Ғазал дар осори адабии Саййидо мақоми аввалиндараҷа дорад. Мавзуи ғазалиёти ӯ ҳамоно ишқу ошиқӣ, дӯстию муҳаббат, эҳсосоти қалбӣ, шӯру исёнҳои ботинии инсонҳо ва ғайра буда, ин ҷанбаи суннатии мундариҷавии ғазалиёти шоир аст. Ҳунари Саййидо дар сурудани мавзуъҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, ҷамъиятӣинсондӯстӣ, фардӣ-шарҳиҳолӣ ва монанди инҳо низ ҳаст. Албатта, ҷанбаҳои мавзуи мазкур бо оҳангҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аз Саъдии Шерозӣ шуруъ шуда буд. Саййидо мавзуъҳои ҳасби ҳол ва умуман адолати иҷтимоиро ба баландтарин нуқта расонида тавонист ва дар ҳамин замина тозакориҳову навовариҳо кард.
Танқиди беадолатиҳои замон, нобасомониҳои давр, хорию беқадрии инсон, зикри нодорию бенавоӣ, камбағалию бечорагӣ, ҳимояи аҳли меҳнат ва фақирону дармондагон, танқиди аҳли ҳасад, золимон, соҳибмансабони бераҳм, риёкорону чоплусон, зоҳидони зоҳирбин, тасвири аҳволи бади хеш, мазаммати бухлу кинаварзӣ ва ғайра асоси мундариҷавии ғазалҳои Саййидоро ташкил медиҳанд.
Шоир ҳатто ғазалҳое ҳам дорад, ки саропо арзиши шарҳиҳолӣ доранд:
Бо кӣ равшан созам аҳволи дили афгори хеш,
То ба кай чун шамъ сӯзам бар сари бемори хеш?
Баҳри осоиш гар аз ғамхона сар берун кунам,
Мениҳам чун соя паҳлу бар таҳи девори хеш.
Юсуфи ман аз харидорон касодӣ мекашад,
Бар дукон оташ занам аз сардии бозори хеш.
Бар сари ман осиё гардад, таҳаммул16 мекунам,
Чун намебинам касеро зери гардун ёри хеш.
Бар бадан аз нолаи ҷонкоҳ дорам рахнаҳо,
Бастаам чун най камар, умрест, бар озори хеш.
Аз баланду пасти олам гашт сӯҳон комёб,
Хасм17 меболад ба худ аз вазъи ноҳамвори хеш.
Саййидо, бошад кудурат18 рӯзии соҳибҳунар,
Шохи гул аз пой натвонад кашидан хори хеш.
Ҳолати мазкур, яъне, ҷанбаи тамоман воқеии тасвир бахшидан ба ғазал ва рӯзгорӣ гардидани образҳои лирикӣ яке аз хидматҳои Саййидо дар таърихи адабиёти тоҷик аст.