Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ба ин асари худ ду ном гузоштааст:
«Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» («Воқеаҳои роҳ ва масофаи байни мамлакатҳо») ва унвони дигари ҳамин асар «Ғароиб-ул-хабар фӣ аҷоиб-ис-сафар» («Ҳикоёти ғариб аз аҷоиботи сафар») мебошад. Ин асари сафарӣ буда, соли 1887 таълиф шудааст. Асар зоҳиран ба ҳокими вақт амир Абдулаҳад бахшида шудааст. Ин асар аз муқаддима, бахши асосӣ ва хотима иборат аст. Муқаддимаи асар суннатӣ буда, аз таҳмид, наът оғоз мешавад ва муаллиф дар ҳамин бахш мақсади худро аз сафари Ҳиҷоз баён менамояд. Дар қисмати асосии асар муаллиф тасвир менамояд, ки ӯ соли 1886 чӣ гуна бо нияти ба ҷо овардани маросими ҳаҷ ба сафари Ҳиҷоз баромадааст.
Возеҳ аз тариқи саҳроҳои Туркманистон, шимоли Эрон, соҳилҳои баҳри Хазар (Каспий), қаламрави мулки Қафқоз, баҳрҳои Сиёҳ ва Миёназамин ва баҳри Сурх ба Ҳиҷоз рафта расидааст. Пас аз адои маросими муқаддаси ҳаҷ зимистони соли 1887 тавассути роҳҳои Эрон ба Бухоро омадааст. Дар ин асар оварда мешавад, ки муаллиф ҳангоми мусофират бисёр шаҳрҳои мутараққии олам, мисли: Марв, Ишқобод, Боку, Искандария, Машҳад, Ироқ, Эрон ва ғайраро дидааст, ба тарзи зиндагӣ, урфу одат, рӯзгор, забон, маданият, муносибат, пешрафт, усули давлатдорӣ, ободонии шаҳрҳо, машғулияти халқҳои ин ё он шаҳру кишвар, дороии онҳо, истеҳсолоту истеъмолоти онҳо, зироату боғдориҳо, дарёҳо, иқлимҳо, раставу бозорҳо, масҷиду мадрасаҳо, таълимкадаҳо, машғулияти дӯстдоштаи баъзе халқу кишварҳо ва ғайраро мушоҳида намудааст. Возеҳ, хусусан ба шаҳрҳои Боку, Тифлис, Батуми ва дар як қатор шаҳрҳои Русия ва ғайра чанд муддат меистад, аз ободонию маданият ва усули кишвардории онҳо амирро мехоҳад огоҳ созад. Ҳатто амирро барои беҳбуди вазъи мамлакат ба чораҷӯйӣ мехонад, вале бисёр афсӯс, ки хидмати адибро дар Бухоро ба амир чоплусҳову чокарони ӯ дигаргуна шарҳ медиҳанд, ки амир Абдулаҳад ба Возеҳ ба чашми таҳқир менигарад. Миёни шоҳ ва шоир низоъ ба амал меояд.
Ғояҳои пешқадам ва маърифатпарваронаву маорифхоҳонаи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар ин асар дар он ҳам зоҳир мегардад, ки шоир маданият, санъат, илм ва фарҳанги пешқадамро дар он тарғиб мекунад. Бояд гуфт, ки аввалан асар барои тарғиби ба ҷо овардани ҳаҷ таълиф шудааст ва муаллиф аслан ҳамин ҷиҳатро мехоҳад ба мардум шиносонад, зеро дар ин муддат робитаи Бухоро ба Шарқу Ғарб чандон қавӣ набуд ва аз ин рӯ, Возеҳ мехоҳад мардумони Бухоро ва атрофи онро бо муқаддасоти исломӣ шинос намояд ва бахусус, насли миёнсол ва ҷавони қаламрави Бухороро бештар воқиф созад. Танҳо пас аз роҳ ёфтани Русияи подшоҳӣ ба Осиёи Миёна бо вуҷуди бисёр ҷанбаҳои манфӣ, тарафҳои пешқадам низ ба мушоҳида мерасад ва ин ҷанбаи пешқадам пайвастан ба тамаддуни Ғарб ва техникаву технологияи Аврупо мебошад.
Возеҳ дар ин ҷода то ба дараҷае пайрави Аҳмади Дониш аст, зеро ӯ мутаассиб нест. Возеҳ бештар ба он шаҳрҳо рафта буд, ки он ҷойҳо нисбат ба Бухоро хеле пешрафта ба шумор мерафтанд.
Ӯ, асосан, ба се ҷиҳат бештар диққат додааст: а) сохтори сиёсии кишварҳо, мамлакатҳо, б) сатҳи рушди иқтисодию сиёсӣ, в) ҳолати илму маданият, адабиёту ҳунар, техникаву технологияи то дараҷае пешрафта. Вай ба шаҳри Марв аз он ҷиҳат таваҷҷуҳ мекунад, ки он ҳамон вақт тавассути роҳи оҳан ба Аврупо пайваста буд. Ӯ менависад: «Аз ҳангоми убури доӣ (яъне, ман, банда) то алҳол, ки ёздаҳ моҳ аст, Марв бисёр обод шуда ва тафовути куллӣ дар умроноту (ободонӣ) асвоқ (бозорҳо) ба ҳам расонидааст. Ва ба ҷиҳати дарё пуле сохтаанд муштамил бар сездаҳ хона аз чӯб…».
Ё худ дар тасвири осиёби шаҳри Истанбул менависад: «Мошин дошт, ки сабӯсро аз орд ҷудо мекард ва мошини дигар дошт, ки орди аълоро аз авсату (миёна) адно (пасттар) имтиёз медод».
Возеҳ ин ҳама техникаву технологияро аз мувофиқати илму амал ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ медонад. Возеҳ Теҳронро аз он ҷиҳат тасвир мекунад, ки дар баробари мадрасаҳо мактабҳои усули нави ҳарбӣ-низомӣ ва техникаву технологияи аврупоиро ба кор гирифтааст. Ӯ менависад: «Ба иморати муаллимхонаи шаҳрӣ рафтем, ки ба даруни ҳуҷароти онҳо мардумон ва кӯдакони дигар ҳастанд, ки забонҳои мухталифа аз русию фарангӣ ва арабию юнонӣ ва ғайра илми низоми сарбозӣ таълим медиҳанд».
Ҳангоми сафар Возеҳ ба бисёр миллатҳо ва намояндагони динҳои дигар вомехӯрад. Ӯ ба як тан тоҷири арман дар бораи худ чунин нақл мекунад: «Ман марди толибилми фақирам ва на моле хариданӣ ва на бизоате фурӯхтанӣ дорам. Он чи ман дорам, ҳамин мояи илму ҳунар аст, ки касе онро намеписандад…».
Аз ин қиёсҳо бармеояд, ки асари Возеҳ то ба ҳадде бо сабки реалӣ иншо шуда, арзиши адабӣ, бадеӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ, этникӣ, фарҳангӣ, фолклорӣ, иқтисодию сиёсӣ дошта, халқи сарзамини Бухоро ва пеш аз ҳама, ҳукумати ин қаламравро аз тамаддуни Шарқу Ғарб то андозае огоҳ месозад. Ба туфайли асари Возеҳ ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ як қатор калимаҳои нав: миқнотис (магнит), физика, вогун (вагон), оҳан, ҷелиз (желез), мошин, аробаҳои оташӣ, рейл ва ғ. ворид шудаанд ва ҳатто ба қадри тавоноии худ муродифи тоҷикии онҳоро пайдо мекунад.
Умуман, Возеҳ, барои он ки забони асараш ба хонандаи Бухоро қобили фаҳм бошад, бештар аз луғоти гуфтугӯйӣ-халқӣ низ кор гирифтааст. Инчунин дар баъзе мавридҳо гумон меравад, ки сабки адиби охири асримиёнагӣ нест. Масалан, «Қолинҳои абрешимӣ ва пашмӣ… паҳну фарш карданд..», ё ки: «Хидмати мекардагиашон ҳамин ки лосаву молидан аст» ва ё дар ҷойи дигар: «Ва ҳамин ки шахс аз дар медарояд, ба ҳар ду ҳуҷра роҳ дорад». Ё ин ки дар ҷойи дигар чунин менависад: «…се ҳарами дарунбадарун воқеъ шуда…».
Бояд гуфт, ки як сифати бисёр ҷолиби кори Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ он аст, ки ӯ монанди Аҳмади Дониш калима, ибора ва истилоҳоти русиро хеле зиёд ба кор мебарад. Ҳангоми истифода аз калимаву ибораҳо ва истилоҳоти ҷудогона, ӯ аввал онро шарҳ медиҳад ва баъд муродифи онро зикр менамояд.
Чунончи: «Ва аробаи оташӣ, ки ба истилоҳи Русия «ҷелиз» (железо, яъне железная дорога) ва «рейл» (калимаи англисӣ мебошад) ва мошин (машина) хонанд».
Дигар ин ки Возеҳ калима, ибораҳоро баъзан бе тарҷума низ зикр менамояд. Дар ин маврид тарҷума накардани калимаҳои овардаи ӯ сабаб дорад, зеро дар ин маврид ҳамон калимаву ибораҳоеро зикр менамояд, ки онҳо дер боз дар забони халқҳои Осиёи Миёна ва бахусус, тоҷикҳо маъмуланд ва аз ин рӯ, ӯ онҳоро бе тағйироти тарҷумавӣ зикр менамояд: устал-стул, физик-физика, тилгирофтелеграф ва ғайра.
Давраи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бо назардошти давраҳои насри тоҷику форс, насри давраи бозгашти адабӣ аст, ки бо мақсади содагардонӣ то андозае луғату ибораҳои арабӣ дар забони ин давра, албатта, бо таъсири мадраса хеле зиёд мебошад. Аҷоиб он аст, ки Возеҳ гӯё истисно бошад, зеро баъзе ҷумлаҳои ӯ ба фаҳми хонандаи имрӯза хеле наздик аст. Нависанда ҳангоми тасвири воқеаҳо, ҳодисаҳо, ҷойҳои таърихӣ, дидорбинӣ бо мардумони дигар хеле одӣ суханварӣ менамояд. Вай саъй мекунад, ки баёнаш нисбатан одию сода ва оммафаҳм бошад, то хонанда бе ҳеҷ душворӣ аз мақсади вай огоҳ шавад. Чунончи, ба ин тасвири хурдакаку муҷази ӯ диққат кунед: «Дар пешгоҳи ин мадраса ба тарзи хонақоҳ ҷойи намоз таъбия (ҷой додан) намудаанд, ки бе муболиға, агар касе ба болои он назар кунад, кулоҳу дастораш аз сараш меафтад».
Аз тарафи дигар, нависанда аз санъатҳои бадеӣ хеле моҳирона кор мегирад. Ин албатта, бо он мақсад аст, ки таваҷҷуҳ ва диққати хонандаро ба худ ҷалб намояд ва хонанда монда нашуда асарро то ба охир мутолиа кунад. Чунончи, ҳаммоми шаҳри Истанбулро ба тасвир гирифта, равшании дохили онро хеле ҷолиб ба қалам медиҳад: «Ва дар равшанӣ то ба ҳаддест, ки агар сӯзане дар як тарафи хонае афтода бошад, аз ин тарафи дигар дида мешавад» ва ғайра.
«Савонеҳ-ул-масолик»-и Возеҳ ба ҷуз аҳаммияти дар боло зикргардида боз аз он ҷиҳат низ муҳим аст, ки нависанда, пеш аз ҳама суннати гузаштагонро тақвият бахшидааст. Мо медонем, ки дар таърихи адабиёти тоҷик аввалин асари сафарӣ ва ё сафарномаи нахустини мансур ба шоир, нависанда, файласуф ва мутафаккири садаи XI Ҳаким Абумуинуддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ тааллуқ дорад ва асари ӯ «Сафарнома» ном дошта, ҳосили сафарҳои ҳафтсолаи мутафаккирро дарбар мегирад. Воқеан, нахустин сафарномаи манзум бошад, каме баъдтар аз тарафи шоири тавонои асри XII Афзалуддин Бадил Хоқонии Шарвонӣ рӯйи кор омадааст, ки он «Туҳфат-ул-Ироқайн» ном дорад. Суннати мазкур баъдтар бо шаклу намудҳои дигар низ ба назар мерасад ва ҳатто «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ то андозае асарҳои саргузаштӣ низ мебошанд ва ғайра.
Возеҳ дар ин давра суннати мазкурро аз нав эҳё намуда, идома дод ва тозакориҳои хеле зиёду назаррас намуд. Ба ғайр аз ин, «Савонеҳ-ул-масолик» боз аз он ҷиҳат пурарзиш аст, ки ӯ зимни сайру саёҳатҳо ва ҷамъ намудани хотироти сафарӣ дар бораи ашъори баъзе аз муосирону шуарои дигар бо ҳеҷ сабабу баҳонае руҷуъ намудааст ва аз ашъори шуаро пораҳои шеърӣ меорад. Аз ҷумла, дар асари Возеҳ 130 байт (260 мисраъ) оварда шудааст ва ё ин ки дар ин асари сафарӣ се ҳикоят низ зикр карда мешавад.
Бояд гуфт, ки «Савонеҳ-ул-масолик» намунаи беҳтарини насри адабӣ-бадеии нимаи дуюми асри XIX буда, барои рушди асарҳои сафарномавӣ мусоидат низ намудааст.
Умуман, «Савонеҳ-ул-масолик» дар рушду инкишофи каломи бадеъ, насри адабӣ ва адабиёти нимаи дуюми асри XIX мақоми арзанда дорад.