Накуҳиши зулму истибдод

Дар ашъори гуногунмавзуи шоир зулму истибдод ва пой молкунии ҳуқуқи инсон, махсусан занон, мазаммат мешавад. Ин ҳолатро дар шеърҳои «Ду ҳуҷум», «Якуми Май ва МОПР»1, «Ба тахтнишин», «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо» равшан мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар шеъри «Як қурбонии кӯчаи буржуа

зии Аврупо» беқадрӣ ва беҳуқуқии инсони «Як қурбонии...»

заҳматкаш дар ҷомеаи сармоядорӣ ба тасвир

омадааст. Ин шеър бо тасвири симои зоҳирии зани сарсону саргардон ва беҳолу бемадор дар фасли зимистон оғоз меёбад:

Бо сару пойи бараҳна фасли зимистон

Пираҳани пора-пора пӯшида бар тан,

Хаставу бемору бемадор яке зан

Дар бағал – андар гирифта кӯдаки гирён...

Пайрав дар бандҳои минбаъда сабабҳои ба ин вазъият гириф тор шудани зан ва ҳолати руҳии ӯро ба воситаи унсурҳои тасвир: таҷнис, тазод, хитоб ва, махсусан, тавсиф (хаставу бемору бема дор, бекасу беёру бемакону бепарастор, дилфигору парешон) ни шон медиҳад. Зан кӯдаки гуруснааш дар бағал навмедона аз кӯчае мегузарад, ки чашмаш ба бинои мунаққашу шишакории «ошхо наи кафешантан» меафтад. Аз девори шишакорӣ манзараи айшу ишрат ва дастархони пурнозу неъмат равшан намудор буд. Зани бечора ба ин манзара хомӯшона менигарист, вале кӯдаки гурусна тоқат надошт:

Кӯдак чашмаш чу бар таом бияфтод,

Аз алами гуруснагӣ ба шиша дарафтод.

Модараш оғоз кард зорию фарёд,

–Мусю, як луқма гӯшт!

Мистирис, нон!

Воқеа торафт шиддат мегирад. Полиси шаҳр аз доду фарёди кӯдак дар ғазаб шуда, занро лагадкӯб мекунад. Аз зарби лагад кӯдак аз дасти модар афтида нобуд мешавад. Банди ҷамъбастии шеър басо риққатовар ва пурсӯз аст:

1. МОПР – ташкилоти байналмилалии ёрирасон ба муборизони инқилобӣ.

Хӯрд сари ӯ ба санги сахти сари роҳ,

Мағзи сараш пош-пош гашт ба ҳар ҷо.

Мӯйканон модар уфтод, ки:

– Эй воҳ!

Тифлаки бечораам талаф шуда.

Қурбон!

Шеъри «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо» аз 10 бан ди чаҳормисраӣ иборат аст. Пайрав Сулаймонӣ дар ин шеър ба воситаи нидоҳо, муроҷиатҳои хитобӣ, такрор, таҷнис, тавсиф ва калимаҳои ҳамовоз (Хӯрд сари ӯ ба санги сахти сари роҳ) ифода нокии шеърро боз ҳам афзун мегардонад ва нисбат ба табақаи бебизоати ҷомеа раҳму шафқат ва ба дороёни хасису бемурувват нафрату бадбиниро бедор мекунад.

Пайрав Сулаймонӣ достонҳои «Тахти хунин», «Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва матбуоти ранҷбари тоҷик» ва асари нотамоми «Манораи марг»-ро таълиф кардааст, ки ҳар се дар шакли маснавӣ (аа, бб, вв...) мебошанд. Достони «Тахти ху нин» (1931) аз оғоз ва ҳашт боб таркиб ёфтааст ва чунонки худи шоир фармудааст, дар он манзараҳои истибдоди1 охирин амири сулолаи манғитияи Бухоро – Олимхон (1880 –1946) тасвир гарди дааст. Дар оғоз макони воқеа нишон дода мешавад. Аз ифодаҳои пайдарпайи тазодиву маҷозӣ дар баробари намуди зоҳирӣ марка зи зулму истибдод ва қатлу ғорат будани қасри Бухорои амирӣ равшану возеҳ эҳсос мешавад:

Дар миёнҷойи боргаҳи ҳашам2

Тахти сангин ситода мустаҳкам.

Ранги ӯ ранги гулгуни сиёҳ,

Нест гулгун, балки хуни сиёҳ.

Зери ӯ-чорпояи фӯлод,

Назди ҳар поя буд як ҷаллод.

Шоир ба воситаи калимаҳои хун, сиёҳ, ҷаллод, шамшер, гург, ханҷар ва санъатҳои бадеии такрору тавсиф моҳияти ҳақиқии ин қасри зоҳиран боҳашамату ботинан даҳшатнокро ошкор месозад.

1. Истибдод – худсарӣ, худкомӣ, ҳукмронии ба сари худ.

2. Ҳашам – дабдаба, шукӯҳу ҷалол.

Дар боби якум образи соҳиби ин тахти даҳшатбор – амир Олимхон тасвир меёбад.

Образҳои асар

Симои образи асосӣ чунон ҳунармандона офарида шудааст, ки хонанда аз тасвир боти ни даҳшатноку воҳимаангези ӯро бо тамоми ҷузъиёташ эҳсос ме кунад. Санъатҳои ташбеҳ, тавсиф, такрор ва махсусан муболиға (аз нигоҳаш ба ларза сад Чингиз), хислатҳои ғайриинсонӣ ва бо тини нопоки ин амири ситамгарро ҷамъбаст намудаанд. Ифодаҳои чашмони пурхун, абрӯвони хамидаи пурчин, лаби ташнаи хун, панҷаи хунрез ва мисли бабр нохуни тез доштан дар ифодаи му каммали образ саҳм гирифтанд:

Рӯйи он тахтасанги пурдаҳшат

Буд биншаста марди бадҳайбат.

Чашмҳо хира-хираву пурхун,

З-он ҳувайдост қаҳру хашму ҷунун.

Абрувони хамидаи пурчин,

Чини ӯ сар кашида то ба ҷабин.

Риши хурмоирангу пурхамутоб

Бар занах1 печ хӯрда ҳамчу таноб.

Лаб ба хун ташна, панҷааш хунрез,

Бабрсон нохунаш дарандаву тез.

Синааш пур зи ҷавру зулму ситез,

Аз нигоҳаш ба ларза сад Чингиз...

Ибораҳои чашмҳои хира-хира, абрӯвони пурчини то ба пе шона сар кашида, риши мисли таноб ба манаҳ печутобхӯрда бо тобишҳои маҷозии худ ҷаҳолати амирро боз ҳам бештар ошкор месозанд.

Образи дигари достон мири ғазаб мебошад, ки он ҳам асо си таърихӣ дорад. Қушбегии аморати Бухоро Низомиддинхоҷа бо ҳаммаслаконаш моҳҳои март-апрели соли 1918 дастгоҳи нави одамкушӣ – ба ғарғара кашидани одамонро «ихтироъ» мекунад. Амир Олимхон барои ин «хидматаш» ба ӯ «мири ғазаб» ном мениҳад, ки маънои раиси ҷаллодонро дошт. Образи мири ғазаб дар бобҳои чорум ва панҷуми достон тасвир шудааст.

1. Занах – манаҳ, зери манаҳ.

Мири ғазаб бо ифодаҳои такрор ба такрори каммазмун амирро васф мекунад. Вале дар суханони бенизому каммазму наш нисбат ба амир садоқату самимият ҳис намешавад. Пайрав Сулаймонӣ бо истифодаи санъатҳои киноя, тазод, муболиға ва талмеҳ руҳи ҳаҷвии суханони мири ғазабро афзудааст:

Эй ба фармон-т шаҳрҳо вайрон,

Фуқаро кӯ ба кӯю саргардон!...

Эй ки бо як ишора, дар як он

Мамлакатро намуда гӯристон...

Эй ту бо амну сулҳ дорӣ ситез,

Эй ки паймонаат зи хун лабрез!

Ифодаҳои киноявии авлоди поки шоҳи араб будан, дар олам шуҳрат афкандан, ташбеҳи ба гӯристон монанд кардани мамла кат ва муболиғаи ба як амр сад ҳазор фақир ҳалок намудан кулли хислатҳои манфури амирро ошкор месозанд.

Дар айни ҳол аз суханони мири ғазаб симои нафратовару бо тини нопоки худи ӯ ҳам ошкор мегардад. Мири ғазаб дар бераҳмӣ, ваҳшигӣ, ҷаллодӣ ва бадмастиву бадахлоқӣ аз амир камӣ надо рад. Ӯ беибо назди амир аз қатлу ғоратҳояш ҳисобот медиҳад ва аз ин рафтори ваҳшиёнаи худ ифтихор ҳам мекунад:

Кӯдаконро ба кӯра дардодам,

Сӯз дар синаи падар додам.

Наъшҳо дар танӯр сӯзондам,

Чашмҳоро ба тир дӯзондам.

Дасту бинию гӯш буррондам,

Зинда-зинда ба гӯр гӯрондам.

Хун дар ҷӯйҳо равон кардам,

Даштро боғи арғавон кардам...

Дар боби ҳафтуми «Тахти хунин» образи намояндагони халқи мазлум ба тасвир гирифта шудааст. Инҳо шаш нафар аз нажоди кӯҳистонанд ва азбаски аз супурдани андози подшоҳӣ саркашӣ карданд, навкарон онҳоро дасту по баста назди амир овардаанд. Фақирони кӯҳистонӣ чунон «пиру ранҷуру хаставу беморанд», ки ҳатто қувваи додхоҳӣ кардан ва ба пурсишҳо ҷавоб доданро надо ранд. Шоир сабаби тарсуӣ ва беҷуръатии фақирони кӯҳистониро дар мустаҳкам будани пояи зулм медонад:

Хостанд, то зи шаҳ суол кунанд,

Додхоҳию арзи ҳол кунанд.

Муштҳои қавии ҷаллодон

Хӯрд бар фарқҳояшон чандон.

Чашмҳо аз ҳадиқа1 берун шуд,

Мағзҳо ҳар тараф парешон шуд.

Пайрав Сулаймонӣ дар ҳафт боби достон ба дараҷаи ниҳоӣ ра сидани ҷабру зулмро дар аҳди ҳукумати манғития нишон медиҳад. Дар боби хотимавии асар шоир бо қувваи халқи меҳнатӣ аз байн бурдани тахти хунини амир Олимхонро мухтасар тасвир мекунад ва бо ҳамин ғояи бебақо будани пояи зулм талқин мешавад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Шоир дар кадом шеърҳо зулму истибдодро мазаммат кардааст?

2. Шеъри «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо»-ро таҳлил намоед.

3. Пайрав чанд достон эҷод кардааст?

4. Дар тасвири образи Олимхон кадом воситаҳои тасвир истифода шу даанд?

5. Оё мири ғазаб қаринаи воқеӣ (прототип) дорад?

6. Хусусияти ҳаҷвии асарро муайян намоед.

7. Дар бораи образи намояндагони халқ маълумот диҳед.

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Ибораҳои чашмони пурхун, абрувони хамидаи пурчин, лаби ташнаи хун, панҷаи хунрез, нохуни тез (ифодакунандаи чеҳраи амир Олим хон) дар кадом асари Пайрав истифода шудаанд?

А) «Манораи марг»;

Б) «Ду ҳуҷум»;

В) «Фироқнома»;

Г) «Асира ё худ исён»;

Ғ) «Тахти хунин».

1. Ҳадиқа – косахонаи чашм.