Адабиёти даврони истиқлол

Аз миёнаҳои солҳои 80-уми асри ХХ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Иттиҳоди Шуравӣ тағйироти куллӣ ба амал омад. Ҳизби коммунист дар ҷомеаи шуравӣ адолати иҷтимоӣ ва демократия барқарор карданӣ шуда, масъалаи бозсозӣ ва ошкор баёниро ба миён гузошт. Ин тағйирот боис гардид, ки соли 1991 Иттиҳоди Шуравӣ аз ҳам пош хӯрда, ҳамаи 15 ҷумҳурии иттифоқӣ ба сари худ мустақил гарданд. Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 истиқлол ба даст дароварда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт ва дар олам ҳамчун кишвари тозаистиқлол муаррифӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки моҳи майи соли 1992 оғоз ёфт, ба сари мардуми Тоҷикистон хонавайрониҳо ва сарсониҳои гӯшношунид овард.

Хушбахтона, Сессияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати XII, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) давом кард, ҷомеаи тоҷиконро аз буҳрони шадиди сиёсӣ раҳоӣ бахшид. Вазъияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ба эътидол омадан гирифт.

Моҳи ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи оштии миллии тоҷикон ба имзо расид. Комиссияи Оштии Миллӣ (1997) барои барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом дод. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои мамлакатҳои даргири дунё намунаи ибрат шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Прези денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз таърихи 20 марти соли 2001 таъкид намуда буданд: «Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори1 сулҳ ва ризоияти миллӣ, амалӣ гаштани шартҳои он, ки маҳз ба шарофати хиради воло ва фарҳанги асили халқамон ба мо муяссар шуд, ба тариқи демократӣ, бо иштироки фаъолонаи ҳизбҳои сиёсӣ ва кулли мардуми кишвар баргузор шудани инти хоботи Президент ва парламенти касбии депутатӣ дар роҳи эҷоди ҷомеаи демократӣ иқдоми2 ниҳоят ҷиддӣ гардидаанд».

1. Истиқрор – барқарорӣ, пойдорӣ, устуворӣ.

2. Иқдом – ҷамъи иқдом, қадам мондан, шуруъ намудан ба коре.

9-уми сентябри соли 2021, 16-уми ноябри соли 2017 ва 6-уми ноябри соли 2014 дар сатҳи баланди сиёсӣ ва иҷтимоӣ таҷлил намудани ҷашнҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Сессияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати XII ва 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳ бар он аст, ки пос доштан, ҳифз намудан ва аф зун гардонидани дастовардҳои истиқлоли миллӣ барои қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон тақозои виҷдон, қарзи шаҳрвандӣ ва амри воқеӣ гардидааст.

Истиқлоли сиёсӣ имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакатҳои дунё муносибатҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ барқарор намояд. Аз ҷумла, роҳи оҳани васеъбари Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) – Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хум – Қароқурум – Қулма, нақбҳо ва пулҳои азим минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам пайваст намуда, алоқаи мамлакати моро ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ барқарор мекунанд. Соли 2018 аввалин ва соли 1919 дувумин агрегати неругоҳи обии Роғун ба кор даромаданд. Он рӯз дур нест, ки ин неругоҳ бо та моми иқтидор барқ истеҳсол намуда, дар баланд бардоштани иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми азим мегузорад.

Дар тамоми давраҳои таърихӣ ҳастии миллати тоҷикро, пеш аз ҳама, фарҳанг муайян мекунад ва як рукни муҳимми фарҳанги миллии мо забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз дар замони бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ дар Тоҷикистон Қонуни забон (1989) қабул гардид, ки мувофиқи он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Ҳамчунин, аз соли 2009 сар карда, ҳар сол 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил мегардад. Ин чорабиниҳо ва як қатор чорабиниҳои дигари сатҳи давлатӣ боис гардиданд, ки за бони тоҷикӣ аз нав дар иҷрои вазифаи таърихии худ имконият пайдо намояд. Аз ҷумла, дар замони истиқлол луғатҳои зиёди тафсирӣ, соҳавӣ, коргузорӣ ва дузабонаву бисёрзабона ба вуҷуд омаданд, ки дар тозагӣ ва мавқеи ҷамъиятии забони тоҷикӣ хеле арзиш доранд. Бо амри Президенти кишвар як қатор нашрия ва муассисаҳо ба дарёфти мақоми миллӣ сарфароз гардиданд (Ки тобхонаи миллии Тоҷикистон, Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ», Донишгоҳи миллии Тоҷикистон).

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» қабул гардид, ки он бузургдошти шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ, обод кардани мақбараву оромгоҳҳои онҳоро пешбинӣ намуд.

Дар мамлакат 680 ва 700-солагии олим ва маърифатпарвари бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995, 2015), 675 ва 700-сола гии шоир ва мутафаккири барҷаста Камоли Хуҷандӣ (1996; 2020), 90-солагӣ ва 115-солагии шарқшиноси номӣ, ходими барҷастаи ҳизбӣ ва давлатӣ Бобоҷон Ғафуров (1998 – 2023), 1100-солагии дав латдории хонадони Сомониён (1999), 960-солагии олим ва шоири маъруф Умари Хайём (2001), 90-солагӣ ва 100-солагии шоир ва му нодии сулҳу дӯстии халқҳо Мирзо Турсунзода (2001, 2011), 2500-со лагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006) ва 20, 25 ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 800-солагии шоир ва орифи бузург Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 1310-солагии бузургдошти Имоми Аъ зам (2009), 600-солагии шоир ва мутафаккири бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ (2014), 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 400-солагии Сайидои Насафӣ (2018), 140-солагии устод Садриддин Айнӣ (2018)... ботанта на ҷашн гирифта шуданд. 23-юми феврали соли 2010 бо қарори Ас самблеяи Генералии СММ ба Соли нави миллии тоҷикон – Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд. Солҳои охир ҷашнҳои бостонии халқҳои тоҷику форс Меҳргон, Тиргон ва Сада низ дар мамлакат эҳё гардиданд. Таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар сатҳи ҷумҳурӣ озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегарданд.

Воситаҳои ахбори умумро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба танзим медаро рад. Мувофиқи ин Қонун то соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 323 рӯзномаву маҷалла, аз ҷумла 85 рӯзномаву маҷаллаи мустақил, 107 матбаа, аз ҷумла 90 матбааи мустақил, фаъолият доранд. Ин миқдор аз воситаҳои ахбори оммаи даврони шуравӣ ба дараҷот зиёд мебошад. Рӯзнома, радио, телевизион, агентии иттилоотӣ ва интернет ҳар соату ҳар дақиқа ба шаҳрвандон навигариҳои рӯзро ба чандин забон пешкаш менамоянд. Ин ҳолат ба дӯши кормандони воситаҳои ахбори омма масъулияти зиёд мегузорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1362 китобхона, 66 осорхона ва 2300 муассисаи фарҳангию фароғатӣ мавҷуданд.

Театрҳои касбию халқӣ ва муассисаи кинои тоҷик низ фаъоли яти назаррас доранд. Дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ ва дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ театрҳои халқӣ мавҷуданд. Ҳунарпешагони маъ руф чун Ҳошим Гадоев, Ато Муҳаммадҷонов, Тоҳир Собиров, Ҳабибулло Абдурраззоқов, Марям Исоева, Тӯрахон Аҳмадхонов, Тағоймурод Розиқов, Нурулло Абдуллоев, Убайдулло Раҷабов, Ибо дулло Машрабов, Мирзоватан Миров, Толибҷон Бобоев, Дилбар Умарова, Фаррух Қосимов, Шералӣ Абдулқайсов, Давлат Убайдул ло, Шодӣ Солеҳов, Исо Абдуррашидов, Барзу Абдурраззоқов, То либ Бобоев, Аловиддин Абдуллоев, Хуршед Мустафоев, Моҳпайкар Ёрова, Зулфия Содиқова ва дигарон дар офаридани нақшҳои хотир мон ва чеҳраҳои барҷастаи таърихӣ саҳми муносиб гузоштанд ва ме гузоранд. Театрҳои касбии тоҷик дар озмунҳои мамлакатхои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон ва давлати Олмон ширкат варзи данд. Солдармиён дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронидани озмунҳои «Па расту» ва «Андалеб» дар рушду нумуи санъатҳои театрӣ ва тасвирӣ мусоидат мекунад.

Дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон боис шуд, ки дар ҷумҳурӣ ҳам мусиқии классикӣ («Шашмақом»), ҳам мусиқии халқӣ («Фа лак») ва ҳам мусиқии эстрадӣ такмил ёфта, берун аз мамлакат боз ҳам маъруф гарданд.

Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми декабри соли 2023 бармеояд, соли 2023-юм 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Соли 2014 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва мусоидати СММ дар мамлакат 100-солагии бастакори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ботан тана ҷашн гирифта шуд.Танҳо дар чанд соли охир ба Ҷоизаи дав латии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардидани овозхонҳои шинохта За фар Нозим, Саидқул Билол, Давлатманд Хол, Файзалӣ Ҳасан ва Гулчеҳра Содиқ гувоҳ ба он аст, ки анъанаи неки овозхонии усто дон Акашариф Ҷӯраев, Ғуломалӣ Ғуломҳайдаров, Одина Ҳошимов ва Ҷӯрабек Муродов дар инкишоф ва такомул аст.

Воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоие, ки дар айёми бозсозиву ошкорбаёнӣ ва солҳои аввали Истиқлоли Тоҷикистон ба амал омаданд, ба ҳаёти адабии давр бетаъсир намонданд. Мах сусан, ҷанги шаҳрвандӣ барои адибони наслҳои гуногун ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт буд.

Бо вуҷуди ин, дар ҳамон айёми душвор маҷмуаи ашъори шо ирони шинохта М. Қаноат, Л. Шералӣ, Б. Собир, Гулрухсор рӯйи чопро диданд. Дар солҳои аввали истиқлол маҷмуаҳои ашъори А. Ҳаким, Ҷ. Каримзода, Ҳақназар Ғойиб, К. Насрулло, Шаҳрияву Меҳринисо, Салими Хатлонӣ низ чоп гардиданд. Ҳамчунин, даф тари ашъори шоирони хушсалиқа Фарзона ва Муҳаммадалии Аҷамӣ дар Теҳрон ба табъ расидаанд.

Баъдҳо дар бахшҳои назм, наср ва драматургия асарҳои бисё ри адибони тоҷик чоп шудаанд, ки намоишномаи «Фирдавсӣ»-и М. Бахтӣ (1999), «Достони писари Худо»-и Сорбон (2000, ҷилди дувум, 2005),«Ҳайҷо»-и Ӯ. Кӯҳзод (2007), «Мунтахаби осор»-и С. Айюбӣ (2000), «Панҷи ноором»-и М. Миршакар (2002), «Ойинаи беғубори ман»-и М. Қаноат (2002), «Талош»-и А. Самад (2002), «Зулфи парешон»-и Зулфия (2002), «Фиреби меҳр»-и А. Раҳим (2003), «Сармаддеҳ»-и Баҳманёр (2002), Девони Гулрухсор (2004), «Мун тахаби ашъор»-и Салими Хатлонӣ (2005), «Ҷазираи танҳоӣ»-и Сурӯш (2009), «Аз «ассалом» то «вассалом»-и Н. Қосим (2014), дуҷилдаи «Ҳама гул, ҳама тарона»-и Фарзона (2014), Куллиёти С. Ҳакимзода, (2009), «Нурполо»-и Назри Яздонӣ (2009), Девони А. Сафар (2018), «Шафақи шом»-и А. Муродӣ (2020) намунаи онҳост.

Аз соли 2002 ин тараф ҳар сол даҳҳо асари адибон бо дастги рии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президен ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ мерасанд. Ҳамчунин, нашриёти «Адиб» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Ахта рони адаб» 50-ҷилдаи Осори классикон ва муосирони адабиёти тоҷикро ба нақша гирифта буд, ки ин нақша то соли 2021 идома ёфта, пурра ба анҷом расид. Ҳамчунин, Сарредаксияи илмии ЭМТ ҳоло 11 ҷилди «Энсиклопедияи миллии тоҷик»-ро ба табъ расонда аст. Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давла тии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва доираи васеи хонандагон армуғоне бо номи «30 баҳори Истиқлол» пешниҳод кард, ки он сӣ маҷмуаро аз асарҳои адибони муосири тоҷик дар бар мегирад. Бо ташаббуси Президенти мамла кат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 ба муносибати 30-со лагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди 1 600 000 нусха чоп шуда, ба ҳар як хонадони сокинони ҷумҳурӣ туҳфа гардид ва соли 2023 ба муноси бати ҷашни 115-солагии муаллиф озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» баргузор шуд. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба та моми хонадони сокинони кишвар дастрас карда шавад.

Дар айёми истиқлол адибони зиёде соҳиби унвону ҷоизаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ гардиданд. Соли 1997 – Садрид дин Айнӣ ва соли 2001 Мирзо Турсунзода ба унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон қадр шуданд. Дар ин давра М. Қаноат, Лоиқ, Қутбӣ Ки ром, Ашӯр Сафар, А. Қаҳҳорӣ, Ғ. Мирзо, Убайд Раҷаб, А. Шукӯҳӣ, Гулназар, Ҳақназар Ғойиб, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, С. Айюбӣ, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғойиб, Саидалӣ Маъмур, Ширин Бунёд, Мирзо Файзалӣ, Меҳмон Бахтӣ, Ҳадиса Қурбонова, Фарзона, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Низом Қосим, Доро Наҷот, Оза рахш, Озар, Алимуҳаммад Муродӣ, Рустами Ваҳҳоб, Зулфия Атоӣ, Муҳтарам Ҳотам, Ҷӯра Ҳошимӣ, Хайриддин Қурбонов (Хайран деш), Давлат Сафарзода, Ҷумъа Қувват ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон, А. Баҳорӣ, С. Турсун, А. Самад, Кароматуллоҳи Мир зо, Ӯ. Кӯҳзод, Юсуф Акобиров, Шодон Ҳаниф, Муҳиддин Хоҷазод, Сорбон, Ҷонибек Акобиров, Б. Абдурраҳмон, Шералӣ Мусо, Маъруф Бобоҷон, Бахтиёр Муртазо, Ато Ҳамдам, Гурез Сафар, Мирзо Шукур зода ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Аскар Ҳаким, Кароматуллоҳи Мирзо, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Гулназар, С. Маъмур, Ӯ. Кӯҳзод, Меҳмон Бахтӣ, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Сайф Раҳимзод, С. Айюбӣ, Гулрухсор, Саттор Турсун, Низом Қосим, Фарзона, М. Ғойиб, Б. Абдурраҳмон, Соҳиб Табаров, Доро Наҷот, Аҳмадҷон Раҳматзод, Ҷӯра Ҳошимӣ, Атахон Сайфуллоев, Мирзо Файзалӣ, Одил Икром, Ато Мирхоҷа, Азизи Азиз, Юнус Юсуфӣ, Абдурраҳмон Абдуманнон, Рустам Ваҳҳобзода, Равшани Махсумзод ба Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ сарфароз гаштанд.

Соли 1989 дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфтанд. То ин дам зумрае аз ади бону мунаққидон ба дарёфти ин ҷоизаҳо лоиқ дониста шуданд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки соли 2024 90-сола шуд, алҳол зиёда аз 400 узв дорад. Нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ», маҷаллаи «Памир», «Литературный Таджикистан» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» барои такомули адабиёт ва фарҳанги тоҷик хидмати бо сазо доранд.

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшҳои гуно гуни эҷодӣ фаъолият доранд. Дар замони истиқлол фаъолияти бахшҳои адабиёти бачагона (У. Раҷаб, Г. Сулаймонӣ, А. Баҳорӣ, А. Шарифӣ, Н. Бақозода, А. Бобоҷон, Ҷ. Ҳошимӣ, Л. Кенҷаева, Г. Муҳаммадиева, Ғ. Сафар ва дигарон), тарҷумаи бадеӣ (С. Салоҳ, И. Қосимзода, С. Хоҷаев, Ҷ. Азизқулов, А. Насимов, Ю. Юсуфӣ, М. Сурӯш, Ҷ. Мурувватиён ва дигарон) ва нақди адаби ву адабиётшиносӣ (С. Табаров, М. Шакурӣ, Х. Отахонова, А. Сайфуллоев, Х. Шарифов, Ҳ. Шодиқулов, А. Сатторзода, Р. Му салмониён, А. Абдуманнонов, А. Саъдуллоев,Ҷ. Бақозода, В. Са мад, Ю. Акбарзода, А. Худойдодов, А. Абдусаттор, А. Насрид динов, А. Набавӣ, М.Муллоаҳмадов, У. Тоиров, Ш. Раҳмонов, А. Маҳмадаминов, А. Раҳмонзода, Н. Салимӣ, М. Хоҷаева, М. Имомзода, Р. Раҳмонӣ, А. Давронов, Н. Файзуллоев, Ш. Исро филниё, И. Икромов, У. Сафар, Ш. Солеҳ, М. Солеҳ, Ш. Суфизода, М. Нарзиқул, М. Зайниддинзода, М. Шукурзода, Ҷ. Саидзода, О. Саидҷаъфаров, С. Аъзамзод ва дигарон) назаррас мебошад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Оид ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии даврони Истиқлоли Тоҷикистон маъ лумот диҳед.

2. Дастовардҳои иқтисодии мамлакатро бо мисолҳо фаҳмонед.

3. Қонуни забон кай қабул шуд ва чӣ аҳаммият дорад?

4. Дар даврони истиқлол кадом ҷашнҳо дар сатҳи баланд гузаронида шуд?

5. Оид ба воситаҳои ахбори омма маълумот диҳед.

6. Нашрияҳои Иттифоқи нависандагонро номбар кунед.