Қофияи мутлақ ва ҳарфҳои он

Дар илми бадеи классикӣ қофияеро мутлақ меноманд, ки ҳарфи равӣ ба ҳарфи васл часпида бошад, яъне, баъди ҳарфи равӣ ҳарфи дигаре омада бошад.

Мисол:

Раъият ба зулми ту чун олиманд,

Зи зулми ту бар якдигар золиманд.

Дар ин байт (вазнаш – мутақориби мусаммани мақсур) калимаҳои «олиманд» ва «золиманд» қофия, ҷузви «-олиманд» решаи онро ташкил медиҳад. Дар ин решаи қофия садоноки «о» таъсис, ҳамсадои «л» дахил, садоноки кӯтоҳи «и» ишбоъ, ҳамсадои «м» равии мутлақ, садоноки «а» маҷро, ҳамсадои «н» васл ва ҳамсадои «д» хурӯҷ аст. Чун дар ин қофия ҳарфи охирини решагӣ, яъне равӣ (ҳарфи «м») ба ҳарфҳои баъди он часпидааст, онро қофияи мутлақ меноманд.

Қофияи мутлақ нисбат ба қофияи муқайяд навъҳои зиёд дорад ва ҳарфҳои асосии он васл, хурӯҷ, мазид, нойира мебошанд. Дар қофияи мутлақ илова бар ҳарфҳои хосси он васл, хурӯҷ, мазид, нойира ҳарфҳое, ки дар қофияи муқайяд иштирок мекунанд, мисли таъсис, дахил, ридф (ридфи муфрад ва ридфи мураккаб), низ меоянд. Мисол барои қофияи мутлақ бо ҳазв, қайд, равии мутлақ, маҷро, васл ва хурӯҷ:

Мардони қабила рахт бастанд

В-аз арса ҳама бурун нишастанд.

Вазни ин байт ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи мақсур буда, калимаҳои «бастанд»-у «нишастанд» қофияи онро ташкил медиҳанд. Ҷузвҳои «-астанд»-и ҳар ду калимаи қофия решаи онанд, ки садоноки кӯтоҳи «а» ҳазв, ҳамсадои «с» қайд, ҳамсадои «т» равии мутлақ, садоноки «а» маҷро, ҳамсадои «н» васл ва ҳамсадои «д» хурӯҷ мебошад.

Ҳамин тариқ, ҳарфҳое, ки баъди равӣ дар решаи қофия меоянд, ба гурӯҳи ҳарфҳои қофияи мутлақ дохил мешаванд ва онҳо чортоянд: васлу хурӯҷу мазиду нойира. Ҳоло ҳар кадоми онро ба таври мухтасар шарҳ медиҳем.

1. Васл калимаи арабист, маънои луғавияш пайвастани чизе ба чизи дигар, часпондан буда, дар илми қофия номи яке аз ҳарфҳои решагист, ки баъди ҳарфи р а в ӣ омада, бо он пайваст шуда бошад.

Ҳамин тариқ, ҳамсадоҳо, садонокҳои дароз ва ҳарфҳои ётбарсар (ё, е, ю, я) ба вазифаи васл омада метавонанд.

Мисол:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Дар ин байти Ҳофиз (вазнаш – ҳазаҷи мусаммани солим) калимаи «моро» ва «Бухороро» қофия буда, ҷузви «-оро» решаи қофия аст. Дар ин решаи қофия ҳарфи «о» равии мутлақ, ҳарфи «р» в а с л ва ҳарфи «о»-и охир хурӯҷ аст.

Мисоли дигар:

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,

Ин қадар беҳуда дилтангам макун.

Дар ин байти Мирзо Турсунзода (вазнаш – рамали мусаддаси маҳзуф) калимаҳои «ҷангам» ва «дилтангам» қофия, ҷузви «-ангам»-и ҳар ду калима решаи қофия мебошад, ки садоноки кӯтоҳи «а» ҳазв, ҳамсадои «н» қайд, ҳамсадои «г» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро ва ҳамсадои «м» васл мебошад.

Садонокҳои кӯтоҳи «а», «и» ва «у» баъди ҳарфи равӣ оянд ҳам, васл шуда наметавонанд, зеро онҳо дар алифбои арабӣ ҳарф не, балки ҳаракатанд. Агар васл аз ҳамсадо иборат бошаду пеш аз вай садоноки кӯтоҳ омада бошад, дар он сурат садоноки кӯтоҳи баъди равӣ омадаро маҷро меноманд.

Мисол:

Хаёли рӯйи ту дар коргоҳи дида кашидам,

Ба сурати ту нигоре надидаму нашунидам.

(Ҳофиз)

Дар ин байти Ҳофиз (вазнаш – муҷтасси мусаммани махбун) калимаҳои «кашидам» ва «нашунидам» қофия, ҷузви «- идам» решаи қофия буда, ҳарфи «и» ридфи муфрад (аслӣ), ҳамсадои «д» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро ва ҳамсадои «м» васл мебошад.

Агар шеър бо қофияе тамом шуда бошад, ки ҳарфи охири онро садоноки «а» ташкил додааст, дар он сурат ин садонок вазифаи васлро иҷро кардааст.

Масалан, дар ин байт:

Ашке чу лаъл резад он лаб маро зи дида,

Дар шиша ҳар чӣ бошад, аз вай ҳамон чакида.

(Камоли Хуҷандӣ)

Вазни ин байт музореи мусаммани ахраб буда, калимаҳои «дида» ва «чакида» ба вазифаи қофия омадаанд. Дар ин қофия ҷузви «-ида» решаи қофия мебошад, ки ҳарфи «и» ридфи муфрад, ҳарфи «д» равии мутлақ ва ҳарфи «а» васл аст.

Хурӯҷ калимаи арабист, маънои луғавияш берун шудан, берун рафтан буда, дар илми қофия номи яке аз ҳарфҳои решагист. Хурӯҷ ҳарфи ҳамсадоест, ки дар решаи қофия баъди ҳарфи васл омада бошад. Мисол:

Ба давлат касоне сар афрохтанд,

Ки тоҷи такаббур бияндохтанд.

(Саъдӣ)

Дар ин байти Саъдӣ (вазнаш – мутақориби мусаммани мақсур) калимаҳои «афрохтанд» ва «биандохтанд» қофия, ҷузви «-охтанд» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад, ҳарфи «х» ридфи мураккаб, ҳарфи «т» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «н» васл ва ҳарфи «д» хурӯҷ аст.

Такрори хурӯҷ дар қофия ҳатмӣ буда, тамоми шоирони гузашта ва имрӯзаи тоҷику форс аз ин қоида берун нарафтаанд.

Мисол:

Падарро муждаи давлат расонед,

Дилашро з-оташи меҳнат раҳонед.

(Ҷомӣ)

Дар ин байти Ҷомӣ (вазнаш – ҳазаҷи мусаддаси мақсур) калимаҳои «расонед»-у «раҳонед» қофия, ҷузви «-онед» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад, ҳарфи «н» равии мутлақ, ҳарфи «е» васл ва ҳарфи «д» хурӯҷ аст.

Мазид низ калимаи арабист, маънои луғавияш зиёдшуда, афзуншуда, афзунӣ дар чизе мебошад. Дар илми қофия яке аз ҳарфҳои решагии қофияро гӯянд, ки баъди хурӯҷ омада бошад.

Мисол:

Ин дил, ки ба мӯйи дилбаре бастемаш,

Ҳарчанд гусаст, боз пайвастемаш.

Дар ин байт (вазнаш – ҳазаҷи мусаммани ахраби мақбузи абтар) калимаҳои «бастемаш»-у «пайвастемаш» қофия, ҷузви «-астемаш» решаи қофия мебошад. Дар ин решаи қофия садоноки кӯтоҳи «а» ҳазв, ҳамсадои «с» қайд, ҳамсадои «т» равии мутлақ, ётбарсари «е» васл, ҳамсадои «м» хурӯҷ, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз ва ҳамсадои «ш» мазид аст.

Такрори мазид дар қофия ҳатмӣ буда, иваз намудани он бо ҳарфи дигар ҷоиз нест.

Нойира (нойир) калимаи арабист, маънои луғавияш шуъла, оташ; раманда, гурезанда мебошад. Асли калимаи нойира аз нивор аст ба маънои рамидан ва дур шудан.

Мисол:

Гар дил зи ғами ёр напардохтанистеш,

Бо ӯ ба ҳама вуқӯҳ дарсохтанистеш.

Дар ин байт (вазнаш – ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи мақсур, ҳашви дуюми мисраи дуюм – ахраб) калимаҳои «напардохтанистеш» ва «дарсохтанистеш» қофия, ҷузви «-охтанистеш» решаи қофия мебошад, ки ҳарфи «о» ридфи муфрад, ҳарфи «х» ридфи мураккаб, ҳарфи «т» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «н» васл, садоноки кӯтоҳи «и» нафоз, ҳарфи «с» хурӯҷ, ҳарфи «т» мазид ва ҳарфҳои «е»-ю «ш» нойира мебошад.

Агар дар қофия баъди мазид ду ё се ҳарф омада бошад ҳам, ҳар кадоми он вазифаи нойираро иҷро менамояд.

Нойира аз ҷумлаи ҳарфҳои камистеъмоли қофия буда, дар ашъори шоирон гоҳ-гоҳе дучор меояд.

Намунаҳо барои ҳарфҳои қофияи мутлақ:

1. Мисол барои ҳарфи в а с л:

Муарриф ба дилдорӣ омад бараш,

Ки дастори қозӣ ниҳад бар сараш.

(Саъдӣ)

2. Мисол барои ҳарфи х у р ӯ ҷ:

Дарде, ки дилам дид зи ҳаҷри ту, кӣ дидаст?

В-онҳо ки зи зулфи ту кашидам, кӣ кашидаст?

(Бисотии Самарқандӣ)

3. Мисол барои м а з и д:

Дилам аз нестӣ чи тарсонест,

Танам аз офият ҳаросонест.

(Масъуди Саъд)

4. Мисол барои н о й и р а:

Он маҳ, ки ба чашми меҳр дидастемаш,

Аз ҷумлаи некувон гузидастемаш.

(Аз «Рисолаи қофия»-и Ҷомӣ)

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Қофия чанд навъ аст?

2. Кадом навъи қофияро қофияи мутлақ меноманд?

3. Калимаҳои қофияи байти зерро ёфта муайян кунед, ки онҳо ба кадом навъи қофия тааллуқ доранд:

Биноҳои обод гардад хароб

Зи борону аз тобиши офтоб.

4. Ҳарфи равӣ бо навъҳои қофия чӣ иртибот дорад?

5. Маъниҳои луғавӣ ва истилоҳии васлро гӯед.

6. Хурӯҷ баъди кадом ҳарфи қофия меояд?

7. Оё такрори ҳарфи хурӯҷ дар решаи қофия ҳатмист?

8. Дар байни ҳарфҳои хурӯҷ ва мазид чӣ гуна иртибот аст?

9. Маъниҳои луғавӣ ва истилоҳии нойираро гӯед.

10. Агар баъди ҳарфи мазид дар решаи қофия ду-се ҳарфи дигар омада бошад, онҳоро чӣ меноманд?

11. Дар байти зер кадом ҳарфҳои қофия омадаанд?

Савдои ту аз сина фурӯ рафтанӣ аст

В-он гаҳ сухани ту низ ногуфтанӣ аст.

12. Ҳарфҳое, ки дар сохтани қофияи мутлақ иштирок мекунанд, кадомҳоянд?

13. Байте гӯед, ки дар он ҳарфи васл омада бошад.

САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ

1. Зодгоҳи Ҳозиқ куҷост?

А. Бухоро

В. Самарқанд

С. Тошканд

D. Хатлон

Е. Кархи Ҳирот

2. Вопасин лаҳзаҳои рӯзгори Ҳозиқ дар куҷо сипарӣ шудааст?

А. Ҳирот

В. Балх

С. Ҳисор

D. Бухоро

Е. Шаҳрисабз

3. Охирин шоире, ки достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро навиштааст, кист?

А. Сайидо

В. Соиб

С. Ҷомӣ

D. Бедил

Е. Ҳозиқ

4. Достони «Юсуфу Зулайхо» -и Ҳозиқ кай ба итмом расидааст?

А. соли 1800

В. соли 1804

С. соли 1814

D. соли 1820

Е. соли 1820

5. Достони «Юсуфу Зулайхо» -и Ҳозиқ дар кадом баҳр иншо шудааст?

А. дар баҳри музореъ

В. дар баҳри мунсареҳ

С. дар баҳри хафиф

D. дар баҳри ҷадид

Е. дар баҳри ҳазаҷ

6. Достони «Юсуфу Зулайхо» -и Ҳозиқ дорои чанд боб аст?

А. 40 боб

В. 45 боб

С. 50 боб

D. 55 боб

Е. 60 боб

7. Достони «Юсуфу Зулайхо» -и Ҳозиқ дорои чӣ миқдор абёт аст?

А. дорои 4476 байт

В. дорои 4478 байт

С. дорои 4486 байт

D. дорои 4490 байт

Е. дорои 4496 байт

8. Достони «Юсуфу Зулайхо» -и Ҳозиқ аз боби чандум оғоз мешавад?

А. боби 4

В. боби 6

С. боби 8

D. боби 10

Е. боби 12

9. Падари Зулайхо чӣ ном дошт?

А. Искандар

В. Файлақус

С. Накумохис

D. Афлотун

Е. Таймус

10. Вазири Миср дар достони «Юсуфу Зулайхо» чӣ ном дорад?

А. Яҳудо

В. Шамъун

С. Руён

D. Бишрӣ

Е. Азиз

11. Шоҳи Миср дар достони «Юсуфу Зулайхо» чӣ ном дорад?

А. Яъқуб

В. Азиз

С. Яҳудо

D. Шамъун

Е. Рӯён

12. Баъд аз хонадоршавии Юсуфу Зулайхо онҳо бо ҳам чанд сол зиндагӣ мекунанд?

А. 70 сол

В. 60 сол

С. 50 сол

D. 40 сол

Е. 30 сол