Адабиёти дарборӣ аслан ҷараёни адабиест, ки одатан дар шакли маҳфилҳои адабӣ дар дарбори подшоҳон, ҳокимон ва амирон фароҳам омада, одатан аз сиёсати роиҷи давр ва идеологияи ҳукмрон пуштибонӣ менамуд. Аз асри XI сар карда ба ин адабиёту эҷодкоронаш маликушшуаро роҳбарӣ менамуд. Маликушшуароро бевосита худи амир таъйин менамуд. Ин адабиёт дар аҳди маорифпарварӣ низ давом мекард. Аз навъҳои лирикӣ жанри асосии дарборӣ қасида буда, аз навъҳои қасида қасидаи мадҳӣ бештар ба назар мерасад. Навъҳои дигари хурди лирикӣ: ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, тарҷеъот, мусаммат ва ғайра низ ҳаст, вале на мисли қасоиди мадҳӣ.
Аз осори мансур бештар сиёсатномаҳо, дастурулмулукҳо, дастурулфузалоҳо ва ғайра низ характерноканд.
Дар адабиёти дарборӣ тазкираву тазкиранигорӣ низ дар ин давра хеле пеш рафтааст.
Яке аз хусусиятҳои аввалиндараҷаи адабиёти дарборӣ аз нигоҳи мазмуну муҳтаво он аст, ки мадҳу ситоиш мавзуи асосӣ ва айёшию бодапарастӣ мавриди тасвири он мебошад. Ин ҳолат, албатта, сабқати адабиро пеш меорад ва ба ин восита ҳокимон рӯ ба шеъру адаб оварда, дар дарбори худ беҳтарин суханварон, соҳибистеъдодҳоро ҷамъ меоваранд.
Албатта, дар асрҳои миёна чунин ҳам шудааст, ки адибон зимни довариҳои шоирона, дар фахрияҳо ҳусни ашъори худро баён намуда, нуқсони шуарои дарбориро низ нишон додаанд. Агар бодиққаттар мушоҳида карда шавад, дар ашъори шоирони дарбор бештар тамаллуқ ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки бисёр шоирон: Низомӣ, Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон дар ашъори худ шоирони тамаллуқкорро танқиду мазаммат намудаанд. Вале дар ҳар сурат адабиёти дарборӣ низ сар то сар беҳудаву ёва нест. Ин адабиёт низ дар заминаи суннат рӯйида, дар ҳамин замина рушду таҳаввул менамояд. Адабиёти дарбориро бо адабиёти берун аз дарбор набояд муқобил гузошт. Шоироне ҳам буданд, ки дар дарборҳо зиндагӣ ва эҷод кардаанд, вале дар ашъори онҳо оҳангҳои хеле қавии халқӣ дучор мешавад. Аз ҳама муҳим он аст, ки саҳми он адибон дар ғанӣ гардондани маърифати адабии дарбору дарбориён хеле бузург мебошад.
Саҳми дарборҳо дар рушду таҳаввули илми адабиётшиносӣ низ назаррас аст. Аз ин рӯ, дар миёни қувваҳои адабии дарбор, шоирону нависандагони ин ҳавзаи сиёсии адабӣ тазкиранависон ҳам зуҳур кардаанд, ки онҳо ду хидмати таърихӣ ба ҷо овардаанд: яке зикри шумораи шоирон, ному насаби онҳо, мақому мартабаи онҳо, шахсияту муносибати онҳоро баён кардаанд. Дигаре намунаҳои эҷодиёти эшон, пояи шоирии онон, ҳунари суханварии онҳо ва хусусиятҳои ҷудогона ва ё фардии эҷодиёти шуарои дарборӣ ва ғайраро таъкид намудаанд. Ин ду ҷанба арзиши илмӣ-адабии осори тазкиравии олимони адабиётшиноси дарборҳо мебошанд.
Дар нимаи дуюми асри XIX чандин тан тазкиранавис умр ба сар бурдаанд ва асарҳои эшон то кунун маҳфуз мондааст, ки зикри баъзе аз онҳо барои донистани адабиёти ин давра хеле муҳим мебошад.
Яке аз чунин асарҳо ё худ тазкираҳо ба қалами Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ тааллуқ дошта, «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» ном дорад. Маълум аст, ки муаллифи ин асар шоир, маорифпарвар, олим, нависанда ва мутафаккир мебошад. Ин тазкира соли 1871 таълиф гардидааст. Асар аз он ҷиҳат низ муҳим аст, ки дар бораи 130 нафар адиби Осиёи Миёнаи асри XIX маълумот медиҳад. Аз осори ин адибон намунаҳо зикр намуда, хусусияти ашъори онҳо, ҳусну қубҳи эҷодии онҳо ва ғайраро қайд менамояд. Ин тазкира соли 1914 аз ҷониби Мирзо Салимӣ ном донишманд бо такмилу иловаҳо ба табъ расидааст. Дақиқтараш М.Салимӣ тазкираи мазкурро ба табъ расонида, ба он 80 нафар шоири дигари охири асри XIX ва ибтидои садаи ХХ-ро илова менамояд. Аз ин ҷост, ки тазкираи Возеҳ аз нигоҳи зикри шумораи қувваҳои адабӣ ва аз лиҳози овардани намунаҳои ашъори онҳо, аҳаммияти илмӣ-адабӣ дорад. Он барои омӯхтани адабиёти давр ва умуман баҳри тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик хидмат менамояд.
Инчунин, дар ин давра тазкиранависони дигар зиндагӣ ва эҷод кардаанд, ки тазкираҳои онҳо низ ҳар кадом дорои аҳаммияти илмӣ-адабӣ мебошанд.
Тазкиранигорони дигари давра, ки дар инкишофи илми адабиётшиносӣ саҳми сазовор гузоштаанд ва тазкираҳои онҳо, ки суннати мазкурро дар ин давра рушд бахшидаанд, инҳоянд:
Яке аз тазкиранависон, ки худ шоир низ ҳаст, эҷодкори дарборӣ Афзал Махдуми Пирмастӣ мебошад, ки ӯ соли 1900 ба хидмати дарбор дохил шудааст. Ӯ дар солҳои ҳукмфармоии амир Абдулаҳад (1885-1910) бо супориши ин ҳоким ба навиштани тазкираи худ оғоз кардааст. Тазкираи Пирмастӣ «Афзал-ут-тазкор фӣ зикр-иш-шуаро ва-л-ашъор» ном дорад.
Дигар аз тазкиранависони ин давра Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ аст, ки соли 1904 асари худ – «Тазкират-уш-шуаро» ва ё «Тазкираи Абдӣ», ё ин ки «Тазкират-уш-шуарои мутааххирини Бухоро»-ро (номҳои як тазкира) таълиф менамояд. Ин тазкира аз 28 боб (мақсад) иборат буда, дар бораи 118 нафар адиб ва намунаҳои асори онҳо маълумот медиҳад.
Ҳамчунин яке аз тазкиранависони маъруфи замон Мирсиддиқи Ҳашмат мебошад, ки ӯ ду тазкира таълиф намудааст.
Тазкираи аввали Ҳашмат, ки солҳои 90-уми асри XIX таълиф шудааст, «Тазкират-уш-шуаро» ном дошта, аз ду қисм иборат мебошад. Қисми аввали он дар бораи 85 нафар адиб ва қисми дуюми он доир ба рӯзгору осори 88 тан шоир маълумот медиҳанд.
Дигар аз тазкиранависони маъруфи давраи мазкур Мулломуҳаммад Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ ибни Қозӣ Шарафуддин аст, ки ӯ бо тахаллусҳои «Нозук» ва «Муҳтарам» шеър мегуфтааст. Муҳтарам соли 1910 асари худ – «Тазкират-уш-шуаро»-ро таълиф менамояд. Ин тазкира дорои арзиши баланди илмӣ-адабӣ буда, дар бораи рӯзгору осори 175 тан адиб маълумот медиҳад.
Арзиши тазкираҳои дар боло номбаршуда, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки агар дар давраҳои пешин дар асре як тазкира ё худ дар ду-се аср як тазкира бошад, дар ин давра суннати адабии мазкур хеле инкишоф ёфтааст. Аз тарафи дигар, ахбори як ё ду тазкира баъзан такрор, гоҳе якранг мебошад. Вале чун тазкиранигорон зиёд шаванд, тазкираҳо низ бештар бошанд, арзиши илмӣ-адабии онҳо афзуда, маълумоти онҳо қобили муқоиса мебошад.
Дар ин аср шоирону нависандагони зиёде зиндагӣ ва эҷод кардаанд, ки онҳо, аз як тараф, анъанаҳои адабиро эҳё намуда, ба он умри бардавом бахшидаанд. Аз тарафи дигар, онҳо бо эҷодиёти манзуму мансури худ рӯҳия, ахлоқ, урфу одат, зиндагии ҳамарӯза ва тафаккури бадеӣ-эҷодии халқи тоҷикро дар нимаи дуюми асри XIX ифода кардаанд. Аз сабаби он ки тазкираҳо ва тазкиранигорон зиёданд, адабиёти давраи мазкур хеле хуб қазоват ҳам шудааст.
Баъзе адибони ин давра дар таърихи адабиёт ба достонҳои ишқӣромантикии наздик ба ҳазорсола муҳри ҷамъбастӣ гузоштаанд.
Дар адабиёти давраи мазкур бузургтарин падидаи сиёсӣ-таърихӣ, мафкуравӣ-иҷтимоӣ ҷунбиши фикрии маорифпарварӣ аст. Ин ҷараёни мафкуравӣ, ки тавассути мактаби адабии Аҳмади Дониш заминагузорӣ шуд, дар таърихи халқи тоҷик нақши бузурги созандагӣ дорад. Аз ин нигоҳ, ин яке аз хидматҳои бузурги таърихии адабиёти бадеии тоҷик ба шумор меравад, зеро ин ҷараён ҳамчун зуҳуроти таърихӣ тавассути адабиёти бадеӣ кашф шудааст. Муҳим он аст, ки на танҳо тафаккури муосирон, балки фикри мутааххиринро низ тағйир дод. Арзиши мероси адабии Аҳмади Дониш, пеш аз ҳама, дар кашфи ҳамин падидаи аср мебошад. Ин ҷараёни сиёсӣ-таърихӣ на танҳо ба худшиносии халқи тоҷик ва ҷараёни ташаккулёбии он замина гардид, балки дар ҳамин поя ба худшиносии халқҳои дигари Осиёи Миёна низ мусоидат намуд.
Дар тарғиби он нақши пайравони Аҳмади Дониш, адибони маъруфу соҳибистеъдод Шамсуддини Шоҳин, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат ва дигарон хеле бузург аст. Онҳо дар дарки падидаи мазкур то ба сатҳи Аҳмади Дониш нарасида бошанд ҳам, дар тарғибу ташвиқи андешаҳои ӯ саҳми бунёдӣ гузоштаанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Дар нимаи дуюми асри XIX дар Осиёи Миёна чӣ тағйироти сиёсӣ рӯй дод?
2. Ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна барои мардумони қаламрави мазкур чӣ дод?
3. Доир ба вазъияти илму фарҳанг дар ин давра чӣ медонед?
4. Омилҳои пайдоиши ҷараёни маорифпарвариро шарҳ диҳед.
5. Вазъияти адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX-ро нақл кунед.
6. Кадом омилҳои инкишофу таҳаввули адабиёти ин давраро медонед?
7. Марказҳои адабии адабиёти давраи мазкур кадомҳоянд?
8. Ҷараёни маорифпарварӣ ва хусусиятҳои онро номбар кунед.
9. Аҳмади Дониш дар инкишофи илму фарҳанги ин давра чӣ гуна мақом дошт?
10. Доир ба адабиёти дарборӣ ва хусусиятҳои он маълумот диҳед.
11. Кадом тазкираҳои дар ин аҳд таълифшударо медонед?
12. Доир ба тазкираи «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб»-и Возеҳ маълумот диҳед.
13. Арзиши илмӣ-адабии тазкираҳои ин давра аз чӣ иборат аст?
14. Кадом адибони пайрави Аҳмади Донишро медонед?
САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ
1. «Парешон» асари кист?
А. Ҳилолӣ
В. Саййидо
С. Мирзо Содиқ
D. Ҳозиқ
Е. Қоонӣ
2. Русия кадом сол Тошкандро ишғол кард?
А. соли 1834
В. соли 1844
С. соли 1854
D. соли 1860
Е. соли 1865
3. «Афзал-ут-тазкор фӣ зикр-иш-шуаро ва-л-ашъор» чӣ гуна асар аст?
А. асари ёддоштӣ
В. асари бадеӣ
С. асари ҷуғрофиёӣ
D. асари таърихӣ
Е. тазкира
4. «Афзал-ут-тазкор фӣ зикр-уш-шуаро ва-л-ашъор» тазкираи кист?
А. Авфӣ
В. Давлатшоҳ
С. Ҷомӣ
D. Малеҳо
Е. Афзал Махдум
5. «Парешон» дар пайравии кадоме аз ин асарҳо эҷод шудааст?
А. «Хористон»
В. «Нигористон»
С. «Баҳористон»
D. «Боғистон»
Е. «Гулистон»