8. КИШОВАРЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Барои ҳалли масъалаҳои аграрӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол тадбирҳои судманд меандешад. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо кардани 50 (№ 342, 09.10.1995) ва 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон (№ 874, 01.12.1997) ба афзун гардидани маҳсулот дар хоҷагиҳои деҳқонон ёрӣ расонда, натиҷаҳои дилхоҳ дод. Ҷумҳурӣ ҳоло аз кишварҳои хориҷӣ қариб ғалла намехарад ва бозори дохилии мамлакатро бо сабзавоту меваи худ таъмин менамояд.

Ба истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ва рушди он қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи ислоҳоти замин», «Дар бораи шахсикунонии моликияти давлатӣ ва аз нав ташкил кардани хоҷагиҳо» таъсири мусбат расонданд. Хусусан, баъд аз соли 1995, вақте ки масъалаҳои шахсикунонӣ ва аз нав ташкил намудани хоҷагиҳо дар асоси қонунҳои ҷумҳурӣ ба амал омад, сифати маҳсулоти кишоварзӣ беҳтар ва миқдори он зиёд гардид. Дар деҳот ассотсиатсияи иҷорагирон, ҷамъиятҳои саҳомӣ, хоҷагиҳои иҷоравӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои коллективии коркарди маҳсулот ва дигар навъҳои хоҷагидорӣ сол то сол зиёд шуда истодаанд.

Дар ҷумҳурӣ сохтори муайяни истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ташаккул ёфта, беш аз 54,3 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла 890 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), 819 хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ амал менамоянд.

Туфайли фаъолияти чунин сохтор дар мамлакат, аллакай соли 1996 ба қафомонии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хотима дода шуд ва хусусан, аз ибтидои асри XXI ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меафзояд. Агар соли 2000 афзоиши маҳсулот нисбат ба соли 1999 3,8 дарсадро ташкил дода бошад, пас соли 2001 ба 11, 2002 ба 15 ва соли 2004 ба 11,3 дарсад расид. Маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2013 16756,6 миллион сомониро ташкил медод. Чунин афзоиши маҳсулот бозорҳои ҷумҳуриро бо маҳсулоти кишоварзӣ ғанӣ гардонда, сатҳи зиндагии шаҳрвандонамонро боз ҳам баланд мегардонад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шуданд.

Табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хос ва барои рушди кишоварзӣ мусоид мебошад. Дар ҷумҳурӣ навъҳои зерини замин вуҷуд дорад: киштзор, чарогоҳҳо ва ҷойҳои алафдарав. Соли 2004 дар Тоҷикистон фонди умумии замин 14254,4 ҳазор гектарро ташкил медод.

Бо мақсади таъмини рушди кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар буҷет сол то сол маблағгузорӣ зиёд мегардад. Натиҷаи чунин тадбирҳо буд, ки дар бист соли охир 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо гузаронда шуд.

Зикр кардан зарур аст, дар се даҳсолаи гузашта аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллион ба 10 миллион расид ва талабот ба маводди ғизоӣ ду баробар афзоиш ёфт. Инчунин тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ ба таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси амалигардида сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфт. Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 2,5 баробар зиёд мебошад. Чунончи, истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфта буд. Истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), полезӣ (312 фоиз), гӯшту шир (100 фоиз) барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин гардид.

Дар солҳои 2018 – 2025 туфайли дастгирӣ ва имтиёзҳои барои рушди соҳа пешниҳодгардида ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардид.

Тибқи Барномаи тараққиёти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва «Консепсияи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (26-уми декабри соли 2008) то соли 2015 ба рушди соҳаҳои пахтакорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, боғдорию сабзавоткорӣ, рустанипарварӣ ва занбӯри асал бештар диққат дода шудааст.

Яке аз соҳаҳои муҳимми кишоварзии ҷумҳурӣ пахтакорӣ мебошад. Ҳоло Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳон ашёи хоми пахтаро ба фурӯш бароварда, аз ҳисоби он буҷети мамлакатро ғанӣ мегардонад. Ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки сол то сол истеҳсоли пахтаро бештар намояд.

Баҳри татбиқи нақшаҳои кишоварзӣ Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои мушаххас меандешад. Аз ҷумла хоҷагиҳо соҳиби техника ва технологияи пешқадами зироаткорӣ гардида, онҳоро рӯз то рӯз бо нуриҳои минералӣ, дорувориҳо ва кадрҳои баландихтисос таъмин менамоянд. Солҳои ахир баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ диққати махсус дода мешавад.

Табиати ҷумҳурӣ барои рушди чорводорӣ низ хеле мувофиқ аст. Вобаста ба шароити кӯҳистон навъҳои хосси чорво тараққӣ дода мешавад. Масалан, барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла дар ноҳияи Мурғоб қутоспарварӣ хеле фоидаовар аст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ гӯсфанди ҳисорӣ ва дигар навъҳои чорвои гӯшту пашмдиҳанда эҳё ва рушд меёбанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст. Воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфта, талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин меёбад.

Дар асоси татбиқи имтиёз дар соҳаи парандапарварӣ дар солҳои 2018 – 2025 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 3,3 баробар ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 5 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа, Тоҷикистон бо ин намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ пурра таъмин гардид. Соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, истеҳсоли гӯшти паранда афзуда, 1 миллиард дона тухм тавлид гардид.

Ҳамин тавр, бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд. Дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини марҳалаи нави таърихи мамлакат мебошад.

Реклама