САНАҲОИ АСОСИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ СОЛҲОИ 40-УМИ АСРИ XX ВА ИБТИДОИ АСРИ XXI

Соли 1946, 8-уми август

– Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон нақшаи панҷсолаи чорумро қабул намуд.

Солҳои 1946–1956

– Бобоҷон Ғафуров вазифаи котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Соли 1948, моҳи сентябр

– Шурои Иттифоқҳои касабаи ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфт.

Соли 1948

– Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 1949

– Неругоҳи барқи обии «Варзоби Поён» ба кор даромад.

Соли 1949, моҳи сентябр

– Дар пойтахти ИҶШС – шаҳри Маскав Даҳаи адабиёти тоҷик гузаронида шуд.

Соли 1951, 14-уми апрел

– Академияи илмҳои Тоҷикистон ташкил ёфт. Аввалин президенти он С. Айнӣ интихоб гардид.

Солҳои 1956–1961

– Турсун Ӯлҷабоев вазифаи котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро иҷро кардааст.

Соли 1956, 22-юми декабр

– ҶШС Тоҷикистон бо ордени Ленин мушарраф гардид.

Соли 1958, июн

– Бюрои КМ ҲК Тоҷикистон қарори махсусро оид ба аз соли таҳсили 1958 – 59 ҷорӣ намудани омӯзиши фанни «Таърихи халқи тоҷик» дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ қабул намуд.

Соли 1959, 7-уми ноябр

– Таъсиси Телевизиони Тоҷикистон.

Соли 1960

– Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак» оғоз ёфт.

Соли 1960

– Филми «Қисмати шоир» дар Қоҳира сазовори мукофоти кинофестивали мамлакатҳои Осиё «Уқоби тилоӣ» гардид.

Солҳои

1961 – 1982

– Ҷаббор Расулов котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон буд.

Соли 1963, 2-юми январ

– Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ таъсис ёфт.

Соли 1967, 1-уми март

– Таъсиси Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника.

Соли 1967

– Заводи нуриҳои азотии Вахш ба кор даромад.

Соли 1967

– Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои комёбиҳои хоҷагии халқ бо ордени Ленин мукофотонида шуд.

Соли 1971

– Кушода шудани Театри давлатии ҷавонон, ки баъдтар ба он номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шуд.

Соли 1972, 15-уми ноябр

– Аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии «Норак» ба кор даромад.

Соли 1972, моҳи декабр

– Тоҷикистон бо ордени «Дӯстии халқҳо» мукофотонида шуд.

Соли 1973

– Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таъсис ёфт.

Соли 1978, 14-уми апрел

– Сессияи ҳаштуми ғайринавбатии Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и Тоҷикистонро қабул кард.

Соли 1980

– Тоҷикистон бори аввал ба давлат беш аз 1 миллион тонна пахта супорид.

Соли 1981, моҳи май

– Дар Спартакиадаи VII ҷавонзанони Тоҷикистон 130 ҳазор духтар ширкат варзиданд.

Соли 1984, 15-уми октябр

– 60-солагии ҶШС Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

Соли 1986, моҳи январ

– Анҷумани XX Ҳизби коммунистии Тоҷикистон сиёсати бозсозиро дастгирӣ намуд.

Соли 1989, 22-юми июл

– Шурои Олии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ»-ро қабул намуд.

Соли 1990,

12–14-уми феврал

– Дар шаҳри Душанбе бесарусомониҳо рух доданд, ки дар рафти он шаҳрвандони бегуноҳ ҳалок шуданд.

Соли 1990, 24-уми август

– Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибистиқлолии Тоҷикистон эъломия қабул намуд.

Соли 1990, 22-юми ноябр

– Дар Маҷлиси Шурои Олӣ Қаҳҳор Маҳкамов нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 1990, 12-уми декабр

– Шурои Олӣ Қонуни ҶШС Тоҷикистонро «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон» қабул намуд.

Соли 1991, моҳи сентябр

– Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олӣ 9-уми сентябрро чун санаи таъсиси Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тасдиқ кард.

Соли 1991, 24-уми ноябр

– Раҳмон Набиев бо раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 1992, 2-юми март

– Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гардид.

Соли 1992, моҳи май

– Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт.

Соли 1992,

16-уми ноябр,

2-юми декабр

– Дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI-уми (даъвати дувоздаҳум) Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд

Соли 1992, 19-уми ноябр

– Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI, ки дар шаҳри Хуҷанд барпо шуд, Раиси Шурои Олӣ интихоб гардид.

Соли 1993, 23-юми феврал

– Артиши миллии Ҷумҳурии соҳибистиқ лоли Тоҷикистон ташкил ёфт.

Соли 1993, 27-уми декабр

– Маҷлиси Шурои Олӣ Қонун «Дар бораи маориф»ро қабул намуд.

Соли 1994, 4-уми апрел

– Бо мақсади таъмини сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон гуфтушуниди байни тоҷикон оғоз ёфт.

Соли 1994, 5-уми сентябр

– Ба муносибати 1000-солагии «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид.

Соли 1994, 6-уми ноябр

– Дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Соли 1994, 6-уми ноябр

– Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 1994, 10-уми декабр

– Анҷумани якуми Ҳизби Халқӣ – Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Соли 2002 ҳизб беш аз 90 ҳазор узв дошт. 18-уми апрели соли 1998 Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҳизб интихоб гардид.

Соли 1995

– Ворид намудани рубли тоҷикӣ ба низоми мустақили пули миллӣ, пеш бурдани сиёсати ягонаи пулию қарзӣ ва асъори Тоҷикистон шароит фароҳам оварда, барои ҷорӣ намудани пули миллии нав – сомонӣ заминаи зарурӣ гузошт.

Соли 1995, 9-уми октябр

– Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба деҳқонон ҷудо карда додани 50 ҳазор гектар замин баромад.

Соли 1996, 9-уми март

– Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намо яндагони 30 созмон, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ «Аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистон»-ро имзо карданд.

Соли 1996, 23-юми декабр

– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифони тоҷик С. А. Нурӣ дар ш. Маскав созишнома имзо кард, ки тибқи он Комиссияи Оштии Миллӣ таъсис дода шуд.

Соли 1997, 27-уми май

– Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 1997, 27-уми июн

– Дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд.

Соли 1997, 18-уми июл

– «Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» таъсис ёфт. Раиси Ҳаракат якдилона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.

Соли 1997, 8-уми сентябр

– Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» мушарраф гардонида шуданд.

Соли 1998, 20-уми март

– Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд, ки он ба олимони ҷавони дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷомдода супорида мешавад.

Соли 1998, 13-уми ноябр

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» қабул гардид.

Соли 1999, моҳи сентябр

– 1100-солагии давлати Сомониён ботантана ҷашн гирифта шуд.

Соли 1999, 30-юми сентябр

– Дар ҷаласаи XVIII сессияи 54-уми СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисӣ намуд.

Соли 1999, моҳи ноябр

– Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм ба муҳлати 7 сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 1999, моҳи декабр

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи кистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баланд шудани мавқеи зан дар ҷомеа» баромад.

Соли 1999, 11-уми декабр

– Қарори Маҷлиси Шурои Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон оид ба сарфароз гардонидани Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» якдилона қабул гардид.

Соли 2000

– Дар Тоҷикистон 2700-солагии «Авесто» ҷашн гирифта шуд.

Соли 2000

– Корпуси байналмилалии сулҳ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳ ба назар гирифта, ӯро ба Ҷоизаи байналмилалии

Сулҳ мушарраф гардонид.

Соли 2000, 26-уми октябр

– Пули миллӣ – сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

Соли 2001, 7-уми май

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба Мирзо Турсунзода додани унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон».

Соли 2002, 18-уми май

– Сокинони Душанбе ба шабакаи ҷаҳоншумули Интернет пайваст гардиданд.

Соли 2003, 13-уми сентябр

– Бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 «Соли тамаддуни ориёӣ» эълон гардид.

Соли 2004, 15-уми июл

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд.

Соли 2004, моҳи сентябр

– Бо қарори ЮНЕСКО ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» барои солҳои 2002 – 2003 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе супорида шуд.

Соли 2005, моҳи апрел

– Бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар мамлакат «Рӯзи пойтахт» гузаронида мешавад.

Соли 2005, 30-31-уми май

– Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки он барномаро оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» қабул кард.

Соли 2005,

моҳи июн

– Созмони ғайридавлатии байналмилалӣ – Федератсияи сулҳу ризоят Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хидматҳои бузургаш ва саҳми арзандааш дар таҳкими сулҳу ризоят ва ҳамкории байни халқҳо бо Мукофоти олӣ – «Медали тило» сарфароз намуд.

Соли 2005, 14-уми сентябр

– Дар саммити Созмони Милали Муттаҳид Президент Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, таклиф намуд, ки соли 2010-ум дар ш. Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаи оби тоза гузаронида шавад.

Соли 2006, 27-уми июн

– Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи кистон Нусратулло Махсум (Лутфуллоев Нусратулло) ва Ши-риншоҳ Шоҳтемур бо унвони олии «Каҳрамони Тоҷикистон» мушарраф гардонида шуданд.

Соли 2007, 10-уми январ

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфт.

Соли 2007, 12-уми май

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Соли 2007, 16-уми октябр

– Дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ботантана бахшида ба 15-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд.

Соли 2008, 6-уми сентябр

– Дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба муносибати 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Соли 2009, 24-уми ноябр

– Бори аввал дар ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

Соли 2010

– Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуд.

Соли 2012, 27-уми октябр

– Ба кор даромадани нақби Шаҳристон ҷомаи амал пӯшид.

Соли 2012, 10-уми декабр

– Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.

Соли 2014,

11-13-уми сентябр

– Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкориҳои Шанхай барпо гардид.

Соли 2015, 3-юми феврал

– Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Соли оила» эълон намудани соли 2015.

Соли 2015, 28-уми март

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак».

Соли 2015, июн

– Дар шаҳри Душанбе 9 – 10-уми июни соли 2015 дар сатҳи баланд Конфренсияи байналмилалӣ бахшида ба масъалаи глобалӣ «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» (с. 2005 – 2015) барпо гардид, ки дар кори он намояндагони зиёде аз давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Соли 2015,

1-уми сентябр

– Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Соли 2016, 22-юми май

– Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Соли 2016,

24-уми декабр

– Эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон».

Соли 2017, 22- юми декабр

– Эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».

Соли 2018, 22- юми декабр

– Эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».

Соли 2021, 8-уми сентябр

– Суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатӣ.

Соли 2022,

6-уми январ

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022 – 2026.

Соли 2022, 2-уми сентябр

– Эълон гардидани соли 2023 «Соли забони русӣ»

Соли 2023,

30-уми декабр

– Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024.

Соли 2024

– Бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025.

Соли 2025,

8-уми январ

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025 – 2030

Реклама