Маводи дар китоб овардашуда ба хонанда имкон медиҳад, ки бо мадади омӯзгорон роҳи тайкардаи халқи хешро дар тули марҳалаи таърихие, ки аз нимаи дуюми солҳои 40уми асри XX оғоз гардида, то имрӯз давом дорад, холисона таҳлил ва ҷамъбаст намояд. Омӯзиши амиқи дигаргуниҳои куллие, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри ХХ ва чоряки аввали асри ХХI ба амал омадаанд, мусоидат мекунад, то ки марҳалаи таърихии дар китоби таълимии мазкур инъикосёфтаро бо назардошти пайдарҳамии мантиқии дигаргуниҳои назарраси таърихӣ ба ду давраи мушаххас ҷудо намоем. Давраи якум, аз оғози азнавбарқароркунии хоҷагии халқи баъдиҷангии ҷумҳурӣ шуруъ гардида, то пош хӯрдани ИҶШС-ро дар бар мегирад. Ҳангоми азхудкунии давраи мазкур хонандагон бо дарназардошти душвориву каҷравиҳо ва камбудиву комёбиҳо, хусусиятҳои хосси амалӣ гардидани раванди азнавсозии баъдиҷангии ҷомеаи сотсиалистиро дар Тоҷикистон меомӯзанд.
Барои аз ҷониби хонандагон дуруст дарк шудани хусусияти фарқкунандаи тараққиёти ҷумҳурӣ тайи солҳои 1946 – 1990 онро, инчунин шартан ба марҳалаҳои алоҳида тақсим кардан мумкин аст: 1) солҳои 1946 – 1950, давраи басо душвор ва ҳалкунандаест, ки дар мамлакат мебоист сиёсати босуръат бартараф намудани оқибатҳои Ҷанги бузурги ватанӣ (солҳои 1941 – 1945) ва ба давраи пеш аз ҷангӣ оварда расонидани дараҷаи инкишофи хоҷагии халқи мамлакат (азнавбарқароркунии хоҷагии халқ) амалӣ мегардид; 2) солҳои 50-ум ва 60-уми асри ХХ замонест, ки рушди босуръати соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ба амал омада, дар заминаи он ҷумҳурии аграрӣ ба ҷумҳурии аграрӣ-саноатӣ табдил ёфт; 3) солҳои 70-ум ва 80-уми асри ХХ давраест, ки дар сохтори шуравӣ рӯйидодҳое, аз қабили зуҳуроти карахтӣ ва дар натиҷаи он сар задани буҳрони сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, зуҳуротҳои номатлуб дар ҳаёти фарҳангӣ ва кӯшиши туфайли азнавсозии ҷамъияти сотсиалистӣ нигаҳдории сохтор ба амал омаданд.
Марҳалаи дуюми таърихи навтарини кишвар аз ибтидои солҳои 90-ум оғоз шуда, то имрӯз давом дорад. Дар ин давра Тоҷикистон мувофиқи Конститутсияи соли 1994 давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, роҳи хоссаи инкишофи худро пеш гирифтааст.
Дар давраи мазкур мамлакат ба таҷрибаи таърихии хеш такя намуда, дар қарни XXI комёбиҳои назаррас ба даст оварда истодааст.
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатӣ (ш. Душанбе, 8-уми сентябри соли 2021) чунин зикр гардидааст: «Дастовардҳое, ки имрӯз аз таърихи кору пайкори сисолаи мардуми шарифи Тоҷикистон баён шуданд, танҳо ҳиссаи ками заҳмати содиқонаву софдилонаи мову шумо дар ҷодаи давлатсозиву давлатдорӣ ва ватансозиву ватандорӣ мебошанд. Вале мехоҳам барои мардуми азизи Тоҷикистон хотирнишон созам, ки ҳар дастоварде, ки дорем, аз худи мост.
Мо бояд ба хотири Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо ҳаргиз ба умеди дигарон намешавем ва тамоми мушкилу камбудиҳоямонро бо дастони худамон ва бо заҳмати аҳлонаи халқамон бартараф месозем. Мо ҳоло мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем ва бояд кӯшиш кунем, ки онҳоро бартараф сохта, зиндагии мардумамонро боз ҳам беҳтар намоем. Зеро халқи азизи Тоҷикистон ба зиндагии боз ҳам шоиста ва рӯзгори аз имрӯза беҳтар ҳуқуқи маънавӣ дорад.
Бо эътимоди қавӣ изҳор медорам, ки мардуми ватандӯсту заҳматкаши мо ба дастовардҳои аз имрӯза бузургу таърихӣ қодиранд, зеро мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дӯст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯйи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем.
Ман ба мардуми шарифи кишвар ва махсусан, ба ҷавонон муроҷиат мекунам, ки ҳаргиз ва дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан, миллат ва давлати худ хиёнат накунед. Баръакс, шукр кунед, ба Ватан ва давлату миллати худ содиқ бошед ва ифтихор намоед, ки мову шумо соҳиби Ватан ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва аҳли башар моро ҳамчун миллати бостонӣ ва фарҳангиву тамаддунсоз мешиносад ва эътирофу эҳтиром мекунад.
Дар ин лаҳзаҳои ботантана ва воқеан таърихӣ бо ифтихору қаноатмандии зиёд як нуктаи бисёр муҳимро хотирнишон менамоям: тамоми дастоварду пешравиҳои дар сӣ сол ноилшудаи мо натиҷаи заҳмати содиқонаи халқи қаҳрамону заҳматкаши Тоҷикистон ва хурду бузурги он мебошад.
Ман шукрона мекунам, ки мардуми шарифи тоҷик солҳои дароз, яъне аз оғози истиқлол то имрӯз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлати худро самимона пуштибонӣ карда, тамоми камбудиву мушкилотро бо сабру таҳаммул паси сар карданд. Ман бо чунин мардуми шарофатманду бонангу номус, таҳаммулгаро ва заҳматкашу ватандӯст ифтихор дорам, аз онҳо то абад миннатдорам ва то нафаси вопасин ба хурду бузурги Тоҷикистон содиқона хидмат мекунам.
Бузургтарин сарват, қиматтарин гавҳар ва азизтарин неъмат барои ман халқи Тоҷикистони маҳбубам, обу хоки Ватани биҳиштосоям ва иззату обрӯи давлати соҳибихтиёру озодам дар байни ҷомеаи ҷаҳон мебошад!»
Имрӯз муҳим аст, ки ҷавонони ватандӯсти кишвар такя ба таърихи ғанию гуногунранги худ намуда, аз тамоми бурду бохти он огоҳ гардида, паҳлуҳои муфиди онро самаранок истифода намоянд ва дар асри ХХI чун аҷдоди накуноми хеш дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.
Реклама