8. ВАРЗИШ ВА ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои рушди тарбияи ҷисмонии шаҳрвандонамон заминаҳои хуб муҳайё намуд. Дар асарҳо, суханрониҳо ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳо дар назди ҷавонон ба тариқи мушаххас, пеш аз ҳама, моҳияти консептуалии варзиш баррасӣ гардида, вазифаҳои идораҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ баҳри ба соҳа ҷалб намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ муайян гардидаанд. Аз ҷумла, дар китоби Эмомалӣ Раҳмон «Варзиш – қосиди сулҳу дӯстӣ» (Душанбе, 2010) дар ин бора чунин гуфта шудааст: «...варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсоният аҳаммияти хосса дошт ва он яке аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти солими ҷомеа аст. Варзиш қисми муҳимми фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ, рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон мусоидат мекунад, инчунин, пайвандгари муносибатҳои дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ошноии мардумони гуногуни олам мебошад».

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи варзиш ба ҳисоб рафта, ба ҳалли масъалаҳои зерин равона карда шудааст: самаранок истифода бурдани таҷрибаи таърихии халқи тоҷик аз навъҳои варзиши давраҳои гузашта ва таблиғи он; ҷорӣ кардани навъҳои маъмули муосири варзиш, ки аҳаммияти байналмилалӣ доранд; фароҳам овардани шароит ҷиҳати саломатӣ, бо машқу тамрини ҷисмонӣ фарогирии аҳолии кишвар.

Барои амалӣ гардидани сиёсати давлат роҷеъ ба рушди соҳаи варзиш ва такмили тарбияи ҷисмонии шаҳрвандон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (15.05.1997), Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Консепсияи миллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (31.12.2004) қабул карда шудаанд.

Бо мақсади татбиқи Барномаи варзиш дар мамлакат дар самтҳои зерин корҳо ҷараён доранд: мустаҳкам намудани базаи моддию техникии варзиш; тайёр намудани устодони пуртаҷрибаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ; инкишоф додани шаклу усул ва намудҳои варзиш, ки дар миқёси байналмилалӣ қабул шудаанд; ба мусобиқаҳои варзишӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, бахусус духтарон; пайваста гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ; баланд бардоштани мақоми воситаҳои ахбори омма дар таблиғи тарбияи варзишии шаҳрвандон.

Баҳри рушди минбаъдаи варзиш, устувор гардидани заминаи моддиву техникии соҳа ва оммавигардонии он, омода сохтани варзишгарони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз миёни наврасону ҷавонон, сохта шудани иншоотҳои нави варзишӣ мусоидат мекунанд. Бинобар ин, дар бештар аз сӣ соли истиқлол Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳалли масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ додааст. Дар натиҷа бо вуҷуди шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки пайваста шумораашон зиёд мегардад. Масалан, соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошт. Соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расид, ки ин нишондод нисбат ба солҳои пеш нуҳ баробар зиёд аст. Танҳо тайи солҳои 2011 – 2020 дар кишвар қариб 3000 иншооти варзишӣ сохта шудааст. Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохташуда, 23 дарсадашро иншооти соҳаи варзиш ташкил доданд, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба ин соҳаи муҳимми ҳаёти наврасону ҷавонон мебошад. Дар соли 2020 – соли пандемия ва шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзишӣ бо харҷи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Зикр кардан зарур аст, ки фаъолияти якҷояи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (соли 1992) ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ намудани намудҳои нави варзиш – теквондо, каратэ, барқарор кардан ва инкишоф додани камонварӣ, ҷавгонбозӣ дар болои сабза, теннис ба ривоҷу сифати варзиш ва шумораи иштирокчиён, хусусан, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, таъсири мусбат расонд. Дар натиҷа: якум, сол то сол варзишгарони ҷумҳурӣ дар Бозиҳои олимпии байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, варзишгарони кишвар дар Бозиҳои олимпии шаҳрҳои Атланта (с. 1996), Сидней (с. 2000), Афина (с. 2004), Пекин (с. 2008), Лондон (с. 2012) ва ғайра иштирок намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Дуюм, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ 5743 маротиба Парчами мамлакат афрохта шуда, 1797 маротиба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додааст. Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла, 108 тило, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд.

Мамлакат бо чемпионҳои ҷаҳонии худ Саидмуъмин Раҳимов (самбо), Иброҳим Ҳасанов (заврақронӣ), Зебуннисо Рустамова (камонварӣ), Наргис Набиева (теквандо), Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев (дзюдо), Дилшод Назаров (гурзандозӣ) ва дигарон ифтихор дорад. Сол то сол шумораи варзишгарон аз ҳисоби занон низ афзуда истодааст.

Дар солҳои истиқлоли давлатӣ баҳри ҳавастманд намудан ва фаъол кардани иштироки варзишгарони ҷавони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ин бора Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» (с. 2015) шаҳодат медиҳад. Туфайли татбиқи он тайи солҳои 2015 – 2016 қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби ин Ҷоиза гардидаанд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки аз ҳисоби варзишгарони пуртаҷриба ташкил намудани гурӯҳҳои ташвиқӣ, вохӯрӣ бо устодони тарбияи ҷисмонӣ, чемпионҳои олимпӣ ва мунтазам гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, Рӯзи дави миллӣ, теннисбозони наврас, Ҳафтаи ҷавонон аз аҳаммият холӣ нест. Зеро чорабиниҳои мазкур дар ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон нақши муҳим мебозанд.

Дар баробари муваффақиятҳо дар соҳаи варзиш баъзе камбудиҳо вуҷуд доранд. Ҳанӯз дар маҳалҳо базаи варзишӣ хуб нест, корҳои фаҳмондадиҳӣ, махсусан, дар байни духтарон, суст ба роҳ монда шуда, иштирокчиёни мусобиқаҳои гуногун аз ҷиҳати моддиву маънавӣ ҳавасманд карда намешаванд. Мутаассифона, як қисми ҷавонон нақшаҳои варзиширо дар тирпарронӣ, шиноварӣ ва алалхусус, дар соҳаи варзиши ҳарбӣтехникӣ, иҷро карда наметавонанд. Бо вуҷуди камбудиҳои номбаршуда, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз то рӯз шароити хубтар барои рушди соҳаҳои гуногуни варзиш муҳайё гардида, туфайли чорабиниҳои мушаххаси ташкилоти дахлдори кишвар дар ҷодаи рушди соҳа, шаҳрвандон бештар ба варзиш мароқ зоҳир мекунанд.

Ҳамин тавр, дар бештар аз сӣ соли истиқлол барои рушди солими ҷомеаи кишвар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш иншооти варзишӣ, қабили варзишгоҳҳо, майдонча ва толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва маҷмааҳои варзишӣ сохта, таъмиру азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шудаанд. Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим иншооти варзишӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, самараноку мақсаднок истифода бурда мешаванд. Дар натиҷа, варзишгарони касбии дорои эҳсоси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ тарбия ёфта, дар соҳаи варзиш ба комёбиҳои намоён ноил мешаванд.

Реклама