4. БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ФАРҲАНГИ УМУМИИ ШАҲРВАНДОН

Дар марҳалаи муосири таърихи мамлакат ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги умумӣ ва сиёсии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода мешавад.

Барои беҳтар намудани вазъи зиндагонии мардум, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, тарбияи насли солиму накукор, худшиносу худогоҳ санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани сатҳи фарҳанги умумӣ ва сиёсии мардуми кишвар мебошад. Чунончи, 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки татбиқи он ба баланд гардидани фарҳанги умумӣ ва сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон мусоидат намуд.

Дар бештар аз сӣ соли истиқлол бо мақсади зер: баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии шаҳрвандон; тарбияи ҳамаҷабҳаи насли наврас; истифодаи самараноки мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагони миллат дар раванди ташаккул ва рушди фарҳанги умумию сиёсии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо ҷашну чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар баланд бардоштани сатҳи фарҳанги умумӣ ва сиёсии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мақоми муассисаҳои фарҳангӣ сол то сол меафзояд. Идораҳои фарҳангию маърифатӣ: китобхонаҳо, клубҳо, қасрҳои фарҳанг, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ ва ғайраҳо тадбирҳои судманд андешида, дар байни шаҳрвандонамон кори пурмазмуни тарбиявӣ мебаранд. Дар ҷумҳурӣ 2593 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла, 1395 китобхонаи оммавӣ, 1058 муассисаи клубӣ, 52 осорхона, 40 боғи фарҳангию фароғатӣ, 21 театри халқӣ, 57 ансамбли тарона ва рақс дар сатҳҳои гуногун амал мекунанд.

Муассисаҳои фарҳангии кишвар озмунҳои умумиҷумҳуриявии мутрибони эстрадӣ, шашмақомхонон, фалаксароёнро гузаронида, дар тарбияи зебоипарастии шаҳрвандонамон саҳми босазо мегузоранд. Ҷашнгирии маъракаҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, Рӯзи Модар, Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артиши миллӣ, Ваҳдати миллӣ, Ғалаба пурмазмун ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шуда, дар баланд гардидани сатҳи фарҳанги умумиву сиёсии шаҳрвандҳо нақши назаррас мебозад. Хусусан, дар тарбияи зеҳниву зебоипарастии шаҳрвандони кишвар Фестивал – озмунҳои ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ ва студияҳои драмавии «Парасту», телевизионии эҷодиёти халқ – «Андалеб» низ саҳмгузорӣ менамоянд. Аҳаммияти ин гуна чорабиниҳо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки дар рафти гузаронидани онҳо намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили заргарӣ, оҳангарию дуредгарӣ, кулолию чармгарӣ, дӯзандагӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ пешниҳод карда мешаванд ва суннатҳои мардумӣ эҳё ва сайқал ёфта, як зумра ҷавонони эҷодкор ба майдони санъат меоянд.

Ҷиҳати тарбияи ҳаматарафаи шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ гузаронидани Ҳафтаи фарҳангии вилоятҳо (Суғд, Хатлон, Бадахшон), «Рӯзҳои фарҳанг» бахшида ба санаҳои муҳим анъана гардидааст.

Чунин чорабиниҳо ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, мустаҳкам гардидани дӯстии байни шаҳру ноҳияҳо мусоидат мекунанд. Дар рафти баргузории ҳафтаҳо фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ аз ҳисоби шоиру нависандагон ва санъаткорони шинохта афзун гардида, фаъолияти самараноки тарбиявӣ бурда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронидани фестивалҳои байналмилалии фарҳангӣ низ ба наздикшавӣ ва мустаҳкам гардидани дӯстии байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо халқҳои ҷаҳон самараи хуб медиҳанд.

Ҳунарнамоии дастаҳои ҳунарӣ дар байни кормандони муассисаҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, хонаҳои ятимону маъюбон, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва қисмҳои Артиши миллӣ шаҳрвандонро дар руҳияи ватандӯстиву зебоипарастӣ, ахлоқи хамида тарбия намуда, дар баланд бардоштани фарҳанги умумии онҳо нақши назаррас мебозанд.

Қабул ва татбиқ гардидани қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (13.12.1997; 15.02.2024), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» (3-юми марти соли 2006), «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2015» (3.03. 2007), «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (3. 07. 2012) ва ғайра мақоми муассисаҳои фарҳангиро дар тарбияи шаҳрвандон, ташаккули савияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, сатҳи дониш, ватандӯстӣ торафт баланд мебардоранд.

Ҳамин тавр, дар солҳои соҳибистиқлолӣ баланд бардоштани сатҳи фарҳанги умумӣ яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат гардида, дар раванди татбиқи он ба масъалаи ташаккули инсони дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои неку созандаи миллию умумибашарӣ тарбияёфта диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Реклама