Мусамматҳои Саййидо

Мусаммат дар эҷодиёти Саййидо пас аз ғазал дар ҷойи дуюм меистад, ки аз 1050 байт иборат аст.

Саййидо бештар ба ғазалиёти Хусрави Деҳлавӣ, Камолу Ҳофиз, Ҷомию Ҳилолӣ, Калиму Толиб, Муҳташами Кошию Соиби Табрезӣ, Мушфиқию Урфӣ мусаммат бастааст. Худи ҳамин ҷуръати Саййидо гувоҳи он аст, ки ӯ дар эҷоди мусаммат устод мебошад, зеро ба ғазалиёти шоирони дараҷаи аввали адабиёт тазмин бастааст. Ӯ ғолибан дар ин кор ба эҷодиёти Соиб рӯ оварда, бештар ба ғазалҳои ин шоир тазмин бастааст.

Мусаммат навъе аз шеъри тасмит буда, аз бандҳои 3-10 - мисраӣ иборат аст. Он метавонад аз 5 ё 6 банд иборат бошад ва ду навъ мешавад: яке мусаммати мустақил, ки комилан эҷоди худи шоир аст ва дигаре се мисраъ ё чор, панҷ мисраъ аз худи шоир ва ду мисраи дигар аз шоири муосир ё салаф аст.

Мусаммат бо он характернок аст, ки банди якуми он ҳамқофия, бандҳои баъдӣ чаҳор ё панҷ, шаш, ҳафт мисраъ ҳамқофия ва мисраи охир ба банди аввал ҳамқофия мешавад. Масалан, «Намонд»-ном мусаммати мухаммаси Саййидо, ки бар ғазали Соиби Табрезӣ (1592– 1677) баста шудааст:

Арбоби ҷудро19 кафи гавҳарфишон намонд,

Дасти кушодае ба муҳиту ба кон намонд,

Дар рӯзгори мо зи мурувват нишон намонд,

«Аз ҳиммати баланд асар дар ҷаҳон намонд,

Як сарв дар саросари ин бӯстон намонд»,

То чуғзтинатон ба фазои чаман шуданд,

Чун сабза сояпарвари сарву суман шуданд,

19Арбоби ҷуд – аҳли сахо

Гулҳо зи баски ҳамдами зоғу заған шуданд,

«Мурғони нағмасанҷ ҷалои ватан шуданд,

Ҷуз байзаи20 шикаста дар ин ошён намонд».

Аз аҳли дил намонд дар ин хокдон нишон,

Бастанд обу оина рахти худ аз миён,

Хуршед гуфт вақти видоаш ба осмон:

«Равшандилон чу барқ гузаштанд аз ҷаҳон,

Хокистаре ба ҷой аз ин корвон намонд».

Аз дидаи басирати21 мо хоб шуд равон,

Абёт аз сафина22 чу симоб шуд равон,

Таҳрир аз саҳифа чу хуноб шуд равон,

«Аз чашми сурмавори давот об шуд равон,

Ширинзабонии қалами нуктадон намонд».

Ай Саййидо, ту дил ба мақоми наҷот каш,

Пой аз миёни тоифаи бесубот каш,

Чун Хизр рахти хеш ба оби ҳаёт каш,

«Соиб, забони хома ба коми давот каш,

Имрӯз чун суханталабе дар ҷаҳон намонд».

Дар мусаммати мухаммаси мазкур байтҳои дар нохунак («») гирифташуда моли Соибанд. Намунаи боло далели он аст, ки хусусиятҳои шаклӣ ва мундариҷавии абёт комилан риоя шудаву аз соҳибистеъдод будани ҳар ду шоир шаҳодат медиҳанд.

Аз сабаби он ки дар ғазалҳои Саййидо оҳангҳои иҷтимоӣ садои қавитаре доранд, ин ҳолат дар мусамматҳои ба ғазалҳои шоирони дигар навиштаи ӯ то андозае ҳис карда мешавад. Яъне, Саййидо ба ғазалҳои комилан ошиқона низ то дараҷае оҳангҳои иҷтимоии пурқуввате ворид сохтааст. Масалан, дар мусаммати мухаммаси ӯ, ки бо радифи «намонд» бар ғазали Соиб иншо шудааст, ҳеҷ гумон намеравад, ки абёти ду адиб бошанд, зеро вазн, радифу қофияҳо, мазмуну мундариҷа, мавзуъ, хусусиятҳои сабкӣ ва ғайра комилан баробаранд ва ҷанбаҳои ҳунарии он низ яксонанд. Ҳол он ки дар ин навъи шеърӣ то дараҷае эҷодкори мусаммат мустақилу озод нест.

Дар навъи дуюми мусаммат мо комилан озод будани шоирро мушоҳида менамоем. Барои намуна як мусаммати мухаммаси мустақили Саййидоро зикр намуда, оид ба санъати назми ӯ аз намунаи мазкур натиҷагирӣ хоҳем кард:

20 Байза – тухм

21 Басират – биноӣ

22 Сафина – девони ашъор

Дидаро умре ба мардум ошно кардам, нашуд,

Синаро оинаи сидқу сафо кардам, нашуд,

Бо баду неки ҷаҳон аҳду вафо кардам, нашуд,

Дар дили ҳар кас зи рӯйи меҳр ҷо кардам, нашуд,

Хонаи шодӣ ба рӯйи хеш во кардам, нашуд.

Муддате чун соя будам дар қафои шайху шоб,

Рӯзгоре ҳамнишин будам ба минову шароб,

Сар ба танҳоӣ барорам баъд аз ин чун офтоб,

Поси хотир то ба кай дорам дар ин дайри хароб,

Бо қаландар шурбу бо зоҳид риё кардам, нашуд.

Меҳрубониҳо намудам дӯстони хешро,

Ёр бо мадҳу сано кардам забони хешро,

Чун қалам гӯям ман акнун достони хешро,

Хоки пойи ҳар як аз ҳамсуҳбатони хешро

Солҳо дар дидаи худ тӯтиё кардам, нашуд.

Маҷлиси ағёр равшан кардааст он майпараст,

Эй мусулмонон, чӣ бояд кард бо он шӯхи маст?

Дар фироқи зулфи кофаркеш мехурдам шикаст,

Обрӯйи рафтаро мехостам орам ба даст,

Дар ҳарими Каъба чандоне дуо кардам, нашуд.

Саййидо, дорам дили чун ғунчаи гул пур зи хун,

Кавкаби бахтам дар об афтода, толеъ шуд забун,

Меравам занҷир дар по дар биёбони ҷунун,

Баски ноком аз дили офоқ афтодам бурун,

Қимати худро ба нархи хоки по кардам, нашуд.

Албатта, мусаммат аз нимаҳои дуюми асри XI зуҳур карда, дар асри XV ҳар ду навъи он хеле инкишоф кардааст ва дар ин аср (XV) хусусан, Мавлоно Ҷомӣ онро басо ривоҷ додааст. Саййидо суннати адабии мазкурро дар асри XVII таҳаввули махсус бахшида, аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ба он тозагиҳо ворид сохт.

Чунончи, ба ғазали зерини Соиб мусаммати мухаммаси «Ғаме дорам»-ро бастааст:

Сари пуршӯру ҷисми лоғару пушти хаме дорам,

Дар ин водӣ фаровон дарду бепоён ғаме дорам,

Парешонхотирам имрӯз, гӯё мотаме дорам,

«Лаби хушку дили хунину чашми пурнаме дорам,

Нигаҳ дорад Худо аз чашми бад, хуш оламе дорам».

Агар гул дар замини дил нишонам, хор мерӯяд,

Ниҳоли сабз корам, неш аз гулзор мерӯяд,

Маро аз сина дил ҳамчун забони мор мерӯяд,

«Ба ҷойи ҷавҳари оинаам зангор мерӯяд,

Гуворо бод айшам, хуш баҳори хурраме дорам».

Ба гардун тири оҳи хастагон созад асар, Соиб,

Барояд эҳтиёҷи Саййидо аз чашми тар, Соиб,

Чу шабнам гаштаам аз пеши худ соҳибназар, Соиб,

«Зи рози осмонҳо чун набошам бохабар, Соиб,

Ки ман аз косаи зонуи худ ҷоми Ҷаме дорам».

Шоир дар ин навъи шеър низ ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ, ба мавзуъҳои мухталифи рӯзгори инсон дахолат менамояд. Ӯ дар ҳама гуна ҳолату вазъият аз беадолатиҳои рӯзгор шикоят дорад ва ба ҳамин мазмун ғазал меёбад ва мусаммат мебандад, ки дар мантиқи одии ифода, ба ҳам омадани андешаҳои шуарои тоҷик дар асрҳои гуногун, дар муҳиту замонҳои мухталиф аст. Чунончи, боз дар ҳамфикрӣ бо Соиб мегӯяд:

Дар чаман имрӯз булбул масти гуфтори худ аст,

Кабк дар куҳсорҳо дар банди рафтори худ аст,

Сарв мағрури қаду гул маҳви рафтори худ аст,

«Ҳар киро бинем дар олам, гирифтори худ аст,

Кори Ҳақ дар тоқи нисён монда, дар кори худ аст».

Рӯзгоре шуд, ки дар вайронае ҳастам муқим,

Мекунам пайваста ёд аз аҳди ёрони қадим,

Ин нидо омад бурун аз хоки Мӯсои Калим:

«Хизр осудаст аз таъмири девори ятим,

Ҳар касеро рӯй дар таъмири девори худ аст».

Хонабардӯшем, моро ҳоҷати дастор нест,

Пайкари моро либоси тозае даркор нест,

Саййидо, моро назар бар чашми дунёдор нест,

«Чашми Соиб чун садаф бар абри гавҳарбор нест,

Зери бори миннати табъи гуҳарбори худ аст».

Миробид Саййидои Насафӣ дар таҳаввули жанри мусаммати мухаммас ва махсусан, дар ғанӣ гардонидани мазмуну муҳтавои он рисолати таърихии хешро адо кардааст.