Ибтидои моҳи майи соли 1992 туфайли фаъолияти қувваҳои хиёнаткори дохиливу хориҷӣ гирдиҳамоиҳо ба муноқишаҳои хунини фоҷиабор табдил ёфта, дар таърихи навтарини халқи тоҷик ҳамчун саҳифаҳои торик сабт гардиданд. Маҳз аз воқеаҳои моҳи май давраи вазнинтарини ҷанг шуруъ шуд.
Санаи 1-уми майи соли 1992 Президенти мамлакат Р. Набиев бо мақсади боздоштани гирдиҳамоии мухолифин, тарафдоронашро, ки дар майдони «Озодӣ» гирд омада буданд, бо силоҳ таъмин кард ва фармон «Дар бораи таъсиси баталёни алоҳида дар ҳайати Бригадаи таъйиноти махсус»-ро баровард. Дар натиҷа рӯзҳои аввали моҳи май дар қисматҳои гуногуни пойтахт ва атрофи он задӯхурдҳо ба вуқуъ пайваста, аввалин қурбониёни муқовимат мадди назар гардиданд. Санаи 5-уми майи соли 1992 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ашхоси муссалаҳ ба сӯйи нақлиёти мусофиркашоне, ки аз Кӯлоб ба шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, оташ кушоданд, ки дар рафти он се нафар кушта ва чанд нафар захмӣ шуданд.
Ҳамин тавр, 5-уми май оғози хунрезиҳо ва фоҷиаи мудҳиш барои мардуми тоҷик – ҷанги бародаркуш, саросар қонуншиканӣ, тундгароиву терроризм, ифротгароиву ғоратгарӣ гардида, бар асари он садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҳаёт, макони зист, молу мулк маҳрум гардиданд.
Воқеаҳои ибтидои моҳи майи соли 1992 Президенти кишвар Р. Набиевро маҷбур сохтанд, ки ба ташкили «Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ» розӣ шавад. Санаи 7-уми май Протоколи Созишномаи байни Президент, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои халқии мамлакат ба имзо расид. 9-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон «Дар бораи ташкили Ҳукумати мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расонид.
Дар асоси фармони мазкур ва ба хотири поён додан ба хунрезиҳову хушунатҳо, чанд нафар аз намояндагони майдони «Шаҳидон» ба узвияти Ҳукумат пазируфта шуда, афроде, ки дар ихтилофи охир, аз ҷумла дар ҷалби мардум ба гирдиҳамоии майдони «Озодӣ» даст доштанд, аз мақоми худ барканор карда шуданд. Аз ҷумла, Давлат Усмон – муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ба мақоми муовини Сарвазир таъйин шуда, Худойбердӣ Холиқназаров – вазири корҳои хориҷӣ, Зокир Вазиров – вазири маориф, Мирбобо Мирраҳим – раиси Кумитаи радио ва телевизион, генерал Баҳром Раҳмонов – вазири дифоъ таъйин шуданд. Генерал Мамадаёз Навҷувонов вазифаи вазири корҳои дохилиро нигоҳ дошт.
Бо вуҷуди ин гузаштҳо ва пирӯзии неруҳои мухолифин: ба ҳукумати нав шомил гардидани намояндагонашон; тақрибан сеяки ҳукуматро ишғол намудани онҳо гирдиҳамоӣ дар майдони «Шаҳидон» давом ёфт.
Дар натиҷаи воқеаҳои моҳи майи соли 1992 мухолифин амалан табаддулоти давлатӣ карда, Раиси қонунии ҷумҳур Раҳмон Набиевро гаравгон гирифт, ки туфайли он ӯ аз уҳдаи иҷро намудани вазифааш набаромад.
Мутаассифона, Ҳукумати мусолиҳаи миллии таъсисёфта натавонист ба хунрезиву хушунатҳои байни тазоҳургарон, ки дар майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» баамал омада буд, пурра хотима диҳад ва ҷанги хунини шаҳрвандие, ки Тоҷикистон беист ба вартааш фурӯ мерафт, пешгирӣ кунад. Роҳи осоиштаи ҳалли муаммоҳо қатъ гардид ва бо сабабҳои объективию субъективӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Иғвоҳои сиёсӣ ба он оварда расонданд, ки дар байни шаҳрвандон задухӯрдҳои шадиди яроқнок ба амал омада, одамони бегуноҳ кушта шудаанд. Ҳазорон шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷойи истиқомати худро тарк намуда, ба давлатҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ фирор карданд. Ҷанг ба ҷомеа аз ҷиҳати маънавӣ ва моддӣ зарари калон расонда, боиси талафоти хеле зиёди инсонӣ гардид.
Зикр кардан бамаврид аст, ки вилоятҳои Ленинобод ва Кӯлоб ҳайати нави ҳукуматро эътироф накарда, аз итоат ба он саркашӣ менамуданд. Мухолифин дар навбати худ роҳҳои самти Кӯлобро бастанд.
Бо мақсади дар даст нигоҳ доштани ҳокимияти сиёсӣ Коалитсияи якҷояи Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, созмони «Лаъли Бадахшон» ва Қозиёти ҷумҳурӣ 19-уми июни соли 1992 таҳти сарварии Шодмон Юсуфов ситоди «Наҷоти Ватан»-ро ташкил дод, ки он вазъиятро дар пойтахт боз ҳам муташанниҷ гардонд.
Дар муқобили амалиёти табаддулотгарон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Кулобу Қӯрғонтеппа, водии Ҳисор ва вилояти Ленинобод баҳри мудофиаи сохти конститутсионӣ ҳаракати мардумӣ таҳти унвони «Фронти халқии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Дар саргаҳи ин ҳаракат Сангак Сафаров, Сафаралӣ Кенҷаев, Рустам Абдураҳимов, Файзулло Абдуллоев, Лангарӣ Лангариев, Файзалӣ Саидов ва дигар командирон меистоданд. Ҷабҳа намояндагии миллатҳои гуногуни ҷумҳурӣ – тоҷикон, ӯзбекон, русҳо ва намояндагони дигар халқу миллатҳоро дар бар мегирифт.
Моҳи июн задухӯрдҳои ошкорои мусаллаҳонаи байни тарафҳои даргир оғоз ёфта, то охири сол, асосан, дар минтақаи Қурғонтеппа ба амал омаданд. Бо мақсади пеши роҳи даргириҳои минбаъдаи ҷангро гирифтан 26 – 27-уми июли соли 1992 зиёда аз 80 нафар сиёсатмадорони бонуфузи ҳукуматӣ ва мухолифин, пешвоёни ғайрирасмӣ, руҳониён бо иштироки Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ ҷаласа баргузор карданд, ки дар он оид ба оташбас ва халъи силоҳ созиш ба даст оварда шуд. Аммо дере нагузашта дар водии Вахш задухӯрдҳои низомӣ авҷ гирифтанд. Замоне, ки Созишнома дар Хоруғ ба имзо мерасид, дар минтақаи Бохтар задухӯрди шадид байни гурӯҳҳои мухолиф ба амал омада буд. Дар натиҷаи он шумораи қурбониёни ҷанг боз ҳам афзуд.
Охири моҳи август вазъ дар пойтахти мамлакат бадтар шуд. 31-уми августи соли 1992 як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Душанбе дар майдони «Шаҳидон» ҷамъ омаданд. Дар рафти эътироз онҳо ба бинои Ҳукумат ҳамла оварда, қабати аввалро ишғол карданд ва зиёда аз 30 нафар кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукуматро дар муддати се рӯз гаравгон гирифтанд. Мухолифин мавқеи худро рӯз то рӯз мустаҳкам менамуд. Дар айни ҳол баъзе ниҳодҳои қудратӣ мақоми бетарафиро ишғол намуданд. Дар натиҷа Р. Набиев зери фишори гурӯҳи яроқбадастон 6-уми сентябри соли 1992 аз вазифаи президентӣ даст кашид. Ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардиданд.
Охирҳои моҳи октябри соли 1992 Фронти халқӣ дар муҳорибаҳо ғолиб омада, тавонист ташаббуси стратегии ҳарбиро ба даст гирад. Санаи 4-уми ноябри соли 1992 роҳи оҳан, ки ба воситаи он шаҳри Душанбе ва умуман марзҳои марказию ҷануби Тоҷикистон аз дигар ҷумҳуриҳо ва ноҳияҳои шимолии мамлакат хӯрокворӣ мегирифт, тарконда шуд. Ба ҷумҳурӣ, хусусан, ба пойтахти он, торафт бесарусомониҳои иқтисодӣ ва гуруснагӣ таҳдид мекарданд. Ин ҳолат водор сохт, ки ҳукумати мухолифин таҳти сарварии А. Искандаров ба ҷустуҷӯйи роҳҳои гуфтушунид барои хотима додани ҷанг шуруъ кунад. Бояд тазаккур дод, ки мамлакатҳои ҷаҳон, хусусан, ҷумҳуриҳои ҳамсояи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аз вазъи ноороми Тоҷикистон хеле дар хавф монда, саҳми худро дар хотима додани ҷанг гузоштанд.
Моҳи сентябри соли 1992 роҳбарони ҷумҳуриҳои Қазоқистон – Н. Назарбоев, Ӯзбекистон – И. Каримов, Русия – Б. Елтсин ва Қирғизистон – А. Акаев дар изҳороти якҷояи худ зикр намуданд, ки барои нигоҳдории соҳибистиқлолӣ ва муътадил гардидани вазъ дар Тоҷикистон ёрии амалӣ хоҳанд расонд. Барномаи мушаххас оид ба хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 4-уми ноябри соли 1992 дар ҷаласаи роҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо иштироки вазири корҳои хориҷии Русия А. Козирев, ки дар шаҳри Алмаато барпо гардида буд, тасдиқ карда шуд. Аз он ҷумла пешниҳод гардид, ки ҳар чи зудтар дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки нисбатан вазъи муътадил дошт, маҷлиси навбатии вакилони халқии Тоҷикистон даъват карда, масъалаи сулҳ баррасӣ шавад.
Ҳамин тавр, марҳалаи дуюми мухолифат аз моҳи май то декабри соли 1992 идома ёфт. Хусусиятҳои хосси ин марҳалаи муқовимати ҳарбӣ дар он буд, ки вазъият дар мамлакат вобаста ба падидаҳои номатлуби зуҳургардида ва воқеоти дар худ фарогирифтаи замон рӯз то рӯз бадтар мегардид. Мутаассифона, дар марҳалаи аввал ва ибтидои марҳалаи дуюми ҷанг сохторҳои қудратии кишвар мавқеи бетараф ва мунтазирро пеш гирифтанд, ки ин ҳолат аз тарафи неруву унсурҳои манфӣ ва харобиоваранда ба фоидаи худ истифода карда шуд. Бояд таъкид кард, ки маҳз ба ин давраи ҷанги шаҳрвандӣ тибқи маълумоти сарчашмаҳои гуногун шумораи зиёди қурбониён – тақрибан 50 ҳазор нафар (умуман, дар тамоми рафти ҷанг 60 ҳазор кушта шуданд) рост меояд. Мувофиқи маълумоти Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон, 600 ҳазор нафар, яъне даҳяки аҳолии ҷумҳурӣ маҷбур шуданд, ки ҷойҳои истиқомати худро тарк кунанд. Қариб 80 ҳазор нафар шаҳрвандон дар марзи Афғонистони ҳамҷавор паноҳ ҷустанд.
Реклама