2. САҲМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН

Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таҷрибаи таърихии сулҳофаринии худ такя намуда, бо роҳи музокирот ва машваратҳо дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ фаъолона саҳм мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳҳо созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар бартараф намудани мушкилоти глобалии сайёра нақши арзанда мебозад. Дар ин самт, кишвар, пеш аз ҳама, ба густариши робитаҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки шарикони стратегии мамлакат мебошанд, аҳаммияти аввалиндараҷа дода, барои таъмин намудани амнияти минтақа ва оромиву суботи сиёсӣ дар кишварҳо тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангшударо дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, тадбирҳо доир ба муборизаи шадид бар муқобили яке аз хатарҳои асосӣ фаъолияти равияҳои радикалӣ, ифротгаро ва хурофотӣ, ки барои имрӯзу ояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ, басо хатарнок мебошад. Аз ин лиҳоз, дар шароити нави таърихӣ пешгирӣ ва мубориза алайҳи хатари мазкур вазифаи афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат гардидааст.

Маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, тундгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, Тоҷикистон дар сафи пеши муборизаи ҷомеаи байналмилалӣ бо терроризму тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводди нашъаовар қарор дорад: якум, ҷиҳати таъмини сулҳу суботи сартосарӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ пайваста иқдомоти зарурии муштаракро роҳандозӣ менамояд; дуюм, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имконро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводди мухаддир сафарбар менамояд.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми тарафайн ҷонибдорӣ менамоянд; кафили сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар минтақа мебошад. Мутаассифона, вазъият дар Афғонистони ҳамҷавори кишвар гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ буда, ҳамоно печида ва мураккаб боқӣ мемонад. Ҳолати баамаломада метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор оварда, ба вазъи минтақа таъсири фоҷиабор расонад, зеро Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км хатти сарҳад дорад, ки 60 дарсади сарҳадди умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, тамоми мушкилоте, ки дар ин минтақаи ҳамҷавор бавуҷуд меоянд, аз ҷумла, қочоқи рӯз ба рӯз афзояндаи маводди мухаддир мустақиман ва қабл, аз ҳама, ба дӯши Тоҷикистон қарор мегирад. Бинобар ин Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави Афғонистон мебошад. Маҳз аз ин сабаб, Тоҷикистон зиёда аз 20 сол аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд. Дар ии раванд Ҳукумати мамлакат дар доираи имкон барои расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯйӣ мекунад. Аз ҷумла дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ имкони васеи лоҷистикии худро дар ин ҷода пешниҳод кардааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштанаш мунтазам барои нигоҳ доштани сулҳ дар ҷаҳони муосир фаъолона мубориза бурда, ҳуҷҷатҳои аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон оид ба таъмини сулҳу бехатарии мамлакатҳо қабулшударо эътироф ва дастгирӣ мекунад. Чунончи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди Хелсинки ҳамроҳ шуда, санади хотимавии Ҷаласаи Амният ва Ҳамкориро имзо намудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 63 давлати ҷаҳон яке аз аввалинҳо шуда ба Конвенсияи байналмилалии мубориза бар зидди терроризм имзо гузоштааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти байналмилалӣ сиёсати сулҳпарваронаро пеш бурда, бар зидди озмоиши силоҳи ҳастаӣ баромад мекунад ва баҳри пойдории сулҳ дар ҷаҳон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ), Фонди Байналмилалии Асъор (ФБА), Созмони ҳамкории Шанхай ва дигарон ҳамкорӣ менамояд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол чун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ҷангҳои маҳаллиро маҳкум карда, дар таъмини сулҳ дар ҷаҳон саҳми назаррас мегузорад. Бинобар ин бо қарори ЮНЕСКО моҳи сентябри соли 2004 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» супорида шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз минбарҳои баланди ҷаҳон суханронӣ намуда, мавқеи ҷумҳуриро дар масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус, нисбат ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизми байналмилалӣ кушоду равшан маълум менамояд. Ҳамаи ин иқдомҳо обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ рӯз то рӯз баланд намуда, нуфузи кишварро дар таъмин ва пойдории сулҳ афзун мегардонад. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар, пайрави арзишҳои демократӣ ва ҳамгироӣ шинохта шудааст.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чоряки аввали асри ХХ1 дар таъмини сулҳ дар ҷаҳон саҳми арзанда гузошта, дар ин самт пайваста талош менамояд: аз рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн бунёд гардидаанд, ҷонибдорӣ менамояд; дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла, муборизаро бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонстони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд, амалӣ мегардонад; аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои мубраму ҳалталаб, аз ҷумла, қазияи Афғонистони ҳамҷавор, ҷалб менамояд. Мамлакат мақоми худро дар ҷаҳон устувор карда, арзишҳои воло ва мероси ғании мардуми шарифи тоҷикро ба аҳли олам муаррифӣ менамояд, инчунин дар ҳаллу фасли масоили минтақавию байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок карда, саҳми назаррас мегузорад.

Реклама