Вазъияти адабиёт дар нимаи дуюми асри XIX

Адабиёти нимаи дуюми асри XIX, ҳамчунон ки аз унвони мавзуъ низ пайдост, давоми мантиқӣ ва бевоситаи таърихи куҳанбунёди адабиёти тоҷик аст. Ин адабиёт тули чандин ҳазорсола, ки марҳалаҳои камолот мепаймояд, аз бисёр бархӯрдҳо, монеаҳо, мушкилоту нобасомониҳо гузаштааст. Эҷодкорони ин адабиёт дар ҳар давру замон ҳамчун мафкурабардорону мунавварфикрони халқу миллати хеш ҷилва намудаанд. Онҳо гоҳе дучори бисёр шикастурехтҳо ва гоҳе ноили ҷумла пешравиҳо гардидаанд. Дар маҷмуъ дар ҳама гуна давру замон, новобаста ба фишору таъқибҳо ҳолат ва руҳияи халқи худро ифода кардаанд.

Барои рушди ин адабиёт дар асрҳои миёна, махсусан ду омили марказӣ: яке идеологияи ҳукмрони давр – идеологияи исломӣ ва дигаре сохтори сиёсӣ – сохти феодалӣ буд. Албатта, ин ду омил – яке омили идеологӣ ва дигаре иқтисодӣ – дар рушду таҳаввули таърихи адабиёт нақши муайян гузоштаанд.

Нуфузи идеологияи исломӣ ғолибан дар соҳаи фарҳангу маориф басо бузург мебошад. Қонунҳои ҳуқуқии инсон ва ҷомеа дар асоси шариати исломӣ амал менамуд. Русуму ахлоқ ва низоми давлатдорӣ низ дар ҳамин замина созмон дода мешуд. Бояд гуфт, ки адабиёт оинаи таърихи ҳамон халқест, ки эҷодкор ба он халқ тааллуқ дорад. Он инъикосгари даврони муайянест, ки рӯзгори адиб дар он мегузарад. Аз ин нуқтаи назар, адабиёт воқеият, ҳақиқатро инъикос менамояд. Бинобар ин, вобаста ба сиёсати давр ва сиёсатмадорон, яъне, амирон, усули мамлакатдории онҳо, дарбор ва мардум, муносибати соҳибмансабон бо халқ, ҳимояи адолати иҷтимоӣ ва ғайра дар ҳама давру замон муносибати адибон гуногун аст. Адибоне ҳам ҳастанд, ки дидаву дониста амири нолоиқу ноуҳдабароро ситоиш кардаанд ва зулму бедодиҳои ӯро дар либоси адолатхоҳию мардумнавозӣ ба қалам додаанд. Баръакс, адибони дигар низ буданд, ки ба сиёсат ва ҷомеа назари танқидӣ доштанд. Онҳо дар осори худ нуқсону норасоиҳоро гоҳе пардапӯшона ва гоҳе ошкоро баён мекарданд.

Дар ин давра ягона доираи адабии овозадору шукуҳманд доираи адабии Бухоро буд, ки бисёр қонунмандии рушду таҳаввули адабиётро муайян менамуд. Албатта, доираҳои адабии дурдаст, мисли Бадахшон, Ҳисор, Хатлон ҳам буданд, вале ба ҷуз Бухоро инҳо чандон машҳур нестанд. Албатта, Бухоро ҳамчун қадимтарин маркази фарҳангӣ то ба охир нуфузи худро нигоҳ дошта тавонист. Дар нимаи дуюми асри XIX низ Бухоро – яке аз машҳуртарин марказҳои адабӣ хидмати таърихии худро ба ҷо овард.

Маорифпарварон сараввал ба ҳамкасбони худ – адибони муосирашон таъсир расониданд. Ин буд, ки оҳангҳои ҳақиқатҷӯйӣ, адолатхоҳӣ, башардӯстӣ, илмдӯстӣ, танқиди зулму золимӣ, мазаммати истисморгарон, ҳимояи фақирон ва ғайра дар ин аҳд хеле баланд садо додаанд.

Чунончи, Шоҳин дар танқиди тоифаи мардумозор мегӯяд:

Аз ин қавм уммеди ёрӣ хатост,

Ки аз душман уммедворӣ хатост.

Аз ин фирқа доманкашон даргузар,

Чу биншастӣ, аз хирқа афтӣ бадар.

Маро бину барзан ба ибрат дуҳул,

Пасояндагонрост пешина пул,

Аз он рӯ, зи гетӣ шикоят задам,

Зи гетӣ шикоят бағоят задам,

Ки дастур бошад ба ояндагон,

Ба абнои гетист ояндагон.

Ба ҳамин тариқ, Шоҳин дар ғазалу маснавиҳояш аҳволи вазнини сахт, амир ва ситамгарони атрофи ӯро танқид менамояд:

Зи моли ятимон ситонанд боҷ,

Ба қуттои тамғо бибахшанд тоҷ.

Ба золим бароти аморат диҳанд,

Ки номуси мардум ба ғорат диҳанд.

Шоҳин дар «Туҳфаи дӯстон» таъкид менамояд, ки давлат бояд бунёди худро бар адлу адолат, ақлу хиради солим, ба илму маърифат ва росткорию садоқат, халқдӯстӣ гузорад. Агар чунин омилҳо ба назар гирифта нашаванд, он гоҳ чунин давлат умри дароз намебинад:

Ҳамин аст расми ҷаҳонхусравон,

Ки доноситоянду душманситон.

Хилофи амирони ин марзу бум

Ҳуморо надонанд фарқе зи бум.

Дареғо, ки ин аблаҳон беҳисанд,

Тавонгар ба зар, дар ҳунар муфлисанд.

Возеҳ, ки шоҳиди сиёсати ду амир – Музаффар ва Абдулаҳад буд, мегӯяд:

Рафт то ҳадду камоли нақсу нуқсони камол,

Соҳиби ҷаҳли мураккаб бошад он, к-ӯ аълам аст.

Дил ба нони хону оши косаи дунон мабанд,

Филмасал, гар қурси хуршед аст в-ар ҷоми Ҷам аст.

Пас аз он ки Осиёи Миёна бо Русия ҳамроҳ карда мешавад, чунон ки маълум аст, дар ин қаламрав дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ то андозае рух доданд. Ҳатто боиси тавлиди ҷараёни нави мафкуравӣ-иҷтимоӣ гардид, ки ин ҷараён дар таърихи халқи тоҷик нақши басо созандае бозидааст. Ин равияи маорифпарварӣ буд, ки дар афкори сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии Осиёи Миёна таъсири бунёдӣ гузошт. Бунёдгузор ва тарғибгари барҷастаи он нависанда, шоир, мутафаккир ва олими забардасти тоҷик Аҳмади Дониш буд. Нуфузи ин ҷараёни мафкуравӣ, хусусан, ба адабиёт хеле зиёд буд. Аз ин рӯ, Аҳмади Дониш аз шумори аҳли қалам ҳамақидаҳо – шогирдони тавоно пайдо намуд, ки ҳар кадом дар таърихи бархӯрдҳои мафкуравӣ ва солимгардонии ҷамъият саҳми арзанда гузоштаанд. Аз қабили адибони маорифпарвари тоҷик, эҷодкорон: Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Муҳаммад Шамсуддини Шоҳин, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат ва дигарон буданд, ки ин равияи тозазуҳурро ҷонибдорӣ ва тарғиб мекарданд.

Дар эҷодиёти шоирони равияи пешқадам фош намудани нуқсону норасоиҳои сиёсатмадорон, амирон, ҳокимони маҳаллӣ, мансабдорону амалдорон, ҳимояи адолати иҷтимоӣ, маҳкум намудани истисмору зулм, беқадрии инсон ва ғайра буд. Инчунин, онҳо дар эҷодиёти худ илму фарҳанг, мактабу маориф, таълиму тадрис то андозае озодии инсон ва монанди инҳоро тарғиб менамуданд.

Аслан маорифпарварӣ ҷараёни идеологӣ-мафкуравӣ ва ҷунбиши фикрие буд, ки дар Аврупои Ғарбӣ тайи асрҳои XVII-XVIII сараввал дар Англия ва баъдҳо дар Фаронса зуҳур карда буд. Дар Аврупо маорифпарварӣ ба зуҳури синфи нави буржуазия ҳамчун табақаи иҷтимоӣ марбут буд. Агар ин падида бо чунин шакл дар Англия зуҳур карда бошад, дар Фаронса идеологияи маорифпарварӣ ҳамчун таҳкимбахши инқилоби буржуазӣ ба миён омад.

Дар мамлакатҳои Шарқ ин ҷунбиши мафкуравӣ ва бедории фикрӣ алорағми бунёди пӯсидаи ҷомеаи феодалӣ ва инчунин дифои адолати иҷтимоӣ рӯйи кор омадааст.

Маорифпарварон муқобили зулму беадолатиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра нафрати сӯзон доштанд. Ин яке аз хусусиятҳои вижаи ҷараёни маорифпарварӣ ва сифати фаъолияти маорифпарварон мебошад.

Хусусияти дигари ин падидаи зеҳнӣ, ки қисман ба маорифпарварони тоҷик рост меояд, он аст, ки маорифпарварони рус дар осорашон тарзи зиндагии мардумони Аврупои Ғарбиро тарғиб кардаанд. Ин ҷанба тибқи идеологияи исломӣ дар осори адибони мо хеле ҷузъӣ дучор меояду бас, зеро Аҳмади Дониш низ шаҳрсозӣ, усули мамлакатдории Русияро дар қиёс бо аморати Бухоро беҳтар мешумурд. Вале дар масоили дигар: тарғиби маорифу илм, озодии инсон, муносибатҳои табақавӣ, ҳимояи адолат ва ғайра маорифпарварони мо низ ҳамфикрӣ доранд.

Хусусияти сеюми ҷолиби ҷараёни мазкур он аст, ки онҳо табақаҳои меҳнатии аҳолӣ, оммаи халқ, ғолибан деҳқононро ҳимоя ва ҷонибдорӣ намудаанд. Инчунин, баҳри беҳбуди аҳволи мамлакат ва оммаи мардум ва роҳҳои халосӣ аз инқирозро мувофиқи ҷаҳонбинии хеш пешниҳод намудаанд.

Масалан, Аҳмади Дониш дар осори адабӣ, фалсафӣ, сиёсии худ қафомондагию бесаводӣ, иртиҷоъпарастӣ, ноодилӣ, золимпешагӣ ва нолоиқии амирони манғитро хеле хуб фош мекунад. Дар асарҳояш ӯ фикрҳои тағйир додани тартиботи давлатии Аморати Бухоро, ислоҳи куллии тартиби мактабу маориф, таълими асримиёнагиро ба миён гузошта буд. Албатта, қазоватҳои ин мутафаккир ва ҷасурии ӯ ба ҳаёти маънавии ҷамъияти онрӯзаи Бухоро ва эҷодиёти шоирони пешқадами муосири Аҳмади Дониш бетаъсир намонд. Аз ин рӯ, эҷодкорони муосири ӯ ақидаҳои ин мутафаккирро вобаста ба ҷаҳонбинии худ тарғиб намуда, ҷонибдорӣ кардаанд. Яъне, мавзуъҳои танқиди нуқсонҳои ҷомеа, кӯтаҳназарию нодонии зимомдорон, беадолатиҳои амирон, паст будани сатҳи рӯзгори мардум ва нигоҳ доштани халқ дар бенавоию қашшоқӣ ва ғайраро дар осори худ ҷой додаанд.

Пеш аз ҳама худи Аҳмади Дониш дар асари беназири худ «Наводир-ул-вақоеъ», бахусус дар бобҳои «Фаромӯшхона», «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбҳову пешаҳо» ва ғайра, ҳар чиро ки ҳангоми сафарҳояш ба таври муқоисавӣ ба мушоҳида гирифта буд, хеле барҷаста тасвир кардааст. Ҳамфикрони ӯ – шоирони тавоно, нависандагон: Возеҳ (дар асари худ «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик»), Шамсуддини Шоҳин (дар осори лирикӣ: қасида, ғазалҳо, қитъаҳо, маснавии «Туҳфаи дӯстон» ва асари мансураш – «Бадоеъ-ус-саноеъ») ва дигарон таълимоти Донишро тақвият додаанд. Аҳмади Дониш андешаҳои худро на танҳо дар асарҳои адабӣ - бадеӣ, балки дар асарҳои дигари худ, бахусус дар асари сиёсиаш-«Рисола дар назми тамаддун ва таовун» аз низому қонуни давлатҳои Фарангу (Аврупову) Русия ва қиёси афзалияти онҳо аз усули кишвардории Бухоро ба миён гузоштааст.

Албатта, маорифпарварии Аврупои Ғарбӣ ва Русияро бо маорифпарварии Осиёи Миёна як шуморидан зоҳирпарастии маҳз хоҳад буд. Маорифпарварии Осиёи Миёна дар қиёс бо Русия ва Аврупо то андозае дигар буд. Яъне, ин ҷараён дар қаламрави Осиёи Миёна бештар алорағми сиёсати аморат буд, ки оммаро дар хориву зорӣ, бесаводиву ҷаҳолат нигоҳ медошт.

Дигар ин ки маорифпарварони Осиёи Миёна гуногунтабақа набуданд, зеро табақаҳои дигари ҷамъияти онрӯзаи Бухороро моҳияту муҳтавои ин ҷараён ҳанӯз фаро нагирифта буд. Аз тарафи дигар, дар нимаи дуюми асри XIX миқдори маорифпарварон низ чандон зиёд набуд. Барҷастатарин намояндагони ҷараёни мазкур: Аҳмади Дониш, Возеҳ, Шоҳин ва чанд тан аз наздикону ҳамфикрони онҳо мебошанд.

Аҳмади Дониш ба муқобили сохтори мавҷуда ва зимомдорон беибо эътироз менамуд. Мо наметавонем ҳукму андешаҳои ӯро ормону орзу ном бидиҳем, зеро ӯ бо қатъияти том ба натиҷаҳои мушаххас расида буд, ки мегӯяд: «Ва ин фармонфармоён, ки ҳоло мо «ҳазрати амир» ва «ҷаноби вазираш» мехонем, онҳо монанди чорпоянд, балки аз онҳо ҳам гумроҳтаранд. Ба далели аҳкоми шаръия ҳар соате чанд мартаба ба азли эшон зоҳир мегардад ва касеро инқиёди ҳукми эшон низ нахоҳад гардид». Чунин тарзи андешаронӣ хоси Аҳмади Дониш буда, пайравони ӯ то ба ин поя нарасида буданд. Вале дар ҳар сурат, бартарии онҳо дар ҳамин буд, ки онҳо Аҳмади Донишро фаҳмида буданд.

Афкору андеша ва ақидаҳои Аҳмади Дониш ба ҷараёни рушду инкишофи пешқадамони адабиёти он рӯзгор таъсири фаровони мусбат гузошт. Зумрае аз адибони пешқадами он замон дар таҳти нуфузи ҳамон ғояҳо буданд ва аз ин нигоҳ дар иртибот бо афкору ақоиди Аҳмади Дониш як навъ консепсияи алоҳидаро ҳимоя ва тарғиб менамуданд. Ин ҳавза ва ин доираи мунавварфикронро метавон мактаб ё равияи ҷории маорифпарварӣ қаламдод кард.

Дар афкори пешқадами сиёсию иҷтимоии нимаи дуюми асри XIX ҷараёни маорифпарварӣ барои бедории фикрии миллӣ, баҳри худшиносии халқу миллат ва истиқлолхоҳӣ замина гардид.

Афкор ва ақоиди маорифпарварӣ дар ин аср дар адабиёти бадеӣ ба воситаи жанрҳои адабӣ баён мегардид. Муҳим он аст, ки як зумра адибони тараққихоҳу пешқадам ба моҳияти осори маорифпарварии Аҳмади Дониш комилан сарфаҳм нарафтаанд. Аз ин ҷост, ки ин адибон дар осори худ ақоиди Аҳмади Донишро инкишоф надодаанд. Ин адибон ба монанди Музтариб, Исомахдум, Ошиқ, Шаръӣ, Мирзо Абдулазими Сомӣ ва дигарон мебошанд, ки дар рушду инкишоф ва тарғиби афкори маорифпарварӣ чандон саҳм надоранд. Дақиқтараш, онҳо маорифпарварии танҳо асри худро як андоза ҳис кардаанду бас.

Ҳол он ки таъсири осори Аҳмади Дониш дар қаламрави Осиёи Миёна хеле хуб паҳн гардида буд. Нуфузи ақоиди ӯ на танҳо ба ҳаммиллатони ӯ, балки ба халқҳои дигари Осиёи Миёна низ бетаъсир намондааст. Аз ҷумла осори вай ба эҷодиёти муосирони дигари ӯ Муҳаммадхоҷа Муқимӣ (1850-1903), Зокирҷон Фурқат (1858-1909), Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (1889-1929) ва дигарон таъсири фаровон гузоштааст.

Ин адибон низ аз осори Аҳмади Дониш баҳра бардошта, дар эҷодиёти онҳо ҳимояи фақирон, танқиди зулму золимӣ, беадолатӣ, мазаммати худхоҳию худпарастӣ, бераҳмӣ, авомфиребӣ, тарғиби илму маориф, маърифату фарҳанг ва ғайра хеле амиқу саҳеҳ ба мушоҳида мерасад.

Умуман, осори Аҳмади Донишро эҷодкорон Возеҳ, Шоҳин, Асирӣ, Савдо, Ҳайрат, Мирзо Сироҷ ва дигарон хеле хуб пазируфта буданд, зеро онҳо низ андешаҳои танқидии худро фошофош баён кардаанд. Масалан, Мирзо Сироҷи Ҳаким дар асари худ «Туҳафи аҳли Бухоро» менависад: «Бубинед, ки илму сарват кори миллати Урупоро ба куҷо расонида, беамалию танбалӣ кори мо, аҳолии Осиёи Миёнаро, ба чӣ пояи пастӣ кашонида. Зиндагии онон ба чӣ вусъат гузарон, мо мардум ба чӣ машаққату хорӣ? Қаҳвахонаҳои сарибозории онон аз иморати аъёни мо ҳазор дараҷа беҳтару поктар. Ай вой бар мо, вой бар мо!» ва ғайра.