Хусусиятҳои достон

Ин достон рамзӣ буда, қаҳрамонҳои он асосан узвҳои бадани инсонанд. Хусусиятҳои узвҳо ба назар гирифта шудаанд. Инчунин майлҳои инсонӣ низ ҳар кадом табиати худро нигоҳ медоранд: Ишқ, Ҳусн, Ақл, Дил, Хаёл, Назар, Ғамза, Қомат, Ҳиммат, Меҳр, Вафо, Ноз, Зулф, Табассум, Номус, Тавба, Зарқ, Рақиб ва ғ. ширкаткунандагони достонанд.

Тавассути ташхис ва рамзу киноя ҳар кадом амал мекунанд. Муносибату рафтор, гуфтору кирдор ва фаъолияти мусбату манфӣ доштани онҳо мисли он аст, ки онҳо вуҷуди инсонӣ доранд. Масалан, Ғайр, Зарқ, Тавба бештар садди роҳи ошиқу маъшуқаанд, вале дар достон ҳар кадоми инҳо фаъолияту амали мустақилона доранд.

Қаҳрамонҳои асосии асар Ақлу Дил ва Ишқу Ҳусн мебошанд.

Дигар қаҳрамонҳо лаҳзавӣ ва ё ёрирасон мебошанд. Онҳо хатти амалиётро фаъол гардонида, ба ҷараёни ҳодисаву воқеаҳо таҳким мебахшанд. Ҳадаф аслан баёни ҳолоти ошиқу маъшуқа мебошад, ки онҳо Ҳусну Диланд. Ин қаҳрамонҳо (асосӣ ва ёвар) дар ашъори орифона вазифаи дигар доранд. Инчунин дар ашъори лирикӣ низ дучор мешаванд. Маснавии «Гулзори Ирам», ҳатто аз унвони он пайдост, ки дорои қавитарин оҳангҳои ирфонӣ-тасаввуфиаст.

Аз нигоҳи сабку услуб, шеваи баёну ҳунари эҷод, истифодаи вазну қофия, радифу санъатҳои адабӣ, мазмуну ҳунари тасвир, корбасти калимаҳову ибораҳо, таъбирҳои халқӣ ва ғайра низ ин достон хеле ҷолиб аст.

Кӯшиши шоир дар эҷоди маснавӣ аз он иборат аст, ки ӯ хостааст дар заминаи суннати ғанӣ ва бисёрсолаи адабиёт тозакорӣ бикунад. Ӯ аз уҳдаи он ҳам баромада тавонистааст.

Албатта, дар ин мавзуъ Ибни Сино, Шайх Шаҳобиддини Суҳравардӣ («Рисола фӣ ҳақиқат-ил-ишқ») таълифот доранд, вале чун асари адабӣ-бадеӣ Фаттоҳии Нишопурӣ («Ҳусну Дил»), Котибӣ («Ҳусну Дил») навиштаанд. Мушфиқӣ бештар такя бар эҷодиёти Фаттоҳӣ кардааст:

Аввал ин буд, ки муншии устод

Дафтари «Ҳусну Дил» ба дастам дод.

Вале ба қавли Мушфиқӣ, Фаттоҳӣ дар эҷоди асар ба нуқсонҳо бештар роҳ додааст. Аз ин рӯ, асари ӯро «қолаби беруҳ» ва «чамани беоб» мегӯяд:

Муҷмали қисса он ки дошт зуҳур

Нусхае аз фасеҳи Нишопур.

Тоире аз назм ночашида футуҳ,

Дар назар ҳамчу қолаби беруҳ…

Ин аст, ки достони Мушфиқӣ бештар дар таърихи адабиёт маҳбубият пайдо кардааст. Шоири асри XVII Нишонӣ аввалин касест, ки пас аз Мушфиқӣ достони «Ҳусну Дил» навиштааст. Чандин шоири дигар низ бо ин ном ва ё дар ҳамин мавзуъ асар навиштаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Оид ба ҷараёни зиндагии Мушфиқӣ чӣ медонед?

2. Мушфиқӣ кай ба шеъру шоирӣ рӯ овардааст?

3. Сабаби ба Самарқанд сафар кардани Мушфиқиро шарҳ диҳед.

4. Муносибати шоир бо амирони давр чӣ гуна буд?

5. Сабаби ба Ҳиндустон рӯ овардани Мушфиқӣ дар чист?

6. Мушфиқӣ кай ва дар дарбори кӣ соҳиби унвони «Маликуш-шуаро» гардид?

7. Поёни умри шоир дар куҷо сипарӣ шудааст?

8. Аз мероси адабии Мушфиқӣ то кунун чӣ боқӣ мондааст?

9. Мавзуъ ва мундариҷаи ғазалиёти Мушфиқиро баён кунед.

10. Арзиши адабии қасидаҳои шоир дар чист?

11. Кадом хусусиятҳои хосси ҳаҷву мутоибаҳои шоирро медонед?

12. Ғазали Мушфиқӣ «Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам»-ро аз ёд кунед.

13. Кадом маснавиҳои Мушфиқиро медонед?

14. Мазмуни мухтасари маснавии «Гулзори Ирам»-ро нақл кунед.

15. Образҳои асосӣ ва лаҳзавии маснавии «Гулзори Ирам»-ро шарҳ диҳед.

16. Хусусияти фарқкунандаи маснавии «Гулзори Ирам»-ро гӯед.

17. Нуфузи эҷодиёти Мушфиқӣ ба адабиёти давр ва шуарои мутааххир чӣ гуна аст?

САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ

1. «Суроҳӣ ва шамъ»-и Мушфиқӣ кадом навъи шеърист?

А. Қасида

В. Ғазал

С. Тарҷеъбанд

D. Рубоӣ

Е. Қитъа

2. Падару бобои кадоме аз ин шоирон аз шаҳри Марванд?

А. Ҳофиз

В. Камол

С. Ҳилолӣ

D. Ҷомӣ

Е. Мушфиқӣ

3. Соли 1564 Мушфиқӣ дар дарбори Султон Саид ба кадом вазифа таъйин мешавад?

А. Ба мансаби муставфӣ

В. Ба вазифаи муншӣ

С. Ба мансаби вазирӣ

D. Ба пешаи ҳоҷиб

Е. Ба вазифаи китобдор

4. Мушфиқӣ соли 1577 ба кадом мамлакат сафар кардааст?

А. Афғонистон

В. Туркия

С. Эрон

D. Миср

Е. Ҳиндустон

5. Байти зерин:

Дар Самарқанд имтиҳон кардам, ки ёбам хонае,

Беҳтар аз байти тахаллус хонае пайдо нашуд.

Аз кист?

А. Ҷомӣ

В. Ҳусайн Воиз

С. Саййидо

D. Ҳилолӣ

Е. Мушфиқӣ

6. Поёни умри Мушфиқӣ дар кадомин шаҳр сипарӣ шудааст?

А. Хуҷанд

В. Ҳирот

С. Шероз

D. Самарқанд

Е. Бухоро

7. Санаи вафоти Мушфиқиро ёбед:

А. Соли 1550

В. Соли 1560

С. Соли 1578

D. Соли 1568

Е. Соли 1588

8. Шеъри зерро кӣ гуфтааст?

Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,

Гардид бадал рӯзи сиёҳам ба шаби тор.

Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят,

Хуни ҷигарам мехурад ин ҳинди ҷигархор.

А. Ҷомӣ

В. Камол

С. Саййидо

D. Ҳилолӣ

Е. Мушфиқӣ

9. Кадоме аз ин шоирон ду девони ғазалиёт дорад?

А. Камол

В. Ҷомӣ

С. Ҳилолӣ

D. Саййидо

Е. Мушфиқӣ

10. Кадоме аз ин шоирон ба Камоли Хуҷандӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ пайравӣ кардааст?

А. Саъдӣ

В. Носири Хусрав

С. Ҷалолуддини Балхӣ

D. Низомӣ

Е. Мушфиқӣ

11. Ин матлаи ғазали кист?

Дар ғамат дилро фигору хаста мегӯем мо,

Аҳли дардем, ин сухан дониста мегӯем мо.

А. Ҳофиз

В. Камол

С. Ҳилолӣ

D. Ҷомӣ

Е. Мушфиқӣ

12. Ғазали «Тақсими мерос» кадом мавзуъро фаро гирифтааст?

А. Ишқӣ

В. Тасвири манзара

С. Васф

D. Ҳиҷрон

Е. Ҳаҷвӣ

13. Матлаи мазкур аз ғазали кист?

Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам,

Шамъро сӯзам, дили парвонаро оташ занам.

А. Ҳофиз

В. Камол

С. Ҳилолӣ

D. Ҷомӣ

Е. Мушфиқӣ

14. Маснавии «Гулзори Ирам» дорои чанд фасл аст?

А. 10 фасл

В. 15 фасл

С. 21 фасл

D. 18 фасл

Е. 24 фасл

15. Маснавии «Гулзори Ирам» дар кадом баҳри арӯзӣ таълиф шудааст?

А. Ҳазаҷ

В. Рамал

С. Раҷаз

D. Музореъ

Е. Хафиф

16. Дар маснавии «Гулзори Ирам» шоҳи Мағрибзамин чӣ ном дорад?

А. Назар

В. Дил

С. Номус

D. Музореъ

Е. Ақл

17. Ҳокими шаҳри Офият (аз маснавии «Гулзори Ирам») кист?

А. Ақл

В. Дил

С. Назар

D. Зарқ

Е. Номус

18. Кадоме аз ин асарҳо бо никоҳи Ҳусн ва Дил интиҳо мепазирад?

А. «Соқинома»

В. «Ҷаҳоннамо»

С. «Юсуф ва Зулайхо»

D. «Лайлӣ ва Маҷнун»

Е. «Гулзори Ирам»

19. «Соқинома» маснавии кист?

А. Саъдӣ

В. Носири Хусрав

С. Ҷалолуддини Балхӣ

D. Низомӣ

Е. Мушфиқӣ

20. Ин матлаи ғазали кист?

Ҳаргиз нафасе шод надидам дили худро,

Аз банди ғам озод надидам дили худро.

А. Ҳофиз

В. Камол

С. Ҳилолӣ

D. Ҷомӣ

Е. Мушфиқӣ

21. Дар ғазали «Тақсими мерос» мухотаб кист?

А. Падар

В. Модар

С. Бародар

D. Мардум

Е. Хоҳар

22. Матлаи мазкур аз ғазали кист?

Волаи ҳусни хати ғолиябӯйи ту шавам,

Ваҳ, чӣ зебо шудаӣ, бандаи рӯйи ту шавам.

А. Ҳофиз

В. Камол

С. Ҳилолӣ

D. Ҷомӣ

Е. Мушфиқӣ

23. «Ҷаҳоннамо» маснавии кист?

А. Камол

В. Ҳофиз

С. Убайд

D. Хусрав

Е. Мушфиқӣ

24. Мушфиқӣ “Гулзори Ирам”-ро дар пайравии кадоме аз ин эҷодкорон на виштааст?

А. Саъдӣ

В. Хусрав

С. Ҳасан

D. Ҳофиз

Е. Фаттоҳӣ

25. Соли 1564 Мушфиқӣ ба кадоме аз ин шаҳрҳо рафтааст?

А. Хуҷанд

В. Хоразм

С. Ҳирот

D. Шероз

Е. Самарқанд