Образҳои достон

Дар достони мазкур, ба ғайр аз образҳои марказӣ – Юсуф ва Зулайхо, як қатор образҳои дигар: шоҳи Миср Малик Руён, Азизи Миср, Таймус, Яъқуб, бародарон, Молики Бишрӣ, корвониён, занони Миср, зиндониён ва зиндонбон, хонсолор ва обдори шоҳ. Ин образҳо лаҳзавӣ бошанд ҳам, хеле ҳалкунанда ва ҷолибанд.

Образи Юсуф образи марказӣ ва асосии достон аст. Ӯ марди боақлу доно, покиза ва пуртоқату поктинат аст. Танҳо дорои хислатҳои ҳамида буда, хислати баде надорад. Ӯ на танҳо зоҳиран, балки ботинан ҳам зебост. Дурандеш, бомулоҳиза, зираку оқил буда, ба оянда бовар дорад. Хислатҳои ҳамидаи ӯ сари ҳар як қадам ба назар мерасанд. Юсуф пайғамбарзода низ ҳаст. Ӯ боз ба ғуломӣ розӣ мешавад.

Ҳангоми таъбири хоби зиндонӣ дар маҳбас боз ҳам бузургии ӯ ошкор мешавад. Хоби Руёнро таъбир намудани Юсуф ӯро соҳиби мансаб мегардонад.

Шоир ба ин восита иффату покӣ, ростию росткорӣ, адлу дод, садоқату инсоф ва ғайраро тарғиб намуда, хисоли ҳамидаро афзалият мебахшад. Шоир хоби шоҳро чунин тасвир мекунад:

Малик Руён шабе чун чашм пӯшид,

Ба хобаш ҳафт гови фарбиҳе дид.

Пас аз вай ҳафт гове дид лоғар,

Ки хӯрд ин ҳафт лоғар ҳафти дигар.

Дар он дам хӯшаҳои сабзу хуррам

Намудаш, ҳафт буд он хӯшаҳо ҳам.

Пас он гаҳ ҳафти дигар хӯшаҳо дид,

Ки ҳар як хушктар будӣ зи хуршед.

Бар он тарҳо чу печиданд он ҳафт,

Ҳама гаштанд хушку хуррамӣ рафт.

Хоби маликро касе таъбир карда наметавонад ва танҳо Юсуф онро чунин таъбир мекунад:

Ки аввал ҳафт соли нек ояд,

Ба рӯйи халқ неъмат дар кушояд.

Пас аз вай ҳафт соле дур гирад,

Ки гардад зинда қаҳт, арзон бимирад.

Аз он ҳафт ин қадар гиранд хӯша,

Ки бошад дар раҳи ин ҳафт тӯша.

Ба шаҳ то нархи давлат бошад арзон,

Вазири шаҳ набояд буд нодон.

Нигаҳ гар бол накшояд ба ғафлат,

Расад кай сар ба девори мазаллат.

Ин аст, ки аз зиндон раҳо ёфтани Юсуф ҷорӣ шудани адолат, тантанаи озодӣ, вазир таъйин шудани Юсуф, сари қудрат омадани адолату озодӣ, яъне, ғалабаи озодию адолат бар зулумоту ҷаҳолат мебошад, зеро Юсуф ҳатто худи шоҳро чунин панду насиҳат медиҳад, ки чунин ҷуръатро кӣ метавонист ба ҷо биёрад?!

Чунончи:

Бувад чун бо раъият шоҳро ҷоҳ,

Раъийятпарварӣ мебояд аз шоҳ.

Чу бошад бар шукӯҳи шоҳ иллат,

Ғами худ мехурад, хоҳ аз раъият.

Раъийят гар набошад, бо кӣ шоҳ аст?

Фалакро рӯз бе ахтар сиёҳ аст.

В-агар бошад туро доно вазире,

Ки худ дарди сар аз кишвар нагирӣ.

Агар дар ин қазоват хиради сиёсӣ-иҷтимоии Юсуф намоиш дода шуда бошад, пас, ӯ дар ҷодаи дигар низ бартарӣ дорад.

Юсуф дар ишқ низ симои покӣ ва иффат аст. Аз ин рӯ, ӯ то интиҳои умр устувор мемонад. Ӯ намехоҳад, ки ба хонадони худ гуноҳу табоҳӣ биёрад. Аз ин рӯ, сабру таҳаммулро интихоб мекунад.

Юсуф шахсияти бузург аст, ки ҳатто ба бародарони ҷафокору қотили худ ҳам шафқату раҳм мекунад. Ин аст, ки дар охир ба мақсад мерасад ва дар зиндагӣ комёб мешавад.

Образи Зулайхо. Ин симои махсуси зани нотакрор аст. Ӯ шоҳдухтар аст, вале ёде аз мансабу сарват намекунад. Ӯ миллат ва табақаи иҷтимоиро ҳам ба назар намегирад. Ӯ устувор ва мубориз аст. Зулайхо пок, боиффату шармгин аст. Ҳамин ишқи пок дар аввал ӯро хеле ранҷ медиҳад:

Маро ишқе, бубин, охир чиҳо кард,

Ватанбегона, ғурбатошно кард.

Азизи Миср ҷӯён хор гаштам,

Парӣ гуфтам, ба деве ёр гаштам.

Зулайхо дӯстдоштаашро ба зиндон меафканад, вале худ гӯё хешро дар он ҷо афканда бошад, азоби рӯҳӣ мекашад.

Ҳангоми вазир таъйин гардидани Юсуф Зулайхо боз хортар шуда, хонаву ҷойи худро тарк мекунад ва дар роҳи дӯстдоштааш макон интихоб намуда, бо азоби зиёд ва гиряву нола зиндагӣ мекунад. Вале ҳамоно иффату исматро нигоҳ медорад. Ӯ низ поку беолоиш ва устувору пурсабр ва тобовару пуртоқат мебошад. Зулайхо ҳам ҷонибдори барпо намудани оилаи пок, содиқ, мушфиқ, ҳалол, самимӣ, беолоиш аст. Ӯ барои дӯстдоштаи худ аз худ мегузарад. Зулайхо бе Юсуф зиндагиро тасаввур карда наметавонад. Аз ин рӯ, ӯ ба мақсад мерасад.

Дар достон образҳои шоҳи Миср – Малик Руён, Яъқуб, Таймус, корвониён, обдори шоҳ низ нақшҳои мусбатанд. Яъқуб умре барои Юсуф месӯзад, Малик Руён ҷонибдори адолат, дурандеш, мушоҳидакор ва донову оқил аст. Таймус низ шоҳи доност. Ӯ дар роҳи муҳаббати фарзандаш монеъ нест. Ҷонибдори ишқи пок ва ахлоқи ҳамида мебошад.

Бародарони Юсуф аз хонадони муқаддасанд, вале рашк, ҳасад, бадбинӣ, ҳавасҳои беҷо доранд. Аз ин рӯ, онҳо дар зиндагӣ роҳи худро пайдо карда наметавонанд.

Корвониён низ кори хайреро сомон медиҳанд, зеро онҳо боиси идомаи хатти сужети достон мешаванд.

Обдори шоҳ кори ниҳоят некро сомон дода, боиси аз зиндон раҳоӣ ёфтани Юсуф ва инчунин ба мансаби баланд омадани ӯ ва ниҳоят ба мақсад расидани Зулайхо мегардад.

Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ дар таълифи достон нишон додааст, ки ӯ дар эҷоди навъҳои бузурги адабӣ маҳорати бештаре дорад. Ҳозиқ дар қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ, тарҷеоту шеъри тасмит ва ғайра табъи баланд дошта бошад ҳам, шуҳрати ӯро ҳамчун эҷодкор ҳамин достони «Юсуфу Зулайхо» таъмин кардааст.

Аз навъҳои лирикӣ ӯ, ғолибан, дар ғазал табъи баланд дошта, дар рушду таҳаввули жанри мазкур саҳми арзанда гузоштааст. Вале махсусан, достони «Юсуфу Зулайхо»-и Ҳозиқ баъд аз асарҳои ҳамноми Ҷомию Нозими Ҳиравӣ ва умуман миёни ҳамаи онҳое, ки 10 аср дар ин мавзуъ асар эҷод кардаанд, мавқеи намоён дорад.

Ҳозиқ дар ин достон лаҳзаҳои иловагии зиёд дорад, ки дар асарҳои қаблӣ дида намешаванд: лаҳзаи туҳмати гург ва ба забони ҳол омадани он, ё худ бевосита Ҳозиқ аз таваллуди Юсуф асарро оғоз мекунад, вале Ҷомӣ то ин ҷо ба изҳори чанд андешаи фалсафӣ, шарҳу тавзеҳи баъзе чизҳо пардохтааст. Ё ки дар достони Ҷомӣ падари Зулайхо ба ҷониби Азизи Миср хостгор мефиристад, ки ин дар асари Ҳозиқ нест.

Ҳозиқ шоҳи идеалии худро дар симои Малик Руён тасвир намуда, пок будани хонадони набавиро дар образи Юсуф ба тасвир овардааст, ки дар ҷузъиёт хеле ҷолиб эҷод шудаанд.

Ҳунари шоирии Ҳозиқ дар сатҳи Ҷомӣ ва Нозими Ҳиротӣ набошад ҳам, пояи ӯ аз дигар шоироне, ки дар ин мавзуъ достон эҷод кардаанд, баланд аст. Барои мисол:

Зи рӯйи хашм он қавми ҷафокор

Ба сад хорӣ дар он саҳрои хунхор.

Зи по бурданд кафш, аз сар кулоҳаш,

Саропо шуд бараҳна ҳамчу моҳаш.

Шуд он домони дашти пур зи хоре

Зи хуни захми пояш лолазоре.

Дар ин абёт Юсуф ба моҳ монанд карда мешавад, зеро моҳ низ бараҳна дар биёбони фалак роҳ мепаймояд. Агар дар ин ҷо ташбеҳи баланду ҷолиб бошад, дар байти дигар тавассути ғулув аз хуни пойи Юсуф рангин гардидани даштро таъкид мекунад, ки хеле хотирмон ва дилнишинанд ва хонандаро комилан мутаассир менамоянд.

Ё ин ки ба воситаи лаҳзаи тамсилӣ ва тавассути санъати ташхис гург чунин ҳолати ҳалкунандаро мусбат ҳал мекунад:

Ки ман ҳарчанд дур аз ақлу ҳушам,

Наям инсон, аз ҷинси вуҳушам.

Вале донам, ки ин феъли қабеҳ аст,

Ба ҳар нодониям қубҳаш сареҳ аст.

Ҳамин фарзанди худ гум карда будам,

Дар ин саҳро суроғаш менамудам,

Ки шояд ёбам он гумкарда фарзанд,

Ба доми туҳматам карданд побанд.

Бибастанд инчунин бо ресмонам,

Биёлуданд ҳам бо хун даҳонам.

Задандам гаҳ ба чӯбу гоҳ бо санг,

Биёварданд аз саҳро бад-ин ранг.

Кашидам бе ҷиноят гарчи бедод,

Вале рӯйи ту чун дидам, шуд аз ёд.

Яъне, ба воситаи чунин санъати баланду табъи волои шоирӣ Ҳозиқ ҳатто гурги ваҳшии хунхорро раҳмдил намудааст. Ҳамчунин бо чунин ҳунару маҳорати эҷодӣ шоир кирдори бародарони Юсуфро басо ваҳшиёна тавонистааст биёфарад, то ки хонандаро бештар мутаассир намояд.

Достон бо манзури гузориши масъала, ҳалли он, ҳукму андешарониҳо, мантиқи ифода, корбурди калимот, интихоби он, коргирӣ аз мақолу зарбулмасал, таъбиру ифодаҳои халқӣ, ҳунари шоирӣ, истифодаву интихоби радифу қофияҳо, вазн, истифодаи санъатҳои бадеии маънавию лафзӣ ва ғайра низ басо ҷолиб ва хотирмон аст.

Достони «Юсуфу Зулайхо»-и Ҳозиқ баробари арзишҳои ҳунарӣ -шоирӣ, адабӣ-бадеӣ, захираи луғавӣ-лексикӣ беш аз ин ҳама, аҳаммияти тарбиявӣ-ахлоқӣ дорад, зеро покию иффат ва исмати инсонӣ дар ҷойи аввал меистад.

Хонанда намунаҳои олии ахлоқи ошиқонро меомӯзад ва ибрат хоҳад гирифт.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Оид ба даврони ҷавонӣ, овони таҳсилоти Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ чӣ медонед?

2. Сабаби ба Мовароуннаҳр омадани Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ дар чист?

3. Муносибати Ҳозиқ ва амирони манғит чӣ гуна сурат гирифтааст?

4. Мероси адабии Ҳозиқ аз кадом навъҳои адабӣ иборат аст?

5. Сохт ва таркиби девони Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро баён намоед.

6. Мавзуъ ва мундариҷаи ғоявии ғазалиёти Ҳозиқро шарҳ диҳед.

7. Ғазали «Ёди айёме, ки пур аз май сабӯе доштем»-ро шарҳ диҳед.

8. Ғазалиёти Ҳозиқ дорои кадом хусусиятҳои адабӣ – бадеиянд?

9. Мазмуни мухтасари достони «Юсуфу Зулайхо»-ро нақл кунед.

10. Доир ба сайри таърихии қиссаи «Юсуфу Зулайхо» то эҷодиёти Ҳозиқ маълумот диҳед.

11. Кадом хусусиятҳои фарқкунандаи достони «Юсуфу Зулайхо»-и Ҳозиқро медонед?

12. Образҳои марказии достон – образҳои Юсуфу Зулайхоро таҳлил намоед.

13. Образҳои мусбату манфӣ, лаҳзавӣ ва доимии достонро номбар кунед.

14. Арзиши адабии достони «Юсуфу Зулайхо»-и Ҳозиқ аз чӣ иборат аст?