3. РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ ҶУМҲУРӢ БО ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташкилёбиаш дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ баҳри рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо кишварҳои хориҷии дуру наздик ҳамкорӣ менамояд. Ҳоло зиёда аз 150 мамлакати хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Эрон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Нидерланд, Швейтсария, Туркия, Австрия, Литва, Британияи Кабир, ИМА, Олмон, Нигерия, Ҷопон ва дигар давлатҳо бо Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодӣ доранд. Солҳои охир робита ва ҳамкорӣ дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ беҳтар гардида, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ тағйироти мусбат дида мешавад. Барои ташкил намудани фазои ягонаи иқтисодии минтақа Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ, ки ба он ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия дохил шудаанд, фаъолияти хуб нишон медиҳад.

Дар ибтидои асри ХХ1 Тоҷикистон стратегияи ҳамкориҳои иқтисодии берунмарзии худро таҳия намуд, ки мақсади асосии он: дар мадди аввал аз барқарор кардан ва инкишоф додани иқтидори содиротии мамлакат аз нигоҳи беҳтаркунии таркиби он, бештар такмил додани соҳаи воридот, пурзӯр кардани рақобатнокии корхонаҳои мамлакат ва беҳтар намудани сифати маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ иборат мебошад.

Дар натиҷаи беҳтар гардидани вазъи сиёсию иқтисодӣ нишондиҳандаҳои берунии иқтисодии мамлакат низ баланд ва устувор гардида, солҳои охир қисми зиёди даромад аз содирот барои таҷҳизонидани корхонаҳо бо технологияи нав ва беҳтаркунии сифати маҳсулот истифода мешавад. Дар ҳайати молҳои содиршавандаи Тоҷикистон ҷойи муҳимро алюмин, асбобҳои аз алюмин тайёршуда, филизоти нодир, нахи пахта, меваю сабзавот, нӯшокиҳо, пашм, матоъҳои пахтагин, неруи барқ ишғол мекунанд. Масалан, алюмин бештар ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Русия, Туркманистон), Нидерланд, Туркия; нахи пахта ба Русия, Беларус, Белгия, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ; қувваи барқ ба Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Афғонистон бароварда мешавад. Содироти асосии молҳои Тоҷикистонро консентрати маъдани филизоти ранга ташкил медиҳанд. Ба ҳиссаи онҳо 68,1 дарсад молҳои содиротии мамлакат рост меояд. Дар ҷойи дуюм маҳсулоти бофандагӣ (16,6 дарсад) меистад, ки талабот ба он солҳои охир аз ҳисоби беҳтар шудани сифат зиёд шуда истодааст. Нахи пахтаи Тоҷикистон аз замони Иттиҳоди Шуравӣ харидори зиёд дошт ва ҳоло 31,4 дарсади онро Латвия, 28,8 дарсадро Швейтсария, 14,3 дарсадро Русия ва 12,4 дарсадро Эрон харидорӣ мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки молҳои содиротии худро тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ истеҳсол кунад ва пайваста сифати онҳоро беҳтар намояд.

Мувофиқи барномаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон робита ва ҳамкорӣ бо мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон дар назар дошта шудааст, вале мутаассифона, дар айни ҳол бештари давлатҳои Аврупои Ғарбӣ мехоҳанд ба Тоҷикистон моли тайёрро оварда, аз ҷумҳурӣ ашёи хомро баранд. Ҳоло таркиби молҳои воридотии мамлакат тағйир ёфта, афзалияти асосӣ бештар ба вориди молҳои дараҷаи технологияи навтарин барои таҷҳизонидан ва азнавсозии соҳаҳои барқ, саноати мошинсозию металлкоркунӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ дода мешавад. Ҳиссаи молҳои ба Тоҷикистон воридшаванда ба ғайр аз мамлакатҳои ИДМ аз ҳисоби дигар давлатҳои дуру наздик низ меафзояд. Масалан, аз Олмон трансформатор, аккумулятор, либос, аз Британияи Кабир маҳсулоти нафт, қисмҳои эҳтиётии автомобил, аз Эрон автомобили сабукрав, равғани офтобпараст, чой, либос, аз Лаҳистон қанд, аз Швейтсия таҷҳизоти лабораторӣ ворид карда мешавад.

Маълум аст, ки назар ба дигар шаклҳои мухталифи робитаҳои иқтисодии берунмарзӣ дар мамлакат савдои берунӣ мавқеи асосӣ дорад. Айни замон савдои берунӣ ба се нишондиҳандаи асосӣ: гардиши молу хидмат, таркиби мол ва тақсимоти ҷуғрофӣ такя мекунад. Авҷ гирифтани фаъолияти савдои берунмарзии Тоҷикистон, хусусан, пас аз соли 1997 дар тамоми самтҳои асосӣ ба назар мерасад. Дар ин давра ҷумҳурӣ имкон пайдо намуд, ки муносибатҳои тиҷоратии худро бо тамоми давлатҳои ҷаҳон васеъ кунад. Алалхусус, узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (2. 03.2013) имкон медиҳад, ки давлатҳои хориҷӣ бо мо ҳамкории муфиди иқтисодӣ баранд ва дар айни ҳол, кишвар ба раванди ҳамгироии ҷаҳонӣ пайваст гардад. Дар равобити савдои берунии Тоҷикистон мавқеи асосиро давлатҳои ИДМ, сипас, давлатҳои Аврупо ва Осиё ишғол менамоянд.

Тоҷикистон пайваста дар намоишу ярмаркаҳои байналмилалӣ бо маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ширкат меварзад. Аз соли 1994 то ин ҷониб, маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон дар Олмон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Франсия, ИМА бомуваффақият намоиш дода шуданд. Муҳим он аст, ки чунин чорабиниҳо дар бозори ҷаҳонӣ барои ба маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон мароқ зоҳир кардани харидорон мусоидат менамоянд.

Моҳи январи соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифт, ки дар натиҷаи он кишварҳои хориҷ дилпурона сармояашонро дар сохтмонҳои калони саноатӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, роҳҳо, пулҳо мегузоранд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ қисми зиёди сармоя ба мамлакат аз давлатҳои Чин, Русия, Туркия, Эрон, Британияи Кабир, ИМА, Швейтсария дохил мешаванд. Танзимкунандагони асосии муносибатҳои қарзию молиявӣ Хазинаи ҷаҳонии асъор ва дигар Бонкҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Қисми зиёди пардохти сармояҳои хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ба соҳаҳои коркарду истихроҷи филизоти қиматбаҳо (24,2 дарсад), истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ (23,3 дарсад), филизоти ранга (11,8 дарсад) равона карда шудаанд. Масалан, мутобиқи шартномаи байни Русия ва Тоҷикистон аз 16-уми октябри соли 2004 Федератсияи Русия барои сохтмони Неругоҳи барқи обии Сангтӯда ва дигар корхонаҳо сармояи калон ҷудо намуд, ки як қисми он корхонаҳо ба кор даромаданд.

Дар Тоҷикистон, инчунин, бо сармояи хориҷӣ нақби Анзоб, якчанд пулҳои муҳим дар дарёи Панҷ ба истифода дода шуданд. Санаи 25-уми майи соли 2004 кушода шудани роҳи нави мошингарди Кӯлоб – Қалаъаихумб – Хоруғ – Мурғоб – Қулма дар инкишофи равобити иқтисодии Тоҷикистон бо давлати бузурги Чин саҳифаи нав ба шумор меравад. Ба воситаи ин роҳ Тоҷикистон имкон ёфт, ки ба шоҳроҳи байналмилалии Қароқорум баромада, муносибатҳои иқтисодии худро бо давлатҳои Покистон, Непал, Ҳиндустон ривоҷ диҳад. Аҳаммияти таърихии ин шоҳроҳ боз дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистон барои ба уқёнуси Ҷаҳонӣ баромадан имкон пайдо кард.

Дар байни шаклҳои гуногуни муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҳамкориҳои молию қарзӣ ҷойи намоёнро мегиранд. Содирот ва воридоти сармоя нисбат ба савдою тиҷорат суръати зиёд доранд. Махсусан, сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноати мошинсозӣ, хӯрокворӣ ва соҳаҳои саноати сабук самараи хеле зиёд меорад.

Дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ ташкил намудани корхонаҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати инкишофи соҳаи саноати кишвар нақши назаррас мебозад. Бунёди корхонаҳои муштарак шаклҳои самараноки ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ ба ҳисоб мераванд. Ин корхонаҳо ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноати маснуот ва иҷрои шаклҳои гуногуни хидматрасонӣ машғул мебошанд. Аксар қисми зиёди маҳсулоти корхонаҳои муштарак барои содирот пешкаш карда мешаванд. Дар ҷумҳурӣ чунин шакли корхонаҳо, асосан, бо мадади давлатҳои ИДМ, ИМА, Британияи Кабир, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Ҷопон, Олмон, Ҳиндустон, Эрон сохта шудаанд.

Дар давраи муосир дар Тоҷикистон 156 корхонаи муштарак бо сармоягузории хориҷӣ кор мекунанд, ки 120-тои он дар Душанбе ва 19-тоаш дар вилояти Суғд ҷойгир шудаанд. Корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ», «Сано», «Зарафшон», «Ситораи самар», «Ришта» аз қабили чунин корхонаҳои калон ҳисоб меёбанд.

Дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ бо ёрии мутахассисони хориҷӣ корҳои зиёде, мисли таҳия, таъмир ва азнавсозии роҳҳо анҷом дода мешаванд. Аз ҷумлаи чунин корҳо роҳи автомобилгарди Душанбе – Ғарм – Ҷиргатол – Саритош ба шумор меравад ки ба воситаи он равобити марказ ва ҷануби мамлакат бо ноҳияи иқтисодии Рашт беҳтар гардида, имкони равобити савдои хориҷӣ бо Қирғизистон, Қазоқистон ва ноҳияи Синзяну Уйғури Чин мадди назар гардид. Таъмири роҳи Душанбе – Айнӣ – Истаравшан – Чаноқ низ барои суръат гирифтани равобити иқтисодии на танҳо ноҳияҳои шимолу ҷануби кишвар, балки хориҷи мамлакат шароити муҳимро фароҳам овард.

Ҳамин тариқ, туфайли сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки аз як тараф, ба давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва аз тарафи дигар, ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ пайваст шуда, тиҷорат ва робитаҳои иқтисодиро беҳтар намояд. Ин робитаҳо дар доираи ҳалли масъалаҳои ёрии гуманитарӣ, тиббӣ, барқарор кардан ва ба кор даровардани объектҳои ҳаётан муҳим, яъне, корхонаҳое, ки маводди ниёзи мардумро истеҳсол мекунанд; хонаҳои истиқоматӣ, хатҳои оби ошомиданӣ; неругоҳҳо; роҳҳову пулу нақбҳо; савдо амалӣ мегарданд.

Реклама