Маснавии «Ҷӯйи Бекобод»

Маснавии «Ҷӯйи Бекобод» ё «Тимсол» (1914) калонтарин аса ри Асирӣ ба ҳисоб меравад ва аз он 416 байт боқӣ мондааст. «Ҷӯйи Бекобод» чун «Миръоти ибрат» дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (ё мақсур) эҷод гардида, аз ҷиҳати мазмун низ ба достони Аҷзӣ мувофиқати комил дорад. Достон бо байти зер оғоз меёбад:

Замоне будам андар хонаи хеш,

Чу ганҷам сокини вайронаи хеш.

Мафоӣлун, мафоӣлун, мафоил.

V – – – / V – – – / V– ~

«Ҷӯйи Бекобод» масъалаҳои зиёди иҷтимоиро дар бар кар дааст. Шоир дар ин асар ақидаҳои инсонпарваронаи Аҳмади Дониш ва Аҷзии Самарқандиро давом дода, бо техникаи пуриқтидори рус канда шудани ҷӯйи Бекободро самимона васф мекунад ва масъалаи минбаъд аз дарёҳои Сайҳун (Сир) ва Ҷайҳун (Аму) обёрӣ кардани заминҳои ташналабро ба миён мегузорад. Ба қавли Асирӣ, кӯшишу ғайрат, бунёдкорӣ ва дӯстиву рафоқати халқҳо сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ва асоси тараққиёти ҷомеаи инсонӣ мебошад:

Арозӣ1 қобили заръ2 асту беоб,

Аҳолӣ ҷоҳилу дар бистари хоб.

Гар аз Ҷайҳун ду-се ҷӯ ҳафр3 оранд,

Бухору Хеваро фирдавс созанд.

Дар ҳақиқат, обу обёрӣ аз муҳимтарин масъалаҳои Оси ёи Миёна ба шумор мерафт ва ба ин мавзуъ сарвари маориф парварони тоҷик – Аҳмади Дониш ҳам таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд. Дар «Ҷӯйи Бекобод» ин масъала боз ҳам тақвият ёфтааст. Шоир такроран ба ин мавзуъ муроҷиат карда, баҳри тақвияти фикр аз услубҳои гуногуни ифодаи бадеӣ истифода менамояд. Дар боби «Ҳикоят бар сабили тамсил ва воқеаи хоб ва таърихи эҷоди ҳадиқа» шоир бо истифода аз услуби тасвири хоббинӣ боз масъалаи обёрӣ ва ободониро ба миён мегузорад. Дар хоб ниёгон шоирро ба зиндагии огоҳона ва обёрӣ кардану боғ парваридан водор мекунанд:

1. Арозӣ – ҷамъи арз, замин.

2. Заръ – кишт, зироат.

3. Ҳафр – кандан, кофтан.

«Махусб андар фарози даҳр бекор,

Кунун бархезу коре кун дар ин дор1.

Ба ҳафри чашмаи он ҷаҳд бигмор

В-аз он ҷо ҷадвали обе бурун ор.

Аз он ҷадвал шавад он дашт обод

В-аз он об ояд он ҷо равза бунёд».

Шоир бо маслиҳати ниёгон амал карда, ҷойи ноободеро обёрӣ мекунад ва дар замини обёришуда навъҳои гуногуни зироату мева ва сабзавот парвариш менамояд. Замине, ки асрҳо боз «номи обе ношунида, ба тӯфон ҳам рухи обе надида» буд, дар андак муд дат ба макони ободу зебое мубаддал мешавад. Мисраъҳои ба вас фи макони обёришуда бахшидашуда басо образнок ва дилнишин садо медиҳанд:

Дар он водӣ чу шуд ин об ҷорӣ,

Даромад мурдаро ҷони баҳорӣ.

Замин шуд қобили кишту зироат,

Гирифт аз сабза ранги иститоат2 .

Дар он ҷо тухми гандумдона киштам,

Ман акнун Одамам, он ҷо биҳиштам...

Санъатҳои бадеӣ, мисли таносуби калом, ташбеҳ, талмеҳ ва таҷнис дар ифодаи мазмун саҳми муносиб гузоштаанд. Замини бе обро ба мурда ва оби ҷориро ба ҷон монанд кардани шоир зарура ту моҳияти обу обёриро нишон медиҳад. Махсусан, дар байти охир ишора ба қиссаи асотирии ҳазрати Одам ҷолиб аст. Қаҳрамони лирикӣ замини ободкардаашро ба биҳишт ва худро ба ҳазрати Одам нисбат дода, бо ҳамин қадру манзалати инсони заҳматкаш ва файзу баракати замини обёришударо манзури хонанда менамояд.

Масъалаи дигаре, ки дар достон мавқеи босазо дорад, омӯхтани илму дониш мувофиқи талаби давру замон мебошад. Шоир, чунонки аз боби «Дар насиҳати фарзанд» бармеояд, та рафдори илмест, ки мардумро «аз банди фақр озод намояд» ва «ҳосили он ганҷ» бошад. Асирӣ бадбахтии инсонро дар фақирии ӯ мебинад ва таъкид мекунад, ки одами фақир дар ҷомеа қадру қимате надорад. Шоир ба одами фақир марди дороро муқобил гузошта, ба воситаи тасвирҳои мутазод боиси обрӯю эътибори шахс будани дороиро ҳунармандона ба қалам медиҳад:

1. Дор – дунё.

2. Иститоат – қувват, тавоноӣ, сабзиш.

Бале, онро, ки бошад камбизоат,

Гулашро нест ранги иститоат...

Агар анқо шавад, гумном гардад,

Фазои субҳи ӯ чун шом гардад.

Набудӣ меҳрро зарандар ҳамён,

Танӯри сард будӣ бе рухи нон.

Дар ҳақиқат, агар офтоб ҳамёни зар намедошт, чун танӯри сард холӣ аз гармию ҳарорат буд. Шоир ба тавсифи зар мепардо зад ва дар ҳама ҷанба мушкилкушо будани онро таъкид мекунад. Асирӣ ба муқобили касоне ҳаст, ки таърифу тавсифи зару дороиро нораво хонда, аҳолиро ба фақирию бенавоӣ ҳидоят мекарданд. Ӯ ба фарзандаш насиҳат мекунад, ки:

Ба илме кӯш, то зар ҳосил ояд,

Ба касбе соз, то ҷоҳат физояд.

Дар маснавии «Ҷӯйи Бекобод» ба роҳҳои гуногуни таълим низ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Асирӣ таълим доданро ба касо не зарур мешуморад, ки онҳо соҳиби ақл ва истеъдоди фитрию фаҳми ҷибиллӣ1 мебошанд. Дар акси ҳол таълим суд намебахшад. Ба шахси бефаҳму бефаросат ва ноқобил таълим додан мисли он аст, ки кас ба пеши аблаҳон китоб кушояд. Дар ин ҳолат руҳи пандуахлоқии достон афзоиш ёфта, байтҳои алоҳида суханони ҳикматомези адабиёти классикии тоҷикро ба хотир меоранд:

Ҳар он, к-ӯ халқ шуд аспи ҷувозӣ,

Ба ислоҳат нашуд Шабдези тозӣ.

Мадеҳ бо аблаҳон дарси қавофӣ,

Нашояд уштуронро шоҳибофӣ.

Асирӣ роҳҳои аз вартаи қашшоқӣ ва ҳалокат баровардани мардумашро меҷӯяд. Ба қавли шоир, миллате, ки ҳам илми динӣ ва ҳам илми дунявиро аз худ накардааст, завол меёбад ва побанди миллатҳои ғайр мешавад. Шоир ба таърихи миллати худ назар карда, халқи фарҳангӣ ва дорои тамаддуни қадим будани онро таъкид менамояд. Дар ин ҳолат қувваи возеҳии фикрро санъати такрор ва задаи мантиқӣ таъмин карда метавонад:

1. Ҷибиллӣ – фитрӣ, зотӣ, табиӣ.

Шумо дар асл одамзодагонед,

Шумо устоди олимзодагонед.

Шумо оварда қонуни тамаддун,

Шумо парварда гулзори тафаннун1.

Шумо бинҳода расми ихтироот,

Шумо бикшода боби ин синоот...2

Миллате, ки гузаштаи пурифтихор ва таҷрибаи зиёди зиндагӣ дорад, бояд дар байни миллатҳои дигар мавқеи сазовор дошта бошад ва ин мавқеъро ба воситаи илмомӯзӣ, забондонӣ, тарҷума ва таҷрибаивазнамоӣ ба даст овардан мумкин аст. Хулоса, «Ҷӯйи Бекобод» ё «Тимсол»-и Асирӣ асарест, ки масъалаҳои муҳимми иҷтимоиро дар ибтидои асри ХХ фаро гирифтааст. Ақидаҳои шоир дар замони Истиқлоли Тоҷикистон аҳаммияти бештаре пайдо кардаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Чаро маснавии «Ҷӯйи Бекобод»-ро боз «Тимсол»-и Т. Асирӣ дар

ҷавоби «Миръоти ибрат»-и Аҷзии Самарқандӣ ном додаанд?

2. Дар маснавӣ кадом мавзуъҳо мавриди тасвир қарор гирифтаанд?

3. Чаро Асирӣ ба масъалаи обёрӣ диққати ҷиддӣ додааст?

4. Аз назари шоир киҳо бояд ба омӯхтани илму дониш ҷалб шаванд? 5. Асирӣ роҳҳои аз вартаи ҳалокат раҳонидани миллатро дар чӣ ме

бинад?

6. Чаро Асирӣ ба ояндаи неки миллати худ бовар дорад?

1. Тафаннун – фанҳои гуногун, ҳунарҳои гуногун.

2. Синоот ё саноот – ҳунарҳо, пешаҳо.