Дар достони «Комде ва Мадан» образҳои асосӣ ва лаҳзавӣ, мусбат ва манфӣ иштирок менамоянд. Образҳои марказии он: Комде, Мадан, шоҳи кишвари Комде, шоҳи мамлакати Шимол.
Ғоя ва ҳадафи эҷодии Бедил. Дуруст аст, ки достони «Комде ва Мадан» достони ишқист ва аз оптимизми бисёр қавӣ саршор аст. Ишқи дар ин асар тасвиршуда дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат аз ҷониби эҷодкор сахт ҳимоя карда мешавад. Ишқи ду дилдода пок, беолоиш, холӣ аз макру ҳила, содиқона, софдилона ва самимӣ буда, ҳар ду дилдода ҳам муборизанд. Онҳо тарсу ҳарос аз шоҳу амиру каси дигаре надоранд. Гузашта аз ин, Комде ва ошиқи ӯ Мадан намояндаи як табақаи иҷтимоиянд. Онҳо соҳибҳунаранд ва ҳунарашон онҳоро машҳур кардааст. На Комде ва на Мадан ҳариси молу чиз нестанд. Онҳо барои дороию молу пул талош намеварзанд. Шоҳ ба Мадан шаддаи марворид инъом кард, вале Мадан дар ҳузури шоҳ онро нисори қудуми Комде намуд.
Аз тарафи дигар, бунёди ғоявии асарро адл ва адолатхоҳиву додгустарӣ фароҳам меорад. Албатта, адлу дод дар муқобили зулму бедодӣ меистод. Шоир ба ин восита гуфтанист, ки ҳимоятгари адлу дод аст. Мутафаккир асоснок менамояд, ки набояд фирефтаи беадолатиҳо шуд. Зеро зулм ва золимӣ бебақо буда, мағлубпазиранд ва адлу додгустарӣ шикастнопазир ва ҷовидонаанд. Бедил бо нишон додани ду шоҳ ва усули муносибати онҳо ҳаминро таъкид карданӣ аст, ки шоҳони ҷонибдори зулм роҳи хаторо интихоб кардаанд. Онҳо ҳатман шикаст мехӯранд ва аз арсаи таърих мераванд. Онҳоро таърих низ бо нафрат ёд мекунад. Вале шоҳони одил таърихсозанд ва мамлакати онҳо дарозумру мардумонаш меҳнатқарин мебошанд. Тавассути эҷоди бадеъ тасвир кардани образи шоҳи одил яке аз вазифаҳои дараҷаи аввали адибони асримиёнагӣ низ ҳаст. Маҳз ҳамин падидаи адабӣ ғояи шоҳи одилро тавлид карду адибон ба тарғиби он камар бастанд.