Таъсири эҷодиёти Бедил ба адабиёти тоҷик

Ғуломалихони Озод дар «Хизонаи омира» менависад, ки:

«…аҳли Бағдод забони арабӣ ва форсӣ – ҳар дуро медонанд, сӯфиёни он ҷо дар маҷолиси завқу самоъ аз забони арабӣ бештар ашъори Ибн-ул-Форизи Мисрӣ ва аз забони форсӣ аксар маснавии Носиралӣ мехонданд. Ин гувоҳи он аст, ки Носиралӣ дар қисмати ғарбии Эрон ва Бедил, ғолибан, дар қисмати шарқӣ машҳур шудаанд».

«Таъсири Бедил, – менависад С. Айнӣ, – дар назму наср аз ҳама ҷо зиёдтар дар Осиёи Миёна ривоҷ гирифта ва то Инқилоби Октябр давом кард». Вале касе аз пайравон комилан комёб нашудааст. Гӯё худи Бедил инро дар замонаш ҳис карда бошад, ки мегӯяд:

Муддаӣ, даргузар аз даъвии тарзи Бедил,

Сеҳр мушкил, ки ба кайфияти эъҷоз расад.

Пайравони Бедил, асосан, ӯро дар шакл пайравӣ кардаанд. Ба муҳтавову мундариҷаи ашъори Бедил касе ворид шуда натавонистааст. Печидагии маъно ва дастнорасии умқи андешаву фикр ба он овард, ки қисми зиёди пайравон сарддил шуда, аз эҷод даст мекашидаанд. Бо вуҷуди он чанд тан аз шоирони тоҷики Осиёи Миёна: Сарир, Сират, Исои Бухороӣ, Туғрал, Асирии Хуҷандӣ, Ҷавҳарӣ Бедилро хеле хуб пайравӣ кардаанд. Охирин шоири тоҷик, ки ба Бедил нисбатан уҳдабароёна тақлид кардааст, Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ (ваф. 1945) мебошад.

Дар мадрасаҳо, пас аз китобҳои таълимии исломӣ, аз шоирон аввал Ҳофиз ва сонӣ Бедил омӯхта мешуд.

Ҳатто дар бисёр марказҳои илмӣ-адабӣ: Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан мактабҳои умумии бедилхонӣ вуҷуд дошт.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Оид ба таваллуд ва овони ҷавонии Бедили Деҳлавӣ маълумот диҳед.

2. Бедил дар чандсолагӣ ба шеъргӯйӣ оғоз кардааст?

3. Кадом хешовандони Бедил дар камолоти маънавии ӯ саҳм гузоштаанд?

4. Бедил ба кадом шаҳрҳои Ҳиндустон сафар кардааст?

5. Сабаби бо «Мирзо» сар шудани номи шоир ва хешовандони ӯро шарҳ диҳед.

6. Поёни умри Бедил дар кадом шаҳр гузаштааст?

7. Таркиби «Куллиёт»-и Бедил кадом асарҳоро дар бар гирифтааст?

8. Кадом асарҳои мансури Бедилро медонед?

9. Мазмуну муҳтавои маснавиҳои «Тури маърифат» ва «Тилисми ҳайрат»-ро баён кунед.

10. Маснавии «Муҳити аъзам» дар кадом мавзуъ эҷод шудааст?

11. Калонтарин маснавии шоир чӣ ном дорад? Мазмуну муҳтавои онро баён кунед.

12. Мазмуни мухтасари маснавии «Комде ва Мадан»-ро нақл кунед.

13. Кадом қаҳрамонҳои марказӣ ва лаҳзавии маснавии мазкурро медонед?

14. Гузориши адлу одилӣ дар маснавии «Комде ва Мадан».

15. Кадом асарҳои манзуми Бедилро медонед?

16. Таркиби «Девон»-и Бедили Деҳлавиро баён кунед.

17. Ғазали «Айш донад дили саргашта парешониро»-ро аз ёд гӯед.

18. Мазмуни ғазали «Рамиданҳо зи авзои ҷаҳон тарзи дигар дорад»-ро нақл кунед.

19. Ғазали «Чашми ту ба ҳоли ман гар ним назар хандад» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?

20. Маҳорати эҷодии шоирро дар ғазали «Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар» шарҳ диҳед.

21. Дар бораи ҷаҳонбинӣ ва ақоиди иҷтимоии Бедил чӣ медонед?

22. Назари Бедил оид ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва мазаммати ахлоқи разила чӣ гуна аст?

23. Услуб ва хусусиятҳои бадеии ашъори Бедилро баён намоед.

24. Пайравони Бедил дар Мовароуннаҳр киҳо буданд?

САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ

1. Зодгоҳи Бедилро ёбед:

А. Ҳирот

В. Бухоро

С. Машҳад

D. Исфаҳон

Е. Азимобод

2. Унвони ифтихорӣ-адабии Бедилро пайдо кунед:

А. Халлоқулмаонӣ

В. Афсаҳулмутакаллимин

С. Лисон-ул- ғайб

D. Малик-ул-калом

Е. Абулмаонӣ

3. Падару бобои Бедил аз куҷо ба Ҳиндустон омадаанд?

А. Рум

В. Ироқ

С. Ҳирот

D. Шероз

Е. атрофи Самарқанд

4. Санаи таваллуди Бедил кадом сол аст?

А. соли 1600

В. соли 1614

С. соли 1624

D. соли 1634

Е. соли 1644

5. Бедил дар чандсолагӣ ба мактаб дода мешавад?

А. 7-8 солагӣ

В. 8-9 солагӣ

С. 9-10 солагӣ

D. 4-5 солагӣ

Е. 5-6 солагӣ

6. Бедил дар чандсолагӣ китоби муқаддаси исломро ҳифз кардааст?

А. 11-солагӣ

В. 10-солагӣ

С. 9-солагӣ

D. 8-солагӣ

Е. 7 - солагӣ

7. Бедил дар чандсолагӣ ба шеъргӯйӣ оғоз кардааст?

А. 6-солагӣ

В. 7-солагӣ

С. 8-солагӣ

D. 9-солагӣ

Е. 10-солагӣ

8. Бедил дар кадом асараш доир ба шеъри аввалини худ хабар додааст?

А. «Тури маърифат»

В. «Ирфон»

С. «Никот»

D. «Тилисми ҳайрат»

Е. «Чор унсур»

9. Бедил сафари худро ба шаҳрҳои Панҷоб, Лоҳур, Кашмир, Сарҳинд, Мул тон дар кадом асараш баён кардааст?

А. «Ирфон»

В. «Никот»

С. «Тури маърифат»

D. «Тилисми ҳайрат»

Е. «Чор унсур»

10. Кадоме аз ин сарчашмаҳо доир ба санаи вафоти Бедил маълумот медиҳад?

А. «Ҳафт иқлим»

В. «Музаккир-ул-асҳоб»

С. «Оташкада»

D. «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»

Е. «Хизонаи омира»

11. Бедил чанд сол умр дидааст?

А. 117 сол

В. 107 сол

С. 97 сол

D. 87 сол

Е. 77 сол

12. Бедил ҳамагӣ чанд сол эҷод кардааст?

А. 115 сол

В. 95 сол

С. 85 сол

D. 75 сол

Е. 65 сол

13. Таркиби «Куллиёт»-и Бедил чӣ миқдор байтро фаро мегирад?

А. 105000 байтро

В. 95000 байтро

С. 85000 байтро

D. 75000 байтро

Е. 65000 байтро

14. Асарҳои насрии Бедилро ёбед:

А. «Ирфон», «Тури маърифат»

В. «Комде ва Мадан», «Рубоиёт»

С. «Қитъаот», «Муҳити аъзам»

D. «Ғазалиёт», «Тилисми ҳайрат»

Е. «Дебоча», «Чор унсур», «Руқаот», «Никот»

15. Ғазалиёти Бедил чӣ миқдор байтро ташкил медиҳад?

А. 63000 байтро

В. 53000 байтро

С. 43000 байтро

D. 33000 байтро

Е. 23000 байтро

16. Бедил чӣ миқдор ғазал эҷод кардааст?

А. 6165 ғазал

В. 5165 ғазал

С. 4165 ғазал

D. 3165 ғазал

Е. 2165 ғазал

17. Дар девони Бедил чӣ миқдор рубоӣ ҳаст?

А. 7500 рубоӣ

В. 6500 рубоӣ

С. 5500 рубоӣ

D. 4500 рубоӣ

Е. 3500 рубоӣ

18. Нахустин маснавии Бедил кадом аст?

А. «Никот»

В. «Ирфон»

С. «Комде ва Мадан»

D. «Тури маърифат»

Е. «Тилисми ҳайрат»

19. Кадом маснавии Бедил дар баҳри мутақориб эҷод шудааст?

А. «Никот»

В. «Тури маърифат»

С. «Комде ва Мадан»

D. «Ирфон»

Е. «Муҳити аъзам»

20. Кадом маснавии Бедил «Мактуби манзум» ном дорад?

А. «Никот»

В. «Руқаот»;

С. «Комде ва Мадан»

D. «Ирфон»

Е. «Тури маърифат»

21. Маснавии «Ирфон» кай таълиф шудааст?

А. соли 1682

В. соли 1692

С. соли 1699

D. соли 1702

Е. соли 1712

22. Маснавии «Ирфон» дорои чанд боб аст?

А. 50 боб

В. 40 боб

С. 30 боб

D. 20 боб

Е. 10 боб

23. Маснавии «Ирфон» кадом мавзуъҳоро дар бар мегирад?

А. комилан иҷтимоиро

В. комилан ҳамосиро

С. комилан ҳаҷвӣ-танқидиро

D. комилан сиёсиро

Е. ирфонӣ-фалсафӣ ва ахлоқиро

24. Асари калонтарини насрии Бедил чӣ ном дорад?

А. «Ирфон»

В. «Комде ва Мадан»

С. «Никот»

D. «Руқаот»

Е. «Чор унсур»

25. Мавзуи марказии «Чор унсур» чист?

А. ҳаҷви мансабдорон

В. танқиди ҳокимон

С. васфи манзараҳои табиат

D. асари ёддоштӣ аст

Е. мавзуъҳои фалсафаи офариниш

26. Лаҳзаҳои зиндагиномаи Бедил бисёртар дар кадоме аз ин осор ёд шудааст?

А. дар рубоиёташ

В. дар қасоидаш

С. дар ғазалиёташ

D. дар «Комде ва Мадан»

Е. дар «Чор унсур»

26. Ин матлаъ аз ғазали кадом шоир аст?

Айш донад дили саргашта парешониро,

Нохудо бод бувад киштии тӯфониро.

А. Ҷомӣ

В. Ҳилолӣ

С. Саййидо

D. Соиб

Е. Бедил

27. Ғазали зер дар кадом баҳри арӯз навишта шудааст?

Айш донад дили саргашта парешониро,

Нохудо бод бувад киштии тӯфониро.

А. Ҳазаҷ

В. Рамал

С. Раҷаз

D. Мутақориб

Е. Мутадорик

28. Дар ин байти Бедил кадом навъи шеърӣ беҳтарин дониста шудааст?

Бедил, гуҳари назм касерост, ки имрӯз

Дар баҳри ғазал заврақи андеша давонад.

А. маснавӣ

В. қасида

С. қитъа

D. рубоӣ

Е. ғазал

29. Девони ашъори Бедил дорои чӣ миқдор байт аст?

А. 5700 байт

В. 7700 байт

С. 17700 байт

D. 27700 байт

Е. 37500 байт

30. Ин матлаъ аз ғазали кист?

Чашми ту ба ҳоли ман гар ним назар хандад,

Хорам ба чаман нозад, айбам ба ҳунар хандад.

А. Ҷомӣ

В. Ҳилолӣ

С. Саййидо

D. Соиб

Е. Бедил

31. Бедил дар чандсолагиаш ба Деҳлӣ омад?

А. 10-солагӣ

В. 14-солагӣ

С. 17-солагӣ

D. 21-солагӣ

Е. 25-солагӣ

32. Асари Бедил, ки унвони он аз номи қаҳрамонҳои асосиаш гирифта шу дааст, чӣ ном дорад?

А. «Ирфон»

В. «Тури маърифат»

С. «Никот»

D. «Муҳити аъзам»

Е. «Комде ва Мадан»

33. Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор

Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.

Байти кист?

А. Ҷомӣ

В. Ҳилолӣ

С. Саййидо

D. Соиб

Е. Бедил

34. Матлаи мазкур аз ғазали кист?

Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар,

Чун сафи мижгон ду олам маҳв шуд дар якдигар…

А. Ҷомӣ

В. Ҳилолӣ

С. Саййидо

D. Соиб

Е. Бедил

35. Байти мазкур аз кист?

Эй шамъи базми қудс, надонам, чӣ мазҳарӣ,

К-аз ваҳм гоҳ равшану гоҳе мукаддарӣ.

А. Восифӣ

В. Ҳилолӣ

С. Саййидо

D. Соиб

Е. Бедил

36. Достони «Комде ва Мадан» дар таркиби кадом асари Бедил аст?

А. «Тури маърифат»

В. «Тилисми ҳайрат»

С. «Никот»

D. «Муҳити аъзам»

Е. «Ирфон»

37. Соли таълифи достони «Комде ва Мадан» -ро пайдо кунед:

А. соли 1698

В. соли 1703

С. соли 1707

D. соли 1710

Е. соли 1712

38. Достони «Комде ва Мадан» дорои чанд боб аст?

А. ду боб

В. чор боб

С. шаш боб

D. ҳашт боб

Е. даҳ боб

39. Миқдори байтҳои достони «Комде ва Мадан»-ро ёбед:

А. 500 байт

В. 600 байт

С. 700 байт

D. 800 байт

Е. 900 байт

40. Достони «Комде ва Мадан» дар кадом баҳр эҷод шудааст?

А. дар баҳри ҳазаҷ

В. дар баҳри рамал

С. дар баҳри раҷаз

D. дар баҳри ҷадид

Е. дар баҳри хафиф

41. Байти зер аз кадом достони Бедил аст?

Базми шаҳ бе рухаш ҳузур надошт,

Бо ҳазорон чароғ нур надошт.

А. «Тури маърифат»

В. «Тилисми ҳайрат»

С. «Никот»

D. «Муҳити аъзам»

Е. «Комде ва Мадан»

42. Байти зер аз забони кадом қаҳрамони достони «Комде ва Мадан» аст?

Меравам, то ба он дарахт расам,

Шояд аз сояаш ба бахт расам.

А. аз забони шоҳи золим

В. аз забони шоҳи одил

С. аз забони ҳокимон

D. аз забони Комде

Е. аз забони Мадан

43. Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад,

Табъи салим фазл аст, ирси падар набошад.

Байти фавқуззикр аз кист?

А. Ҷомӣ

В. Ҳилолӣ

С. Мушфиқӣ

D. Саййидо

Е. Бедил

44. Байти зерин аз кист?

То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,

З-иқбол даре ба рӯйи кас боз нашуд.

А. Мушфиқӣ

В. Ҳилолӣ

С. Саййидо

D. Соиб

Е. Бедил

45. Мазмуни байти зеринро муайян кунед:

Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,

Он чи дар ваҳмат нагунҷад, ҷилвагар дорад баҳор.

А. ишқӣ

В. ҳаҷвӣ

С. паҳлавонию таҳамтанӣ

D. интиқод

Е. васфи баҳор