Саййидо ба табақаҳои ҳунарманди ҷамъият таваҷҷуҳи махсус дорад, зеро онҳоро дар ашъори лирикияш (ғазалиёту қитъаҳо…), дар «Шаҳрошӯб» ва инчунин ашъори махсуси ба ин тоифа бахшидааш васф кардааст. Албатта, дар таърихи адабиёт ин навъи адабӣ фасли тоза низ ҳаст, ки дар шакли маснавӣ рӯйи кор омадааст.
Дилбастагии шоир ба ин тоифаи мардум шояд аз он ҷиҳат бошад, ки ӯ худ аз аҳли ҳунар аст. Саййидо дар ашъори ба табақаҳои ҳунармандон бахшидаи хеш намояндаи ҳашт навъи ҳунарро васф кардааст, ки аз ҷумлаи онҳо: баққол, шустагар, нонво, наққош, наҷҷор, шотир, таштгар ва қассоб мебошанд. Ин ҳашт шеъри ба ҳунармандон бахшидаи шоир дар маҷмуъ дорои 290 байт аст ва онҳо манзумаҳоеанд, ки аз ибтидо то интиҳо дар як мавзуъ эҷод шудаанд. Муҳим он аст, ки дар ин манзумаҳо инсони соҳибҳунар ва меҳнаткашу заҳматқарин мавриди ситоишу васф қарор гирифтааст. Чунончи, дар манзумаи «Дар таърифи наҷҷор» меорад:
Бути наҷҷори ман сарвест якто,
Зи сар то пой пайванд аз тамошо.
Санавбар истода бар дуконаш,
Тарошад хешро аз бандагонаш.
Ба боғи орзу сарви таманно,
Занад пеши қади ӯ теша бар по.
Ҷаҳоне хидмати ӯ карда пеша,
Занад ҳар кас ба сӯйи хеш теша.
Забони тешааш ширинтакаллум,
Ба хуни Кӯҳкан хӯрда тараҳҳум.
Зи оби тешааш пур устухонам,
Ба зикри аррааш бошад забонам.
Чӣ арра? Чун забони шуъла саркаш,
Фиканда ошиқонро дар кашокаш.
Чӣ арра? Зердасташ сарбаландон,
Бувад море зи сар то пой дандон.
Ҳамеша шеваи ӯ дилхарошӣ,
Ба хубон менамояд нозпошӣ.
Нигоҳи ӯ камандосо кашанда,
Ки бошад гӯшаи чашмаш баранда.
Чӣ ранда? Дорад аз оина сина,
Чӣ сина? – Соф дил аз меҳру кина.
Забони ӯ бувад бо дил мувофиқ,
Саре дорад ба ҳамворӣ чу ошиқ.
Асоси хонаҳоро ӯст устод,
Ба аҳди ӯст ошиқ хонаобод.
Дуконаш дар ба рӯйи Арш баста,
Димоғаш дар сари Курсӣ нишаста.
Ба ҳар манзил гузорад по, ҳамон дам
Кунад чун теша синҷи хона муҳкам.
Сафед аз интизораш чашми дарҳо,
Чунон печида занҷири назарҳо,
Бутон бар сурати ӯ гашта ҳайрон,
Хиҷил аз бутпарастӣ бутпарастон,
Хароби мақдами ӯ хонумонҳо,
Гул афтода ба чашми тобадонҳо.
Намебинам ба асри хеш бунёд,
Ғами ӯ хонумонам дод бар бод.
Рухаш то рафта аз кошонаи ман,
Сияҳ гардида рӯйи хонаи ман.
Маро кай аз дуконаш баҳрамандист?
Зи ҷӯши ишқбозон тахтабандист.
Ба ман кай ошно аз рӯйи ёрист?
Дилаш дар ошиқӣ таҳчӯбкорист.
Ба аҳди хештан устод бошад,
Вафояш лек бебунёд бошад.
Биё, соқӣ, даре бикшо ба рӯям,
Ба ҷоми бода бишкан орзуям.
Маро чун Саййидо маъмур гардон.
Диламро хонаи пурнур гардон.
Манзумаи мазкур дорои 25 байт буда, ба қасида қаробат дорад. Он дар шакли маснавӣ эҷод гардида, дар он пешаи наҷҷорӣ ва ҷузъиёти он, лавозимоте, ки барои касби мазкур зарур аст ва худи наҷҷор ва ғайра мавриди тасвир қарор дода мешавад.
Манзума дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур таълиф шудааст, ки афъоили он чунин аст:
v - - - /v - - - /v - -
яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлун.
Интиҳои асар дар ҳаҷми ду байт муроҷиат ба соқиро дар бар мегирад, ки моҳияти сӯфиёна дорад. Инчунин, дар байти охирини манзумаи мазкур тахаллуси шоир омадааст.
Яъне, шоир ба ин восита меҳнатро васф мекунад, аҳаммияту моҳияти ин ё он пешаро хеле бо ҷузъиёт баён менамояд. Масалан, аз пешаи наҷҷор макони зист бунёд мешавад, ки ба он на танҳо инсон, балки ҳама махлуқи ҷондор эҳтиёҷ дорад. Пас, касби мазкур сазовори васфу ситоиш ва барои мардум аввалиндараҷа мебошад.
Ё ин ки дар манзумаи дигар оид ба пешаи баққолӣ сухан меравад ва он «Дар таърихи Хоҷа Мирзоҷони баққол» унвон дораду аз 53 байт иборат буда, бо чунин матлаъ шуруъ мешавад:
Диламро бурда сарви ҷомазебе,
Биҳиштиталъате, одамфиребе.
Манзумаи мазкур низ дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф иншо шудааст ва афоили он чунин аст:
v - - - /v - - - /v - -
яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлун.
Дар ин манзума низ шахсияти баққол ҳамчун донандаи пешаи худ, аз ҳар ҷиҳат: хислату рафтор, гуфтору кирдор, муносибату муомила ва ғайра бо ҷузъиёти меҳнати баққол, ороиши дукони ӯ, воситаҳои меҳнат ва тарзи коргирии баққоли соҳибмаърифату доно ва дар кори худ тавоно бо кулли нозукиҳои кору фаъолияташ ситоиш карда мешавад. Баъзан баёни шоир оҳанги ҳазлу шӯхӣ ва ҳатто гоҳе каме ҷанбаи тамасхур низ мегирад. Шояд дар чунин ҳолат шӯхчашмиҳои мардуми бозор дар симои чунин соҳибҳунарон мавриди тасвир қарор дода шаванд.
Чунончи:
Зи санҷидаш димоғи лаъли хунбор,
Зи рангаш сурх гашта рӯйи бозор,
Ё худ:
Ба ҷон парварда ӯро золи даврон,
Ниҳода ном ӯро Мирзоҷон.
Ба ҳамин тариқ, дар манзумаҳои дигари ба ҳунарварону соҳибпешагон бахшидаи Миробид Саййидои Насафӣ, аз ҷумла: «Дар таърифи Хоҷа Мирзомуҳаммади шустагар», «Дар таърифу тавсифи нонво», «Дар таърифи Хоҷа Шафеи наққош», «Дар таърифу тавсифи шотир», «Дар таърифи қассоб» ва ниҳоят «Дар таърифи таштгар» касбҳо, пешаҳо, ҳунарҳо, ҳирфатҳо ва соҳибони онҳо бо хислату рафтор, гуфтору кирдор, муомилаву муносибат ва асрори ҳунарии эшон ва назокати кору фаъолияти онҳо ба тасвир гирифта шудааст. Масалан, назокати пешаи наққоширо («Дар таърифи Хоҷа Шафеи наққош»), ки боиси зебу зинат ва ороиши ҳар як макон мегардад, чунин ба мушоҳида мегирад:
Гузорад пой бар ҳар остона,
Кунад он хонаро оинахона,
Ба килки худ намесозад ситамро,
Кунад ангушти ӯ кори қаламро.
Ё худ дар манзумаи «Дар таърифи қассоб» ҷузъиёти пешаи мазкурро аз забони гӯсфанд меорад, ки барои забҳ омадааст ва аз он боке надорад, зеро туъмаи ҳалоли халифаи Ҷаҳонофарин шудан ормони интиҳоии ӯст:
Ба дукконаш равам дар хун тапида,
Наяндешам зи сарҳои бурида.
Агар хунам бирезад, мотамам нест,
Зи поям гар биёвезад, ғамам нест.
Ё ин ки дар манзумаи дигари шоир, ки «Дар таърифу тавсифи нонво» ном дорад, ҳунари нонвоӣ ва куҳантаърих будани он, қадршиносӣ дидани пешаи мазкур миёни насли инсон ба тасвир оварда шудааст. Шоир макони омодашавии нон – танӯрро бо усули тоза ва басо образноку шево ба мушоҳида мегирад:
Танӯраш сурхрӯ аз оташи гул,
Хасу хораш бувад мижгони булбул.
Умуман, ашъори ба ҳунармандон бахшидаи Саййидо чанд ҷиҳати хосса дорад, ки онро таъкид намудан аз аҳаммият холӣ нест:
Саййидо дар ашъори лирикӣ, асари алоҳида ва шеърҳои ҷудогона, яъне бо се роҳ ба ин мавзуъ васфи аҳли ҳунар ва пешаи онҳо рӯ овардааст.
Шоир анъанаи адабӣ, суннати эҷодиро ба таври васеътар эҳё намуда, дар ҳамин замина баъзе тозакориҳо кардааст.
Адиб ба ин восита эҷоди бадеъро ба рӯзгори халқ, ба аҳли меҳнат боз ҳам наздиктар намудааст.
Таркиби луғавии забони адабии тоҷикро дар асри XVII аз ҳисоби калимаву ибораҳои соҳавӣ нисбатан ғанӣ гардонидааст.