Қоонӣ

Сухан газофа чӣ ронӣ зи

хусравони куҳан,

Яке зи шавкати шоҳи ҷаҳон

сарой сухан.

Адиби тавоно Мирзо Ҳабибуллоҳ, мутахаллис ба «Қоонӣ» 20-уми октябри соли 1808 дар шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Падари ӯ Мирзо Муҳаммадалӣ худ шоир буда, бо тахаллуси «Гулшан» шеър мегуфтааст. Гулшан аслан аз Кирмоншоҳон буда, баъдтар ба Шероз меояд. Дар овони мактабхонии Қоонӣ падараш аз олам гузаштааст. Қоонӣ баъдтар барои таҳсил ба Исфаҳон рафта, сипас бо шоҳзода Мирзо Шуҷоуссалтана – писари Фатҳалишоҳ дӯстӣ пайдо намуда, ба ин восита бо ёрии моддии шоҳзода барои таҳсил ба Машҳад меравад. Қоонӣ худ мегӯяд, ки дар Машҳад зиндагияш нисбатан хушҳолона будааст. Чунончи, «… бахтам қавӣ, кисаам фарбеҳ, хостаам зиёд», – ба ёд меорад шоир.

Ин ёрии моддӣ имкон медиҳад, ки ӯ ба омӯзиши илмҳо боз ҳам ҷиддитар машғул шавад. Ин аст, ки Қоонӣ ба омӯзиши илмҳои гуногун хеле ҷиддӣ машғул шуда, сарфу наҳв, мантиқ, бадеъ, маонӣ, баён, ҳандаса, ҳисоб, нуҷум, калом, фиқҳ ва ғайраро ҳамаҷониба меомӯзад. Ӯ аз илми мусиқӣ низ комилан бохабар будааст. Аз рӯйи шаҳодати сарчашмаҳо ва баъзе ишораҳои тарҷумаиҳолии худи Қоонӣ, ӯ дар 16-17-солагӣ илми арӯзро аз худ мекунад. Сарчашмаҳо ба забондонии Қоонӣ низ ишора намуда, таъкид кардаанд, ки шоир забонҳои арабӣ ва туркиро хеле хуб медонистааст. Ӯ дар ҳамин поя забонҳои фаронсавӣ ва англисиро низ омӯхта будааст. Ҳатто Қоонӣ ба писари 7-солаи худ – Сомонӣ забони фаронсавиро то ба ҳадде бо тамоми нозукиҳояш омӯзондааст, ки Сомонӣ дар он синну сол ба забони мазкур озодона суҳбат мекардааст.

Шеъргӯйии шоир хеле зуд оғоз гардида, ӯ дар ибтидо бо тахаллуси «Ҳабиб» эҷод мекардааст.

Баъдтар шоир ба хидмати Ҳасаналӣ Мирзо, ки ҳокими Машҳад буд, дохил шуда, се сол хидмат мекунад. Фарзанди Ҳасаналӣ Мирзо Уктой Қоон ном дошт ва шоир тахаллуси худро аз “Ҳабиб” ба “Қоонӣ” иваз менамояд. Баъдтар шоҳзодаро ҳокими Кирмону Язд таъйин мекунанд ва Қоонӣ низ ба ин макон меояд.

Қоонӣ пас аз он ки бо Фатҳалишоҳ шинос мешавад, муддате хидмати ӯро ихтиёр менамояд. Фатҳалишоҳ ба шоир унвони эҷодии “Муҷтаҳидушшуаро” дода, ба ӯ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.

Соли 1835 дар Теҳрон Муҳаммадшоҳ ба тахт менишинад. Қоонӣ худи ҳамон сол ба Теҳрон омада, ба хидмати ӯ дохил мешавад. Муҳаммадшоҳ ба ӯ лақаби «Ҳассон-ул-аҷам»-ро медиҳад, ки баҳри сазовор гардидан ба ин унвон садри аъзам Ҳоҷ Мирзо Оқосӣ мусоидат намудааст:

Худовандо, шунидам, мар маро Ҳассон лақаб додӣ,

Бале, Ҳассон бувад, ҳар к-ӯ ту бигзинӣ зи эҳсонаш.

Кадомин фахр аз ин бартар, ки гӯяд осафе чун ту,

Муҳаммадшаҳ Муҳаммад ҳасту Қоонист Ҳассонаш.

Қоонӣ ду дафъа хонадор шуда бошад ҳам, дар зиндагии оилавӣ бахташ омад накард. Пас аз ранҷу азобҳои хеле тӯлонӣ, ки ҳам аз ҳар ду ҳамсараш ва ҳам аз хешовандони онҳо дида буд, вай сахт бемор мешавад.

Мирзо Ҳабибуллоҳи Қоонӣ сеюми майи соли 1854 вафот кардааст. Оид ба санаи вафоти ин адиби хушзавқ шоире чунин моддаи таърих гуфтааст:

Таърихашро яке бурун омаду гуфт:

Сад ҳайф, ки рафт аз миён Қоонӣ.

Қоонӣ серфарзанд буда, яке аз писарони шоир Муҳаммадҳасан адиби хеле рангинхаёл будааст. Вай аз овони хурдсолӣ ба шеъргӯйӣ машғул шуда, бо тахаллуси «Сомонӣ» эҷод мекардааст.