Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст,
Дар чандин вақт он фуруд омадааст.
Таврот набуд, то бигӯям, ки ҳама
Якбора зи осмон фуруд омадааст.
Эҷодиёти ин шоири мутафаккир хеле гуногунмавзуъ ва серсоҳа буда, дар шаклҳои назму наср боқӣ мондааст, ки «Куллиёт»-и ӯро фароҳам меорад. Муҳим он аст, ки Бедил аз овони хурдсолӣ ба корҳои эҷодӣ рӯ оварда, фузун аз 65 сол эҷод кардааст.
Таркиби «Куллиёт»-и Бедил дар маҷмуъ шомили 65 ҳазор байт буда, чунин аст:
1. Дебоча, 2. «Ирфон», 3. «Тури маърифат», 4. «Никот», 5. «Ишорот ва ҳикоёт», 6. Руқаот, 7. «Чор унсур», 8. «Муҳити аъзам», 9. «Тилисми ҳайрат», 10. Ғазалиёт, 11. Рубоиёт, 12. Қасоид, 13. Қитъаот, 14. Таркибот ва тарҷеот, 15. Ташбеҳот ва тамсилот.
Девони Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар дохили « Куллиёт»- и ӯ омадааст, аз ғазалиёт, рубоиёт, қасоид, қитаот, таркиботу тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот иборат мебошад.
Дар девон ҷойи аввалро ғазалиёт ишғол менамояд, ки миқдоран 2165 ғазал буда, 23 ҳазор байтро дар бар мегирад.
Яке аз навъҳои адабии дигар, ки дар девони Бедили Деҳлавӣ мавқеи намоён дорад, рубоӣ мебошад. Дар девони шоир 3500 рубоӣ дарҷ гардидааст. Шояд сабаби асосии ба рубоӣ нисбатан таваҷҷуҳ зоҳир намудани Бедил он бошад, ки дар ин жанр ҷой додани афкори фалсафӣ, ирфонӣ-тасаввуфӣ, ишқӣ, пандуандарзӣ хеле мувофиқу созгор аст.
Мавқеи жанрҳои дигари шеърӣ: қасоид, қитаот, таркиботу тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот, ки дар девон омадаанд, ба мавзуъҳои мухталифу масоили гуногун бахшида шудаанд. Аз ҷумла, ишқу ирфон, ситоиши инсон, тасвири манозири олам, масоили фалсафӣ, ҳаётӣ-иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, адабӣ-эстетикӣ ва ғайра.
Маснавӣ дар эҷодиёти Бедил мавқеи муҳим дорад, ки номгӯйи онҳо чунин аст:
1. «Тилисми ҳайрат». Нахустин маснавии Бедил буда, соли 1669 таълиф шудааст. Асар аз 3750 байт иборат мебошад ва дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси мақсур ё маҳзуф навишта шудааст, ки афоъили он чунин аст:
v - - - / v - - - / v - ~
яъне, мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлон. Дар ин маснавии Бедил нуфузи таълимоти маҷзубия ба мушоҳида мерасад.
2. «Муҳити аъзам». Маснавии мазкур соли 1681 таълиф шуда, аз 4500 байт иборат мебошад. Асар дар жанри соқинома навишта шудааст ва вазни он мутақориби мусаммани мақсур буда, шакли афоъилии он чунин аст:
v - - / v - - / v - - / v ~
яъне, фаъӯлун, фаъӯлун, фаъӯлун, фаъӯл. Маснавӣ дорои ҳашт боб буда, тасаввуфист ва тасвирҳои маҷозии асбоби тараб: май, хум, ҷом, даф, най, чанг, танбӯр, қонун ва ғайра дар он мавқеи асосӣ доранд. Дар асар доир ба саргузашти симоҳои тасаввуфу ирфон ҳикоятҳо оварда мешавад.
3. «Тури маърифат». Маснавии мазкур соли 1687 таълиф гардида, дорои 1500 байт мебошад. «Тури маърифат» дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур эҷод шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:
v - - - / v - - - / v - ~
Яъне, мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлон. Маснавии «Тури маърифат»-ро Бедил «Мактуби манзум» низ номгузорӣ намуда, онро ба дӯсти худ, шоиру донишманди муосираш – Шукруллоҳхон мебахшад. Дар маснавии мазкур асосан кӯҳи Байроти Ҳиндустон ба тасвир гирифта мешавад. Чунончи, шоир мегӯяд:
Тапиш фарсуд шавқи нолатимсол,
Зи таҳрики нафас во мекунад бол,
Ки хомӯшӣ навосоз аст имрӯз,
Ғубори сурмаву соз аст имрӯз.
Зи Тури маърифат маънӣ сароям,
Ба чандин кӯҳ менозад садоям.
Шоир манзараҳои зебои кӯҳи Байротро дар қиёс бо кӯҳи Тӯр, ки Мӯсо дар он ҷо нури Илоҳиро дидааст, ба тасвир гирифтааст:
Кунун дар кӯҳи Байрот обу рангест,
Ки ҳар сангаш ба дил бурдан фарангест.
4. «Ишорот ва ҳикоёт». Ин асари Бедил аз маҷмуи пораҳои шеърӣ, ки дар шакли маснавӣ таълиф шудаанд, иборат аст. Шеърҳо дар шакли маснавӣ навишта шуда бошанд ҳам, дар вазнҳои гуногун иншо шудаанд. Миқдори умумии абёти маснавӣ 1300 байт буда, асосан мавзуи асар тасвирҳои хеле сершумори табиатро низ фаро мегирад. Масалан, намунае аз ишороти якум:
Саҳар оина ҳампардози дил буд,
Сафое имтиёзи обу гил буд.
Нахустин, к-аз таҳаққуқ кардам оғоз,
Ба рамзи обу хокам чашм шуд боз.
Тааммул сарфи кори ину он шуд,
Чароғи хилвати ҳар як аён шуд.
Ниҳол аз хоки гулшан дар қафас дошт,
Ҳубоб аз оби худ ҷӯши нафас дошт.
Яқинам шуд, ки дар ҳар қатра ҷонест,
Ниҳон дар ҳар кафи хоке ҷаҳонест.
5. «Ирфон» дар мероси адабии Бедил калонтарин асар буда, аз 11 ҳазор байт иборат аст ва дар шакли маснавӣ эҷод шудааст. Санаи таълифи он соли 1712 буда, дар ин асар шоири мутафаккир ба муҳимтарин масъалаҳои ирфону тасаввуф, масоили мухталифи ҳаёт, қонунҳои рушди ҷомеа, мақоми инсон дар ҳаёт, воқеияти зиндагии пурзиддияти инсонӣ рӯ овардааст. Инчунин, дар он ақидаҳои илмӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, тасаввуфӣ, иҷтимоӣ, ахлоқии мутафаккир инъикос ёфтаанд, ки басо муҳимму арзишманданд. Дар асар зарару офатҳои бекорӣ баён гардида, пешаи кишоварзӣ, деҳқонӣ аз тамоми касбҳои дигар афзалиятнок дониста мешавад. Махсусан, дар маснавии «Комде ва Мадан» адолат ва беадолатӣ қиёсан ба тасвир гирифта шуда, бебақоии зулму истибдод нишон дода мешавад.
Маснавии «Ирфон» дорои 10 боб бошад ҳам, иртиботи мантиқии бобҳо ба мушоҳида мерасад. Асар асосан ақоиди фалсафӣ-ирфонӣ, тасаввуфӣ, ҳаётӣ-иҷтимоӣ, ахлоқӣ-тарбиявӣ ва ғайраро фаро мегирад. Аз ин рӯ, маснавии «Ирфон» барои муайян намудани ҷаҳонбинии Бедил, мақому мартабаи ӯ дар таърихи адабиёт, ҳунари шоир дар эҷоди маснавӣ ва умуман пояи суханварии ӯ арзишманду муҳим ва ҷолибу зарурист.