Аҳмад Махдуми Дониш нависанда, шоир, мутафаккир, файласуф ва ҷомеашиноси бузурги тоҷик аст, ки тӯли 71 соли умри хеш аз ӯ осори гаронарзиши адабӣ-бадеӣ ва илмӣ боқӣ мондааст. Осори Дониш гуногунмавзуъ, серсоҳа ва серпаҳлу буда, доир ба муҳтавои осор ва арзиши он худи адиб чунин ишора дорад:
Ҳунар кадом, ки бо ман нагашт рӯй ба рӯй.