Сотим Улуғзода 2-юми сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст (вилояти Намангони Ҷумҳурии Узбекистон), дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Волидайни Со тим аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил будаанд. Модараш зани босавод буда, гоҳе машқи шеър мекардааст.
Сотим дар синни нуҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз па дар маҳрум мемонад. Баъдан вай дар мактаби усули нав, ки дар Чуст ташкил шуда буд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Соли 1925 ба сафи донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд пазируфта шуда, соли 1929 онро хатм мекунад ва як сол дар ҳамин муассисаи таълимӣ ба касби омӯзгорӣ машғул меша вад.
Чор соли таҳсил ва як соли фаъолияти омӯзгорӣ дар Дорул муаллимин дар ташаккули шахсият ва ҳисси худшиносии Со тим мусоидат менамоянд. Ӯ дар ин муддат ба эҷодиёти Рӯдакиву Фирдавсӣ ва дигар шаҳсутунҳои адабиёти ҳазорсолаи тоҷик ошно гашта, бо С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад, А. Фитрат барин шахсиятҳои фарҳангии тоҷик вомехӯрад ва аз забони про фессори рус М. Андреев пандеро ба маънои «халқи худро шинос» ба гӯш мегирад.
Ҳамчунин, дар солҳои дар Дорулмуаллимини Тошканд таҳсил карданаш С. Улуғзода бо донишҷӯйи факултети шарқшиносии Университети Осиёи Миёна К. Благовешенская1 дӯстӣ пайдо на муда, баъдҳо бо ӯ издивоҷ намуд ва онҳо соҳиби ду фарзанд – Азиз ва Норахон гардиданд.
1. Улуғзода (Благовешенская) Клавдия Александровна (1909 – 1965) – мутарҷим ва фолклоршинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод омада, дар идораҳои рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (ҳоло «Садои Шарқ») фаъолият мекунад. Солҳои 1934 – 1937 вазифаи котиби масъули раёсати Иттифоқи нависан дагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Фаъолияти журналистӣ С. Улуғзодаро водор менамуд, ки ба шаҳру ноҳия ва деҳоти тоҷик сафарҳо карда, зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар омӯзад. Дар айни ҳол, дар ниҳоди ӯ шавқу рағбати таҳқиқи таърихи адабиёти тоҷик торафт меафзояд. Ин аст, ки соли 1940 ба аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии Маскав дохил гардида, ҷиддан ба фаъолияти илмӣ мепардозад.
Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги бузурги ватанӣ Сотим Улуғзода ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъо лият менамояд. Адиб соли 1944 аз сафи армия ба ақибгоҳ даъват мешавад ва то соли 1946 вазифаи раиси раёсати Иттифоқи нави сандагони Тоҷикистонро иҷро мекунад. Нависанда аз соли 1946 то охири умр танҳо ба кори эҷодӣ шуғл меварзад.
С. Улуғзода баъди солҳои панҷоҳум ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Писараш Азиз, ки хатмкардаи Университети давла тии ба номи Ломоносови Маскав буду он ҷо ба сифати омӯзгор фаъолият дошт, соли 1967, ҳангоми сафари расмӣ ба Ҳиндустон, аз сафоратхонаи Англия паноҳгоҳи сиёсӣ хоста, ба хориҷа муҳоҷират намуд. Баъди ин ҳодиса С. Улуғзода ба таъқиби сахти Ҳукумати Шуравӣ гирифтор гардид. Нависандаро аз сафи ҳизби коммунист ронданд, чоп ва тадриси асарҳояш боздошта шуд.
Аз нимаи дувуми солҳои 80-ум сар карда, вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт ва С. Улуғзода дар ҷодаи адабиёти тоҷик аз нав мавқеи муносиб пайдо намуд. Дар арафаи аз байн раф тани Иттиҳоди Шуравӣ адиб бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид. Нависанда соли 1992 шаҳри Маскавро истиқоматгоҳи поёни умр қарор дод.
Соли 1997 романи «Фирдавсӣ»-и С. Улуғзода ба сифати «Ро мани сол»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон пазируфта шуда, нависан да ба баҳои чиҳил сикаи тилло (баробари чаҳор ҳазор доллари амрикоӣ) сазовор гардид. Ин охирин мукофоте буд, ки соҳибашро дар зиндагиаш дарёфт кард.
Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода 25-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав алоқамандону мухлисонашро абадӣ падруд гуфт. Бо амри Сарвари Тоҷикистон ҷасади адиб ба Душанбе оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахти ҷумҳурӣ тавонистанд, ки дар то лори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо нависандаи маъ руфи тоҷик видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии С. Улуғзода дар мазори Лучоб қарор гирифт.
Сотим Улуғзода нависандаи сермаҳсул буда, аз худ мероси бойи адабӣ, илмӣ ва публитсистиву тарҷумавӣ боқӣ гузоштааст. Фаъолияти нигорандагии адиб аз айёми таҳсилаш дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд оғоз меёбад. Дар рӯзнома ва маҷаллаҳои «Овози тоҷик», «Раҳбари дониш», «Барои адабиё ти сотсиалистӣ», «Комсомоли Тоҷикистон» аввалин навиштаҳояш дар шакли хабару мақола чоп мешаванд.
С. Улуғзода 18 сол дошт, ки бо ҳамкории донишҷӯйи фа култети шарқшиносии Университети Тошканд Понов повести «Сэм ва Дик»-и В. Алексеевро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кард ва ин тарҷума бо кӯшиш ва дастгирии устод Айнӣ ба нашр расид. Баъдҳо С. Улуғзода ин соҳаро бомуваффақият идома дод ва чун сермаҳсултарин тарҷумон дар адабиёти садаи ХХ-и тоҷик эъти бор пайдо кард. Тарҷумаҳои С. Улуғзода, аз ҷумла «Занбӯр» Э. Войнич (1931), В. Билл - Белосерковский «Ҳаёт даъват мекунад» (1935), Н. Погодин «Одами милтиқдор» (1940), К. Белсони «Хид матгори ду хоҷа» (1944), А. Островский «Гунаҳкорони бегуноҳ» (1945), М. Горкий «Модар» (1953), Шекспир «Ҳамлет» (1970), Молйер «Табиби зӯракӣ» (1972), М. Сервантес «Дон Кихот» (1974), Ч. Айтматов «Фатҳи Фудзияма», ҳоло ҳам аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти тоҷик маҳсуб мешаванд.
С. Улуғзода ҳанӯз аз солҳои 30-юм ба таҳқиқи осори намо яндагони шинохтаи адабиёти сеҳазорсолаи тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуд ва дар ин соҳа низ хидмати бедареғ анҷом дод. Ӯ чун узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) асару мақолаҳои зиёд таълиф намуда, дар инкишофи адабиётшиносии тоҷик саҳми муносиб гузошт.
Як қатор мақолаҳои олим, аз ҷумла «Лоҳутии мо» (1933), «Анҷумани якуми нависандагони шуроии Тоҷикистон» (1934), «Садриддин Айнӣ» (1935), «Дар бораи шоирони Помир» (1935), «Барои асарҳои саҳнавии олисифат» (1947), «Дар бораи баъзе масъалаҳои танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар республика» (1954) ба адабиётшиносӣ ва нақди адабии давраи нави тоҷик бах шида шудаанд. Ҳамчунин, С. Улуғзода оид ба рӯзгор ва эҷоди шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ, чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абу мансур Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носи ри Хусрав, Аҳмади Дониш асару мақолаҳои пурқимат таълиф на мудааст. Рисолаҳои «Аҳмади Дониш» (1946) ва «Пири ҳакимони Машриқзамин» (1980) дорои қимати калони илмӣ мебошанд.
Мақоми С. Улуғзода дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик чун нависанда ва драматург хеле баланд аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. С. Улуғзода зодаи кадом деҳу вилоят аст?
2. Кадом солҳо дар Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд таҳсил кар дааст?
3. Дар рӯзгори С. Улуғзода солҳои 1940 – 1944 чӣ ҳодисаҳо рух дод?
4. Сабабҳои ба душвориҳо рӯ ба рӯ шудани адибро шарҳ диҳед.
5. Поёни умри Улуғзода дар кадом шаҳр гузаштааст?
6. Мазори С. Улуғзода дар куҷост?
7. Оид ба тарҷумаҳои Улуғзода маълумот диҳед.
8. Кадом асарҳои илмию танқидии адибро медонед?