Ҳангоми ташкили раванди самарабахши таълими фанни таърихи Ватан, пеш аз ҳама, бояд ба масъалаҳои зерин диққати махсус дода шавад: азхуд кардани таҷрибаи муфиди таърихӣ; таҳлили холисонаи мушкилот, камбудиҳо ва каҷравиҳо дар гузашта, равшан донистани вазифаҳои муосир ва ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамзамон, муҳим аст, ки хонандагон дар мавриди омӯзиши фан аз асарҳои илмӣ ва сарчашмаҳо самаранок истифода бурда, аз маводди осорхонаву бойгониҳо ва китобхонаҳо баҳравар шаванд. Дар ин самт вохӯриҳо бо олимону адибон, ходимони давлатӣ ва собиқадорони меҳнат низ басо судманд мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таърихнигорон, олимони ҷомеашинос ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ мунтазам доир ба масъалаҳои мушкилоти ташкилёбӣ, хусусиятҳои хосси рушди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон асар навишта, як зумра таҳқиқоти илмӣ таҳия намудаанд. Истифодаи самараноки ин гуна таҳқиқот дар раванди дарс аз аҳаммият холӣ нест. Хуб мешуд, агар ҳар як хонанда бо ёрии амалии устодон таърихи ватанро аз нигоҳи нав ва тарзи самараноки истифода бурдани дастурҳои таълимию методиро омӯхта, роҷеъ ба масъалаҳои мубрам ва гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи навини тоҷикон маълумоти зарурӣ пайдо намояд.
Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва мутобиқати он ба талаботи давраи муосир зарур аст, ки эродҳои омӯзгорон, хонандагони сершуморро ба назар гирифта, нашри такрории китобҳои дарсӣ ба роҳ монда шавад; дар асоси нақшаҳои нави таълимӣ барномаҳо, харитаҳо, схемаҳо, диаграммаҳо, плакатҳо, албомҳо, атласҳо ва дигар маводди таълимӣ таҳия ва чоп гарданд; диафилмҳою диапозитивҳо, слайдҳои ҳуҷҷатӣ омода шаванд. Албатта, ҳалли ин масъалаҳо на танҳо ба ҷудо кардани маблағ, балки ба ғайрату кӯшиши омӯзгорони ботаҷрибаи донишгоҳҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ вобаста аст.
Бояд тазаккур дод, ки зарурати омӯзиши амиқи таърихи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ (ш. Душанбе, 08.09.2021) ва Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (ш. Душанбе, 21.12.2021) дар шакли муқаррароти мазкур баён гардидаанд: соли 2021 марҳалаи 30 соли аввали таърихи даврони истиқлоли мамлакат, давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда барои ҳифзи якпорчагиву озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан анҷом ёфта, марҳалаи нави дигаргунсозиҳо ва рушду нашъунамои минбаъдаи ҷумҳурӣ оғоз ёфт; дар даҳсолаи нахусти истиқлол, мардуми Тоҷикистон давраи озмоиши хеле сахту сангини таърихиро паси сар намуда, бо вуҷуди фитнаву дасисаҳои неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хориҷӣ баҳри бузургтарин дастовард сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии миллӣ талошҳои зиёд намуд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои ноил шудан ба зиндагии босаодат ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло онро аҳли башар эътироф мекунанд, мушкилу маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузаронида, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд; азбаски шароити нави таърихӣ талаб мекард, ки дар кишвар ҳарчи зудтар ислоҳоти сохтори сиёсӣ гузаронида шуда, Қонуни асосии давлати соҳибихтиёр қабул гардад, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул ва Президенти кишвар аз ҷониби халқи мамлакат интихоб гардиданд; сохт ва моҳияти давлатдорие, ки дар Конститутсия дарҷ гардид, аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ ва қабул карда шуда, таърих дурустии роҳи интихобкардаи мамлакатро собит сохт. Дар асоси тағйироти соли 1999 ба Конститутсия воридгардида дар мамлакат парламенти касбии иборат аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд; ислоҳоти фарогири иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо оғоз гардида, ҷиҳати барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш андешида шуданд; таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки ояндаи Тоҷикистон ба амалӣ гардидани онҳо вобаста аст, муайян гардиданд. Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати дониш ва маърифатнокиву саводнокии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони кишвар ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар карда шуданд; эҳёи арзишҳои милливу фарҳангии мардуми куҳанбунёдамон оғоз гардид. Бо эълони сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди арсаи равобити байналмилалӣ шуд; мақоми занону бонувон дар ҷомеа тақвият пайдо карда, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои роҳбарии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бамаротиб вусъат ёфт; ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва далеру ғаюри мамлакат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар бунёди иншооти азиму тақдирсози кишвар, ободонии Ватан, ҳифзи суботу оромии мардум ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд. Дастовардҳои сисолаи шаҳрвандони Тоҷикистон туфайли заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми ҷумҳурӣ, алалхусус ҷавонон, дар ҷодаи давлатсозиву давлатдорӣ ва ватансозиву ватандорӣ мебошанд; истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон буда, бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад; дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои мушаххас роҷеъ ба омӯзиши амиқи таърихи халқи тоҷик ва мероси маънавии он андешида мешаванд.
Ҳамин тавр, омӯзиши таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он мусоидат менамояд, ки хонандагон на танҳо хусусиятхои хосси раванди дигаргунсозиҳои муосире, ки дар ҷомеаи навини тоҷикон амалӣ мегарданд дуруст дарк намоянд, балки бевосита дар рушди устувори минбаъдаи мамлакат саҳмгузорӣ намоянд.
Реклама