4. БА ИТМОМ РАСИДАНИ ҶАНГ. ДАВРАИ СЕЮМИ МУХОЛИФАТ

Мутаассифона, пас аз анҷоми Иҷлосияи таърихии тақдирсоз даргириҳо аз нав авҷ гирифтанд ва сабаби оғоз шудани марҳалаи сеюми ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Он аз ибтидои соли 1993 бо амалиёти ҷангӣ дар минтақаи Қаротегин ва ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор) оғоз ёфта, то 27-уми июни соли 1997 идома дошт.

Санаи 30-юми марти соли 1993 дар шароити пурасрор фармондеҳи саҳроии ҷумҳурӣ – сарвари Фронти Халқӣ Сангак Сафаров ва роҳбари бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Саидов кушта шуданд. Вазъ, инчунин дар сарҳадди Тоҷикистону Афғонистон, ки онро марзбонони рус муҳофизат менамуданд, хеле ноором буд. Моҳи апрел гурӯҳҳои низомии мухолифин аз қаламрави Афғонистон ба минтақаҳои ҷанубии мамлакат ҳамла оварданд. Ҳангоми яке аз ҳамлаҳои мухолиф ба посгоҳи 12-уми марзбонони Русия чанд нафар сарбозони рус кушта шуданд. Вазъ дар сарҳад бар асари иғво ва ҳамлаҳои пайдарпайи қувваҳои муттаҳидаи мухолифини тоҷик, қумандонҳои саҳроии афғон ва қисмҳои дивизияи 55-уми пиёдагарди вазорати дифои ҶИА бадтар мегардид. Танҳо дар минтақаи Шуробод 13-уми июли соли 1993 мухолифин зиёда аз 70 сарбозро талаф доданд. Дар постгоҳи «Ванҷ» 100, дар минтақаи Қалот (Рӯшон) беш аз 30 нафар, дар Барчид (Шуғнон) 20 нафар ҷанговарон ҳалок гардиданд. Чунин воқеаҳои фоҷиавӣ дар мавзеъҳои Ҷиргатол, Тавилдара, Даштиҷум, Язгулом ва Ҳоит рӯй дода, аз ҳар ду тараф шумораи ҳалокшудагон торафт меафзуд. Шароити мураккаби баамаломадаро мадди назар намуда, санаи 21-уми июл Русия изҳор намуд, ки ба Тоҷикистон дар бозгардондани ҳамла аз қаламрави Афғонистон расман ёрӣ хоҳад расонид. Ҳамзамон, дабири кулли СММ Бутрос Ғолӣ аз истифодаи воҳидҳои СММ барои ҳалли мусолиматомези низоъ хабар дод.

Зикр кардан лозим аст, ки дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистони Қаротегин ва Бадахшон дастаҳои мусаллаҳи мухолифин фармонфармоӣ мекарданд. Масалан, 6-уми ноябри соли 1993 дар Ғарм, баъд дар Ҳоит, Ҷиргатол (Лахш)-у Тавилдара (Сангвор) ҳокимияти мухолифин барпо гардид. Дар ин минтақаҳо байни қувваҳои ҳукуматӣ ва дастаҳои мухолифин борҳо задухӯрд ба амал омада, аз ду тараф сарбозон қурбон мегардиданд.

Тибқи қадамҳои устувор ва воқеӣ дар самти муътадилгардонии вазъияти кишвар моҳи сентябр 20 000 гурезаи тоҷик аз марзи Афғонистон ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд. Аммо 15 нафари онҳо дар шаҳри Қурғонтеппа (Бохтар) аз тарафи неруҳои ифротӣ кушта шуданд, ки ин ҳолат низоъро боз ҳам афзуд ва вазъро тезутунд гардонид. Мураккабии вазъияти дохилии кишвар то ибтидои соли 1994 низ боқӣ монд.

Дар моҳҳои январ – апрели соли 1994 дар минтақаҳои мухталиф ва ҳаммарзи Тоҷикистон бо Афғонистон даргириҳо байни неруҳои ҳукуматӣ ва воҳидҳои ҳарбии мухолифин давом дошт. Маҳз дар ҳамин давра қад-қадди сарҳадди ин ду кишвари ҳамҷавор аз тарафи мухолифин фронтҳои Шаҳритус – Қубодиён – Панҷ, Кӯлоб ва Бадахшон, ки дар ҳайати онҳо беш аз 10 ҳазор мухолифи тоҷик ва муҷоҳиди афғон меҷангиданд, ташкил ёфтанд. Дар гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм шумораи ҷангиёни мухолиф аз тобистони соли 1993 то моҳи апрели соли 1994 беш аз се маротиба афзуда, ба 3 000 нафар расид. Ҷангиён бо силоҳҳои оташфишон, миномёт ва системаҳои сайёри зиддиҳавоӣ мусаллаҳ буданд. Охири моҳи июл ва ибтидои моҳи августи соли 1994 дар ҷумҳурӣ муқовимати ҳарбию сиёсӣ боз ҳам шиддат гирифт. Фаъолнокии гурӯҳҳои яроқноки мухолиф афзун гардида буд. Дар ноҳияи Тавилдара ин гуна гурӯҳҳои 20-30-нафара амал мекарданд. Санаҳои 29 ва 30-юми июл муқовимати яроқнок байни гурӯҳҳои мазкур ва неруҳои ҳукуматӣ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он ба пойгоҳи ҷангиёни мухолифин зарбаи сахт зада шуд. Миёнаи моҳи сентябри соли 1994 сарбозони ҳукуматӣ дар минтақаи Тавилдара алайҳи гурӯҳҳои яроқнок амалиёти ҷангиро давом доданд.

Роҳбарияти ҷумҳурӣ мекӯшид, ки фишангҳои амалии муътадилгардонии вазъи ҳарбӣ-сиёсии мамлакатро самаранок истифода намояд. Сарфи назар аз қадамҳои устувор дар ин ҷода миёнаи моҳи майи соли 1995 вазъият дар Тоҷикистон боз якбора бад шуд. Дар минтақаҳои ҳаммарзи ҷумҳурӣ бо Афғонистон неруҳои мусаллаҳи мухолифин гирд омада буданд, ки вазъи дохилии кишварро пайваста муташанниҷ мекарданд. Тирамоҳи соли 1995 дар Бадахшон ва минтақаҳои Ғарму Тавилдара боз даргириҳои мусаллаҳона шиддат гирифтанд.

Мутаассифона, сарфи назар аз амалигардии раванди музокироти байни тоҷикон, дар мамлакат задухӯрдҳои яроқнок то охири соли 1996 идома ёфтанд.

Хусусияти хосси марҳалаи сеюми ҷанги шаҳрвандиро метавон чунин тавзеҳ дод: якум, баргузор гардидани музокироти байни тоҷикон доир ба оштии миллӣ, ки 1180 шабонарӯз (се солу се моҳ) идома ёфта, дар ин давра 21 маротиба гуфтушуниди пай дар пайи намояндаҳои ҳукумати расмии ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Иттиҳоди мухолифин дар Русия, Эрон, Афғонистону Покистон, Туркманистону Қирғизистон баргузор гардида, 40 санади муҳим ба имзо расид; дуюм, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Зикр кардан зарур аст, ки ҷанги фоҷиаовари бародаркуш хеле тул кашида, ба ҷумҳурии нави соҳибистиқлол зарари калони моддӣ ва маънавӣ расонд. Дар натиҷаи он аз тарсу ҳарос ва барои ҳифзи ҳаёти худ, беш аз ним миллион нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ фирорӣ гардиданд. Яке аз ҷиҳатҳои мудҳиши ҷанг дар он ифода меёфт, ки он боиси талафоти калони инсонӣ гардид. Дар он беш аз 150 ҳазор шаҳрванд ба ҳалокат расида, 55 ҳазор кӯдак ятиму 25 ҳазор оила бе парастор монданд.

Аз тарафи қувваҳои бадхоҳ шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ходимони намоёни миллату давлат, илму фарҳанги ҷумҳурӣ кушта шуданд, ки дар байни онҳо М. С. Осимӣ, М. Н. Назаршоев, М. Назриев, М. Шералиев, М. Ғуломов, Ю. Исҳоқӣ, О. Латифӣ ва бисёр дигарон низ буданд.

Иқтисодиёти ҷумҳурӣ беш аз 10 миллиард доллари ИМА зарар дида, шумораи зиёди биноҳо, хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳо, пулҳо сӯхта ва ё хароб шуданд. Ин ҳолат иқтисодиёти ҷумҳуриро якчанд сол ақиб андохта, сатҳи зиндагии мардуми онро паст кард.

Бар асари ҷанги давомдори шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 Ҳукумати ҷумҳурӣ низ дар ҳолати мураккаб қарор дошт ва барои ҳимояти манфиатҳои умумимиллӣ чунин тадбирҳо меҷуст: якум, мамлакатро аз буҳрони босуръат афзоянда дифоъ кунад ва то ҳадди имкон ислоҳоти иқтисодиро амалӣ намояд; дуюм, барои ҳимояи истиқлолият, ки рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати тоҷик аст, якпорчагии сарзамин ва ваҳдат бо иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки бар зидди мақомоти расмӣ муборизаи шадид мебурд, дурандешона ва хирадмандона роҳи мусолиҳаро пеша намуд.

Ҳамин тавр, ҷанги шаҳрвандиро, ки дар Тоҷикистон ба амал омада буд, ба се давра ҷудо кардан мумкин аст. Давраи якум – пухта расидани заминаҳои ҷанги шаҳрвандӣ. Ин давра аз воқеаҳои фоҷиавии моҳи феврали соли 1990 сар шуда, то охири моҳи апрели соли 1992 идома ёфт. Давраи дуюм бевосита оғози амалиёти ҷангӣ буда, аз воқеаҳои моҳи майи соли 1992 оғоз гардида, то декабри ҳамон сол давом кардааст. Ин давраи вазнинтарини ҷанг ба ҳисоб рафта, аз ҳар ду тараф шумораи зиёди одамон ҳалок гардидаанд. Давраи сеюм аз моҳи январи соли 1993 то 27-уми июни соли 1997 давом кардааст. Ин давра бо ақиб нишастани қувваҳои ҳарбии мухолиф ба тарафи ноҳияҳои Ғарму Тавилдара ва Бадахшон поён ёфта, баъд аз он Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Реклама