Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат 20-уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падари шоир – Қаноатшоҳ ва мо дараш – Бегиммоҳ шахсони поку порсо ва заҳматкашу меҳрубон буда, дар таълиму тарбияи фарзандон кӯшиши зиёд намудаанд.
Муъмин Қаноат таҳсили ибтидоиро дар деҳаи Курговад ме гирад. Баъдтар таҳсилро дар шаҳраки Ғарм идома дода, мактаби миёнаро соли 1951 хатм мекунад. Пас аз он ба факултети филоло гияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1956 ба поён мерасонад.
Ҳангоми таҳсил дар мактабҳои миёна ва олӣ Муъмин Қаноат ба омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик ва назарияи адабиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чун мутахассиси варзида ба камол расид. Шавқу ҳавас ба шеър ӯро ба доираи адабии Сталинобод ворид намуд. Муъмин Қаноат солҳои 1956–1966 дар идораи маҷаллаи «Шарқи сурх» кор мекунад ва як муддат муҳаррири калони наш риёти «Ирфон» буд. Аз соли 1968 то соли 1991 ба сифати котиб ва котиби аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намуд.
Муъмин Қаноат чун намояндаи олимартабаи Тоҷикистон ба қитъаҳои гуногуни олам, аз ҷумла ба шаҳру кишварҳои Ко бул, Уланбатор, Либия, Яман, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Япония, Фаронса, Куба сафар карда, сулҳу дӯстии халқҳоро тарғиб намудааст. Устод Қаноат аз соли 1997 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд. Як муддат танҳо ба кори эҷодӣ машғул буд. Устод Муъмин Қаноат 18-уми майи соли 2018 аз олам даргузашт ва дар мазори Лучоб дафн карда шуд.
Муъминшоҳ аввал ба ҳунари навозандагӣ ва сарояндагӣ майл доштааст. Вале баъдтар дар ӯ ҳаваси шоир шудан пайдо мегардад ва нахус тин шеъраш дар синни 17-солагӣ дар васфи рӯди Панҷ эҷод шудааст. Намунаи шеърҳои шогирдонаи шоир ҳангоми таҳсил дар мактабҳои миёна ва олӣ дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳаёти нав» ва маҷаллаи «Шарқи сурх» ба табъ расидаанд. Авва лин маҷмуаи шоир бо номи «Шарора» соли 1960 чоп гардид.
Баъдҳо «Ситораҳои замин» (1963), «Мавҷҳои Днепр» (1964), «Достони оташ» (1967), «Корвони нур» (1970), «Сурӯши Ста линград» (1972, 2010), «Сарҷӯйи сабз» (1975), «Падар» (1977), «Гаҳвораи Сино» (1980), «Ситораи Исмат» (1990), «Аз Бесутун то кунун» (1993), «Ҳамосаи дод» (2002), «Оинаи беғубори ман» (2002), «Меҳри сипеҳр» (2007) ном маҷмуаҳо ва достонҳои М. Қа ноат пайдарпай ба табъ расидаанд.
М. Қаноат силсилаи шеърҳо низ эҷод кардааст. Силси лаи шеърҳои «Созҳои Шероз» аз шеърҳои «Тахти Ҷамшед», «Зоиндарӯд», «Саҳар аз хилвати худ», «Чӣ маст мегузарӣ», «Маро гуфтӣ», «Надонам» фароҳам омадааст. Силсилаи шеърҳои Покис тон аз се шеър («Хиёбони Иқбол», «Сафар ба Маҳинҷадара», «Меравам») ва силсилаи шеърҳои Афғонистон аз чор шеър («Инқилоби Савр», «Рӯзгорони баланд», «Субҳи мурод», «Сар варе») иборат мебошанд. Соли 2005 дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» силсилаи рубоиёти адиб бо номи «Роҳи абрешим» чоп гардид, ки дар он масъалаи роҳсозии Тоҷикистон мавриди тасви ри бадеӣ қарор гирифтааст:
Ин роҳи ҳақиқат аст, афсона куҷост?
Ҷон дар кафи дасти мост, ҷонона куҷост?
Як умр дар ин ҷода иморат кардем,
Паймон, ки ба дасти мост, паймона куҷост?
Соли 1977 шоир барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Тоҷикистон – исми ман» сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шуравӣ гардид. Соли 1980 М. Қаноат барои достони «Гаҳвораи Сино» бо Мукофоти ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ қадр карда шуд.
Соли 1982 «Осори мунтахаб»-и М. Қаноат дар ду ҷилд да страси хонанда гардид, ки он шеърҳо ва тарҷумаҳои шоирро дар бар кардааст. Фаъолияти тарҷумонии адиб аз давраи авва ли эҷодиёти ӯ оғоз гардида, мунтазам давом меёбад. Хонандаи тоҷик як қатор асарҳои А. С. Пушкин, В. Шекспир, Ф. Шиллер, Ҳ. Ҳейне, А. Митскевич, Р. Такур, М. Ҷалил барин адибони ши нохтаи ҷаҳониро дар тарҷумаи М. Қаноат мутолиа кардааст. Тарҷумаҳои шоир ҳунармандона буда, дар онҳо хусусият ва та биати шеъру забони тоҷикӣ нигоҳ дошта шудааст. Чанд мисраъ аз «Гарди хок» ном шеъри шоири барҷастаи ҳинд Робиндронат Такур дар тарҷумаи М. Қаноат:
Ҳам рӯйи замину ҳам дили кӯҳ зебост,
Ҳам хоки сияҳ, ки дояи неъматҳост.
З-он пеш, ки оташам мирад, сард шавам,
Дар назди ғубори ин замин гард шавам...
Шодам, ки аз ин ҳаёти бигзаштаи ман
Як ҷавҳари асл ҷовидон мемонад.
Ман ҷинси абадият шавам, хок шавам,
Як гарди замини ҷовиди пок шавам.
Аксари шеърҳо ва достонҳои М. Қаноат ба забони русӣ тарҷума шуда, дар нашрияҳои Маскав ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, намунаи ашъори шоир ба як қатор забонҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, испанӣ, арабӣ тарҷума шудаанд. Қисмате аз ашъори шоир дар саҳифаҳои мат буоти ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон чоп гардидаанд. Соли 1994 нашриёти «Алҳудо»-и Ҷумҳурии исломии Эрон баргу зидаи ашъори М. Қаноатро пешкаши хонандаи форсизабон на муд.
Ҳамчунин, Муъмин Қаноат оид ба масъалаҳои гуногуни адабӣ мақолаву тақризҳо навишта, дар ҷамъомадҳои бонуфузи фарҳангӣ суханрониҳои пурмуҳтаво намудааст. Алҳол зиёда аз панҷоҳ мақолаи илмӣ ва публитсистии адиб ба табъ расидаанд.
Муъмин Қаноат шоири мутафаккир аст. Дар бораи ҳар як шеър ё достонаш муддати зиёде андеша карда, тамоми паҳлуҳои шаклӣ ва мазмунии онро дар майнааш мепазонад ва баъд онро дар шакли мукаммал ба рӯйи коғаз меорад. Аз ҷумла, достони «Сурӯши Сталинград» аз соли 1965 то соли 1970 дар тафаккури шоир кор хӯрда, дар муддати як-ду моҳ навишта шудааст.
Қисми зиёди шеърҳои лирикии шоир дар давраи аввали эҷодиёти ӯ таълиф гардидаанд. Ҷолиб аст, ки панҷоҳ дарсади шеърҳои лирикии шоир то синни сисолагии ӯ навишта шудаанд.
Фаъолияти достоннависии адиб аз соли 1964 оғоз гардида, торафт инкишоф меёбад. Охирин достони шоир – «Масъуднома» соли 2006 таълиф ёфтааст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Оид ба айёми тифлӣ ва мактабхонии М. Қаноат маълумот диҳед.
2. Дар бораи фаъолияти кории шоир чӣ медонед?
3. Адиб ба кадом мамлакатҳои дунё сафар кардааст?
4. М. Қаноат ба шеърнависӣ кай майл намудааст ва аввалин шеърҳояш чӣ гуна ба табъ расидаанд?
5. Маҷмуаҳои шоирро номбар кунед.
6. Дар бораи фаъолияти тарҷумонии М. Қаноат маълумот диҳед.
7. Муносибати шоир ба кори эҷодӣ чӣ гуна аст?
8. Адиб ба кадом ҷоизаҳои давлатӣ мушарраф гардидааст?