Маориф дар ҳама давру замонҳо нишони тамаддун ва таъриху фарҳанг буда, омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст. Аз ин рӯ, дар марҳалаи нави таърихӣ рушди соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати давлати Тоҷикистон гардидааст. Самти асоситарини он аз нигоҳ доштани фазои ягонаи таълим, таъмини ҳатмии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил ва ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дастрас гардонидани таҳсилот иборат мебошад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (27.12.1993; 20.06. 2024), Қонун «Дар бораи маълумоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» (с. 2003), «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (3.05.2002), «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (3.05.2010)[5] роҳҳои татбиқи амалии ислоҳоти маориф ба тариқи мушаххас баён ёфта, дар ҷузъҳои таркибии мазмуну мундариҷаи ин ҳуҷҷатҳо мақом, мақсад ва вазифаҳои соҳа, пеш аз ҳама, ба танзим даровардани тамоюлоти рушди ин соҳаи аҳаммияти стратегидошта дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ташаккул ва дарки худшиносии таърихӣ, азхуд намудани муқаррароти суннатию башарӣ ва дар ҳамин замина ҳосил намудани фаросати олии ворисӣ ба ҳувият ва анъанаҳои миллӣ, арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ, идоракунии демократӣ, фаъолу пажуҳанда будан барои ба даст овардани комёбиҳои илм, техника, фарҳанг тарҳрезӣ гардидаанд.
Зери партави санадҳои расмии мазкур як қатор чорабиниҳои муҳим, аз қабили эълон гардидани «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» (с. 2010), ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, дар ҷавонон парваридани тафаккури техникиву технологӣ ва ба мамлакати пешрафтаи дунё табдил додани Тоҷикистон буд, амалӣ гардиданд. Ҷиҳати амалӣ гардидани ин иқдом Нақшаи тадбирҳои таҷлили, «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» тарҳрезӣ карда шуда, тадбирҳое, мисли амалӣ гардидани Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 – 2020 (27.02.2010), «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» андешида шуданд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» (01.02.2020) эълон гардиданд, ки ҷиҳати татбиқи ташаббуси мазкур аз ҷониби Ҳукумати кишвар нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул ва амалӣ карда шуд.
Дар ин раванд Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди маориф сол то сол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаро зиёд карда, базаи моддию техникии онро пурқувват менамояд. Мактабҳо пайваста бо китобҳои нави дарсӣ ва дигар васоити таълимӣ, бо компютерҳо таъмин мешаванд. Дар низоми маорифи кишвар стандартҳои нави давлатӣ барои ҳар як зинаи таҳсилот қабул гардида, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсию электронӣ ба теъдоди қариб 30 миллион нусха нашр карда шуданд, ки арзиши умумии онҳо ба 147 миллион сомонӣ баробар аст. Дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ туфайли маблағгузориҳо зиёда аз 3900 муассисаи нави таълимии бо компютеру мебелҳои замонавӣ таҷҳизонидашуда барои 1 миллиону 500 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуданд. Танҳо соли таҳсили 2021 – 2025 дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 200 муассисаи таълимии нав барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Дар бештар аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 700 ҳазор расидааст, ки он нисбат ба соли 1991 1,7 баробар зиёд мебошад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкони низоми маорифро тақозо мекунад. Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расид.
Ҳамзамон, дар кишвар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 87 000 нафар донишҷӯ фаъолият дошта, вобаста ба талаботи бозори меҳнат аз рӯйи садҳо ихтисос мутахассис тайёр мекунанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар сохтори нави мактабҳо ба вуҷуд омад. Тайи 25 соли ахир 200 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонадагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар мамлакат 75 гимназия ва 75 литсей, 9 мактаби президентӣ, 6 литсей барои хонандагони болаёқат ва 63 муассисаи таълимии хусусӣ фаъолият доранд.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам дар роҳи ислоҳоти маориф камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд. Хусусан, ҳодисаҳои аз мактаб берун мондани бачагон, бо сабаби кам будани маош аз кор рафтани беҳтарин омӯзгорон ташвишовар мебошанд. Мутаассифона, дар айни замон сатҳи дониши мактаббачагон хеле паст мебошад. Чунин вазъият ба мактабҳои олӣ низ таъсир расонда, мутахассисони тайёршуда на ҳама вақт бо техникаи нав ва технологияи пешқадами қарни XXI кор карда метавонанд. Дар мактабҳои миёна омӯзгорони баландихтисос намерасанд ва фисади омӯзгорони камтаҷриба ҳоло ҳам зиёд аст.
Маълум аст, ки дар беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ҳалли дурусти масъалаи бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ таъмин намудани соҳаи маориф нақши муҳим мебозад. Зеро муносибатҳои бозорӣ талаб мекунанд, ки на танҳо ба миқдор, балки ба сифати тайёр кардани мутахассисони ҷавон диққат дода, мунтазам савияи ихтисоси онҳо баланд бардошта шавад. Масъалаи мазкур тавассути татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ҳалли худро ёфта истодааст. Туфайли амалигардии ислоҳоти соҳа тайи бештар аз 30 соли истиқлол дар ҷумҳурӣ мактабҳои олии зиёд ташкил шуда, ҳар сол садҳо ҷавонони лаёқатманд соҳиби касби омӯзгорӣ мешаванд. Дар ин самт квотаи президентӣ, ки мувофиқи он духтарон ва ҷавонони ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба мактабҳои олӣ дохил шуда, баъди хатми таҳсил бо роҳхат ба зодгоҳи худ фиристода мешаванд, нақши арзанда мебозад.
Дар даврони истиқлол барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла, 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгор дарс мегӯянд. Таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ дар маҷмуъ 98,7 дарсадро ташкил медиҳад.
Тайи қариб 35 соли истиқлол дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 34 муассиса бунёд гардида, шумораи онҳо ба 47 расонида шуд. Соли таҳсили 2024 – 2025 шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки нисбат ба соли 1991 4 баробар зиёд мебошад, ки ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо аз соли 1991 қариб чор баробар афзудааст. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 12 ҳазор омӯзгор фаъолият менамояд, ки зиёда аз 5 ҳазору 500 нафар, яъне, қариб 45 фоизи онҳо, дорои дараҷаҳои илмӣ мебошанд. Устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузорад. Ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла, докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст.
Бо мақсади густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор, «иқтисоди сабз» ва сайёҳиву соҳибкорӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» таъсис дода шуданд.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои амалӣ ва ихтироъкориву навоварӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» (21.06.2010; 13.11.2023) қабул карда шуд, ки туфайли он ҳоло дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 24 парки технологӣ амал мекунад. Баҳри самаранокии фаъолияти онҳо, соли 2021 паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз андоз озод гардида, иловатан дорои як қатор имтиёзҳо шуданд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Масалан, маблағи ҳавасмандгардонӣ барои соҳибони шоҳҷоизаи «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки 50 ҳазор сомониро ташкил медод, ба 100 ҳазор сомонӣ ва шоҳҷоизаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҳар як нафар аз 70 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ баробар карда шуд. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ки солҳои пеш 12 миллиону 440 ҳазор сомониро ташкил мекард, дар соли 2025-ум ба 23 миллиону 570 ҳазор сомонӣ расонида шуд.
Бо мақсади тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланд дар донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ омӯзиши бисёрзинагӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба хатмкунандагони он унвони бакалавр ва магистр дода мешавад. Дар мактабҳои олӣ низ роҳҳои ҳавасманд намудани донишомӯзии ҷавонон беҳтар мегардад. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурӣ аз 26-уми феврали соли 1998 стипендияи президентӣ таъсис ёфта, ҳар сол садҳо донишҷӯён ба гирифтани он ва дигар стипендияҳо ноил мегарданд.
Яке аз ташаббусҳои муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин самт ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар навбати аввал, русиву англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Туфайли ин ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 10 000 нафар ҷавононро барои азхудкунии илму донишҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи мамолики дигар фиристода мешаванд. Беш аз 40 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон, ки донандагони забонҳои хориҷӣ мебошанд, дар 33 давлати пешрафтаи ҷаҳон ва зиёда аз 100 ҳазор нафар, ки донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд, дар дохили кишвар таҳсил карда истодаанд.
Алҳол дар Тоҷикистон бо мақсади рушди ихтисосҳои техникӣ филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов, Донишкадаи хӯла ва пӯлоди Москва, Донишкадаи энергетикии Москва фаъолият доранд.
Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди соҳаи мориф, ки омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат ҳисоб меёбад, чунин чораҳои мушаххас андешида мешавад: бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳа ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф пайваста маблағҳо ҷудо карда мешаванд; таъминот бо китобҳои дарсию асбобҳои аёнии таълимӣ низ батадриҷ ҳалли худро меёбанд; тибқи талаботи замони муосир дар тамоми зинаҳои таҳсилоти кишвар стандартҳои нави таълимии давлатӣ ҷорӣ карда шудаанд. Дар мамлакат пайваста ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас аҳаммияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Реклама