Аслан панду ахлоқ ва тарбияву таълим мақсади адабиёти бадеӣ аст. Эҷодкоре, ки ба эҷоди бадеӣ рӯ меорад, ҳатман муносибати худро ба ин масъала баён мекунад. Ғазалиёти Саййидо дар баробари фаро гирифтани мавзуъҳои дигар, ақидаҳои тарбиявӣ-ахлоқии шоирро низ дар бар гирифтаанд. Аз тарафи дигар, ба ин восита таълимоти фалсафаи амалии Саййидо маърифат мешавад, ки хеле муҳим низ ҳаст.
Масалан, шоир ҷонибдори саъю кӯшиш, ҷаҳду ҷадал, амалу ҳаракат аст. Барои дарёфти қути лоямут инсон бояд мисли санги осиё пайваста дар ҷадал бошад, яъне ризқи худро ҳалол кунад, тавассути заҳмат ба даст биёрад.
Ӯ ба ин маънӣ таъкид мекунад, ки:
Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт.
Ба ақидаи шоир, инсон набояд ғафлат варзад, балки бояд мақсади муайян дошта бошад. Ӯ кӯшишу ҳаракат, ҷаҳду талош, саъю ҷадалро талаб меномад ва мегӯяд:
Бе талаб, ай Саййидо, мақсад намеояд ба даст,
Ҷо ба маҷлис мекунад най аз фиғони хештан.
Меҳнату кор, машғулияту фаъолият обрӯ ва эътибори инсон аст ва мардумоне, ки ин сифатҳоро доро ҳастанд, соҳибҳунаранд ва дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ хору залил нахоҳанд шуд:
Рӯ намеорад ба хони ҳеч кас соҳибҳунар,
Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехурад.
Ё худ:
Шир мегардад бурун аз кӯҳ баҳри Кӯҳкан,
Ризқи худ соҳибҳунар аз санг пайдо мекунад.
Саййидо барои инсони меҳнаткаш на танҳо саҳрову дашт, балки ҳама ҷоро меҳнаткада медонад ва бояд дар ҳеҷ ҳолату дар ҳеҷ ҷо кас фориғ аз саъю кӯшиш набошад:
Мурғи кабоб рӯзии соҳибтараддуд аст,
Дар хона анкабут шикори магас кунад.
Ё ин ки:
Устухони хушк бе ташвиш кай ояд ба даст,
Аз пайи рӯзӣ магӯ табъи ҳумо осуда аст.
Шоир, ки худ бо меҳнати ҳалол зистааст, муфтхӯронро чашми дидан надорад. Ҳатто дасту пойи инсон, ки агар вазифаи худро ба ҷо наоранд, онҳоро бояд баст, мегӯяд:
Паймонае, ки бода надорад, шикастанист,
Дасте, ки нест масдари эҷод, бастанист.
Ба назари шоири меҳнатдӯсту покизакор хисоли ҳамидаи инсонӣ, аз қабили вафодорӣ, сидқу сафо, ростгӯӣ, ростқавлӣ, некиву некукорӣ, раҳму шафқат, инсондӯстию мардумнавозӣ, илмомӯзию донишмандӣ, сабру тоқат, бурдборию пуртоқатӣ ва ғайраро тарғиб намуда, оммавӣ гардидани онҳоро ҷонибдор аст. Ӯ мегӯяд:
Ростиро набувад ҳеч заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Ё худ:
Рафиқ аз каф мадеҳ, душман агар хоҳӣ забун гардад,
Туро сӯзан ба даст афтод, хор аз по бурун гардад.
Барои доро гардидани инсонҳо бо хислатҳои ҳамида ҳатман тарбият зарур аст. Аз ин рӯ, ба андешаи шоир, инсон ҳатман бояд аз мактаби тарбия гузарад.
Дар ғазалиёти Саййидо ба ҷуз мавзуъҳои маъмулии жанри мазкур, мавзуъҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, танқидӣ ҳаҷвӣ, шарҳиҳолӣ-хонаводагӣ ва ғайра хеле хуб баён шудаанд, ки нигоҳи тоза ба мазмуну муҳтавои ғазалсароӣ мебошад. Ин ҳамин маъниро дорад, ки Саййидо ба ин восита адабиётро ба ҳаёти ҷамъият, ба рӯзгори халқ, ба зиндагии табақаҳои иҷтимоӣ хеле наздик намуда, нияту мақсад ва орзуву омоли мардумонро асосан инъикос намудааст.
Аз тарафи дигар, тозакории шоир дар ғазалсароӣ ба хусусиятҳои шаклии жанр тааллуқ надорад, яъне, ӯ дар қофияву радиф, вазн ва сохтори дигари шаклии ғазал гардиши ҷиддӣ ворид накардааст.
Тозакориҳову навовариҳои шоир дар мундариҷаи ғазалсароӣ, моҳияти тематикии ғазал дахл дорад, ки ғазали ӯ оинаи рӯзгори асри шоир гардидааст. Ғазалҳои Саййидо саршор аз тазодҳову зиддиятҳои зиндагӣ, низоъҳои сиёсӣ-таърихӣ, ҳаётӣ-иҷтимоӣ, тоифавию табақавӣ ва ғайра аст. Инҳо низоъҳо ва тазодҳои рӯзгори ҳамарӯзаи ҷомеа мебошанд ва ғазалиёти Саййидо инъикосгари ҳаёти инсонҳост. Ӯ ин ҷанбаро низ бо ҳунари хоси шоирона ва бо сабку шеваи фардӣиндивидуалии худ эҷод кардааст.