«Сурӯши Сталинград» солҳои 1965 – 1970 эҷод гардида, бори аввал соли 1972 ба табъ расидааст. Ин асар ба шадидтарин муҳорибаи Ҷанги бузурги ватанӣ – муҳорибаи Сталинград1 бах шида шуда, аз оғоз, ҳашт сурӯш2 ва хотима («Сурӯши модарон ва фарзандон») иборат мебошад. Шоир достонро бо эпиграф – сухани ходими ҷамъиятии Испания Долорес Ибаррури (1895 – 1989), ки «барои ман агар дар бораи шаҳре сухан гуфтан муҳол бошад, он шаҳри Сталинград аст» гуфта буд, шуруъ менамояд. Ҳамчунин, дар охири ҳар боб (ғайр аз боби ҳаштум ва хотима) аз дафтари хо тираи як сарбози немис порчаҳо оварда мешавад.
Дар оғози асар М. Қаноат суханро васфу ситоиш менамояд. Шоир аз каломи бадеъ тамкину устуворӣ, қудрати ҷонофарин ва дили сарбоз доштанро таманно мекунад, то ки «дар равони мурда ҷон оварда» дуои модаронро гирад:
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд,
Дили сарбозу мисли ту камин бояд,
Замини ман,
Ки дастони туро хонад...
Сухан бояд раҳи тақдирро гирад,
Дуои модарони пирро гирад,
Ки бо ҳикмат дами шамшерро гирад,
Ба нимовоз эъҷози туро гӯяд.
1. Муҳорибаи Сталинград аз 17.07.1942 то 2.02.1943 давом кард.
2. Сурӯш – фаришта, малоика; пайғом аз ғайб маҷ. бахши достон.
Муъмин Қаноат сурӯши якумро «Замин» ном ниҳодааст. За мин ҷойи таваллуд, макони зиндагӣ ва шарики шодию ғами инсон мебошад. Шоир аз санъати ташхис истифода карда, Заминро ба сухан даровардааст. Замин худро гаҳвораи фарзанди одам мено мад ва таъкид мекунад, ки ин ҳама ғамхориву меҳрубониҳои мо даронаи ӯ барои хушбахтӣ ва зиндагии осудаи инсон аст. Бадбах тона, аз Ғарб фарзандони нолоиқе пайдо шудаанд, ки ба қадри меҳрубониҳои модар нарасиданд. Сухани Замин дар охир оҳанги имдодталабона мегирад:
Ба ҳам часпид лабҳоям,
Диҳедам косаи обе...
Диҳедам косаи обе,
Ки бе хуни ҷигар бошад!..
Мадад, эй зодагони ман!
Ҳазар, эй қавмҳои ҷонситони ман...
Маро озод бинмоед,
Ман сайёраам1,
Дар банд мемирам.
Тамсил дар боби дуюм бо номи «Дарё» идома ёфтааст. Дарё низ фарзанди Замин аст ва фарёди имдодталабонаи модар – Замин ӯро ба ҳимоя бармехезонад. Дар ин боб матлаби шоир, ки мубо ризаву ҷонфидоӣ барои хоку оби Ватан мебошад, возеҳтар ифода меёбанд. Дарё чун як ҷузъи Замин ба он пайванди ногусастанӣ до рад. Ин аст, ки аз фоҷиаи Замин ба қаҳр омада бар зидди поймол кунандагони Замин ба мубориза бармехезад ва чун Гурдофарид ҷавшани пӯлод ба бар мекунад. Дарё худро хоҳар ва ҷанговарони Ватанро бародар медонад ва бо тамоми ҳастӣ ба ин пайвандони ҳамхун мадад мерасонад. Ӯ дар зимистон яхбанд шудааст, то ки бори вазнини танку тӯпҳоро ба дӯш гирифта, хомӯшона ба соҳил гузаронад, ҷанговарони тирхӯрдаро дар оғӯш гирифта, монанди садаф дар синаи софаш ҷой диҳад ва ғайра.
Дар боби сеюм – «Маллоҳи2 баҳри Сиёҳ» тасвир аз кул(л) ба ҷузъ мегузарад. Шоир дар образи маллоҳи баҳри Сиёҳ мардонагӣ ва шуҷоати ҷанговарони шуравиро барҷаста тасвир намудааст. Миша аз дарё гузаштан замон фармони «Ба сӯйи танкҳо оташ!»ро мегирад ва аз саҳар то шом ба ҳамлаҳои пайдарпайи танкҳои душман истодагарӣ мекунад. Дар дасташ танҳо як шишаи тар канда монда буд. Ногоҳ рӯ ба рӯяш танкеро дар ҳаракат мебинад ва бо ҳамин шишаи тарканда ба муқобили танк мебарояд:
1. Сайёра – ҳаракаткунанда.
2. Маллоҳ – киштирон, оббоз, шиновар.
Вале таркид шиша дар сари дасташ,
Зи китфаш шуълае бархост монанди қаду басташ.
Шарар ҷони ҷавонаш сӯхт,
Нидои охиринро дар лабонаш сӯхт.
Саропо оташи зинда
Ба сӯйи танк метозад,
Ба ин дастур Данкоро1 замоне зинда месозад...
Шоир шуълаи оташи ҷисми Мишаро ба шуълаи оташи дили Данко монанд карда, бо ҳамин қувваи беҳамтои ин шуълаи душ манкушро таъкид менамояд. Дар ин лаҳзаи тасвир воқеа ба ба ландтарин нуқтаи шиддат мерасад ва хонанда қадру қимати Ва тану меҳру садоқати ватандорро бармало эҳсос мекунад.
Боби «Матвей Путилов» давом ва инкишофи боби «Маллоҳи баҳри Сиёҳ» мебошад. Матвей Путилови алоқачӣ фармон меги рад, ки симҳои кандаро дарёфта, алоқаро барқарор намояд. Ӯ, ки як дасташ маҷруҳ буд, бо машаққат роҳи душвореро тай намуда, торҳои кандаро меёбад ва ҳангоми барқарор кардани алоқа дасти солимаш низ тир мехӯрад. Алоқачӣ бо азоб нӯгҳои симро ба дандон гирифта, лаҳзае алоқаро барқарор мекунад. Вале ҷисми тирхӯрдаи ҷавон тадриҷан фано мешавад. Андешаи вопасини Матвей, ки муассиру ҷонсӯз ба қалам омадааст, ормони кулли шаҳидони Ҷанги ватанӣ мебошад:
«Видоъ, ёрон!
Ба ҷойи ман
Шумо хандед,
Дил бандед,
Гул бӯйед,
Дил ҷӯйед,
Бибӯсед,
Об нӯшед аз лаби чашма,
Ки ман лабташнаам,
Ташна...»
1. Данко – қаҳрамони ҳикояи М. Горкий – “Кампир Изергил”.
Аз боби панҷум самти ҳаракати воқеаҳо тағйир меёбад. М. Қаноат минбаъд ҳимояи модари ҷисмониро ба миён мегу зорад ва ин масъаларо дар симои Робиа (аз «Сурӯши панҷум»), Аҳмад Турдиев (аз «Сурӯши шашум») ва момои Асал (аз «Сурӯши ҳафтум») мавриди тадқиқи бадеӣ қарор медиҳад.
Робиа, духтари соҳибҷамоли ҳисорӣ, дар рӯзҳои Наврӯз ба Аҳмад ном писар хонадор мешавад. Вале ҷанги хонумонсӯз им кон намедиҳад, ки ин ду дилдода аз дидори якдигар сер шаванд. Робиа ҳамроҳи хушдоманаш момои Асал баъди чанд рӯзи тӯй Аҳмадро ба ҷанг гусел мекунанд. Шоир ҳолати руҳӣ ва туғёни қалбии Робиаро дар охирин лаҳзаҳои васл тасвир намуда, дорои хислати наҷиб ва тимсоли ишқу муҳаббати инсонӣ будани ӯро таъкид намудааст. Муроҷиати ӯ ба олиҳаи ҳусн – Зуҳраи осмон басо рамзӣ ва дилнишин мебошад:
Ту, эй Зуҳра,1 кунун дар торҳои тираи мӯям
Бизан чанге, ки ман сози сухангӯям.
Барор оҳанги софи осмонӣ аз мани хокӣ,
Ки бахшам зумраи нопокро як зарраи покӣ!
Манам конунаи олам,
Манам сарманшаи одам!
Дар боби шашум таваҷҷуҳи хонанда боз ба муҳорибаи Сталин град ҷалб мешавад. Ҷанговари тоҷик Аҳмад Турдиев ҳамроҳи ёро наш «Хонаи Павлов»2-ро муҳофизат менамуданд. Дар он хона тифле ба дунё меояд ва ҷанговарон ба хотири ин навзод талош меварзанд, ки хона дигар ба дасти душман наафтад. Тифл, дар тасвири шоир, рамзи зиндагӣ мебошад ва дар хонаи валангор таваллуд шудани он гувоҳ бар он аст, ки ҳаёт дар ҳама шароит идома меёбад.
Шароити душвори Ҷанги ватанӣ таъсири манфии худро ба тамоми сарзамин, аз ҷумла ба зодгоҳи Аҳмад Турдиев – деҳаи Си наи ноҳияи Ҳисор низ расонда буд. Момои Асал ва Робиа бесаро бон монда буданд. Чунин вазъият махсусан барои Робиа, ки дар батнаш тифл мепарварид, тоқатфарсо буд. Шоир барои нишон додани сахтиҳои айёми ҷанг тазоди аҷиберо дар ҳаёти инсон ни шон додааст: Аҳмад Турдиев дар «Хонаи Павлов»-и Сталинград тифли навзодеро «бо дастуру бо дастони мардона» ҳифз менамо яд, аммо дар зодгоҳ ҳамсараш тифли мурда ба дунё меорад. Тас вири ғами модар басо ҷигарсӯз аст:
1. Зуҳра – сайёраи Ноҳид, ки онро шоирон «мутриби фалак» меноманд.
2. Хонаи Павлов – бино дар Волгоград, ки он ҷо шадидтарин муҳориба сурат гирифтааст.
Кунун гаҳвораи бетифл чун тобут меҷунбид,
Ба маҳди кӯчаке дарди гарон бо зӯр меғунҷид.
Сурӯши охирин – «Василий Иванович Чуйков»1 хусусияти ҷамъбастӣ дорад. Қаҳрамони лирикӣ ҷанги 200-рӯзаи Сталинград ва бо фатҳи ҷанговарони ватанӣ анҷом ёфтани ин муҳорибаро пеши назар меорад ва дар ин муддати тулонӣ бори аввал хандаи модарро мебинад:
Ту хандидӣ,
Агарчанде ки дар бар доштӣ пироҳани мотам,
Чу модар дидамат имрӯз аз фарзандҳо розӣ.
Хандаи модар рамзи идомаи ҳаёт ва бахти фарзандон аст ва ин ханда ҷангро маҳкум ва сулҳро ситоиш мекунад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. «Сурӯши Сталинград» бо кадом эпиграф оғоз меёбад?
2. Достон кадом бобҳоро фаро мегирад?
3. Чаро бобҳои якум ва дуюм – «Замин» ва «Дарё»-ро бобҳои тамсилӣ номидем?
4. Дар бораи корномаи маллоҳи баҳри Сиёҳ сухан гӯед?
5. Боби «Матвей Путилов» чӣ хел ҷамъбаст гардидааст?
6. Чаро боби охир «Василий Иванович Чуйков» ном дорад?
САВОЛИ ТЕСТӢ
1. Шеъри «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» ба кадом жанри бадеӣ тааллуқ дорад?
А) Қасида;
Б) Қитъа;
В) Ғазал;
Г) Рубоӣ;
Ғ) Мустазод.
1. В. Чуйков (1900 – 1982) маршали Иттиҳоди Шуравӣ, сарфармондеҳи армияи
62-юм.