Таҳлили образҳои достон

Дар достони «Лайлию Маҷнун»-и Шоҳин мисли дигар достонҳо образҳои доимӣ ва лаҳзавӣ, мусбат ва манфӣ амал мекунанд. Дар асар образҳои марказӣ: Лайлӣ, Маҷнун, волидайни онҳо ва махсусан, падарони онҳо ва қосид мебошанд. Образҳои мусбати достон: Маҷнун, Лайлӣ, падару модари Маҷнун, Навфал ва лашкариёни ӯ, духтари Навфал, қосид, устодону ҳамсабақҳо мебошанд. Образҳои манфии асар: падару модари Лайлӣ, Ибни Салом, сардори қабилаи Наҷд ва ҷонибдорони онҳоянд.

Ибни Салом, Навфал ва ҷонибдорони онҳо образҳои машҳур, вале лаҳзавианд, ки дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи хатти сужет иштирок намуда, воқеаро басо мураккабу тезутунд менамоянд.

Маҷнун ҳамчун образи асосӣ ва ҳалкунанда дар достони Шоҳин хеле фаъол аст. Ҳатто ӯ духтари Навфалро дӯст медорад ва баробари бо ӯ хонадор шудан, аз зиндагӣ қонеъ мешавад. Ӯро номаи Лайлӣ ба шӯр меорад. Аз ин рӯ, Лайлӣ дар муҳаббат устувортар аст, зеро пас аз тӯй ҳам аз Ибни Салом дурӣ меҷӯяд ва устуворию садоқати ӯ дар ишқ зоҳир мешавад. Ӯ талаби дигар ё норизоии дигареро ҳатто тасаввур ҳам намекунад. Дар достони мазкур образҳои падари Лайлӣ ва падари Маҷнун ҳалкунанда мебошанд. Онҳо хеле фаъоланд. Танҳо фарқ дар он аст, ки яке аз рӯйи хоҳиши фарзанд амал мекунад (падари Маҷнун), дигаре тамоман муқобил (падари Лайлӣ).