Романи «Восеъ»

Шӯриши Восеъ соли 1888 дар Бухорои Шарқӣ ба амал ома да, пояи ҳукумати Манғитияро ба ларза овард. Дар насри бадеӣ асари калонҳаҷме, ки образи Восеъро бо тамоми паҳлу мавриди тасвир қарор дода бошад, романи «Восеъ» аст.

С. Улуғзода ба таърихи муборизаҳои адолатхоҳонаи марду ми кӯҳистони тоҷик ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри ХХ мароқ зоҳир намуд. Баъдтар нависанда ба омӯзиши шӯриши мардуми тоҷик бо сардории Восеъ ҷиддан машғул шуда, солҳои 1961 – 1967 ро мани «Восеъ»-ро таълиф кард ва соли 1969 аввалин чопи китобии он дастраси хонанда гардид.

«Восеъ» ба жанри романи таърихӣ тааллуқ дошта, аз 33 боб иборат аст. Хонанда дар ду боби аввал нахуст ба симои манфӣ – Мирзоакрамбой ва баъд бо қаҳрамони асосӣ – Восеъ шинос мешавад. Ин ду образ (махсусан Восеъ) аз аввал то охири асар иштирок намуда, дар ҳалли зиддият ва масъалаҳои асосӣ мавқеи марказӣ доранд.

Дар боби дуюм ҷувозкундае тасвир ёфтааст, ки онро Восеъ ба пушт бардошта ба хонааш мебарад: «Восеъ ҷувозкундаро бағал карду озод бардошта ба болои харсанге гузошт ва баъд онро ба пушташ гирифта, хам шуда, калавида-калавида равон шуд.

— Намурӣ, Восеъ! Ёдат ба хайр!.. Қанд бизан! – қоил шуда таҳсин мекарданд шариконаш аз қафо.

Восеъ бори вазнини худро ба ҳавлиаш расонда, дар пеши дари ҷувозхона боэҳтиёт ба замин гузошт... Ва ба ҷувозкунда даст зада, мамнунона илова намуд:

— Соз! Аз тути пир тарошондамаш. Дар ин, иншооллоҳ, бист-сӣ сол ҷувоз мекашам, занак».

Ин ҷувозкунда дар охири боби 33-юм низ зикр гардидааст. Вақте ки хоҳари Восеъ – Фотима аз Шаҳрисабз баргашта, хаба ри ба дор кашидани бародарашро ба ҳамдиёронаш мерасонад, мардуми Дараи Мухтор ва деҳоти гирду атрофи он як ҳафта азо мегиранд: «Дар поёни ҳафтаи азодорӣ пирамарде ба ҷувозхонаи Восеъ ишора карда, ба ҷамоат чунин гуфт:

— Додарон! Дар ин ҷо Восеъ ҷувоз мекашид. Ин ҷувозкундаро худаш фармуда тарошонда буд. Биёед, аҳду паймон кунем, ки ҳаминро аз Восеъ ба ёдгор нигоҳ медорем. Восеи шаҳид дар вата наш қабр надорад, ҳамин ҷувозхона ба ҷойи қабраш зиёратгоҳи ӯ шавад. Омин Аллоҳу акбар! Хурду калон – ҳама бо ҳамроҳии пирамард даст ба рӯй кашиданд».

Ин ҷувозкунда, ки ҳоло ҳам побарҷо буда, чун зиёратгоҳи мардум эътибор дорад, маънои рамзӣ касб кардааст ва нишонаи он аст, ки халқи тоҷик мисли Восеъ фарзандони баҳодуру сарба ланди худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Дар боби охири асар, такрор шудани ҷузъи ҷувозкунда робитаи мантиқии қисмҳои ро манро қувват бахшидааст.

Мисли ҳамин, истифодаи бамаврид ва моҳиронаи манзараи табиат, қиёфа (портрет), муколама ва порчаҳои шеърӣ бандубас ти лаҳзаҳои алоҳидаи «Восеъ»-ро таъмин намуда, боиси афзоиши ҷозибаи тасвир гардидааст.

«Восеъ» ҳодисаву воқеаҳоеро, ки дар охирҳои асри XIX дар қаламрави Бухорои Шарқӣ ба вуқуъ пайваста буд, дар бар мегирад.

С. Улуғзода хонандаро аввал ба амалиёти ҳарисонаи Мирзо акрамбой ном мансабдори аморати Бухоро шинос намуда, баъд ба тасвири зиндагии Восеъ ном марди кӯҳистонӣ ва аҳли оилаи ӯ мегузарад. Восеи ҷувозкаш бо ҳалолкорӣ, қавииродагӣ ва ёриву мададгорӣ дар байни ҳамдиёрон эътибори калон пайдо мекунад.

Дар Бухорои Шарқӣ хушксолӣ ба вуҷуд меояд ва аҳволи мар думи меҳнатӣ сол то сол бад ва тоқатфарсо мешавад. Дар ҳамин вазъияти барои аҳолии мавзеъҳои Ховалинг, Балҷувон ва Сари хосор сангин амири нави Бухоро – Абдулаҳадхон (1885 – 1910) Мирзоакрамбойро мири Балҷувон таъин менамояд ва супориш медиҳад, ки аз аҳолӣ андози сесоларо ҷамъ кунад. Мирзоакрамбой молу пули зиёде сарф карда, ба ин мансаб соҳиб шуда буд. Би нобар ин, дар бадали ду ҳафта хароҷоташро ду баробар рӯёнда, барои хазинаи амир ҳам ҳадяи муносиб тайёр намуд. Ин амали беадолатона ва аз даҳони мардум кашида гирифтани охирин луқмаи нон косаи сабри аҳолиро лабрез намуд ва боиси сар за дани шӯриш гардид.

Деҳқонону чӯпонон ва дигар табақаҳои камбизоати аҳолии бекигарии Балҷувон бо калтаку шохию белу каланд ва тешаву табар мусаллаҳ гардида, «дод аз дасти манғит» – гӯён сарбозо ни бекии Балҷувонро торумор намуданд. Бек фирор кард. Амир Абдулаҳадхон ба ёрии мири шикастхӯрда ҳазор тан сарбози вар зидаву мусаллаҳ фиристод. Ҳокими Ҳисор Остонақул-қушбегӣ ба сарбозони аз Бухоро омада дастаеро илова намуда, ба Балҷувон сафар намуд.

Шӯришгарон ба муқобили сарбозони аз Ҳисор омада, мири Кӯлоб ва дастаи ғоратгари Туғай мардонавор ҷангиданд. Аммо бо белу каланд ба муқобили сарбозони мусаллаҳ истодагарӣ кар дан душвор буд.

Оқибат шӯриш ба шикаст рӯ ба рӯ омад. Восеъро бо дӯстонаш (Назир, Одина, Саид-мерган, Нозим, Давлат Айюб) дастгир на муда, аввалан ёронашро ба қатл расонданд ва баъд худашро ба ҳузури амир Абдулаҳадхон бурданд. Чун амир дар Шаҳрисабз буд, Восеъро баъди ба амир нишон додан ба дор овехтанд.

Сужети асар бо таъкиди қадршиносии ҳамдиёрон, ки ҷувозкундаи Восеъро то ҳол аз харобшавӣ эмин дошта, деҳаи Да раи Мухторро ба зиёратгоҳ табдил додаанд, ба охир мерасад.

Дар маркази роман образи Восеъ қарор дорад. Тасвири ин образ аз лаҳзаи ба дуредгари Дараи Мухтор супориш кардани тарошидани ҷувозкунда оғоз меёбад. Дар ин ҳолат Восеъ соҳиби зан, се фарзанд ва обрӯю эътибор мебошад. Баъд тар нависанда воқеаҳои даврони ҷавонӣ, ба Назири сайёд баро дархонд шудан, Аноргул ном духтарро ба занӣ гирифтан ва Ша кар ном падари ғамхору ҳалолкор доштани Восеъро тасвир мена мояд. Ин лаҳзаҳо сарчашмаи ташаккули характери қаҳрамон ме бошанд.

Восеъ аз ҳама хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бархурдор аст. Му дом меҳнат мекунад, паҳлавон аст, нангу номусро дар ҷойи аввал мегузорад ва меъёри асосии ӯ дар зиндагӣ ҳақиқату адолат аст.

Восеъ Ризо ном ятимбачаро ба тарбияи худ мегирад ва ба занаш, ки ба хона овардани ин бачаи оворагардро намехост, мегӯяд: «Аммо, ман мегӯям, ӯ бачаи хуб аст. Писархондаш кунем, савоб мешавад. Фоидааш ба ӯ, савобаш ба мо. Ту ба шумии ӯ, ба қилиқҳои бемазааш нигоҳ накун, ҷони ширин, инҳо ҳама аз бесарусомонӣ аст. Ман донистам, ҷавҳари бача пок аст, тарбия таш кунем, одам мешавад, ба ман дастёри хуб мешавад».

Восеъ дар ҷустуҷӯйи бародархондаш – Назир ба Ҳисору Қаршӣ ва Шаҳрисабзу Самарқанд сафар мекунад, дар мусофират ба беадолатӣ ва ноинсофиҳои мансабдорон дучор мешавад. Дар Самарқанд ба воситаи мулло Сафар ном ҳамдиёраш ба ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш шинос мегардад. Ошноӣ ба зин дагии пурмоҷарои сокинони шаҳрҳои номбурда ҷаҳонбинӣ ва ҳисси худшиносии Восеъро афзун гардонда, мантиқи гуфтори ӯро боз ҳам қавитар месозад. Пешвои шӯришгарон ба ҳар гуна таҳқир оҷизона тан додани шахсро чунин маҳкум менамояд: «Худо туро одам офаридааст, агар туро хар карда савор шаванду ту ба ин тан диҳӣ, тоқат кунӣ, одам нестӣ. Офарандаатро муттаҳам кардаӣ. Туро ба ноҳақ хор кунанд, зери по кунанду ту хап истӣ, номардӣ, ору номус надорӣ; занат ва фарзандонат, ёру дӯстонат ҳақ до ранд, ки аз ту рӯй гардонанд».

Восеъ ба зарбаҳои зиндагӣ мардонавор тоб меорад. Вақте ки сарбозони амир бандиҳоро мебурданд, ду нафар зани сарбараҳна, пойлуч ва саропо хоколуд ба муқобилияти сарбозон нигоҳ накар да пеш баромаданӣ мешаванд. Восеъ онҳоро мешиносад: яке дух тараш Гулъизор ва дигаре хоҳараш Фотима буд.

— Ота-а-а!.. Ота-а-а!.. – рӯканону мӯканон дод мезад Гулъизор.

Восеъ қадам нигоҳ дошт.

— Духтарҷонам!.. Хоҳаракам! – аз ҷигар фарёд кашид ӯ.– Алвидоъ! Ба модарат бигӯ, Гулъизор, ба додараконат бигӯ, пада ри шумо ба золимон сар хам накард, ҷангид, шаҳид шуд!..

С. Улуғзода дар тасвири характери фардӣ ва симои ҳақиқии Восеъ аз фразеологизмҳои сар хам накардан, қад барафрох та рост истодан бомаҳорат истифода кардааст. Аз ин ҷиҳат, вохӯрии Восеи асир бо амир Абдулаҳадхон омӯзанда аст. Амир Абдулаҳадхон сарвари шӯришгарони тоҷикро, ки пояи ҳукуматашро ба ларза оварда буд, дидан мехоҳад. Вохӯрии Во сеъ бо амир дар ҳавлии қалъаи Шаҳрисабз ташкил мешавад. Вақте ки амир аз дари қалъа намудор мегардад, мансабдорон, сипоҳиён, навкарон – ҳама якбора ба таъзим хам мешаванд. «Дар байни саллаҳои сафеду сабзу кабуд ва телпакҳои сиёҳу сурхтобу хокистарранги қафқозии қариб то ба замин хамшуда танҳо Восеъ қад барафрохта рост меистод. Амир ба вай чашм дӯхт, вай ҳам ба амир чашм дӯхт. Восеъ гӯё бо нигоҳаш ба вай мегуфт: «Ту маро дидан хостӣ. Инак ман! Бубин! Душманони ту ҳама монанди мананд! Ман ҳоло асири туам, аммо ба ту сар хам намекунам, аз ту наметарсам!»

С. Улуғзода дар шахси Восеъ симои барҷастаеро офарид, ки аз корномаҳои он мардуми тоҷик солҳои сол дарси хештаншиносӣ меомӯзад. Аз ҷумла, ҳамдиёрони Восеъ Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов, Саидаҳмад Каримов ба хо тири дифоъ аз нангу номуси инсонӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ қаҳрамонии ҳамватани хешро такрор карданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Романи «Восеъ»-ро кӣ пурра хондааст? Он чӣ тавр оғоз меёбад?

2. Шӯриши Восеъ кай ва дар куҷо ба вуқуъ пайвастааст?

3. Шӯриши Восеъ аз кадом солҳо таваҷҷуҳи С. Улуғзодаро ҷалб намуд?

4. Оид ба бандубасти асар чӣ гуфта метавонед?

5. Дар бораи сужети роман сухан гӯед.

6. Чаро Восеъ қаҳрамони асосии асар дониста мешавад?

7. Кадом хислатҳои Восеъро медонед? Мухтасар нависед.

8. Фразеологизмҳои сар хам накардан ва қад барафрохта рост истодан ро шарҳ диҳед.