Ҳунар кадом, ки бо ман нагашт рӯй ба рӯй,
Кадом илм, ки бо ман накард истиқбол?
Нависандаи забардаст, шоир ва мутафаккир Аҳмад Махдуми Дониш, ки бо лақаби «Калла» ҳам шуҳрат дорад, соли 1826 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари Аҳмад Мулло Мирносир ном дошта, аслан аз тумани Шофирком буда, баъдҳо барои таҳсил ба Бухоро омада, муқимӣ шудааст.
Падару модари Аҳмади Дониш аз аҳли фазл буданд. Аз ин рӯ, ӯ саводи ибтидоиро пеши модари бузургвораш баровардааст. Баъдтар Мулло Мирносир писарашро дар овони 12-солагӣ ба мактаби қоригӣ месупорад.
Соли 1842 Мулло Мирносир писарашро аз он мактаб гирифта, ба мадраса медиҳад. Аҳмади Дониш дар баробари таҳсили мадраса, инчунин нозукиҳои ҳунари хаттотию лавҳакории китобҳоро хеле хуб ёд мегирад. Ӯ барои таъмини зиндагӣ ва ёрӣ ба хонаводаашон девонҳои шоиронро бо хатти зебои худ хаттотӣ ва бо ҳунари волои хеш лавҳакорӣ менамуд. Аз ин рӯ, ӯ дар ин ҳунарҳо низ ба зудӣ дар Бухорои онрӯза шуҳрат пайдо мекунад.
Аҳмади Дониш ҳамаи илмҳои маъмулии замонааш, аз қабили забони арабӣ, мантиқ, нуҷум, ҳайат, табииёт, риёзиёт, фалсафаи калом, тиб, таърих, адабиёт ва шеършиносиро хеле хуб аз худ менамояд.
Баъдҳо яке аз олимони шарифи дарбор, ки сармуҳандиси дарбор будаву ба Дониш ҳаққи устодӣ доштааст, ба вай некӣ намуда, ӯро ба дарбор даъват мекунад. Аҳмади Дониш ба пешаи хаттотӣ ва асосан маслиҳатгари амир оид ба илми нуҷум дар дарбор ба фаъолият мепардозад. Пас аз вафоти устодаш Амир Насруллоҳ соли 1855 Аҳмади Донишро сарвари мактаби муҳандисону меъморони дарбор ба ҷойи устодаш таъйин мекунад. Ӯ боз ҳам ба амир наздиктар мешавад ва нуфузаш ниҳоят беш мегардад. Ин аст, ки дар ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмию мадании мамлакат амир аз Аҳмади Дониш маслиҳат мепурсад. Яъне, Аҳмад ҳамчун яке аз тавонотарин олимон пазируфта мешавад. Бинобар ҳамин ҳам Аҳмад тахаллуси худро «Дониш» интихоб кардааст. Хусусан, амир дар илми нуҷум ягонаи замон будани Аҳмади Донишро ҳис намуда, дар ин ҷода низ танҳо бо маслиҳати ӯ амал мекунад.
Соли 1857 сафорати амир азми Петербург карда буд. Ин сафорат бо сардории элчӣ Муллоҷони Мирохур бояд ба вуқуъ мепайваст. Ҳадафи сафорат таъзия бар вафоти подшоҳи рус – Николайи I ва табрики ба тахт нишастани Александри I буд. Сафари мазкури сафорат ба шаҳри Петербург се моҳ давом карда, ҳайати сафорат бояд дар ин муддат ба як қатор корхонаҳои саноатӣ, ёдгориҳои маданиву таърихӣ, китобхонаву осорхонаҳо ва марказҳову доираҳои илмию фаннии пойтахти Русия ошно мешуданд. Чунин ҳам шуд. Аҳмади Дониш ва дигар бузургони қаламрави Бухоро тахмин мекарданд, ки шояд шаҳре, ки дар зебоӣ ба шаҳрҳои Осиёи Миёна рақобат мекарда бошад, вуҷуд надорад.
Аҳмади Дониш акнун фаҳмид, ки гумони ӯ ва ҳамақидаҳояш ботил будааст. Сохтори давлатӣ ва усули мамлакатдорӣ, донишу ҷаҳонбинии амиру аморат ва ғайра то чӣ андоза пучу бемаънӣ ва ноуҳдабароёна буда, фарсахҳо аз пешравии давлатҳои ғарбӣ, бахусус, Русия қафо мондаанд. Аҳмади Дониш қарор дод, ки мушоҳидаҳояшро ба амир хоҳад гуфт ва амир хоҳишҳои Донишро амалӣ хоҳад намуд. Албатта, маълум нест, ки амир маслиҳату машваратҳои Донишро то кадом андоза пазируфта буд. Вале ин ҷиҳат маълум аст, ки амир Насруллоҳ соли 1860 вафот кард ва амир Музаффар ба тахт нишаст. Ин амир бештар ба хушомадгӯён таваҷҷуҳ дошта, ба олимон чандон эътибор намедод.
Соли 1866 қӯшунҳои рус ба Тошканд ҳуҷум мекунанд. Амир ба муқобили онҳо мехезад. Аҳмади Дониш ин амали амирро носавоб дониста бошад ҳам, амир ӯро гӯш намекунад. Дар натиҷа Бухоро аз Русия сахт шикаст хӯрда, ҳам товони ҷанг ва ҳам як қатор заминҳояшро аз даст медиҳад.
Соли 1869 амир Музаффар барои изҳори дӯстӣ ва мустаҳкам гардонидани иртиботи ду кишвар сафорати навбатӣ омода месозад. Аҳмади Донишро котиби сафорати мазкур таъйин мекунанд. Ӯ дар ин сафар Русия ва мамолики Аврупоро боз ҳам амиқтар меомӯзад. Бори дигар яқин сохт, ки амиру аморат хеле аз давлатдорӣ дуранд. Ӯ дар ин бора менависад: «Салотини Бухоро дар боби суфаро (элчиҳо) одамони камтаомул ва бедонишро ихтиёр кунанд, ба гумони он ки асрори давлати мо фош нагардад… Ва ҳол он ки ихтиёри ин маслак айни безебӣ ва беназмии давлат бошад».
Баъди бозгашт амир Музаффар ба Аҳмади Дониш рутбаи илмию ифтихории «Ӯроқ»-ро медиҳад, зеро Дониш обрӯйи Бухороро ҳимоя намуда, бисёр масъалаҳоро бар нафъи Бухоро ҳал карда буд. Аз ин рӯ, амир ӯро ба яке аз мансабҳои баланди давлатӣ таъйин карданӣ мешавад. Аҳмади Дониш ба зудӣ розӣ нашуда, то андозае корро ба таъхир меандозад, зеро каме пештар ин қасидаро дар васфи амир Музаффар суруда буд, ки ҷое дар он қасида овардааст:
Шунидаам зи ҳакиме, ки подшоҳонро
Ба чанд тоифа бояд кушод роҳи висол:
Нахуст олими доно ба илми дину усул
Фуруъро бишиносад ба ҷумлаи аҳвол.
Дигар табиби масеҳодаме, ки гоҳи касал
Барад зи тинати гул сардии насими шамол.
Дигар дабири ҳумоюнхате, ки гоҳи рақам
Ниҳад зи хушқадамӣ бар рухи Уторид хол.
Дигар суханвари шоир, адиби болиғфан,
Ки васфи шоҳ кунад дар ҷамеи ҳолу муҳол.
Дигар мусаввири Беҳзоддасту Моникилк,
Ки нақшаи фалаку арзро кашад тимсол.
Вуҷуди ҳар як аз ин қавм зеби мамлакат аст,
Ҳузури ҳар як аз ин фирқа мулкрост ҷамол…
Охирҳои соли 1873 ҳайати дигари сафорат ба Петербург фиристода мешавад, ки Дониш дар ин сафар се моҳ дар он ҷо мемонад ва марти соли 1874 ба Бухоро бармегардад. Александри II дар ин сафар ба Аҳмади Дониш таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Дар ин сафар Дониш андешаҳои худро ба таври ҷудгона дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» дохил намудааст. Ӯ баъдтар ин рисолаи худро ба таркиби «Наводир-ул-вақоеъ» ҷойгир кардааст. Таклифҳои Дониш ба амир писанд наафтод ва аз ин рӯ, амир ӯро аз Бухоро дур кард. Баъдтар амир Аҳмади Донишро ба Ғузор ва пас аз чанде ба Наҳрпай мефиристад.
Соли 1885 дар Бухоро тағйирот ба вуҷуд меояд. Дар ин сол амир Музаффар вафот мекунад ва ба тахт писари ӯ Амир Абдулаҳад соҳиб мешавад. Ин амир худро илмдӯст нишон дода, Аҳмади Донишро аз Наҳрпай ба Бухоро даъват мекунад.
Дониш ба Бухоро омада, танҳо ба фаъолияти илмӣ-эҷодӣ мепардозад. Ӯ тули солҳои дароз дар дарбор кӣ будани амирони манғитиро донист ва омӯхт, ки аз онҳо умеди некӣ нест. Се сафари Аҳмади Дониш ба Русия ӯро ба кишвари пешрафтаи аврупоӣ, усули мамлакатдорӣ, низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра шинос намуд. Пеш аз ҳама, ӯ фарҳанги миллӣ, илм ва таърихи миллиро хеле хуб медонист. Аз ин рӯ, дар назария қиёс намуд, ки ҳукуматдорони Бухороӣ аз ин падидаҳо умуман хабар надоранд ва онҳо танҳо бо роҳи зӯрӣ, қатл, зиндон мардумро дар чаҳорчӯби сиёсат нигоҳ медоранду ҳукумат мекунанд. Аҳмади Дониш тавассути Русия то андозае ба Аврупои Ғарбӣ низ шиносоӣ пайдо намуд, зеро ӯ бо шахсиятҳои ҷудогона ошно гардида, як андоза онҳоро омӯхт.
Масалан, Аҳмади Дониш соли 1869 дар шаҳри Тошканд бо П.И.Пошино ном тараққихоҳи рус шинос шуда, бисёр масъалаҳои иҷтимоиро бо ӯ машварат мекунад. Ё худ дар сафари аввалаш бо яке аз шарқшиносони рус В.Григорев дар Оренбург чандин мулоқот барпо намуда буд. Аҳмади Дониш бо намояндагони артиши Русия низ шинос гардида, бо онҳо ҳам суҳбат дошт. Аз он ҷумла, бо полковники рус Колзаков (дар сафари сеюм) ва дар бозгашти ҳамин сафар аз Тошканд то Шаҳрисабз бо капитан Стремоухов шинос гардида, бо онҳо дар мавзуъҳои гуногун суҳбатҳо меорояд.
Баъди сафарҳо Аҳмади Дониш мулоҳиза ва андешаҳои худро оид ба усули кишвардорӣ дар шакли китоб ба амир пешниҳод менамояд. Дар муқаддимаи он менависад, ки агар амир таклифҳои ӯро қабул накунад, ӯ ба дарбор барои фаъолият дар ҳеҷ мансаби давлатӣ нахоҳад омад, зеро амир боисрору пайваста аз Аҳмади Дониш талаб мекард, ки ин ё он мансаби давлатиро қабул кунад. Таклифҳои Аҳмади Дониш ва кушодагӯйиҳои ӯ амирро акнун хашмгин сохт. Амир дид, ки таклифҳои Аҳмади Дониш мавқеи ҳокимро суст мекунанд. Ӯ дигар Донишро на танҳо таклиф накард, балки мехост ӯро аз худ дур нигоҳ дорад. Ӯ боре ба наздикони худ гуфта будааст, ки: «Ман фалониро бо суфарои (элчиёни) давлат ба ҷониби Русия ҳамроҳ кардам, дар охир ба ман насиҳатгар шуд. Ман баъд аз ин ӯро намефиристам». Аҳмади Дониш пас аз фаҳмидани чунин ҷавобҳои ноандешидаи амир ба наздикони худ гуфтааст, ки:
«Ман ҳам ба навкарии ин каллахарон толиб нестам».
Аҳмади Дониш соли 1889 аз мадрасаи Мири Араб як ҳуҷра мегирад ва танҳо ба корҳои илмӣ-эҷодӣ машғул мешавад, яъне он корҳоеро, ки то ин муддат ба итмом нарасонида буд, хотима мебахшад.
Поёни умри ин мутафаккир низ дар Бухоро гузаштааст. Ӯ дар байни моҳҳои март-апрели соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.