Ба навиштан натавон шеъри маро кард тамом,
Гарчи з-ошуфтадилӣ завқи сухан кам дорам.
Осори Шамсуддини Шоҳин ба таври нисбатан ҷомеъ танҳо пас аз 42 соли вафоти шоир гирдоварӣ шудааст. Дар мероси адабии лирикии Шоҳин ҷойи асосиро, пеш аз ҳама, ғазал ишғол менамояд. Пас аз ғазал қасида, рубоӣ, қитъа, мусаммати мухаммас, тарҷеот таркиби девони ӯро фароҳам овардаанд. Инчунин, осори достонӣ: «Лайлӣ ва Маҷнун», «Туҳфаи дӯстон» ва асари мансури «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и адиб то кунун дастрас шудааст.