Маснавии «Дахмаи шоҳон»

Мирзосодиқ на танҳо дар эҷоди навъҳои хурди лирикӣ хушзавқ аст, балки дар достонсароӣ ҳам адиби тавоно мебошад. Аз ӯ чор маснавӣ низ боқӣ мондааст. Аз ҷумла, «Рафъи тумани Оҳугиру Хайробод», «Ба духтаре ошиқ шудани дарвеш», «Қазову қадар» ва «Дахмаи шоҳон». Маснавии «Дахмаи шоҳон», ки соли таълифи он дақиқ қайд нашудааст, муҳаққиқон таърихи онро солҳои 1785, 1791 ва 1796 ишора кардаанд. «Дахмаи шоҳон» аз нигоҳи сохтор ва мазмуну мундариҷаи худ хеле ҷолиб аст. Достон аз муқаддима ва қисмати асосӣ иборат мебошад. Муқаддимаи асар аз се бахш фароҳам омадааст. Дар бахши аввал мулоҳизаҳои фалсафии адиб, муносибати ӯ ба мирону шоҳон, адлу дод, ноодилию бедодӣ баён гардидааст.

Дар бахши дуюм оид ба авзои замон, муҳити зиндагӣ, бевафоии дунё, арзиши илму дониш, фазлу ҳунар баҳс карда мешавад. Бахши сеюми муқаддимаи асар доир ба мушоҳидаву сайругашти шоир дар атрофи шаҳри Бухоро ва ҳаводиси ба ӯ дучоромада баҳс мекунад. Муқаддимаи достон бо зерфасли «Тасвири девони маъбад» интиҳо меёбад.

Қисмати асосии достон, ки пас аз муқаддима меояд, «Ибтидои шуруъ дар мақсуд» нахустзерфасли он мебошад. Мушоҳидаҳои шоир ба тасвири «Дахмаи Субҳонқулихон» оғоз гардида, баъд тасвири «Дахмаи Убайдуллоҳхон», «Дахмаи Абулфайзхон» ва «Дахмаи Абдулмуъминхон» меояд ва бо ҳамин достон ба поён мерасад.

Дар қисмати асосии достон, ҳангоми сайри шоир ногаҳ аз дахмае садое баланд мешавад:

Кушо сӯйи мо чашми ибрат, нигар,

Ки будем шоҳони зарринкамар!

Ҳадаф зикри бебақоии дунё, пушаймонӣ аз амалҳои носавобу зишт мебошад.

Баъд шоир садои басо ҷозибу ҷолибе аз як дахмаи мармарин мешунавад, ки он аз зиндагии бемаънӣ, кирдори носавоб, амалҳои нохуби худ ҳангоми ҳукуматдорӣ бо сӯзу гудоз ривоят мекунад. Ин дахмаи ҳокими Аштархонӣ – Субҳонқулихон будааст.

Мирзосодиқ баъд аз шунидани садои ин амир боз пештар меравад ва дахмаи Убайдуллоҳхон пеш меояд. Ӯ садои ин амирро мешунавад, ки аз таърихи салтанати золимонаи худ ҳикоя менамояд. Амири мазкур аз фаъолияти золимонаи хеш сахт пушаймон гардида, худро хеле сарзаниш мекунад. Убайдуллоҳхон аз кардаҳояш норозист ва таъкид мекунад, то ки одамон чунин ғалатҳоро содир накунанд.

Мирзосодиқ ба оромгоҳи Абулфайзхон наздик мешавад. Абулфайзхон ҳам мисли дигар амирон аз кирдорҳои худ сахт пушаймон аст:

Манам шоҳ Абулфайзи мулки Бухор,

Падар то падар хусрави тоҷдор.

Абулфайзхон вақти сари қудрат омаданаш асосан ба айшу нӯш, танпарварию фориғболӣ дода мешавад. Худи амир мегӯяд:

Маро модари даҳр рӯзе ки зод,

Дари айшу ишрат ба рӯям кушод.

Нишонданд дар маҳд ҳамчун сарир,

Ба комам шакар рехт бар ҷойи шир.

Дувумбора бар тахти шоҳӣ нишонд,

Ба фарқам хазойини дунё фишонд.

Шоир зулми амирро аз забони муғаннӣ ва созҳои мусиқӣ ба тариқи ташхису тамсил зикр мекунад:

Яке дод танбӯрро гӯшмол,

Ки аз дасти ман пеши шоҳам манол.

Чунин гуфт танбӯр: Ай зулмгар,

Чаро мезанӣ захмам андар ҷигар?

Расида маро корд бар устухон,

Нишаста бурун аз танам тори ҷон.

Ба нохун дилам хунфишон мекунӣ,

Маро манъ боз аз фиғон мекунӣ?

Ҳамегуфт танбӯр нолида зор,

Дили чангу най шуд зи дардаш фигор,

Ба якборагӣ ҷумла кардӣ фиғон,

Найистон шуд аз нола рӯйи ҷаҳон.

Ин амир ҳатто барои мансаб писари худро нест мекунад:

Хусусан, ки аз мастии ҷоми ҷоҳ

Писарро намудам ба дастам табоҳ.

Сабоҳе гузаштам ба тарфи чаман,

Чу гул лаб пур аз ханда аз анҷуман.

Шунидам ман аз боғбони ҷаҳон,

Ки мегуфт дар хидмати гулситон:

- Бибурранд гар бехҷасти ниҳол,

Физояд бар он нахл бори камол.

Чу бишнидам аз боғбон ин сухан,

Ба сӯйи ҳарам омадам аз чаман.

Ниҳоле, ки аз решаам руста буд,

Ба пеши қадаш сарв дилхаста буд,

Ба теги ғазаб кардам ӯро ҳалок,

Ба хокаш супурдам, задам рӯйи хок.

Чунин кор кардам ба уммеди он,

Ки шояд маро давлати ҷовидон.

Абулфайзхонро дар мавриди зарурӣ, яъне ҳамлаи Раҳимбии манғит дӯстон – душман, итоаткорон – нофармон ва ҷамъаш – парешон шуданд. Раҳимбӣ ӯро қатл кард, аз ин рӯ, Абулфайзхон мукофоти амалро пеши рӯ меорад ва бо сӯзу гудоз мегӯяд:

Зи бас маст будам зи ҷоми ғурур,

Мукофотро дидам аз хеш дур.

Кунун ин мукофоти кирдорҳост,

Ҳамин ранҷам озори озорҳост.

Маранҷон дили халқ аз баҳри ӯ,

Ки бошад ҷаҳон душмани дӯстрӯ.

Яъне, дар достон сокини ҳар як дахма саргузашти худро бо тамоми ҷузъиёт, бо забони худаш қоил мешавад. Агар зишткору золим бошад, аз кардааш сахт пушаймон аст. Агар заррае кори хуб карда бошад, натиҷаи онро ҳатман дидааст. Дареғо, ки ин амирон ҳанӯз солҳои салтанатдорӣ инро фикр накардаанд. Онҳо салтанати худро «безаволу ҷовид» донистаанд. «Дахмаи шоҳон»-и Содиқ дар заминаи ривояте, ки миёни мардум паҳн шудааст, эҷод гардидааст. Он ривояти шоҳони афсонавии Эрони қадим мебошад ва ба наср таълиф шуда, аз пораҳои шеърӣ барои тасдиқи фикр кор гирифта шудааст. Яъне, Искандари Мақдунӣ бо Афлотун ва лашкараш ба қаламрави Аҷам ворид шуда, Афлотун дахмаҳоро ба ӯ нишон медиҳад. Инҳо дахмаҳои Ҷамшед, Рустам, Фаридун, Исфандёр, Наримон, Манучеҳр, Барзу, Суҳроб ва дигарон аст.

Тафовути асари Содиқ аз дахмаи ривоятӣ аз он иборат аст, ки:

1. Дар ривоят аз кирдори нек қисса карда мешавад ва дар асари

Содиқ танҳо амалҳои зишти онҳо баён шудааст.

2. Асари халқӣ бо усули ривоят, нақл буда, асари Содиқ бевосита аз забони худи қаҳрамон аст.

3. Дар асари халқӣ пир донишманду соҳибтаҷриба буда, дар асари

Содиқ мушоҳидаи адиб асоси тасвир қарор дода шудааст.

4. Мавзуъ ва мазмуни асари Содиқ дар адабиёти тоҷик нав буда, ба адабиёт таъсири амиқ мегузорад. Адибон: Мирзо Абдулазими

Сомӣ, Абдурраҳмони Тамкин, Аҷзии Самарқандӣ дар пайравии

Мирзосодиқ асар таълиф кардаанд.

Бояд гуфт, ки тозакориҳо ва навовариҳои Мирзосодиқ дар таҳаввули ғазал ва эҷоди маснавӣ хеле назаррас мебошад. Аз ин рӯ, ӯ дар таърихи адабиёти охирҳои асри XVIII ва оғози асри XIX чун адиби навовар мавқеъ дорад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Доир ба овони ҷавонии Мирзосодиқи Муншӣ чӣ медонед?

2. Сабабҳои асосии ба дарбор ҷалб намудани Мирзосодиқро дар чӣ мебинед?

3. Сабаби ба Дарвоз бадарға шудани шоир чист?

4. Поёни рӯзгори Мирзосодиқ дар куҷо ва чӣ гуна сипарӣ гардидааст?

5. Мероси адабии шоирро номбар кунед.

6. Мавқеи ғазал дар таркиби девони Мирзосодиқро шарҳ диҳед.

7. Мазмуну муҳтавои ғазали «Чанд резӣ ба ҷафо ашки ҷигаргуни маро»ро нақл кунед.

8. Ғазали «Ба роҳат мерасонад ранҷ бар худ ошно кардан»-ро азёд гӯед.

9. Ғазали «Зор мурдему рухат сер надидем, дареғ» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?

10. Мазмуни мухтасари маснавии «Дахмаи шоҳон»-ро нақл кунед.

11. Тафовути достони «Дахмаи шоҳон»-ро аз ривояти халқии он тавзеҳ диҳед.

12. Мирзосодиқ дар маснавии «Дахмаи шоҳон» ба кадом масъалаҳои иҷтимоӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардааст?

13. Хусусиятҳои бадеии маснавии «Дахмаи шоҳон»-ро шарҳ диҳед.

САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ

1. Дар авохири асрҳои XVIII ва XIX кадом сулола дар Мовароуннаҳр дар сари қудрат буд?

А. Сафавиҳо

В. Шайбониҳо

С. Темуриҳо

D. Аштархониҳо

Е. Манғитиҳо

2. Охирин намояндаи Аштархониҳо кӣ буд?

А. Абдулазизхон

В. Субҳонқулихон

С. Убайдуллохон

D. Нодиршоҳи Афшор

Е. Абулфайзхон

3. Аввалин намояндаи Манғитиҳо кӣ буд?

А. Дониёл

В. Шоҳмурод

С. Ҳайдар

D. Насруллоҳ

Е. Раҳимхон

4. Машҳуртарин ҳавзаҳои адабии замони Манғитиҳо кадомҳоянд?

А. Ҳироту Балх

В. Шерозу Исфаҳон

С. Машҳаду Нишопур

D. Ҳисору Хатлон

Е. Бухоро, Хӯқанд ва Хева

5. Байти зер аз кист?

Ғариқи баҳри ваҳдат ҷилваи касрат намебинад,

Зи зери об натвон дид мавҷи оби дарёро.

А. Саййидо

В. Соиб

С. Бедил

D. Мушфиқӣ

Е. Шавкати Бухороӣ

6. Байти зеринро кӣ гуфтааст?

Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад,

Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кутал дорам.

А. Саййидо

В. Соиб

С. Мушфиқӣ

D. Шавкати Бухороӣ

Е. Бедил

7. Дар деҳаи Ҷондори Бухоро кадоме аз ин адибон таваллуд шудааст?

А. Саййидо

В. Соиб

С. Бедил

D. Ҳилолӣ

Е. Мирзосодиқ

8. Мирзосодиқ дар кадом шаҳр аз олам гузаштааст?

А. Ҳирот

В. Хатлон

С. Ҳисор

D. Раштон

Е. Қаршӣ

9. Кадоме аз ин асарҳо аз Мирзосодиқ аст?

А. «Ирфон»

С. «Баҳориёт»

В. «Шаҳрошӯб»

D. «Лайлӣ ва Маҷнун»

Е. «Дахмаи шоҳон»

10. Кадоме аз ин тазкираҳо дар бораи Мирзосодиқ маълумот медиҳад?

А. «Лубоб-ул-албоб»

В. «Нафаҳот-ул-унс

С. «Ҳафт иқлим»

D. «Оташкада»

Е. «Маҷмуат-уш-шуаро»;