Воқеаҳои фоҷиавии аввали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи халқи тоҷик дохил гардиданд. Ин ҳодисаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо номҳои «ҷанги бародаркуш», «ҷанги шаҳрвандӣ», «ҷанги минтақавӣ», «ҷанги худкушӣ» шарҳу тафсир ёфтаанд.
Омӯзиш ва таҳлили вазъи солҳои 1992 – 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баамаломада водор месозанд, ки чанд омили асосии рух додани ҷанги шаҳрвандиро муайян намоем.
Якум, дар нимаи дуюми солҳои 80-ум ибтидои солҳои 90уми асри гузашта, чи дар миқёси Иттифоқ ва чи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилиҳои иқтисодӣ, ба монанди аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурӯш нарафтани маҳсулот, сари вақт нагирифтани маош, зиёд шудани миқдори бекорон мадди назар гардида, то рафт норозигиро дар мамлакат бештар мекарданд. Дуюм, аксари мардум дар деҳот истиқомат менамуданд, вале: бо ҷойи кор таъмин набуданд; ба маҳсулоти ниёзи мардум, пеш аз ҳама хӯрок, либос, пойафзор эҳтиёҷ доштанд; хидматрасонии маишӣ, тиббӣ ба талабот ҷавобгӯ набуд. Сол то сол фавти кӯдакон меафзуд. Сеюм, сохтори бюрократии коммунистӣ, ки дар рафти бозсозии мамлакат пурра ташаккул ёфта буд, садди роҳи рушди баробари минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гардид. Хусусан, ноҳияҳои кӯҳистон нисбати водиҳо аз ҷиҳати тараққиёти иқтисодӣ хеле қафо монданд, Ҳукумати умумииттифоқӣ дар навбати худ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ нобаробар кумак мерасонд. Дар натиҷа нақшаҳои панҷсолаҳои охирини тараққиёти хоҷагии халқи Тоҷикистон иҷро нагардиданд. Сохтмони объектҳои калон, аз қабили Неругоҳи барқи обии «Роғун» нотамом монда, дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ талаву тороҷ гардиданд. Чорум, буҳрон дар Ҳизби коммунистӣ, ки сабабаш, пеш аз ҳама, дар сохтори номенклатураи ҳизбӣ роҳ дода шудани хатоҳои ҷиддӣ, аз ҷумла нодуруст ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда; ба вазифаҳои муҳимми давлатӣ таъйин шудани шахсони камлаёқат, хусусан, дар ин самт ҷой доштани зуҳуроти хешу таборчигӣ, маҳалгароӣ; фалаҷ гардидани кори идеологии ҳизб; паст рафтани сатҳи фарҳанги умумӣ ва сиёсии шаҳрвандон; ба тартиботи ҷамъиятӣ риоя накардан ва поймол кардани қонунҳо; суиистеъмоли вазифа ва вайрон кардани қонун дар маҳалҳо; рушди ришвахӯрӣ, дуздӣ буд, низ ба коҳишёбии мавқеи ҳизб дар ҷомеа ва шикасти минбаъдаи он оварда расонид. Омили панҷум, ба амал омадани сохтори бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки ҳизбу созмонҳои нав дар вазъияте ташкил ёфтанд, ки дар ҷомеа тезутундшавии ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба амал омада буд. Бештари онҳо натавонистанд сиёсати дурусти созандагиро пеш гиранд. Ҳарчанд Барнома ва Оинномаи ҳизбу ҳаракатҳо ҳадафҳои нек доштанд, вале дар ташаккули ҷомеаи демократӣ, мутаассифона, саҳми худро гузошта натавонистанд. Баръакс, як қисми онҳо роҳи ғайриконститутсиониро пеш гирифта, мехостанд бо тарзи зӯрӣ ҳокимиятро ба даст дароварда, давлати исломӣ барпо намоянд.
Иттиҳодияҳои ғайрирасмӣ ва ҳизбҳои сиёсии ташаккулёфта дар раванди амалӣ гардонидани мақсадашон – ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ, вазъро дар ҷумҳурӣ шадидан бадтар ва тарканда мекарданд.
Дар Тоҷикистон сол то сол як гурӯҳ зиёиёни тоҷик зери шиори «Барои фарҳанги аҷдодӣ!» баромад намуда, тамоюли эронпарастию миллатгароиро авҷ дода, пояҳои сохтори сиёсии ҷумҳуриро торафт суст мегардонданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки таассуб, маҳалгароӣ, тангназариҳо дар шуури ин зумра зиёиёни миллӣ ва намояндагони динӣ ҷой дошта, хислатҳои манфии мазкур дар он солҳо ба ҳадди ифрот ва омили харобкунандаи зеҳнии мардум табдил ёфтанд ва дар ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ мусоидат карда, эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти тундгароии сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгароӣ равона менамуданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо хеле авҷ гирифтанд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон гурӯҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба изтироби низоъҳои дохиливу баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд.
Майдоншиниҳои бавуҷудомада ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавиро фалаҷ намуда, ба фоҷиаи миллӣ оварданд.
Ҳамин тавр, дар охири солҳои 80-ум ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ заминаҳои воқеаҳои фоҷиавӣ пухта расиданд. Натиҷаи ноҳамгунии иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои маҳалгароиву динӣ ва муборизаи шадид алайҳи идеологияи коммунистӣ аз тарафи дигар сабаби аланга задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Чӣ тавре ки дар боло зикр карда шуд, ҳанӯз дар ибтидои шуруъ гардидани раванди соҳибистиқлолии Тоҷикистон зери таъсири гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ғаразноку мансабталаб тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои зиёд баргузор гардиданд. Аввалин чунин гирдиҳамоӣ моҳи феврали соли 1990 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе гузашт, ки дар рафти он 26 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, вазъи мамлакат рӯз ба рӯз тарканда мегардид. Ин ва воқеаҳои минбаъдаи дар қаламрави ҷумҳурӣ рухдода заминаи сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 дар Тоҷикистон гардида, марҳалаи аввали муқовимати яроқнокро оғоз бахшиданд.
Маълум аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ташкил ёфта, марҳалаи навини инкишофи худро оғоз намуд. Дар чунин давраи ҳассос қувваҳои гуногуни сиёсӣ роҳҳои ғайриконститутсиониро пеш гирифта, гирдиҳамоии шадидро давом медоданду соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зери хавф мегузоштанд.
Ҳамоно, пас аз эълон гардидани истиқлоли ҷумҳурӣ гирдиҳамоии чордаҳрӯза бо иштироки 10 ҳазор нафар дар шаҳри Душанбе гузашт.
Санаи 21-уми сентябри соли 1991 раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе М. Икромов зери фишори неруҳои майлони рост фармон дар хусуси чаппа кардани ҳайкали асосгузори Давлати Шуравӣ – В. И. Ленинро дар назди гирдиҳамоии серодам қироат намуд. Чунин иқдоми кӯтоҳбинона вазъиятро дар пойтахт ва ҷумҳурӣ боз ҳам мураккаб гардонид.
Бо вуҷуди вазъи муташанниҷу ноустувори сиёсии баамаломада санаи 23-юми сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Аслоновро аз вазифаи раиси Шурои Олӣ озод намуд ва ба ин вазифа Раҳмон Набиевро интихоб кард.
Ҳарчанд ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ Раҳмон Набиев интихоб шуда, баҳри аз байн нарафтани Ҷумҳурии соҳибистиқлол роҳи мусолиҳаро пеш гирифта бошад ҳам, гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ авзои мамлакатро торафт ноором мегардонданд. Вазъият чунон мураккаб гардид, ки Р. Набиев маҷбур шуд, ки дар арафаи интихоботи президентӣ ваколатҳои Раиси Шурои Олиро боздорад. Ва ниҳоят, 24-уми ноябри соли 1991 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ Р. Набиев Президенти мамлакат интихоб шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки рӯз ба рӯз тезутунд гардидани вазъи кишвар ва аз ҷониби нахустпрезиденти мамлакат самаранок пеш бурда нашудани фаъолияташ, ташкил ёфтани гурӯҳҳо дар болосохт – Шурои Олӣ ва Ҳукумат низ нақши манфӣ мебозид. Ба гурӯҳи аввал ашхосе, ки адои вазифа доштанд, ба гурӯҳи дуюм онҳое, ки аз ҷониби неруҳои берунмарзӣ дастгирӣ ва истифода мешуданду тарзи зӯроварии ҳалли масъалаҳоро мадди назар менамуданд ва ба гурӯҳи сеюм нафароне, ки мавқеи бетарафро ишғол карда, интизори ғолибияти яке аз гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф буданду ва бо ин роҳ мехостанд соҳиби мансаб гарданд, шомил шуданд.
Номзади мухолифин Давлат Худоназаров, ки дар интихоби Раиси ҷумҳур беш аз 30 дарсади овозҳоро ба даст оварда буд, бо ҳаммаслаконаш оид ба вайрон карда шудани тартиби интихобот изҳори ақида намуд ва натиҷаи онро напазируфт.
Хусусан, вақте ки 25-уми марти соли 1992 дар ҷаласаи Раёсати Шурои Олии ҷумҳурӣ фаъолияти вазири корҳои дохилӣ М. Навҷувонов муҳокима гардида, пешниҳод шуд, ки ӯ аз вазифа сабукдӯш гардад, қувваҳои мухолифин ба ин қарори ҷаласа эътироз карданд. Бо ин сабаб мухолифин аз санаи 26-уми март то 17-уми майи соли 1992 дар майдони «Шаҳидон»-и назди бинои Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии 52 рӯзаро ташкил намуданд, ки он зери шиорҳои сиёсии зидди-ҳукуматӣ мегузашт. Иштирокчиёни тазоҳурот бо гирдиҳамоӣ маҳдуд нашуда, узви Ҳукумат ва вакилони Шурои Олиро гаравгон гирифтанд. Сипас коргоҳи телевизион, вокзали роҳи оҳан, майдони ҳавоӣ ва дигар идораҳои давлатиро ба тасарруфи худ дароварданд.
Фармондеҳи гвардияи Президенти ҷумҳурӣ, генерал Б. Раҳмонов низ бо лавозимоти калони оташфишонӣ ба тарафи мухолифин гузашт. Ҳарчанд Вазорати корҳои дохилӣ бетарафии худро эълон карда бошад ҳам, амалан неруҳои мухолифро дастгирӣ мекард. Санаи 20 – 22-юми апрели соли 1992 Иҷлосияи сенздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо доир ба ворид намудани иловаҳо ва тағйирот ба моддаҳои алоҳидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат, инчунин талаби иштироккунандагони гирдиҳамоӣ баррасӣ шуданд.
Азбаски гурӯҳҳои ғайриконститутсионии ба ҷумҳурии соҳибистиқлол хатарнок истеъфои шахсони олимақоми кишварро тақозо мекарданд, санаи 22-юми апрел, пас аз гуфтушунидҳои тулонии байни роҳбарияти ҷумҳурӣ ва намояндагони мухолифин, Раиси Шурои Олии ҷумҳурӣ С. Кенҷаев дар бораи истеъфои худ изҳорот дод. Вазифаи ӯ муваққатан ба дӯши муовинаш А. Искандаров вогузор карда шуд. Бегоҳии 24уми апрели соли 1992 дар майдони «Озодӣ»-и Душанбешаҳр, ки дар назди бинои Шурои Олии ҷумҳурӣ ҷойгир буд, тарафдорони ҳукумати расмӣ гирдиҳамоии нав оростанд. Шумораи иштирокчиёни ҳар ду майдон рӯз ба рӯз зиёд мегардид. Маркази шаҳрро хаймаҳои тарафҳои муқобил фаро гирифта буданд. Дар майдони «Шаҳидон» даромадгоҳи қасри Президент ва дар майдони «Озодӣ» бошад, даромадгоҳи Вазорати корҳои хориҷӣ ва Шурои Олии ҷумҳурӣ ба минбари тарафҳои муқобил табдил гардиданд. Тарафҳои муқобил пайваста якдигарро зери танқиди шадид мегирифтанд. Бадбахтона, иштирокчиёни ҳар ду майдон бо роҳҳои гуногун мусаллаҳ мешуданд. Дар чунин вазъияти фавқулода мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ мисли нозирони беруна мавқеи ғайрифаъолро пеша намуданд. Вазири корҳои дохилӣ М. Навҷувонов муносибати хешро нисбат ба вазъият иброз намуда, эълон кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавқеи бетарафиро риоя мекунанд.
Ҳамин тавр, дар ду майдони пойтахти ҷумҳурӣ – «Шаҳидон» ва «Озодӣ» рӯйдодҳо босуръат авҷ мегирифтанд, ки дар натиҷаи он: 1) шадидан вазъияти фавқулода ба вуҷуд меомад; 2) рӯз то рӯз вазъият фоҷиабор мегардид.
Хусусияти хосси марҳалаи якуми мухолифати шадиди сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ, ки аз воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 то охири моҳи апрели соли 1992-ро дар бар мегирифт, аввалан, пухта расидани заминаҳои сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат: афзун гардидани буҳрони сиёсиву ғоявӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ; авҷ гирифтани гирдиҳамоӣ, тазоҳуроту эътирозҳо, ки ҳам аз ҷониби неруҳои майлони рост, исломгароён, тундгароён ва ҳам аз ҷониби тарафдорони ҳокимияти конститутсионӣ ташкил карда мешуданд; таҳрики пайвастаи шаҳрвандон аз ҷониби ҳизбу созмонҳо ва ҳаракатҳои сиёсиву динӣ, зуҳурёбии миллатчигиву маҳалгароӣ ва дар асоси он торафт хароб гардидани фарҳанги сиёсӣ, умумӣ ва зеҳнии мардум мебошад.
Баъдан, сар задани муборизаи шадиди сиёсиву ғоявӣ дар дохили сохторҳои идоракунии давлатӣ, суиистеъмол аз вазифа, рақобати байни ҳизбу созмонҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ дар раванди ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ, ки бар асари он дар фурсати бисёр кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар мамлакат беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукумфармо гардид, низ хусусияти хосси давраи якуми муқовимат ба ҳисоб меравад.
Мутаассифона, бар асари фаъолияти неруҳои харобиоваранда, дасисабозон ва фитнаангезон дар марҳалаи аввали ташаккулёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон фазои Ватан рӯз то рӯз муташанниҷ шуда, аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун монд.
Реклама