9. МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРӢ

Дар нимаи аввали солҳои 90-уми асри ХХ бар асари буҳрони иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараҷаи пасттарин меистод. Аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ, таназзули бошиддати иқтисодиёт, сатҳи баланди бекорӣ ба кам шудани ҳаҷми даромади буҷети давлат ва афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ оварда расонд. Аз ин сабаб ҳамоно пас аз ба даст овардани сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ барои ҳалли муаммоҳои бахши иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ сиёсати мушаххаси баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон амал намуд. Баҳри татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба ҳалли масъалаҳои зерин диққат дода шуд: а) пайдарҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии эҳтиёҷмандон, нафақахӯрон, оилаҳои нопурра, серфарзанд, камбизоат, беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ; б) бо ҷойҳои кор таъмин намудани шаҳрвандон, хусусан, ҷавонон ва занон; в) мунтазам баланд бардоштани музди меҳнат. Барои ҳалли ин масъалаҳо аллакай чандин корҳо ба сомон расонда шудаанд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион нафари соли 1991 то 10,3 милион нафар дар соли 2024, яъне, қариб ду баробар зиёд шуд. Дар солҳои 2000 – 2025 афзоиши шумораи аҳолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,3 фоизро ташкил карда, нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Дар натиҷаи амалӣ гардидани суботи макроиқтисодӣ даромади пулии аҳолӣ афзоиш ёфта, аз 1миллиард сомонии соли 2000-ум ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид. Сол аз сол сатҳи зиндагии мардуми кишвар, тадриҷан, беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти ёрии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Дар кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар панҷ соли охир 8,4 фоиз зиёд гардидааст. Дар айни ҳол, суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад.

Доир ба бахши ҳимояи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ёрдамхарҷӣ, яъне, таъйини ҷубронпулӣ ба камбизоатон, мунтазам баланд бардоштани ҳаҷми нафақа ва ба маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат расонидани ёрии доимии моддӣ амал мекунад. Хусусан, аз тарафи давлат ва сарпарастон ғамхорӣ кардан ба хонаҳои кӯдакони бепарастор, пирони бекас ва сари вақт расонидани ёрии моддию маънавӣ аз ҳар ҷиҳат натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Танҳо дар солҳои 2008 – 2012 ба оилаҳои камбизоат ба андозаи 178,8 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ, гази табиӣ ва ёрдампулӣ ба мактаббачагон расонида шуд, ки ин иқдом дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо нақши назаррас бозид. Дар давраи муосир низоми пардохти ёрдампулиҳо ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд, амалӣ гардида, ба зиёда аз 753 ҳазор нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ёрдампулӣ пардохт шуда истодааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда дода шуд. Дар натиҷа беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар карданд.

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои 2011 – 2021 усули унвонӣ ва мақсадноки расонидани ёрӣ роҳандозӣ гардид, ки дар натиҷа шумораи гирандагони чунин ёрдампулии иҷтимоӣ 248 ҳазор оиларо ташкил дод.

Ҳукумати мамлакат ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан, маъюбону ятимон таваҷҷуҳи доимӣ ва хосса зоҳир менамояд. Танҳо тайи солҳои 2016 – 2021 нафақаи маъюбон, ки шумораи умумиашон дар кишвар беш аз 157 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, вобаста ба категорияҳои онҳо аз 1,4 то 2 баробар зиёд карда шуд. Дар ин давра афзоиши андозаи нафақаи ятимони кул ва бепарасторон, ки қариб 85 ҳазор нафар буданд, 1,9 баробарро ташкил медод.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,5 баробар зиёд гардида, соли 2021 ба 113 муассиса, аз ҷумла, 7 хона-интернат барои пиронсолон ва маъюбон расонида шуд. Маблағгузорӣ ба сари як нафар бошандаи хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбон дар ин давра 757 баробар афзоиш ёфта, соли 2021 ба 26 ҳазор сомонӣ расид.

Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таълиму тарбияи насли наврас сиёсати демографии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Хусусан, ба низом даровардани таваллуди кӯдакон дар шаҳру деҳот на танҳо ба саломатии модарон, балки ба беҳтар гардидани сифати таълиму тарбияи кӯдакон низ мадад мерасонад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» (29 ноябри соли 2022, № 577) татбиқ ёфта истодааст, ки мувофиқи он дурнамои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди минбаъдаи давлат муайян ва ба ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини рушди устувори кишвар тақвият бахшида шуда, кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ таъмин ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа таҳким гардида истодааст.

Дар давраи омӯхташаванда агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2024 шумораи танҳо муштариёни алоқаи мобилӣ ба беш аз 6,7 миллион нафар расида, соли 2025 шумораи истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил дод. Агар соли 1991 дар кишвар 53 меҳмонхона фаъолият дошт, соли 2025 ин рақам ба 227 расид ва ё 4,2 баробар зиёд гардид.

Дар солҳои 2021 – 2024 ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.

Маълум аст, ки дар масъалаи шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мушкилот вуҷуд доранд. Дар рафти аз иқтисодиёти банақшагирӣ ба иқтисодиёти бозаргонӣ гузаштан ва дар давраи гузариш аз кор мондани корхонаву коргоҳ ва хоҷагиҳои давлатии кишоварзӣ шумораи хеле зиёди аҳолӣ бекор монда, ба Русия ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ рафтанд. Аз рӯйи маълумоти нашргардида беш аз 1 миллион нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар он кишварҳо кор карда, ба оилаҳои худ ёрии моддӣ расонда, устувории вазъият ва оромиро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд.

Дар баробари ба танзим даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масоили вобаста ба он, ки имрӯз ба як раванди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, Ҳукумати мамлакат ба хотири паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ тамоми чораҳоро меандешад.

Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои гуногун танҳо тайи солҳои 2014 – 2021 зиёда аз 3,3 миллион ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз 1 миллиону 100 ҳазор дар соли 2012 то 400 ҳазор нафар дар соли 2019, яъне 64 дарсад кам гардид.

Зикр кардан бомаврид аст, ки дар даҳсолаи дуюми даврони истиқлол рушди босуботи иҷтимоии мамлакат оғоз гардид. Азбаски ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодии давлат мебошад, ҷорӣ намудани низоми нави таъйину пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат яке аз дастовардҳои даврони истиқлол дар ин самт гардид. Дар натиҷаи самаранок истифода бурдани буҷети давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ истеҳсолот дар мамлакат ривоҷ ёфта, ба шарофати ёрии башардӯстонаи созмонҳои байналмилалӣ зиндагии мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол зина ба зина беҳтар мегардад. Самтҳои дигари афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар татбиқи Консепсияи музди меҳнат, аз байн бурдани номутаносибии маоши гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон, афзоиши мунтазами музди миёнаи меҳнат, ислоҳоти пурраи низоми нафақа, дастгирии давлатии оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд, зиёд намудани ёрдампулиҳо ва таъмини суроғавии онҳо, ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафақахӯрон, пиронсолони бесаробон ва дастгирии ҳамаҷонибаи иҷтимоии онҳо мебошанд.

Ҳамин тавр, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани музди кор, нафақа, стипендия, кумакҳо ба маъюбону собиқадорони ҷангу меҳнат ва табақаҳои аҳолии камбизоат, додани замин барои рушди кишоварзӣ, соҳибкорӣ, сохтмони неругоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, мусоидат намудан дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва дигар чорабиниҳо амалӣ гардиданд.

Реклама