Анвои шеър дар адабиёти асрҳои XVI ва XVII

Анвои шеър дар адабиёти асрҳои мазкур асосан аз ғазал, қасида, мусаммат, қитъа, рубоӣ, манзумаву достон иборат мебошад. Яке аз навъҳои адабии маъмул ва машҳури давраи мазкур жанри ҷовидона ву устувор ғазал ба шумор меравад.

Ғазал дар таърихи адабиёт жанрест, ки асрҳои махсуси инкишо фи худро (асрҳои XIII-XIV) дорад. Ҳатто дар адабиёт ибораи «асрҳои ғазалсароӣ» қобили қабул гардидааст, ки шояд ифодагари талаботи замон ва табиати жанр бошад.

Бояд гуфт, ки дар инкишофи ғазали нимаи аввали асри XVI саҳми шоирони ғазалсарои аҳди мазкур – Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Бадриддини Ҳилолӣ ва дигаронро метавон таъкид намуд. Баъзе аз ин шоирон, масалан, Абдурраҳмони Мушфиқӣ ҳатто ду девони ғазал доранд, ки то андозае қонунмандии таҳаввули жанри мазкурро дар ин давра фаро мегирад.

Бо дар назар доштани мавзуъ, мазмун ва мундариҷаву муҳтаво ғазали асри XVI асосан анъанавӣ бошад ҳам, дар ҷузъиёт тобишҳои фарқкунанда дорад. Шояд сӯзу фироқ, дарду доғ, нокомию бебарорӣ, ранҷу азоб, шиканҷаву ҷавр ва ғайра дар ғазали асри XVI (хусусан, дар нимаи аввал) хеле беҳтар мушоҳида карда шавад. Ин ҳолат, ху сусан, дар симои маҳбуба ба назар мерасад, ки ӯ бемеҳр, бадқаҳр, бераҳм, номеҳрубон, ҷафокор, золим, мағрур, якрав, худписанд аст. Маҳбуба аз кардаҳои худ пушаймон намешавад ва бо вуҷуди ин ҳама, ошиқ пурсабру тоқат, бовафо, меҳрубон, ғамхор, устувор, тобовар, ҷафокаш мебошад.

Масалан, ҳасрати ошиқ дар байти зер аз ғазали Ҳилолӣ:

Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам,

Ҳарчанд кунӣ зинда, дигар бор бимирам.

Ё худ дар ҷойи дигар ҳамин шоир мегӯяд:

Дарди ман ишқ асту дармонаш ба ғайр аз сабр нест,

Чун кунам, к-аз дард мушкилтар бувад дармони ман.

Дар асоси ғазалиёти шуарои маъруфи асри XVI метавон ба на тиҷае расид, ки дар унсурҳои шаклии ғазали ин аср тозакорӣ му шоҳида нашавад ҳам, дар мазмунсозӣ ва ҳунари шоирӣ тозаҷӯиҳо дида мешавад.

Дар ғазали ин аср ишқ бо масъалаҳои дигари иҷтимоӣ сахт омезиш ёфтааст. Ҳолати ошиқ басо ногувор ва тоқатфарсост, вале маҳбуба бепарвосту бераҳмиро пеша кардааст.

Чунончи:

Хуни дил мегиряму ашки ҷигархун мехӯрам,

Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехӯрам.

Ҳамчу нақши панҷае савсан дамад аз хоки ман,

Баски силии ҷафо аз дасти гардун мехӯрам.

Ваҳ, ки дар аҳди ҷавонӣ пир гаштам, Мушфиқӣ,

Чун нагардам пир аз ин ғамҳо, ки акнун мехӯрам?!

Ҳунари шоирони ғазалсарои садаи мазкур дар ҷилои сухан, рангорангии ифода, маънои баланд, ҷавлони андеша, коргирӣ аз санъатҳои шеърӣ, мазмунсозӣ, хаёлбофӣ ва ғайра аст, ки ин ҳамаро дар маҷмуъ ҳунари эҷод меноманд.

Қасида. Дигар аз навъҳои маъмули адабии асри XVI қасида ба шумор меравад, ки дар ин навъи шеър мо ҳунари суханварии шоиронро бештар пай мебарем. Мушфиқӣ худ дар як қасидааш мефармояд, ки ӯ бо дар назар доштани мамдуҳ ҳунари эҷодиро ба харҷ медиҳад:

Шеъри ман гар зинате дорад, зи юмни мадҳи туст,

Хона орояд, бале, ҳар кас ба қадри меҳмон.

Дар ин аср аз навъҳои қасида бештар қасидаҳои мадҳӣ, ҳаҷвӣ, ҳасбиҳолӣ, шиквоӣ, баҳория ва ғайра ба назар мерасад. Қасоиди фалсафӣ, орифона дар ин аср манзур намегардад. Аммо андешаҳои фалсафӣ ва орифона вуҷуд доранд.

Хусусияти дигари қасоиди ин давра аз он иборат аст, ки қасидаҳои мадҳӣ комилан арзиши таърихӣ доранд, зеро амалу фаъолиятҳои сиёсии мамдуҳон асос ё худ ҷанбаи ситоишии онҳоро ташкил медиҳанд. Хонанда шахсияти мамдуҳ ва шуғли пайвастаи ӯ, таваҷҷуҳи мадҳшаванда ба аҳли илму фазл, аҳли заҳмату фуқаро ва ғайраро хуб дармеёбад. Чунончи, матлаи як қасидаи мадҳии Мушфиқӣ далели қазовати мазкур аст:

Биҳамдиллаҳ, ки олам эмин аст аз фитнаи даврон

Ба даври адли Абдуллоҳхон ибни Сикандархон.

Авзои таърихӣ дар чунин қасидаҳо хеле хуб баён карда мешавад:

То кай нидои ҳодиса даври замон диҳад,

Кас нест дар ҷаҳон, ки қарори ҷаҳон диҳад.

Қитъа. Яке аз навъҳои куҳанбунёду қадимӣ дар таърихи адабиёти тоҷик қитъа аст. Ин навъи шеъриест, ки бештар панду андарз, мавъизаву насиҳат, санаҳои таърихӣ, ҳаводису воқеоти муҳимми рӯзгори шахсиятҳо, симоҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва адабиро фаро мегирад. Аз тарафи дигар, он ҳаҷву накуҳиш, мазаммату танқид ва муносибати адибро бо замон ва абнои он муайян менамояд. Аз ин рӯ, ин яке аз жанрҳои ба ҳаёти ҷомеа хеле наздик низ ҳаст.

Қитъаҳои тамсилӣ, ки моҳияти андарзӣ доранд, дар ин давра хеле зиёд ба мушоҳида мерасанд.

Чунончи, қитъаи «Суроҳӣ ва шамъ»-и Мушфиқӣ беҳтарин намунаи онҳост:

Шабе бо суроҳӣ ҳамегуфт шамъ,

Ки: Эй мояи маҳфилорои дӯст,

Туро бо чунин қадр пеши қадаҳ

Суҷуде паёпай, бигӯ, аз чӣ рӯст?

Суроҳӣ ба ӯ гуфт: Нашнидаӣ?

«Тавозуъ зи гарданфарозон накӯст».

Мусаммат. Аз навъҳои хеле маъмули адабист, ки ҳатто дар асри Х, дар ашъори устод Рӯдакӣ бандҳои монанд ба мусаммати мураббаъ дучор мешавад. Дар асри XI комилтарин намунаҳои онро Манучеҳрии Домғонӣ эҷод кардааст.

Дар лирикаи асри XVI шеъри тасмит дар шакли мусаллас дучор мешавад, ки намунаи барҷастаи онро Мушфиқӣ эҷод кардааст, ки ду банди онро ҳамчун намуна меорем:

Рӯзе, ки ба савдои ту афсона шудам,

Бар шамъи таманнои ту парвона шудам,

Афтод нигоҳе зи иноят ба манат.

Аз хеш ба ғамҳои ту бегона шудам,

Чашми ту дилам рабуду девона шудам,

Аз хандаи пинҳонию мункир шуданат.

Мусаммати Манучеҳрӣ дорои 14 банд аст, мавзуи марказии он ишқ буда, ҷамоли маҳбуба бо кулли ҷузъиёт тавассути ташбеҳшавандаву ташбеҳкунанда ба намоиш гузошта мешавад.

Шакли шеърии мазкур аз нигоҳи мазмуну муҳтаво хамрӣ, ишқӣ, мавъизатӣ, васфӣ ва ғайра мешавад.

Рубоӣ. Рубоӣ дар адабиёти асри XVI пас аз ғазалу қасида аз маъмултарин анвои адабии ғиноӣ ба шумор меравад.

Аз ахбори сарчашмаҳо маълум мешавад, ки баъзе шоирони асри XVI асосан рубоисаро будаанд. Масалан, ҳатто маҳз барои рӯ овардан ба ин жанр касоне чун Шайхи Рубоӣ эҷодкорон лақаби худро аз жанри мазкур гирифта будаанд. Ба ҳамин тариқ, шоирони дар ин жанр устод мисли Вазеҳии Ахсекатӣ, Ҳаким Рукнои Кошӣ, Азизи Самарқандӣ ва дигарон асосан рубоӣ сароидаанд. Ҳатто дар нимаи аввали асри XVI таълифи рубоиёти шаҳрошӯб басо ривоҷ ёфт, ки сарчашмаҳо то 160 рубоии шаҳрошӯбро қайд кардаанд. Албатта, инкишофи рубоӣ ба тақозои мавзуии он вобастагӣ дорад, зеро он метавонад мавзуъҳои ирфонӣ, динӣ, фалсафӣ, ишқӣ, мавъизатӣ, шиквоӣ, сиёсӣ, ҳаҷвӣ, хамрӣ, мадҳӣ, васфӣ ва ғайраро дар бар гирад.

Манзума ва достон. «Манзума» лафзи арабӣ буда, ба маънии назмшуда, ба назм даровардашуда гуфтан аст. Дар истилоҳи адабӣ шакли махсус, ки дорои хусусиятҳои ҷудогонаи жанрӣ бошад, нест. Гоҳе достонҳои лирикии ҳаҷман хеле хурдро манзума гуфтаанд.

Аммо достон дар эҷоди бадеъ ба чанд маънӣ кор фармуда мешавад. Достон ба маънии машҳур шудан паҳн гардидааст. Достон яке аз лақабҳои Рустам низ ҳаст. Ин калима ба маънии макр, найрангу фиреб низ меояд:

Бад-ӯ гуфт: Марди шабистон наям,

Маҷӯям, ки бо банду дастон наям.

Дар истилоҳи адабӣ достон асари калонҳаҷми бадеии манзуму мансурро меноманд, ки дар он ҳаводиси муҳимму барҷаста тасвир гардида, сужети муайян дорад.

Баъд аз Инқилоби Октябр дар адабиёти тоҷик истилоҳоти адабии повест, роман, баллада, поэма ворид шуда, мафҳуми достонро хеле маҳдуд намуд. Достон ҳамчун ифодагари поэмаи юнонӣ боқӣ монд. Махсусан, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ намунаи комили достони асримиёнагии форс-тоҷик аст. Ҳаводису воқеот, доираи фаъолияти қаҳрамонон, сужети пайваста ва муттасил инкишофёбанда тасвир ва нигошта мешаванд, ки ин ҳама боиси зуҳури образҳои мукаммали бадеӣ мегардад.

Ба ҳамин тариқ, достон сужети мукаммалу муфассал ва тулонию пайвастаро талаб менамояд. Достон тули асрҳои зиёд равону мушаххасу дақиқ шудааст. Ин аст, ки достонҳои ишқии романтикӣ, лирикии эпикӣ, ахлоқию фалсафӣ, сӯфиёнаву орифона, моҷароҷӯёна ва ғайра таълиф шудаанд. Дар достонҳои қаҳрамонӣ нақлу ривоят ва дар достонҳои ишқии романтикӣ муколама (диалог) мавқеи марказӣ дорад. Аз ҷумла, «Варқаву Гулшоҳ»-и Айюқӣ, «Вису Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ ва ғайра намунаҳои чунин достонҳоянд.

Намунаҳои барҷастаи достонҳои ахлоқӣ дар асри Х ба вуҷуд омада бошанд ҳам, дар асрҳои XI-XIII машҳуртарин маснавию достонҳои сӯфиёнаву орифона таълиф шудаанд, ки чун намуна асари нахустини ирфонӣ «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа»-и Саноӣ (асри XII), «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор (асри XII), «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (асри XIII) ва ғайраро метавон зикр намуд.

Равияи дигари достонсароиро, ки аз «Вису Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ оғоз мешавад, Низомӣ такони ҷиддие дод ва доир ба баъзе асарҳои он, аз ҷумла «Лайлию Маҷнун» то 147 ҷавобия ба вуҷуд омад. Яке аз сабабҳои машҳур гардидани жанри мазкур дар адабиёти форс-тоҷик он аст, ки достон дар ин адабиёт таърихи басо тулонӣ дошта, заминаҳои миллии он ба ёдгориҳои адабиёти тоисломӣ, адабиёти паҳлавӣ ва аз он пештар ҳам рафта мерасад. Намунаи барҷастаи достонҳои аҳди паҳлавӣ достони «Дарахти Асурик ва Буз» мебошад.

Дар сурудани шаклҳои гуногуни достон, асосан дар таърихи адабиёти асрҳои миёна хидмати Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саноӣ, Носири Хусрав, Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ, Низомӣ, Хусрав, Ҳоҷу, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Бедил, Шоҳин ва дигарон шоистаи таҳсин аст.

Адабиёти асри XVI, ки аввалин асри инқирози сохти феодалӣ мебошад, дар адабиёт низ ин гардиши таърихӣ-сиёсӣ бетаъсир нест.

Агар мо танҳо ба таҳаввули жанри достон дар адабиёти садаи мазкур назар андозем, мебинем, ки дар ин давра достон хеле пеш рафтааст.

Дар жанри эпикии адабиёти асри XVI бештар анъанаҳои достонсароии Низомии Ганҷавӣ (достонҳои «Хамса»), Шамсуддини Муҳаммад ибни Аҳмади Табрезӣ, ки дар асри XVI достони «Меҳру Муштарӣ» ё худ «Ишқнома» навиштааст, ё ин ки Ҷомӣ (достонҳои «Ҳафт авранг») бештар ба мушоҳида мерасанд. Дар асри XVI достонҳои ишқии «Лайлию Маҷнун» (Ҳилолӣ, Мавҷӣ Қосимхони Бадахшонӣ), «Юсуфу Зулайхо» (Мавҷӣ Қосимхони Бадахшонӣ, Амир Пӯлодхоҷа ибни Девонхоҷаи Бадрӣ), «Шоҳу Дарвеш» (Ҳилолӣ), «Гулзори Ирам» (Мушфиқӣ) рӯйи кор омадаанд, ки ҳар кадом дар таърихи адабиёти давр мақоми махсус доранд.

Инчунин, дар ҳамин давра чандин достони таърихӣ таълиф шудаанд. Аз ҷумлаи он достонҳои таърихӣ «Зафарнома» (Амир Пӯлодхоҷаи Бадрӣ), «Ҷаҳоннамо» (Мушфиқӣ) мебошанд. Аз тарафи дигар, таҳти таъсири осори ирфонӣ, инчунин «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавию Хусрави Деҳлавӣ, махсусан, шоҳасарҳои манзуму мансури ахлоқии адабиёти тоҷик, китобҳои «Бӯстон»-у «Гулистон» (Саъдии Шерозӣ), асари адабӣ-ахлоқӣ ва фалсафии «Сифот-ул-ошиқин» (Ҳилолӣ) ба арсаи эҷоди бадеъ омадааст, ки хеле арзишманд ва муҳим мебошанд.

Дар баробари достонҳои ишқӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ ва ғайра, инчунин, достонҳои адабӣ-таърихӣ низ дар ин давра таълиф шудаанд, ки оид ба авзои сиёсӣ-таърихии замон, фаъолияти зимомдорони вақт, руҳия ва аҳволи халқ, табақаҳои иҷтимоии ҷамъият маводди фаровон медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар, чунон ки ишора шуд, ду достони таърихӣ дар асри XVI рӯйи кор омадааст, ки ҷавобгӯйи қазовати дар боло зикргардида мебошад. Ин достонҳо яке таҳти унвони «Зафарнома» аз Амир Пӯлодхоҷа ибни Девонхоҷаи Бадрӣ ва дигаре «Ҷаҳоннамо»-и Абдурраҳмони Мушфиқӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки ҳар ду асар ба лашкаркашиҳои Абдуллоҳхони Шайбонӣ бахшида шуда, ҳаводису воқеоти сиёсӣ - таърихии нимаи дуюми асри XVI-ро дар бар мегиранд. Ҳар ду асар дар шакли маснавӣ ва дар баҳри мутақориби мусаммани маҳзуф ё мақсур иншо шудаанд.

Аз сӯйи дигар, то андозае ин достонҳо суннати эҷоди осори ҳамосиро таҳким бахшидаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Сабабҳои барҳам хӯрдани империяи Темуриёнро шарҳ диҳед.

2. Империяи Темуриёнро кадом сулола расман аз миён бурд?

3. Сабаби ба зудӣ шикаст хӯрдани ҳукумати Шайбонихон аз чӣ иборат буд?

4. Омилҳои тезутундшудани муносибатҳои мазҳабии замони Сафавиҳо дар чист?

5. Марказ ва ҳавзаҳои адабии асрҳои XVI ва XVII-ро номбар кунед.

6. Кадом адибони доираҳои адабии Мовароуннаҳру Хуросонро медонед?

7. Хусусиятҳои ҳаёти адабӣ ва фарҳангӣ дар қаламрави Эрону Ҳинд аз чӣ иборат аст?

8. Тазкира чӣ гуна асар аст?

9. Кадом тазкираҳо ва тазкиранигорони ин асрҳоро медонед?

10. Доир ба «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ маълумот диҳед.

11. Арзиши илмӣ - адабии «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисориро баён кунед.

12. Доир ба тазкираҳо ва тазкиранигорони ин давраҳо маълумот диҳед.

13. Дар адабиёти ин асрҳо кадом навъҳои шеър маъмул буданд?

14. Муҳимтарин хусусиятҳои ғазали асри XVI-ро шарҳ диҳед.

15. Дар ин асрҳо бештар кадом навъи қасида инкишоф ёфтааст?

16. Муқаттаоти шоирони ин асрҳо бештар кадом мавзуъҳоро дар бар мегиранд?

17. Дар бораи мусаммат ва хусусиятҳои жанрии он чӣ медонед?

18. Мавқеи рубоӣ дар адабиёти асрҳои XVI - XVII чӣ гуна аст?

19. Доир ба достонсароёни машҳури асрҳои XVI - XVII маълумот диҳед.

20. Тафовути достону манзума дар чист?

21. Кадом омилҳо сабаби ривоҷ ёфтани достон ва достонсароӣ гардидааст?

САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ

1. Темуриёни Ҳинд ё Бобуриён кадом солҳо дар қаламрави Ҳиндустон ҳукмронӣ кардаанд?

А. Солҳои 1700-1800

В. Солҳои 1600-1700

С. Солҳои 1500-1606

D. Солҳои 1500-1726

Е. Солҳои 1526-1858

2. Асосгузори давлати Темуриёни Ҳинд кӣ буд?

А. Шоҳиҷаҳон

В. Ҷаҳонгир

С. Аврангзеб

D. Фаррух–Сияр

Е. Бобур–Мирзо

3. «Тазкират-ут-таворих»-ро кадоме аз ин донишмандон таълиф карда аст?

А. Муҳаммад Авфӣ

В. Аттори Нишопурӣ

С. Давлатшоҳи Самарқандӣ

D. Ҷомӣ

Е. Абдуллоҳи Кобулӣ

4. Кадоме аз ин тазкираҳоро Сайидмуҳаммад Мутрибии Самарқандӣ таъ лиф намудааст?

А. «Кашф-ул-маҳҷуб» ва «Тазкират-ул-авлиё»-ро

В. «Лубоб-ул-албоб» ва «Майхона»-ро

С. «Нафаҳот-ул-унс» ва «Маҷолис-ун-нафоис»-ро

D. «Тазкират-ут-таворих» ва «Туҳфаи Сомӣ»-ро

Е. «Нусхаи зебои Ҷаҳонгир» ва «Тазкират-уш-шуаро»-ро

5. Дар кадоме аз ин тазкираҳо дар бораи 713 адиб маълумот дода шуда аст?

А. «Лубоб-ул-албоб»

В. «Тазкират-ул-авлиё»

С. «Нафаҳот-ул-унс»

D. «Маҷолис-ун-нафоис»

Е. «Туҳфаи Сомӣ»

6. Дар кадоме аз ин тазкираҳо дар бораи 197 тан адиб маълумот дода шудааст?

А. «Лубоб-ул-албоб»

В. «Тазкират-уш-шуаро»

С. «Маҷолис-ун-нафоис»

D. «Нафаҳот-ул-унс»

Е. «Тазкират-ут-таворих»

7. Байти мазкурро кӣ гуфтааст?

Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам,

Ҳарчанд кунӣ зинда, дигар бор бимирам.

А. Ҳофиз

В. Камол

С. Саййидо

D. Ҷомӣ

Е. Ҳилолӣ