Темуриёни Ҳинд, ки ин сулола дар сарчашмаҳо бо номи Бобу риён низ ёд мешавад, аз ибтидои асри XVI то оғози асри XIX дар Ҳиндустон ҳукмронӣ кардаанд. Дақиқтараш, тули солҳои 1526-1858 сулолаи мазкур дар қаламрави Ҳинд ҳукумат кардааст. Асосгузори ҳукумати Темуриёни Ҳинд намояндаи ҳамин сулола – Заҳируддин Бобур мебошад. Онҳоро инчунин Муғулҳои бузург низ меноманд. Ин сулола дар охирҳои салтанати Аврангзеб пароканда гардида бо шад ҳам, амалан то истилои Англия (соли1857) вуҷуд дошт. Силси лаи мазкур аз Бобур (1526-1530) оғоз гардида, Ҳумоюн (1530-1539; 1555-1556), Акбар (1556-1605), Ҷаҳонгир (1605-1627), Шоҳиҷаҳон (1627-1658), Аврангзеб (1658-1707), Баҳодуршоҳ (1707-1712), Ҷаҳон гиршоҳ (1712-1713), Фаррухсияр (1713-1719), Муҳаммадшоҳ (17191748), Аҳмадшоҳ (1748-1754), Оламгири II (1754-1759), Шоҳолами II (1806-1837) идома намудааст ва охирин намояндаи сулолаи мазкур Баҳодуршоҳи II солҳои 1839-1858 ҳукмронӣ кардааст.