Соиб яке аз шоирони тавонои ғазалсарост, ки дар таҳаввулоти жанри мазкур саҳми арзанда дорад. Ӯ дар офаридани мусаммат низ хеле қавипанҷа мебошад. Мусамматҳои ӯ аз нигоҳи мавзуъ ва муҳтаво, инчунин аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ асосан суннатӣ бошанд ҳам, дар ҳунари эҷод навоваронаанд. Соиб ғолибан дар эҷоди ғазалу мухаммас доди суханро додааст. Чунончи, мусаммати мухаммаси аввали девони шоир, ки аз нигоҳи унсурҳои шаклӣ тозакориҳо дошта, хеле ҳунармандона эҷод шудааст ва аз чаҳор банд иборат аст:
Тулуи субҳи содиқ сар зад аз пироҳани мино,
Насими руҳпарвар мевазад аз гулшани мино,
Суроғи духтари раз кардаам аз маскани мино,
Агар ин бор меомад ба дастам гардани мино,
Чу дурди май нахоҳам дошт даст аз гардани мино.
Маро савдои ишқи ӯ зи хобу х(в)ар бароварда,
Сарамро муншии тақдир аз дафтар бароварда,
Барои куштани ман осмон маҳзар бароварда,
Ду субҳи содиқанд аз як гиребон сар бароварда:
Яди байзои соқӣ бо баёзи гардани мино.
Банди сеюми мусаммати мухаммаси мазкур бо эътибори мавзуъ ва мазмуну муҳтаво ишқӣ буда, тавъам бо маю соқӣ идома мекунад, ки байтеро аз он метавон зикр намуд:
Чу донистам, ки гаштам ошиқу шайдои бетобаш,
Ба бедорӣ тавонам дид он маҳро, на дар хобаш…
Тозакорӣ дар шакл аз он иборат аст, ки дар банди чаҳорум тахаллуси адиб ба ҳайси радифи мураккаб оварда шудааст. Албатта, ин ҳолат ҳам таъкиди маъно ва ҳам бори ғоявӣ бардоштани унсури шаклӣ ва ниҳоят таъмини оҳангнокӣ дар бандро низ дорад:
Ба куфри зулфи ҷонон тоза шуд имон маро, Соиб,
Нигоҳи гарми оташ мезанад дар ҷон маро, Соиб,
Ду мисраъ дилнишин афтод дар девон маро, Соиб,
Ду чиз афтод хуш аз базми майхорон маро, Соиб:
Зи по афтодани соқӣ, ба сар ғалтидани мино.
Мусаммати мухаммаси мазкур хеле ҳунармандона эҷод шудааст. Ҳолати хеле табиии соқӣ, ҷом, мино, ошиқ, маҳбуба ва ҷузъиёти дигари марбути он басо ҳунармандона, мушоҳидакорона ва устодона ба тасвир гирифта шудаанд. Ҳадаф висол ва хушгузаронии умр буда, баҳрабардорӣ аз ҳаёт, ғанимат донистани рӯзгор шарти асосии он дониста мешавад. Мусаммати мухаммаси зикршуда дар вазни:
ҳазаҷи мусаммани солим таълиф шудааст.
v - - - / v - - - / v - - - / v - - -
Ба ҳамин тариқ, дар девони шоир 8 мусаммати мухаммаси аз чаҳор то 7 - бандӣ буда, дар маҷмуъ 42 банд мебошанд ва 210 мисраъ ё ин ки 105 байтро ташкил медиҳанд. Ҳамаи мусамматҳои мухаммаси Соиб дар мавзуъҳои ишқӣ, маю бода, баҳору зебоиҳои табиат ва ғайра эҷод шудаанд. Аз тарафи дигар, хеле сабук бошад ҳам, оҳангҳои иҷтимоиро низ фаро гирифтаанд. Вале оҳангҳои хеле қавии иҷтимоӣ, ки дар ғазалиёти шоир дида мешаванд, дар мусамматҳои мухаммаси ӯ дучор намеоянд.
Чунончи, банди аввали мусаммати мухаммаси дуюми девонро барои намуна зикр менамоем:
Гаҳ ба ман теғи тағофул он парирӯ мезанад,
Гоҳам оташ бар ҷигар аз тундии хӯ мезанад,
Рӯ матоб, ай дил, агар теғ он ҷафоҷӯ мезанад,
Ҳар кӣ худро бар дами шамшери абрӯ мезанад,
Чун ҳилоли ид бар хуршед паҳлу мезанад.
Мусаммати мухаммаси мазкур дорои панҷ банд (бисту панҷ мисраъ) буда, ишқист ва маҳбуба аз ҳама ҷиҳат (ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан) бартарӣ дорад. Маҳбуба ҷафоҷӯ, бераҳм, бемеҳр, пурноз, фохир, ношикебо, бадзабон аст. Ошиқ баръакс: ҷафокаш, шикебо, содиқ, ҳалим, ботавозуъ, хоксор, хушмуомила, заҳматкаш мебошад.
Мусаммати мухаммаси зикршуда мураддаф (ридфи сода) ва дорои қофияи муқайяд буда, қофияҳо бо ҳарфи равӣ («ӯ») интиҳо ёфтаанд. Он дар вазни рамали мусаммани маҳзуф (баъзан мақсур) эҷод шудааст, ки афоъили он чунин аст:
- v - - / - v - - / - v - - / - v -
яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё фоъилон.
Умуман, мусамматҳои мухаммаси Соиб аз нигоҳи мавзуъ, мазмуну муҳтаво маҳдуд буда, асосан аз баёни ишқу исёнҳои қалбии инсон, васфи ҳусну ҷамоли маҳбуба, ситоиши маънавиёти маъшуқа ва якҷо бо ҳолати ошиқ дар иртиботи масъалаҳои мазкур бо авзои замон ва ғайра иборат мебошад. Вале аз нигоҳи ҳунари эҷод дар сатҳи ғазалиёташ эҷод шудаанд. Ин ҷиҳат барои муайян намудани пояи шоирии Соиб хеле хуб мусоидат мекунад.
Қисмати асосии девони Соиби Табрезиро ғазал фароҳам овардааст. Албатта, чун ғазал ба забон гирифта мешавад, ҳатман ишқ фарорӯйи инсон меистад. Мо аз ин ҷиҳат мавзуи мазкурро дар ашъори Соиб басо хуб эҳсос менамоем. Аз силки чунин ғазалҳо метавон ғазали зерро чун намуна зикр намуд, ки тобиши хеле қавии фалсафӣ низ дорад, чунончи:
Зиҳӣ рӯят баҳори зиндагонӣ,
Ба лаълат зинда номи бенишонӣ,
Бадомӯзи ҳавас ошиқ нагардад,
Намеояд зи гулчин боғбонӣ.
Ба ҳарфи ишқ саргармам, ки бошад
Ҳаёти шамъ аз оташзабонӣ.
Ду зулфат шоҳроҳи лашкари Чин,
Ду чашмат хобгоҳи нотавонӣ.
Макун чун Хизр бар худ роҳро дур,
Ки наздик аст роҳи ҷонфишонӣ.
Шароби куҳнаву ёри куҳанро
Ғанимат дон чу айёми ҷавонӣ.
Агар ошиқ намебудем, Соиб,
Чӣ мекардем бо ин зиндагонӣ?!
Аз муҳтавои ғазали мазкур пайдост, ки мавзуи марказии он ишқ буда, дар он васфи маҳбуба, ҷузъиёти зебоиҳои ҳусни ӯ, то андозае дур афтодани ошиқ ва тадриҷан ба ҳиҷрон гирифтор шуданаш, шикебоии ошиқ, нози маҳбуба, дурӣ ҷустани ӯ аз ошиқ, вале ин ҳамаро аз гардиши рӯзгор, аз ҳукми тақдир, аз печидагиҳои зиндагӣ дидани ошиқ ба назар мерасад.
Дар баробари ин ҳама, то ҳадде моҳияти андарзӣ гирифтани образи лирикии ошиқ ба мушоҳида мерасад, ки яке аз сифатҳои хеле нозуки сабки сухани Соиб, хосса услуби ғазалсароии ӯст.
Дар ашъори Соиб оҳангҳои тасаввуфию ирфонӣ низ хеле қавист, зеро боре сари ин масъала ӯро муосирин имтиҳон низ кардаанд. Яке аз шогирдон боре мисраи зерро ба санҷиши устод мефиристад:
Аз шишаи бемай майи бешиша талаб кун,
Соиб фавран мисраи мазкурро чунин комил месозад:
Ҳақро зи дили холӣ аз андеша талаб кун.
Аз тарафи дигар, ӯ дар ин ҷода то ба ҳадде ба ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, Бобо Фиғонии Шерозӣ асосан рӯ овардааст ва чун дар ғазал пайгири ин тоифа аст, маълум мешавад, ки табъу салиқаи солиму баланд дорад ва аз тарафи дигар, ирфону тасаввуф дар ғазали ӯ мақоми асосӣ дорад. Чунончи, дар ин ғазал, ки дар пайравии Ҳофиз эҷод шудааст, мегӯяд:
То манзили ман бодияи бехабарӣ буд,
Ҳар мавҷи саробам ба назар боли парӣ буд.
Чун сарв дар ин боғ зи озодагии хеш
Боре ки маро буд ба дил, бесамарӣ буд.
З-он рӯз, ки шуд дидаи ман боз чу наргис,
Авроқи дилам сарфи парешонназарӣ буд.
Буд аз дами шамшер дами субҳи нишотам,
То ҷавшани довудии ман бехабарӣ буд.
Расвоии шамъ аст зи пироҳани фонус,
Дар парда сухан гуфтани ман пардадарӣ буд.
Аз аҷз чу шабнам нафитодем дар ин боғ,
Афтодагии мо гули равшангуҳарӣ буд.
Ёре ки ғубор аз дили ғамдидаи мо бурд,
Беминнату бемузд насими саҳарӣ буд.
Чун партави хуршед, ки дар оина афтод,
Аз умр ҳамин баҳраи ман ҷилвагарӣ буд.
Соиб, чӣ тавон кард ба таклифи азизон,
В-арна, тарафи Хоҷа шудан бебасарӣ буд.
Ғазали мазкур, ки хеле ҳунармандона эҷод шудааст, мураддафу муқаффо буда, аз нигоҳи вазн низ ҷолиб аст. Ғазал дар баҳри ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф эҷод шудааст, ки аркони он чунин аст:
- - v / v - - v / v - - v / v - - ё: v - ~
яъне: мафъӯлу, мафоъӣлу, мафоъӣлу, фаъӯлун ё мафоъӣл.
Дар ғазали мазкур бевафоии дунё, назарфиребии он, гузашти умр мисли лаҳзае нигаристан ба оина таъбир карда мешавад, ки ҳадаф ҳушдор додан аз тағофул варзидан мебошад. Гузашти умри ройгон монанд ба чизест, ки ба дами шамшер мувоҷеҳ мегардад ва аз раҳоӣ дигар илоҷу чорае надорад ва ҳадафи эҷодкор он аст, ки барои баҳра бардоштан аз умр, аз зиндагӣ кореро метавон интихоб кард, роҳеро метавон пеш гирифт, то ин ки дар охир лабу ангушти ҳайрат нагазӣ. Яъне, ин роҳи ирфон, маърифати Ҳақ мебошад.
Дар таълимоти ирфонии ӯ роҳи мазкур роҳи камолот, роҳи мукаммалӣ ва ҷавонмардона аст, ки агар зарра ба он макон худро расонад, зарра нахоҳад монд ва ё шабнам, агар комёб шавад, офтоб хоҳад гашт:
То дида маҳви рӯйи ту шуд, комёб шуд,
Шабнам ба офтоб расид, офтоб шуд.
Як чашм хоби талх ҷаҳон дар бисот дошт,
Он ҳам насиби дидаи шӯри ҳубоб шуд.
Аз шарми зулфу рӯйи ту дар нофи оҳувон
Сад бор мушк хун шуду хун мушки ноб шуд.
Аз рафтани ҳубоб чӣ парвост баҳрро,
Ишқи туро аз ин чӣ, ки олам хароб шуд.
То чеҳраи ту дар арақи шарм ғӯта зад,
Ҳар орзу, ки дар дили ман буд, об шуд.
Оби ҳаёти Хизр гилолуди миннат аст.
Хуш вақти ташнае, ки дучори сароб шуд.
Соиб, зи файзи ҷозибаи ишқ оқибат
Бо офтоб зарраи ман ҳамрикоб шуд.
Агар каме амиқтару дақиқтар дида шавад, гумон меравад, ки чанд байти аввали ғазали мазкур давоми мантиқии ғазали боло бошад, зеро давоми он роҳ дар ин ғазал тавзеҳ дода мешавад.
Ғазали боло ишқӣ буда, ифодаҳои шоир, оҳангҳои дигари иҷтимоӣ: хоби талх, бисоти ҷаҳон, дидаи шӯри ҳубоб, шарми зулфу рӯ, сайри ҳубоб, харобии олам, арақи шарм, об шудани орзу, ҳамрикоби офтоб ва ғайра хеле сахт омезиш дода шудааст.
Дар тасвири ошиқона, ки васфи ҷузвиёти ҷамоли маҳбуба аст, бо ҷузъиёти пуртазоди ҳаёт ба қиёс гирифта мешавад. Вале масоили ноҳамвори рӯзгорро бо печидагиҳои сершумори зиндагӣ ишқ мувофиқи мурод сохтааст.
Ғазал бо хусусиятҳои шаклӣ низ қобили таваҷҷуҳ аст: он мураддаф буда, радифи сода (шуд) дорад, ки бори ғоявӣ бар уҳда дорад ва то андозае барои оҳангнокӣ ба қофия низ таҳким мебахшад.
Қофияҳои ғазали боло муқайяд буда, бо ҳарфи равӣ - «б» интиҳо ёфтаанд.
Ғазал дар баҳри музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф эҷод шудааст, ки афоъили он чунин аст:
- - v / - v - v / v - - v / - v -
яъне: мафъӯлу, фоъилоту, мафоъӣлу, фоъилун.
Дар баробари мавзуъҳои ишқӣ, маю мусиқӣ, баҳору васфи табиат ва ғайра дар ғазалиёти Соиб мавзуъҳои дигар: дӯстию рафоқати инсонҳо, дастгирии ҳамдигар, ёрӣ ба дармондагону бечорагон, ҳимояи аҳли меҳнату фуқаро, васфи илму дониш, хираду ақл, маърифату маънавиёт, мувофиқати қавлу амал, гуфтору кирдор ва ғайра манзур мегардад. Дар баробари ин амалу кирдорҳои зишт, қабоҳати инсонӣ, авомфиребиву мардумозорӣ, танбалию пурхӯрӣ, хобу хашм, бадтинатию сиёҳдилӣ, муфтхӯрию дилозорӣ, такаббуру ҳавобаландӣ, худхоҳию худписандӣ, ғаммозию ҷоҳилӣ, дунҳимматию пасттинатӣ, мумсикию бахилӣ, золимпешагиву ҳаққимардумхурӣ, ҷафокорию бепарвоӣ ва ғайраро сахт зери танқид мегирад. Ба ин маънӣ, ки шахси пастҳиммат ба сарманзили мақсуд нахоҳад расид, мегӯяд:
Ба ҳеч ҷо нарасад, ҳар кӣ ҳимматаш паст аст,
Пари шикаста хасу хори ошёна шавад.
Ҳол он ки агар шахс ҳимматбаланду саховатманд бошад, барояш дар ду олам мушкиле садди роҳ нахоҳад шуд.
Ӯ мегӯяд:
Ба ҳиммат метавонӣ қатъ кардан осмонҳоро,
Чаро бо инчунин теғе ниҳон зери сипар бошӣ?
Яке аз хусусиятҳои хеле муҳимми лирикаи Соиб ва хусусан, ғазалҳои ӯ он аст, ки дар ғазал аз саромадони он Ҷалолуддини Балхӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Урфии Шерозӣ, Бобо Фиғонии Шерозӣ, Назириву Файзӣ ва дигарон ба некӣ ёд мекунад, нозукиҳо ва латофату лаҳни сухани онҳоро хеле хуб омӯхтааст ва аз ин рӯ, ҳамин ҷиҳат аз баландии табъу тавоноии шоир Соиб гувоҳӣ медиҳад.
Ба ин маънӣ, донишманди Ҳинд Шиблии Нуъмонӣ дар «Шеърул-Аҷам» қазоват мекунад, ки «Соиб, агарчи тамоми устодону ҳамасронашро ба адаб ёд мекарда, лекин ба баъзе асотиди (устодҳои) сухан ниҳоят ақидаманд будааст. Зиёда аз ҳама, ба Хоҷа Ҳофиз иродат меварзад ва ин далели умдаест бар завқи салими ӯ…» Соиби Табрезӣ дар ғазалҳои ҷавобия низ қавипанҷа аст. Аввал ин ки ӯ ба ғазалиёти ғазалсароёни дараҷаи аввали таърихи адабиёт даст мезанад ва ҷавобияҳое рӯйи кор меорад, ки агар аз ғазали аввал баланд набошад, паст ҳам нест. Масалан, яке аз ғазалсароёни хеле маъруф – Бобо Фиғонии Шерозӣ ғазале дорад бо матлаи зер:
Ба бӯят субҳдам нолон ба гулгашти чаман рафтам,
Ниҳодам рӯй бар рӯйи гулу аз хештан рафтам…
Соиби Табрезӣ ба ин ғазал чунин ҷавобия дорад:
Ба бӯят субҳдам гирён чу шабнам дар чаман рафтам,
Ниҳодам рӯй бар рӯйи гулу аз хештан рафтам.
«ташбеҳи шабнам шеърро руҳ дода ва даъвиро комилан собит карда аст».
Яке аз далелҳои осори пешиниён ва хосса ашъори гузаштагонро хеле нозук донистани Соиб он аст, ки ӯ аз ашъори бузургон дар шакли мунтахаб баёзе мураттаб намуда будааст ва албатта, барои он ки ин корро сомон бидиҳад, ашъору девон ва куллиёти бисёр саромадони суханро такрор ба такрор санҷидаасту мутолиа намудааст ва бешубҳа, ин кор бе таъсири мусбат нест. Зеро баёзи мураттабнамудаи Мирзо Муҳаммадалии Соиб дорои бисту панҷ ҳазор байт буда, ашъори беш аз ҳаштсад нафар шоирро фаро гирифтааст.
Соиб аз шуарои гузашта, чунонки қаблан зикр шуд, ба Шайх Саъдии Шерозӣ ва махсусан, ғазалиёти ӯ таваҷҷуҳи махсус дорад. Чунончи, байти Саъдӣ:
Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,
Мусаллам нест тӯтиро дар айёмат шакархоӣ.
Аз Соиб:
Дар ин айём шуд хатми сухан бар хомаи Соиб,
Мусаллам буд гар з-ин пеш бар Саъдӣ шакархоӣ.
Дар ғазалиёти Соиб ишқи байни инсонҳо, шӯру валвалаҳои қалбии инсонӣ, ҳиссиёти латифи одамӣ, нози ошиқу истиғнои маҳбуба, тараннуми муҳаббати поки ошиқон хеле мавқеъ дорад. Ӯ дар ин ҷода аз пешиниён ба ашъори Саъдӣ бештар рӯ меорад. Тафовути тасвири Соиб дар он аст, ки дар ин ҷо байтҳои ғазал ҷанбаи ирсолимасалӣ мегиранд. Масалан, ба ин ғазали Соиби Табрезӣ зеҳн монед:
Онро, ки чашми масти ту беихтиёр кард,
Осудааш зи пурсиши рӯзи шумор кард.
Раҳме накард бар ҷигари оташини мо,
Машшотае, ки лаъли туро обдор кард.
Нагзошт чашм боз кунад дил ғубори чашм,
Ин гарди шӯхчашм чӣ бо ин савор кард!
Аз дил мапеч рӯй, ки шаккарсухан нашуд
Ҳар тӯтие, ки пушт бар оинадор кард.
Беинтизор домани хуршедро гирифт,
Чун шабнам он ки оинае беғубор кард.
Дар коми шер бистари роҳат фикандааст,
Ҳар кас, ки хоби амн дар ин рӯзгор кард…
Ин он ғазал, ки Саъдии Шероз гуфтааст:
«Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард».
Аҷибии баёни Соиб ҳатто дар лирикаи сирф ишқӣ он аст, ки баёни ӯ тамоман тобиши иҷтимоӣ мегирад ва дар девони Соиб шеъреро, ки дур аз оҳангҳои иҷтимоӣ бошад, пайдо намудан муяссар намегардад. Ишқи ӯ муҳаббати андарзомез аст, ки аз ноҳамвориҳои зиндагӣ, печутобҳои рӯзгор, пастию баландиҳои ҳаёт, шебу фарозҳои умр, гирудорҳои олами инсонӣ, дороию нодориҳо маншаъ мегирад, сарчашма пайдо мекунад. Намунаи қазовати боло ғазали зерини Соиб метавонад бошад:
Соқӣ аз ҷоме агар хотири мо шод кунад,
Беҳ аз он аст, ки сад майкада обод кунад.
Чашми хуфтаст ғизоле, ки надорад шӯхӣ,
Ману он сайд, ки хун дар дили сайёд кунад.
Охир, ай подшаҳи ҳусн, чӣ инсоф аст ин,
Ки дар айёми ту ишқ ин ҳама бедод кунад.
Ёди айёми ҷунун бар сари ман борад санг,
Кӯдаконро чу зи мактаб касе озод кунад.
Мотами воқиаи Лайлию Маҷнун дорад,
Ҳар дарое, ки дар ин бодия фарёд кунад.
Бар забонаш ба ҷуз аз номи Худо н-ояд ҳеч,
Ҳар кӣ наззораи он ҳусни худодод кунад.
Хандаи кабк шавад нолаи хунин, Соиб,
Бесутун ёд чу аз рафтани Фарҳод кунад.
Ғазали мазкур низ ишқӣ буда, бо қавитарин оҳангҳои иҷтимоӣ қобили вуқуъ шудааст, ки танҳо як ишораи сабуке метавон бар муҳтавои он намуд, то ҳадафи эҷодкор ошкортар гардад. Масалан, дар кӯтоҳтарин муддат, ки хуршед ба шабнам рух намуд, шабнам бо хуршед гӯё мепайвандад, яъне, бухор шуда, ба ҳаво меравад. Вале ойинаи беғубори шабнам ҳамин маъниро дорад, ки шабнам болои чизе афтода бошад, аз сабаби софу пок буданаш, ранги ҳамон чизро мегирад. Яъне, бо ӯ муқобилу мухолиф нест ва ғайра.
Хусусиятҳои шаклии ғазал низ хубу ҷолиб аст, зеро мураддаф (радифи сода) ва муқаффо буда, қофияҳои он муқайяд аст, чунки бо равӣ (ҳарфи «д») интиҳо меёбад. Бори ғоявӣ дар ғазали боло бештар бар уҳдаи радиф қарор гирифта, ҳадафи қофия таъкиди маъно ва таъмини оҳангнокӣ мебошад. Аз нигоҳи вазн низ ғазали зикршуда ҷолиб аст. Ғазал дар баҳри рамали мусаммани махбуни маҳзуф (ё мақсур) эҷод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:
- v - - /vv - - /vv - - / vv -
яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаъилун.
Замони Соиб низ мисли асрҳои пешин асри ғазал, айёми ғазал, замони ғазал буда, рушду инкишофи навъи адабии мазкур қонунманди инкишофи адабиёти бадеиро то андозае муайян намудааст. Аз ин рӯ, як хусусияти ғазали Соиб, ғазалсароии ӯ ва адабиёти даврони ин шоири баландпоя аз доираи лирикаи сирф ишқӣ берун баромада, ба масъалаҳои рӯзгору зиндагӣ, ба ҳаёти ҷомеа пайвастани ғазал аст ва ин ҷанба пас аз асри XIV, пас аз Хоҷа Ҳофиз рӯйи кор омадааст. Ба андешаи мо, ин тамоюл, махсусан, тавассути ашъори Соиб ривоҷу равнақ пайдо намуда, боиси таваҷҷуҳи муосирони шоир ва аҳли қалами оянда низ шудааст.
Беш аз ин гуфтан мумкин аст, ки ин хусусияти лирикаи ишқӣ, яъне дахолату фарогирии иллату нуқсонҳои рӯзгор ва танқиди он яке аз ҷиддитарин таҳаввулот дар таърихи инкишофи навъи адабии ғазал буд, ки тавассути ашъори Соиб ҳукми суннатӣ касб кард.
Чунончи:
Эмин аз душмани хомӯш шудан мумкин нест,
Хатари роҳравон аз саги ғофилгир аст.
Ё ин ки:
То шавӣ чашму чароғи ин ҷаҳон чун офтоб,
Пӯшиши ҳар тангдасту фарши ҳар вайрона бош.
Шоир онҳоеро, ки аз номи падар, мансабу кори ӯ ифтихор доранд, сахт сарзаниш мекунад. Ба қавли ӯ, бояд худи шахс боиси паҳн гардидани шуҳрати хеш дар рӯзгор бошад:
Гавҳарнамои ҷавҳари зотии хеш бош,
Хокаш ба сар, ки зинда ба номи падар бувад.
Соиб аз шуарои қаблӣ таҷрибаи хислатҳои ҳамидаи инсониро аз қабили: халқдӯстӣ, некукорӣ, мардумнавозӣ, илмдӯстӣ, ҳунаромӯзӣ, ёрӣ ба дармондагону ниёзмандон, нафърасонӣ, хоксорию фурӯтанӣ, шикастанафсию нармдилӣ, дурандешию олиҳимматӣ, саховатмандию хайрхоҳӣ, меҳнатқаринию суботкорӣ, шикебоию бурдборӣ ва ғайраро пазируфта, онро бо тобишҳои нав пешкаши мардум намудааст:
Дона беҳтар дар замини нарм боло мекашад,
Сарфарозӣ бештар, чун хоксорӣ бештар.
Ё ин ки:
Шабнам ба офтоб расид аз фитодагӣ,
Бингар, ки аз куҷо ба куҷо метавон расид.
Ва ё:
Даъвии дониш бувад, Соиб, ба нодонӣ далел,
Ҳар кӣ нодон мешуморад хешро, донотар аст.
Ё ки:
Хоксорӣ на биноест, ки вайрон гардад,
Селҳо оҷизи кӯтоҳии ин деворанд.
Аз ин рӯ, Соиб ба ин масъалаҳо ақидаи хоссаи худро дорад ва агар одитар карда гӯем, ӯ дар ин ҷода истиқлоли андеша дорад. Ба андешаи ӯ:
Пок кун аз ғайбати мардум даҳони хешро,
Ай ки аз мисвок доим мекунӣ дандон сафед.
ва аз ин рӯ, ғайбатро сарчашмаи аъмоли бад медонад. Ба назари шоир, махсусан забонро бояд эҳтиёт кард, зеро бурротарин шамшер аст, ки дигар ба ҳам намеояд:
Ҳар киро теғи забон нест ба фармон, Соиб,
Оқибат куштаи шамшери забон мегардад.
Дигар аз қавитарину муҳимтарин хусусиятҳои лирикаи Соиб ҷанбаи андарзӣ, моҳияти мавъизатӣ касб намудани он аст. Албатта, ин яке аз хусусиятҳои сабки ҳиндӣ буда, маҳз тавассути ашъори Соиби Табрезӣ тақвият пайдо намуд.
Чунончи:
Умр рафту хор-хораш дар дили бетоб монд,
Мушти хошоке дар ин вайрона аз селоб монд.
Иқди дандон дар канорам рехт аз тори нафас,
Риштаи хушке зи чандин гавҳари ноёб монд.
Танпарастӣ фурсати молидани чашме надод,
Рӯйи матлаб дар ниқоби пардаҳои хоб монд.
Дил зи беишқӣ даруни синаам афсурда шуд,
Доғи ин қандили равшан дар дили меҳроб монд.
Ақл аз кори дили саргашта сар берун набурд,
Дар дили баҳри вуҷуд ин қатраи ноёб монд.
Корвони Юсуф аз Канъон ба Миср овард рӯй,
Давлати бедор рафту пойи мо дар хоб монд.
Аҳли дарде, Соиб, аз олам дучори мо нашуд,
Дар дили мо ҳасрати ин гавҳари ноёб монд.
Ғазали мазкур комилан ба мавзуъҳои иҷтимоӣ бахшида шудааст. Ҳадаф ва муроди шоир пушаймонӣ аз умри барҳадаррафта ва тағофулварзӣ буда, қаҳрамони лирикӣ аз рӯзгори сипаришудааш пушаймон аст. Мақсад аз хор-хори умр ҳасрат аст, ки дар дил мондааст ва мурод аз селоб гузашти ноаёни рӯзгор мебошаду мушти хошок ҷисми фарсудаи рӯзгордида. Шоир ҷузъиёти ин тасвирро низ хеле таъсирнок баён кардааст: риштаи истеҳкоми лаззатҳои моддӣ – дандонҳо, фарсудашавии риштаи гавҳарҳо ва гусастани он – рехтани дандонҳову холӣ мондани даҳон. Ҳадаф аз танпарастӣ – ҳавою ҳавасҳо, неъматҳои инҷаҳонист, ки ҷӯяндагонаш мунтаҳо пушаймонанд. Вале чӣ илоҷ?
Мақсад аз дили беишқ – фармудаҳои нокарда ва акнун он ҷисми афсурдаи қафаси сина доғи қандилест, ки танҳо ҷойро холӣ кардаасту осораш (доғаш) пайдост. Аз сабаби ин ки мо аз аҳли дард – ҳабибон дур мондем, аз ин гавҳари ноёб – файзи эшон баҳравар нагаштем. Аз ин рӯ, мо ҳасратзадагонем.
Ғазал радифдор (радифи сода – монд), дорои қофия (қофияҳои муқайяд) буда, ҳар кадом ба ҷуз аз вазифаи адабӣ-бадеӣ, инчунин бори ғоявӣ бар уҳда доранд. Ғазал дар баҳри рамали мусаммани мақсур эҷод шудааст ва моҳияти панду андарзӣ дорад. Афоъили ғазали мазкур чунин аст:
- v - - / - v - - / - v - - / - v ~
яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.
Ҳатто аз ҳамин ғазали зикршуда ҳам қиёс кардан мумкин аст, ки лирикаи ишқӣ тавассути ашъори Соиби Табрезӣ ҷанбаи бисёр қавии иҷтимоӣ-эътирозӣ касб намудааст ва он қариб ба кулли ашъори шуарои ин аҳд ва хосса Соиб ҷолиб аст. Чун Саййидо, ки яке аз пайравони Соиб аст ва пайравии ӯ ба эҷодиёти Соиб бесабаб нест, ин мавзуъҳоро ба олитарин дараҷа расонидааст. Ин аст, ки Соиб мегӯяд:
Дар коми аждаҳо наравӣ то ҳазор бор,
Соиб, гули мурод начинӣ зи рӯйи ганҷ.
Ё худ:
Аз тири оҳи мазлум золим амон наёбад,
Пеш аз нишона хезад аз дил фиғон камонро.
Ва ё:
Гиряи шамъ аз барои мотами парвона нест,
Субҳ наздик асту дар фикри шаби тори худ аст.
Соиб, дар баробари васфи хислатҳои ҳамида, дар ҳамин поя сифатҳои разилаи инсониро сарзаниш мекунад ва аз ҷумла ӯ худхоҳиву танпарварӣ, фиребгарию ҷоҳилӣ, нодонию мардумозорӣ, суханчинию авомфиребӣ, бодахорию бадмастӣ, кибру ғурур, такаббуру худписандӣ, дурӯғгӯию ғайбат, зиёнкорию фисқу фуҷур, бепарвоию буҳтон, ғафлатварзию ҳаққимардумхурӣ, тамаъкорию дунҳимматӣ, сифлагию беҳаёӣ ва ғайраро сахт накуҳиш намуда, боиси ҳама гуна футуру пастравиҳо гардидани ҷомеаро таъкид менамояд, ки дар сифатҳои зикршуда мебошад:
Садои оби равон хобро гарон созад,
Зи хушнамоии умр аст хоби ғафлати мо.
Ва ё:
Дар номаи мо ҳарфи насанҷида набошад,
Аз ҷайби садаф суфта барояд гуҳари мо.