Драматургия дар солҳои истиқлол

Дар солҳои баъди Ҷанги бузурги ватанӣ драматургияи тоҷик аз ҷиҳати мундариҷа ва тасвири бадеӣ такмил ёфт. Дар ин солҳо насли нави драматургони тоҷик чун Файзулло Ансорӣ, Аъзам Сидқӣ, Абдулмалик Баҳорӣ, Абдусалом Атобоев, Султон Сафаров ва баъдтар Меҳмон Бахтӣ, Тӯрахон Аҳмадхонов, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Ато Ҳамдам, Нур Табаров, Б. Абдурраҳмон, Ҷумъа Қуддус, Нурулло Абдуллоев, Шодӣ Солеҳ, Саидқул Сабзаев, Абдуғаффор Абдуҷаббор, Ғ. Ашӯров, Тоҳири Муҳаммадризо, Умар Садрӣ ва дигарон ба камол расиданд. Ин насл ҳамроҳи нас ли калонсоли драматургон фаъолият намуда, ҳаёти муосирон ва таърихи гузаштаи халқи худро боҷуръат мавриди тасвир қарор доданд. Драмаи тоҷик аз ҷиҳати навъу жанр боз ҳам васеътар гар дид. Аз ҷумла, дар соҳаҳои драмаи мусиқӣ (чун «Имтиҳон», «Мо дар нигарон буд»-и Ф. Ансорӣ, «Суруди нотамом»-и А. Атобоев, «Ишқи мансабдор»-и А. Баҳорӣ, «Гирдоб»-и С. Сафаров), драмаи манзум (чун «Ҳукми модар»-и Ф. Ансорӣ, як силсила пиесаҳои С. Айюбӣ), мазҳака ва интермедия1 (чун драмаи Ғ. Абдулло «Тӯй», «Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода, «Очаи Бика ва очаи Зика»-и Ҷ. Қуддус, «Дод аз дасти Афандӣ»-и Ғ. Ашӯров), монодрама (чун «Гуфтугӯ бо худ», «Ватан ва фарзандон», «Ишқи зиндагӣ»-и М. Воҳидов), намоишномаҳои бачагона (чун «Ҷавонии Ибни Сино»-и С. Улуғзода ва В. Виткович, «Меҳмони серӯза»- и А. Баҳорӣ, «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ»-и М. Бахтӣ) бисёр асарҳои ҷолиб ба вуҷуд омаданд.

Файзулло Ансорӣ солҳои 50-ум чун драманавис ном баро вард ва чанд пиесаи ӯ дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ рӯйи саҳнаро дид. Дар нахустин драмаи Ф. Ансорӣ «Имтиҳон» мусиқӣ ва суруд мавқеи муайян дорад ва образҳои асо сии он Адолат, Шариф Исматӣ, Аҳмадзода, Зулфия, Рауф ба шеъ ру мусиқӣ рағбати беандоза доранд. Ин асар ба ҳаёти ҷавонони донишҷӯ бахшида шуда, зимнан масъалаи мактабу маорифро низ фаро гирифтааст. Воқеа дар донишгоҳи омӯзгорӣ мегузарад ва лаҳзаи супурдани имтиҳони давлатии донишҷӯёнро фаро меги рад.

Адолат ном духтари мудири кафедраи донишгоҳ донишҷӯйи аълохон мебошад ва ба имтиҳони давлатӣ тайёрии ҷиддӣ меби над. Бедорхобиҳои Адолат модарро ба ташвиш меоранд ва байни падару модар чунин гуфтугӯ мешавад:

Шарофат (андешаманд): «Адолати мо...» Вай ҳам ба худи Шумо рафтагӣ, шаб китобхонӣ, рӯз китобхонӣ... Касрати Шумо зада, бечора бачекам як дами осударо намебинад!... Боз имрӯзҳоку! Падараш соҳиби як дарвозаи институт бошаду яккаю ягона духтар аз ғами имтиҳона хобро надонад?!... Ба ӯ раҳматон наме ояд? Як даҳан намегӯед, ки «бисёр худата азоб надеҳ, ман ёрдам мекунам!»

1. Интермедия – намоиши иловагии хурди байни пардаҳои драма, ки бештар мазмуни ҳаҷвӣ дорад.

Аҳмадзода (бо ҳайрат): И-и. Ба ҷойи вай рафта имтиҳон диҳам-мӣ?

Шарофат: Рафта имтиҳон доданатон шарт не. Ҳамаи муаллимҳо ҷӯраҳоятон.

Аҳмадзода: Восита шавам? (қадам зада) Не! Ин кор намеша вад.

Шарофат: Аз Шумо чӣ меравад?

Аҳмадзода (гоҳ қадам зада, гоҳ истода): Не, не! Дар ин бора дигар гап накушоед! Ман боварӣ дорам, ки худи Адолат ҳам инро намехохад... Ба ҳар кор, агар лозим ояд, восита шудан мум кин, аммо дар масъалаи имтиҳон гуноҳи азим аст... Мо пеш аз ҳама бояд ғами бачаҳои бегуноҳро хӯрем. Ба онҳо омӯзгорони ҳаматарафа доно зарур аст.

Адолат духтари боақл, донишманд ва назарбаланд мебо шад ва дар байни ҳамкурсон эътибори калон дорад. Сухангӯйӣ ва сурудхониҳои ӯ хонандаро мафтун мекунад. Драматург Адо латро ба Лутфия, ки дар берӯйӣ ва беномусӣ ном баровардааст, муқобил мегузорад ва ба воситаи амалиёти образҳои мусбату манфӣ ба ҷавонон таъкид мекунад, ки дар зиндагӣ мулоҳизакор ва дурандеш бошанд.

Дар солҳои баъди Ҷанги бузурги ватанӣ драматургияи тоҷик бештар ба мавзуъҳои таърихӣ рӯ овард. Таърихи зиндагии халқи тоҷик ва кору пайкори1 фарзандони барӯманди он дар ҳифзи нангу номуси халқу Ватан дар намоишномаҳои С. Улуғзода («Рӯдакӣ», «Алломаи Адҳам»), Ғ. Абдулло («Рустам ва Суҳроб»2, «Фарёди ишқ»), Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ («Зебуннисо»), А. Атобоев («Суруди нотамом», «Қиёми Лоҳутӣ»), С. Сафаров, Қ. Киром, А. Қодирӣ («Туғрал»), Р. Ҷалил («Дили шоир»), Ҷ. Қуддус («Ғуруби Аҷам») ба таври мукаммалу боварибахш ифода ёфтаанд.

А. Атобоев дар фоҷиаи «Суруди нотамом» таваҷҷуҳи хо нандаи имрӯзро ба зиндагии шоири асри Х тоҷик Робиаи Балхӣ ҷалб менамояд. Робиа худ аз табақаи ҳукмрон аст ва ба Ораз ном ҳофизи дарбор ошиқ мешавад. Аз ин ҷуръати Робиа бародараш – Ҳорис дар ғазаб мешавад ва шоирро дар ҳаммоми тафсон андох та нобуд месозад. Лаҳзаи ҷонбозии Робиа дар ҳаммоми тафсони дарбаста муассир аст. Ӯ ангуштонашро бо дандон хуншор карда, шеърҳои охиринашро дар деворҳои ҳаммом сабт менамояд...

1. Пайкор – ҷанг, мубориза, муҳориба.

2. Дар солҳои баъдиҷангӣ нусхаи нави фоҷиаи «Рустам ва Суҳроб» пешниҳод мешавад.

Дар замони Истиқлоли Тоҷикистон вобаста ба талаботи иҷтимоӣ ва фарҳангии давр муроҷиати драматургони тоҷик ба таърихи гузаштаи халқи худ боз ҳам бештар гардид. Ғояи асосии намоишномаҳои таърихии «Баҳроми Чӯбина»-и Т. Аҳмадхонов, «Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоил»-и Меҳмон Бахтӣ, «Камоли Хуҷандӣ», «Дақиқӣ», «Меъроҷи Шоҳин»-и С. Айюбӣ, «Хатои Искандари Мақдунӣ»-и Б. Абдурраҳмон, «Дод чист? Бедод чист?» ва «Қиёми Айнӣ»-и Нур Табаров эҳёи тафаккури миллӣ ва худогоҳию худшиносӣ мебошад. Инкишофи хатти сужет, ама лиёт ва бархӯрди манфиатҳои образҳои асарҳои мазкур ба камо лоти маънавии хонанда ва тамошобин таъсир мерасонад.

Аксари қаламкашони адабиёти муосири тоҷик ба эҷоди асарҳои саҳнавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар эҷодиёти гурӯҳи муайяни адибон драма мавқеи асосӣ дорад. С. Улуғзода, Ғ. Абдулло, Ш. Қиём, Ф. Ансорӣ, М. Бахтӣ, С. Айюбӣ, А. Ҳамдам, А. Атобоев, С. Сафаров, Н. Табаров чун драматурго ни касбӣ эътироф шудаанд.

Аз солҳои 80-уми садаи ХХ С. Айюбӣ ба эҷоди драмаҳои манзуму мансур мепардозад ва чун драматурги боистеъдоду сермаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мавқеъ пай до кардааст. Дар «Осори мунтахаб» 27 асари драмавии адиб ҷой гирифтаанд. «Ҷилвагоҳи офтоб» (2000) низ аз намоишномаҳои С. Айюбӣ фароҳам омадааст. Асарҳои драмавии ӯ – «Фишор» (1984), «Заволи Чамбули Мастон» (1997), «Хатои охирини Афло тун» (1990) «Алии Сонӣ» (1994), «Айюби Собир дар шаҳри бесун нат» (1996), «Амир Балъамӣ» (1997) дар озмунҳои драматургони касбии Тоҷикистон ғолиб дониста шуда, сазовори ҷоизаҳои гу ногун гардидаанд.

Ҳамчунин, дар тарбияи ҳиссиёти худшиносӣ, ифтихори миллию ватанхоҳии хонанда ва тамошобини тоҷик драмаҳои манзуми «Дақиқӣ», «Торикӣ», «Фиғони чашмҳои пардашин», «Сакароти Қорун», «Ҳайкал», «Камоли Хуҷандӣ», «Харобот» саҳми муносиб гирифтаанд. Дар фоҷиаи «Дақиқӣ» масъалаи нашъамандӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Шоири ҷавон Дақиқӣ бо истеъдоди фавқулода ба ландаш дар дарбори шоҳӣ эътибор пайдо карда буд. Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ ғуломеро ба ӯ туҳфа намуд. Комёбиҳои пайдарпай Дақиқии камтаҷрибаро аз ҳадди эътидол баровард ва боис гардид, ки ӯ ба маишат дода шавад. Шоир ҳангоми мастӣ ҳамеша ғуломашро таҳқир ва ҷабр мекунад ва оқибат аз дасти ғуломаш кушта мешавад.

Ғулом – Саура:

Ҷазои ту ин аст, эй бадкуништ,1

Панаҳ бар ба мағмураи2 Зардиҳишт!

(Ғулом – Саура қамчинро аз дасти Дақиқӣ кашида гириф та, ӯро бо он буғӣ мекунад. Мусиқии фоҷиавӣ баланд мешавад. Дақиқӣ мемирад).

Ҳамин тариқ, драматургони тоҷик дар замони истиқлолият анъанаи намоишноманависиро давом дода, дар айни ҳол драмаи тоҷикро аз ҷиҳати мундариҷа ва ҳунари бадеӣ такмил додаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Баъди Ҷанги бузурги ватанӣ кадом пиесаҳо эҷод гардидаанд?

2. Оид ба драмаи «Имтиҳон»-и Ф. Ансорӣ чӣ медонед?

3. Чанд драмаи таърихиро номбар кунед.

4. Шумо аз вазъи нобасомони Робиа чӣ таъсир гирифтед?

5. Драманависони касбии тоҷикро номбар кунед.

6. С. Айюбӣ кай ба навиштани намоишномаҳо оғоз кардааст?

7. Драмаи таърихии «Дақиқӣ» кадом ғояро талқин мекунад?

1. Бадкуништ – бадкор, бадкирдор, бадамал.

2. Мағмура – зериобшуда, нобудгардида.